JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 06 Марти 2018 10:53

Баҳори ишқ

Муаллиф:

Баҳори Ишқ

Зинда  бодо  ин  Баҳору  сад  баҳороне  дигар,

Лола  бошад  ҳар  замону  лоларӯёне  дигар.

Мо,  ки бо  оҳанги  гулзору  чаман  дилбастаем,

Марҳабо,  эй  қумриву  савти  ҳазороне  дигар.

Дилбаре  бо лутфи  хосе  аз  Баҳори  Ишқ  гуфт,

Гуфтам:  Оре,  Ишқ  дорад  шӯру  исёне  дигар.

Ҳайфи  умри  одамӣ  бо  ишқи  нотакрори  хеш,

Лаҳзае  васл  асту  умре  сӯзу  ҳиҷроне  дигар.

Пас,  чӣ  бояд  кард?− гуфтам,  эй  нигори  нозанин,

Ишқи  бесомони  моро  нест  сомоне  дигар?

Булбули  ошуфтае  ин  розро  бишниду  гуфт:

Нест  сомоне,  вале  боист  сомоне  дигар!!!

Комил Бекзода

6 марти 2018

шаҳри Душанбе.

Хондан 2241 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: Чашмони наврӯзӣ »