JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

   Муҳаққиқони масоили сиёсӣ ва коршиносони умури иҷтимоӣ асл ва нишонаҳои ҷомеаҳои мутамаддинро дар вуҷуди истиқлоли фикрӣ ва хиради ҷамъӣ арзёбӣ кардаанд. Ташаккули истиқлоли фикрию эҷодӣ роҳро барои сохтани фазою муҳитҳои солим ва бози иҷтимоӣ ҳамвор мекунад. Аз ин ҷост, ки дар ташаккул ва рушди тафаккуру биниши фалсафӣ, ки санги асоси ҷомеаи хирадмеҳвар шинохта шудааст, давлати дунявӣ ва мутаносибан, равиши зиндагии секулярӣ нақши бунёдӣ дорад.

  Яке аз заминаҳои аслии хурофот тарс ва нодонӣ дар баробари ҳаводиси табиию ҷамъиятӣ аст. Ҳанӯз аз замони аввалин огоҳии башар дар нисбати худу ҷаҳон шояд аз аввалин чизҳое, ки ӯ дарк намудааст, ин осебпазирӣ дар баробари ҳаводиси табиию ҷамъиятӣ будааст. Махсусан дар он замон, ки ҳанӯз инсон зиндагии нимаваҳшӣ дошт, бо бархӯрд ба ҳаводиси даҳшатноки табиӣ, аз қабили сел, тӯфон, зилзила, оташсӯзӣ, раъду барқ ва амсоли ин, ҳамчунин, ҳадафи туъмаи ҳайвоноти бузургҷуссатаре қарор гирифтан, инсонро маҷбур намудааст то дар баробари ин ҳаводис чораандешӣ намояд. 

  Дар ҷомеае, ки он ҷо хаёл бар андеша ва бовар бар илму таҷриба бартарӣ дорад, аксари мардумон побанди суннатҳо ва арзишҳои бофтаю сохтаи зеҳнианд. Ҳамин аст, ки нодонию хурофот бо ҳам тавъам амал мекунанд ва яке дигареро пурра мегардонад. Он ҷо ки барои собит кардани ин ё он ҳодисаю воқеа вақт ва заҳмат талаб мекунад, аксар аз инсонҳо худро ба боварҳо таскин медиҳанд ва барои дарёфти ин ё он ҳақиқат ба тарзи илмӣ аслан кушише ба харҷ намедиҳанд.

Ё сад соли фоҷиаи «исломи сиёсӣ»

 Таърихи башарият омӯзгори огоҳу беминнат аст. Омӯзиши таҷрибаҳои он метавонад мададрасони халқу миллатҳои сайёра бошад. Беҳуда падарсолори шеъри тоҷику форс устод Рӯдакӣ моро барои омӯзиши раванд­ҳои таърих ҳидоят накардааст: