JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 19 Апрели 2017 16:11

Аз куҷо калимаи «барқ» (электричество) бавуҷуд омад?

Муаллиф:

  Қувваи барқие, ки бо аккумуляторҳо ё динамо-мошинҳо истеҳсол мегарданд, бо воситаи симҳои металлӣҷараён ёфта, барои гармидиҳӣ, рӯшноидиҳӣ ё барои коркунии механизмҳои гуногун истифода мешаванд.

  Калимаи «барқ» (электричество) решаи юнонӣ дошта, маънояш қаҳрабо (янтарь) аст. Аллакай дар қадимулайён олими математеки юнонӣ Фалес тасаввурот оиди барқро дошт. Чӯбиқаҳрабоиро бар пашм молида, ӯ онро гӯё бо барқи статикӣзаряднок менамуд. Ҳангоми ба сар наздик намудани ин чӯб, он ба худ мӯйҳои сарро ба худ мекашид.

 

  Хеле дертар аз ин ҳодиса одамон барқро ба воситаи элементи галванӣ ба даст оварданро ёд гирифтанд (он қувваи барқи домиро медиҳад). Минбаъд генератори барқ, ки ҷараёни таѓйирёбандаи барқро медиҳад кашф намуданд. Дар хати ноқилгузаронӣ заряд аз атом ба атом бо заррачаҳои хуррдтарин – электронҳо, мегузарад. Нерӯи барқӣ дар сатҳи саноатӣ дар стансияҳои гармидиҳӣ ё гидроэлектростансияҳо коркард мешаванд.

 

Хондан 1785 маротиба