JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон дар пешорӯи хатарҳои номатлуб қарор гирифтааст, ки яке аз чунин масъалаҳои муҳим ва мубрам мушкилоти норасоии оби тоза ва ошомиданӣ дар миқёси сайёра ба шумор меравад. Пас, раҳоӣ аз вартаи чунин ҳолати бисёр печидаву ногувор ва душвору хатарзо чи гуна буда метавонад? Чи тавр мебояд дар рӯ ба рӯи ин хатари ҳалокатовар истодагарӣ кард? Роҳҳои пешгириву ҳалли масъала кадом аст?
 Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон-10 декабр Инсоният ҳамеша дар ҳар давру замон ҳаракат менамуд, ки ҳуқуқ ва озодиҳои худро ҳимоя кунад ва дар баробари он барои эътирофи ҳуқуқҳои худ кӯшиш менамуд. Яке аз авалин эъломияҳои ҳуқуқи башар, Эъломияи Куруши Кабир (590-530 т.м.) буд, ки ӯ барои баробарии инсонҳо, барҳам додани ғуломӣ ва озодии инсон баромад кард.
Масъалаи нерӯи инсонӣ ҳамчун падидаи махсуси иҷтимоӣ ҳамеша мавриди баррасӣ ва таҳқиқи ҷомеашиносон қарор гирифтааст. Бино ба таълимоти сотсиология «инсон ҳамчун шахс таваллуд намешавад, балки ба шахс табдил меёбад».[4.133] Раванди ташаккули нерӯи инсонӣ низ як раванди иҷтимоӣ аст, ки бо раванди иҷтимоишавии шахс алоқамандии зич дорад. Вақте ки мафҳуми «нерӯи инсонӣ» истифода мешавад, ба таври интуитивӣ, мо тахмин мезанем, ки мо дар бораи моликият ва иқтидоре сухан меронем хусусиятҳои шахс, гурӯҳ ва ҷомеа пеши назар меоянд, ки дар шароити муайян ба одамон барои ҳалли масъалаҳои ҳаётӣ кӯмак мерасонанд ва дар амалияи иҷтимоӣ аллакай истифода шудаанд: «Ҷавҳари нерӯи инсониро қобилият ташкил…
Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки “ҷангҳои иттилоотӣ” яке аз технологияҳои калидии “ҷангҳои омехта” ба ҳисоб мераванд ва ба амнияти миллии тамоми кишварҳои ҷаҳон таҳдид доранд. Аз ҷиҳати назариявӣ ва амалӣ исбот шудааст, ки “ҷангҳои иттилоотӣ” як навъ таъсири мақсадноки иттилоотӣ барои ба даст овардани манфиати сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии субъектҳои пиёдакунандаи чунин ҷангҳо маҳсуб мешаванд. Ба ин масъала ҳанӯз соли 2009 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ишора карда буданд: «Вобаста ба ин, мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо ба масъалае ҷалб намоям, ки имрӯзҳо…
Мутобиқи моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам пазируфта шудааст. Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, Ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободию осудагии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад. Бо шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми воҳиди Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва меоянд.