JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҳамасола 15 апрел дар сатҳи академӣ (манзур Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон), доираҳои илмӣ ва ҳавзаҳои фаннии ҷумҳурӣ Рӯзи илм ботантана ҷашн гирифта мешавад. Дар ин замина, тайи як ҳафтаи ахир бо ҳузури фаъоли донишмандону пажуҳишгарони саршиноси ватанӣ дар марказу пажуҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон “ҳафтаи илм” баргузор гардида, 16 апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими ҷамъбасти он сурат гирифт. Ба ин тартиб, Рӯзи илми тоҷик 16 апрел дар фазои илмию маданӣ бо иштироки муҳаққиқону донишмандони ҷумҳурӣ ва раҳбарияти ниҳодҳои марбутаи давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар ҳошияи Рӯзи илм ишораи чанд нуктаи иҷмолиро…
Сешанбе, 09 Апрели 2024 10:29

Урфӣ ва Айнӣ

Муаллиф:
Шероз, ки дарёи маонигуҳар аст, Якто гуҳараш Урфии соҳибназар аст. Урфӣ Агарчи дар асрҳои охир, ба вижа асри XVIII ва XIX, бо омадани шеъри гунгу печидаи Бедил, адабиёти мо ба “сакта ва таваққуф” гирифтор шуд ва эпидемияи (вабои) тақлиду пайравии кӯр-кӯрона ба осори ин адиби тоҷикзабони Ҳинд саросари Осиёи Миёнаро фаро гирифт, бедилгароӣ як навъ муд шуд, аммо, ба ҳар ҳол, ном ва осори бархе аз адибони миллии мо низ дар гӯшаю канори Мавороуннаҳр,ки дар қабзаи Манғитиён буд ва ба номи давлати Узбакия ба умри худ идома медод,ба чашм мерасад. Ба сухани дигар, дар қатори Бедилу Ҳофиз,ки осорашон ба хотири…
Шоҳ дар “Шоҳнома” танҳо ба маънои ҳоким нест, балки фаротар аз он ба маънои ҳаким аст. Бахусус, симои шоҳони пешдодӣ дар ин ҳамоса ба ҳамин маънӣ далолат мекунад. Афлотун ҳам дар китоби худ “Ҷумҳурият” аз бунёди мадинаи фозила суҳбат мекунад ва яке аз шартҳои бунёди ҷомеаи идеалӣ аз назари Афлотун ин буда, ки дар раъси қудрати он файласуф ё ҳаким қарор дошта бошад. Манзур аз файласуф ҳамон марди огоҳу доно аст. Дар ҳамосаи миллии оириётаборон низ маълумоте, ки дар бораи шоҳони пешдодӣ зикр шудааст, бар шартҳои Афлотун барои идораи ҷомеа мутобиқат дошта, балки фаротар аз он ҳаст. Аммо хираде, ки…
 (сухане чанд дар ҳошияи суханронии Президенти кишвар дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар) Хирман, ки дар ӯст шуъла мавҷуд, Хаспӯш кунӣ, фузун кунад дуд. Ассори Табрезӣ Дар мулоқот ва суханронии Президенти кишвар бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар мавзуъҳои зиёд ва муҳими ҳаёти кишвар, пеш аз ҳама, вазъи руҳоният ба таври ошкоро мавриди баррасӣ қарор гирифт. Лиҳозо, мо ба иҷмол дар бораи бархе аз ин мавзуъҳо изҳори назар менамоем:
 Хушо, Наврӯз созу чанг овард, Навою савту на оҳанг овард. Ба мо бар рағми ҷаҳлу нотавонӣ Тавону қудрати фарҳанг овард! Инак, имрӯз Наврӯзи Ҷамшедӣ дар ҳамбастагӣ бо Соли нави аҷдодӣ ба сарзамини мо қадам ранҷа фармуда, фазою муҳити наврӯзию баҳориро бароямон ҳадя месозад. Асотири паҳлавӣ гувоҳи онанд, ки Наврӯз ба Ҷамшед ва Ҷамшед бо Наврӯз тамъаманд ва дар муколимот ва танзими зиндагӣ яке дигареро комил месозад. Ақвоми ориёӣ аз бомдоди таърихи инсонӣ миёни мардуми манотиқи гуногун аз аввалинҳо шуда, ба парастиши аносири табиӣ ва заминӣ, мисли офтоб, борон, оташ, хоку бод даст заданд. Дар қолаби тафаккури устуравии онҳо ашёи табиӣ…
Саҳифа аз 1 то 128