Нусхаи чопи
Душанбе, 19 Марти 2018 12:47

Паёми Наврӯз

Муаллиф:

Рӯзи нав меоварад, шӯру шароре нав ба нав,

Номаи лутфи ҳабибе бар нигоре, нав ба нав.

Тирамоҳи умр дорад, рангу оҳанги хазон,

Офтоби Ишқ мезояд, баҳоре нав ба нав.

 Ишқ бар пирони барнодил, раво бошад, раво!

Навҷавонӣ боз гардад, бо хуморе нав ба нав.

Ин ҷаҳону сад ҷаҳон, ҷавлонгаҳи ишқ асту бас!

Дар ҷаҳони бешумор, ояд шуморе, нав ба нав.

Мо паёми Идро риндона кардем ошкор,

То ки бар Ояндагон гардад, шиоре нав ба нав!

                                                          (Баҳори 2012)

                                                          Комил Бекзода

Хондан 1636 маротиба

Матлабҳои дигар аз Равшанфикр