JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чанде қабл тавассути омӯзгори соҳибтаҷриба ва рӯзноманигори хушсалиқа Саида Набизода китоби тозанашри муаррихи донишманду муҳаққиқи пуркор Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ бо номи «Донишномаи мухтасари бузургони форс-тоҷик (асрҳои VII-XV)» дастрас гардид. Китоби мазкур бо ороишоти хеле хуб ва сифати аъло дар ҳаҷми 312 саҳифа ба нашр расида, дар он маълумоти мухтасари энсиклопедӣ роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти бузургони асримиёнагии форс-тоҷик, ки дар қарнҳои VII-XV зиндагӣ ва фаъолият намудаанд, ба тартиби хронологӣ оварда шудаанд. Навиштаҳо дар хусуси мавқеъ ва манзалати ҳар шахсияти таърихӣ, аслан дар каломи маънӣ ва мунтаҳои ихтисор омадаанд. Новобаста ба оне, ки дар китоб оид ба ҳаёт ва фаъолияти бузургони қуруни…
Метавон арз намуд, ки Сада рамзи пирӯзии равшаниву нур бар торикиву зулмот, рамзи нур ва нишоту тантана аз кашфу ихтирои оташ аст, ки бар пояи он тамаддуни инсонӣ гузошта шудааст. Илова ба ин ин ҷашн нишонаи муқовимат бо маҳрумиятҳои табиӣ ва озодӣ аз душвориву гирудорҳои ҳаёт аст, Аз нигоҳи гоҳшиносӣ фарорасии он бо ба анҷом расидани чиллаи калон ва саршавии чиллаи хурд алоқаманд аст, яъне фосилаи роҳе аз ҳаракати Хуршед дар миёни шаби Ялдо (22 декабр) ва Наврўз (21 март). Дар даврони бостон ҷашни Сада маъмулан дар даҳумин рўзи баҳманмоҳи гоҳшумории аҷдодӣ, мутобик ба 30 январи тақвими милодӣ таҷлил мешуд…
Дар қиссаву таърих чу озода бихонед, Мақсуд аз озода шумоед, шумоед. Деҳхудо Илм ва адабиёт ҳамеша гирҳекушои инсон буд, яъне аз оғоз барои раҳоӣ аз мушкилот, асорати динӣ, мазҳабӣ, тарғиби ахлоқи пок, одамият, худшиносӣ, инсоншиносӣ, диншиносӣ ва ғайра хидмат менамуд, по ба пои замон ва талаботҳои он амал мекард, пеш мерафт. Ба хотир биёред, талошҳои олимону адибони моро баъд аз истилои араб, муқовимат ва муборизаи онҳоро ба забони бегона, яъне арабӣ, баргардони осори илмиву адабӣ ба забони арабӣ, барои аз нобудӣ раҳонидан ва баъдан аз нав ба тоҷикӣ тарҷума намудан, хусусан кӯшишҳои Рӯдакӣ ва соири адибони замони Сомонӣ, ки хеле…
 Муқаддима Дар таърихи навтарини миллати тоҷик Паёми Роҳбари давлат – маҷмуи таҳлил, арзёбӣ, як навъ ҳисобот, инчунин, натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳукумат ва дар ин асос, ироаи тасмимҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва нақшаҳои ҳаётан муҳимми мақомоти олии мамлакат мебошад. Нуқтаи архимедӣ - такягоҳии ҳуҷҷат баҳогузории кори ҳукумат дар соҳаи иқтисод аст. Вобаста ба ин, дар Паём, дар робита бо равандҳои бузурги ҷаҳонишавӣ таъкид мегардад: «Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд» (Паёми Президенти…
Ҷумъа, 13 Январи 2023 04:54

Халқро тақлидашон барбод дод

Муаллиф:
Яке аз заъфҳои тафаккури мардумони таассубзадаву хурофотӣ дар он аст, ки онҳо ҳеҷ гоҳ далелҳои ақлию мантиқиро қабул надоранд ва агар тамоми он ҳаводису воқеаҳоеро, ки аз назари мантиқӣ ба омилу сабабҳои муайян ба вуҷуд меоянд ё дорои қонунмандии муайянанд барояшон пешниҳод ҳам намоем, онро қабул надоранд. Ҳатто агарчи бебунёд будани ақидаашонро собит ҳам намоӣ, ҳеҷ гоҳ худро шикастхурда ва мағлуб эҳсос намекунанд, зеро барои ин гуруҳҳо як ҳақиқат мавҷуд аст, ки он ҳам бошад ҳақиқати динию бовармандӣ аст.