JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 04 Декабри 2018 08:24

Сарафрозам аз он ки меҳани ман Тоҷикистон аст

Муаллиф:

Сарафрозам аз он ки меҳани ман Тоҷикистон аст, 
Диёри номдорам сарзамини родмардон аст.

Ҳамон тоҷе, ки асли вожаи тоҷик аз он аст,
Далеле аз шукӯҳи тоҷдории ниёгон аст.

Баландии ғурури мо зи куҳсори баланди мост, 
Баландии сари мо аз баландии Бадахшон аст.

Диҳад аз баҳри ҳифзи нанг сар бар дор ҳар тоҷик, 
Ки дар шарёни ҳар тоҷик хуни Сарбадорон аст.

Бурун ҷастем бо пирӯзӣ аз сад вартаи таърих, 
Раҳи тақдири мо чун ҳафт хони пури Дастон аст.

Чу Восеъ кай кунад сар хам ба назди душманон Тоҷик, 
Ҷавонмардии мо маълум аз таърихи Хатлон аст.

Ватан бо ҳусни худ ангезаи шеър асту илҳом аст, 
Талотумҳои қалби мо зи амвоҷи Зарафшон аст.

Шукӯҳу фарри яздонии тоҷи хусравии мо
Аз он фарри каёниву шукӯҳи аҳди Сосон аст.

Талошу саъйи рӯзафзуни давлатсозии Тоҷик
Давоми давраи эҳёи аҳди Оли Сомон аст.

Ҳар он қавме, ки омад, дар канори хеш ҷо додем, 
Ки моро вусъати дил ҳамчу паҳнои Хуросон аст.

Бувад дунё ба чашмам бе Ватан чун чашми сӯзан танг, 
Маро бе Тоҷикистон ин ҷаҳон монанди зиндон аст.

Чу сарбози Ватан сар дар раҳи ҳифзи Ватан бозем, 
Ки як каф хоки Меҳан дар баҳои сад сар арзон аст.

Фидо хоҳем ҷонро кард баҳри ҳифзи ному нанг,
Ки ному нанг назди мо басе қиматтар аз ҷон аст.

Хушо, баъди тулӯъи дигари хуршеди истиқлол, 
Масири рӯзи фардои Ватан дигар дурахшон аст.

Ба дастам даст деҳ, эй ҳамватан, баҳри Ватан, зеро 
Ватанро медиҳад аз даст қавме, ки парешон аст.

Ба оини футувват чун Куруш андар сиёсат кӯш, 
Дар ин оин ниҳон рози футуҳоти ниёгон аст.

Зи ҷуръатмандии миллат физояд қудрати миллат, 
Нуфузу қудрати миллӣ дар ин ангеза пинҳон аст.

Хатои мост, гар Меҳан бурун бошад зи роҳи рушд, 
Гуноҳи мост, гар миллат ба аҳволи парешон аст.

Назрӣ Асадзода

Хондан 34 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: « Шоири яктои миллат