JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 19 Апрели 2017 17:40

Барои чӣ ба кафшер (сварка) нигоҳ намудан мумкин нест?

Муаллиф:

  Эҳтимол нест, нафаре ки дар кӯдакиаш ба манзараи кафшер нигоҳ накарда бошад, ҳарчанд  бо вуҷуди  маън  намудани  калонсолон. Зеро  шарораи зебое, ки ҳангоми кафшер ба амал меояд  диққати ҳар кӯдакро  ба худаш ҷалб месозад. Пасон, бо гузашти вақт ва ба сиини болиғӣ расидан бе таҷҳизотҳои  ҳимоявӣ  нигоҳ  намудан  ба манзараи кафшер  ва дарки таъсири  манфии он   ба саломатии инсон, аз он ҷумла ба узви босир (чашм) ба амал омадан мегирад. Пеш аз оне, ки сабаби зарари нурҳои  кафшерро  ба шумо бигӯем, каме дар  бораи худи кафшер маълумот медиҳем.  Ба ҳар яки мо  маълум  аст, ки бо ёрии  кафшер  ашёҳоеро,  ки аз  маҷмӯи гуногуни металлҳо  сохта шудаанд, пайваст  ва  ба қисматҳои алоҳида  ҷудо кардан мумкин аст. Инчунин, кафшерро дар ғайриметаллҳо–палсмассаҳо,   дар кулолгарӣ  ва  пайвастнамоии онҳо низ истифода мебаранд.  Дар кафшер  манбаҳои  гуногуни  энергия  истифода бурда мешавад, аз  он  ҷумла камони электрикӣ, ҷараёни электрикӣ, шуълаи газӣ, афканишоти  лазерӣ, нурҳои  электронӣ, соиш ва  ултрасадо.

    Имрӯзҳо намудҳои гуногуни  кафшер  кафшери термитӣ, кафшери плазмавӣ, , кафшери газии пурҳарорат, кафшери  мадорӣ, кафшери электронии нурӣ, кафшери лазерӣ, кафшери васлӣ, кафшери оҳангарӣ, кафшери пайвастсозӣ, кафшери равшанномӣ, кафшери дифузионӣ, кафшери чараёни баландбасомад,  кафшери соишӣ, кафшери тарканда, кафшери  ултрасадои  металлҳо ва кафшери хунукнамоӣ  дар ҷамъият васеъ  истифода бурда мешаванд.

  Технологияи пешрафтаи имрӯза имкон медиҳад, ки кафшер на танҳо дар корхонаҳои саноатӣ, балки дар шароитҳои васеъ, масалан дар биёбонҳо, дар  уқёнусҳо дар  зери об ва ҳатто дар кайҳон, васеъ  истифода  бурда шавад.  Раванди кафшер ба хатари зиёди оташгирӣ  алоқаманд буда, дар натиҷаи он баъзан ҳодисаҳои нохуш, задании ҷараён электрикӣ, хориҷшавии газҳои зараровар,  аздастдиҳии чашм ва дигар қисматҳои бадан, нурафкании ултрабунафш, афканишоти унфрасурх ва  пошхӯрии гудохтаи металлҳо ба назар мерасад.

  Барои  чӣ манзараи кафшер ба  чашми  инсон  таъсири  манфӣ мерасонад?    Шкалаи нурҳои электромагнитӣ соҳаи ниҳоят васеъро дарбар мегирад, ки дарозиҳои мавҷ  дар он аз радиомавҷҳо-дарозии мавҷи калон дошта то  мавҷҳои дарозии ниҳоят хурддошта - ҳиссаи хурд аз ангстрем  тӯл мекашад. Нурҳои  ултрабунафш низ мавҷи электромагнитианд ва аввалин  маротиба онҳоро соли 1801 олимон Вилҳелм Риттер ва Голонстон муайян намуданд, ки дар спектри Офтоб, пеш аз  нури бунафш (l<lб)  нурафкании  ба чашм ноаён мавҷуд аст ва  тариқи химиявӣ  ба хлориди нуқра таъсир мерасонад. Ин нурҳоро нурҳои ултрабунафш номиданд. Нурҳои ултрабунафш дар байни  нурҳои  бунафш ва  соҳаи намоён ҷойгир шудаанд. Гап сари он аст, ки нурҳои аз кафшер хориҷгардида яке аз манбаҳои  афканишоти ултрабунафш ба ҳисоб мераванд. Ин намуд афканишот дорои  энергияи зиёд буда,  аз тарафи чашми инсон мушоҳида карда намешавад. Зеро  нурҳои ултрабунафш  дарозии мавҷи (l = 380 – 200 нм) (чашми инсон  бошад, мавҷҳои дарозиашон аз 400 то 800 нм-ро  қудрати  ҳис  кардан  дорад)  хурдро дошта, аз тарафи моддаҳои гуногун   фурӯ бурда мешаванд ҳатто ҳаво метавонад  ин  нурҳоро фурӯ барад. Ҳангоми муддати  дуру дароз  ба кафшер нигоҳ намудан таъсири  манфии ин  нурҳо  метавонад  шабакияи чашмро  сӯзонад. Аз  аввал, ин ноаён аст, аммо бо гузашти вақт  дарди сахти чашмон ба амал омада, ҳиссиёти сӯзиши он ва  дар ҳолатҳои  ниҳоят вазнин  тамоман кур шудан дар назар аст.  Албатта таъсири  мусбии  нурҳои ултрабунафш  низ дида  мешавад: зери  таъсири онҳо рагҳои  хунгард  ҳаҷман калон  гардида, дар натиҷа мубодилаи моддаҳо  меафзояд, истеъмоли оксиген осон мегардад ва нафаскашии организм беҳтар мешавад. Инчунин, таъсири нурҳои  ултрабунафш ба мушак ва устухонҳо хело  муфид ва фоидаовар аст. Дар фаъолияти  инсон  бошад саҳми ин  нурҳо хело  назаррас аст. Барои нусхаи аслиро аз қалбаки фарқ намудан дар пулҳо, шиносномаҳо, кортҳо, дискҳо, ҳамчун  голограмма ишораҳои  ултрабунафш гузошта мешаванд. Чароғҳои аз ин  нурҳо  сохташуда барои безарар гардонидани ҳаво, об, таҳлили  кимиёвии моддаҳо  ва  минералҳо истифода бурда  мешаванд. 

Таҷҳизотҳои  ҳимоякунанда барои  кафшергарон!

  Дар байни  равандҳои  гуногуни  техника, аз он ҷумла дар  кафшергарӣ низ барои истифодабарандагон воситаҳои  махсуси  ҳимоякунанда, ки ҳам барои  осонии кор ва ҳимояи саломатии инсон пешбинӣ  шудаанд, ниқоб ва  айнакҳои  ҳимоявӣ мебошанд. Ниқоби кафшерӣ- таҷҳизоти ҳивзкунандаест, ки дар вақти   иҷрои   кафшер барои ҳимояи чашмон аз чанг, дард, ҳивзи рӯй ва гардан аз сӯзиш, инчунин,  аз таъсири  афканишоти ултрабунафш ва нурҳои инфрасурх ва ҳарорати баланд хизмат мерасонад. Бисёртар ин таҷҳизот барои  пешгирии дарди  чашмон (варами қарнияи чашм) ва  сӯхтани  шабакияи чашм, ки оқибат ба  кур шудан  оварда  мерасонад истифода бурда мешавад. Ҳамаи  ин зарарҳои нохуши организм дар натиҷаи  таъсири кансентрасияи зиёди нурҳои ултрабунафш ва инфрасурх дар раванди кафшер ба амал меоянд. Ин намуд афканишот, ки аз камони кафшер хориҷ  мешавад,  қобилият дорад  талафоти зиёдро  дар  ҷойи кушодаи пӯст оварда расонад.  Аввалин  кӯлоҳи  кафшерӣ  соли  1937  аз  тарафи компанияи Willson Products сохта шуда, пешкаши  мизоҷон  гардида  буд. Қисми асосии  ниқобро  шишаи нурполи муоинакунанда, ки тавассути он  кафшергар метавонад раванди  корро  бубинад ташкил  медиҳад.  Ин оина аз шишаҳои  сиёҳранг ва  пласмассаҳову   филтирҳои  зичииашон  тағйирёбанда ва    ҷуфти  линзаҳои  поляризатсиякардашуда таркиб  ёфтааст. Ниқобҳои   истиофдашаванда  бояд  на танҳо  аз ҷиҳати  талаботи бехатарӣ  ҷавобгу,  инчунин онҳо  бояд  аз ҷиҳати зебоӣ, вазни  сабук доштан, аз ҷиҳати наздик будан  ба чашм ва таъмини майдони кушоди биниш  ва муҳимтар аз  ҳама  дорои  системаи ҳавотозакунӣ  бошанд.

Таҷриба!

   Барои тасдиқи таъсири нурҳои  кафшер ҳар нафари шумо метавонед таҷриба гузаронед ва шоҳиди он  гардед, ки дар ҳақиқатан нурҳои кафшер ба чашми инсон  зарар мерасонанд ё не. Барои  ин  ягон намуд ашёи  ранги  сиёҳдоштаро, ки   дар рӯзгор дигар истифода бурда намешавад  пайдо намоед. Сипас, онро он ҷое, ки бо кафшер кор карда  истодаанд дар назди кафшер гузоред, то ки нурҳои аз он хориҷгардида ба ашё расанд, пас аз 15-20 дақиқаи кори кафшер ашёи гузоштаатонро  аз назар  гузаронед. Дарҳол шумо  пай мебаред, ки  ранги тираи он рӯшан шудааст, яъне рангаш  паридааст ва алббатта  ин таъсири ҳамон нурҳои  ултрабунафше, ки аз  кафшер хориҷ гардидаву ба  ашёи гузоштаи шумо афтида буданд. Агар ин таъсирот ранги ҷисми гузоштаи шуморо  дигар  намуда бошад, пас вақте   ин гуна таъсироти ултрабунафш ба бофтаи зиндаи чашм расида чӣ ҳодиса  ба амал  меояд ва албатта бо вуҷди дигар намудани ранги  пӯст вай метавонад  тамоми бофтаву ҳуҷайраҳои зиндаи чашмро бикушад. Агар чунин бошад, пас  ихтиёри  бе асбобҳои ҳимоявӣ назар намудан  ба  кафшерро  ба худи шумо ҳавола мекунем.

Масрур  ҲОДИЕВ
аспиранти  ДМТ
Хондан 2782 маротиба