JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
МЕҲАН­ Танида ёди ту дар тору пудам, Меҳан, ай Меҳан! Бувад лабрез аз ишқат вуҷудам, Меҳан, ай Меҳан! Ту будам кардӣ аз нобудиву бо меҳр парвардӣ, Фидои номи ту буду набудам, Меҳан, ай Меҳан!
 АРЗАНДАӢ Он қадар дар дилписандӣ дилписанд астӣ, Ватан, Дар сари тасвири ҳуснат кас намеёбад сухан. Ҳеҷ дар дунё надорад рангу бӯятро чаман, Аз ту дар осоишу роҳат бувад ҷон дар бадан.
Сешанбе, 14 Марти 2023 12:15

Шеъри рӯз: Ҳикмати Наврӯз

Муаллиф:
Баъд аз ин афкори худро нав кунем,Ҷомаву дастори худро нав кунем. Лаҳзае ибрат бигирем аз баҳор,Диди тангу тори худро нав кунем.
БА ВАТАНПАРАСТОН …Ин бешаи шерони қавишаъни далер аст, Ин ҷо набувад ҷой ба ҷуз шери жаёнро. Ин хонаи инсонияту шафқату мардист, Дар хонаи инсон набувад роҳ харонро.
Сухан бузург шавад чун дуруст бошаду рост, Кас ар бузург шуд аз гуфтаи бузург, равост. Чи ҷид, чи ҳазл, дарояд ба озмоиши каҷ, Ҳар он сухан, ки напайваст бо маонии рост. Шунидаӣ, ки ба як байт фитнае биншаст, Шунидаӣ, ки зи як шеър кинае бархост!