JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Мусаллам аст, ки ҷашн ва ё ид (иттифоқан, ҳар ду вожа, асли форсӣ-тоҷикӣ дошта, ба маънои ойинҳои шодмонӣ далолат мекунанд) вуҷуди фарогири маънавӣ, фарҳангӣ ва отифии як халқияту миллиятро дар паҳнои зиндагии башарӣ муаррифӣ месозанд. Ҷашн қолаби фарҳангиест, ки ҳолати равонӣ ва фикрию ахлоқии мардумро дар макону замон ва ҷуѓрофиёи мушаххас таъйину таъйид мекунад. Дар ин қолаби фарҳангӣ хамирмояи ҳувияти қавмӣ ва миллӣ рехта мешавад ва чун риштаи дарозе дар бастаи фарҳанги маънавӣ печиш мехӯрад ва бо гузашти замон устувор мегардад. Ин аст, ки мардум аз бомдоди вуҷуд барои осудагию оромиши хотир ҷашну ойинҳо мебофтанд ва барои тақвияту идомати онҳо…
Истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки миллати тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳё ва муаррифии арзишҳои фарҳангӣ муваффақ гардад. Эҳё ва густариши доманаи ҷуғрофии онҳо дар таҳкими ҳофизаи таърихӣ, ифтихори ҳувияти миллӣ, муаррифии фарҳанги пурғановати миллат дар сатҳи байналмилалӣ, корбаст кардани идеяҳои инсонсозу бунёдгари арзишҳои дар тули ҳазорсолаҳо ташаккулёфтаи ниёгон, истифодаи ҷавҳари маънавии онҳо дар шароити кунунӣ ва шинохти чеҳраи аслии миллати тоҷик ҳамчун миллати дорои тамаддуни оламгир дар миқёси сайёра заминаи устувор гузошт.
Аксар аз муҳаққиқин бар онанд, ки вазъиятҳое, ки дар тули зиндагӣ барои фардҳои муаян пеш меоянд ва ҳалли мушкили зистиро ба вуҷуд оварда танҳо аз роҳи тассалӣ додани хеш ва як навъ муъҷизакорона амал намуда, дар баробари воқеъиёт тасаввуроти зеҳнии худро иброз медоранд ва бад ин восита худро тасаллӣ дода, вазъиятро аз ҳолати даҳшати зеҳнӣ бартараф месозанд,ба як бовар табдил меёбанд. Чунин ба назар мерасад, ки аксар аз боварҳо аз насл ба насл интиқол гардида, ба ҳайси як рафтори рефлекси ғайришартӣ табдил меёбад. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки аксаран дар нисбати ҳаводису воқеа ба таҷрибаи гузаштагони худ такя мекунанд.…
(Чанд нукта андар ҳошияи Паёми Пешвои миллат, бавижа дар хусуси ҳифзу муаррифии мероси маънавии ниёгон) Қисмати фарҳанги маънавии миллати тоҷик ба аксар донишварону муҳаққиқон бармало аст, ки дар тӯли таърих ҳамеша зери таассуби диндорону аҷнабиён ба нестиву нобудӣ рӯ ба рӯ гардидааст, аммо чун миллати тоҷик аз гузашта то ба имрӯз фарҳангофару маърифатпарвар аст, ҳадди ақал дар маҳдудаи деҳаву шаҳрак ё худ хонавода фарҳангу маънавиёти худро пос медошту ҳифз мекард.
Биниши дунявӣ ё тарзи тафаккури секулорӣ таҷрибаи самараноки башарият ба шумор меравад ва ҳарчанд ки аз нуфузу ҳузури секулоризм ё дунявият дар умури зиндагии башарӣ фурсати чандон зиёде нагузаштааст (зиёда аз сад сол аст, ки дунявият ва тарзи зиндагии секулорӣ дар ҷаҳон машруият пайдо кардааст), аммо муваффақияту комёбиҳое, ки дар заминаи тасаллути ин навъ низоми инсонсоз дар дунёи мутамаддин рӯйи кор омадааст, беназиранд. Ба сухани дигар, дар сад соли охир тарзи тафаккури дунявӣ, ки бо илммадорӣ ва хирадмеҳварӣ тавъам аст, ҷаҳонро ба куллӣ тағйир дода, роҳро барои пешрафту тараққиёти инсонӣ ҳамвор сохтааст. Он чи ки дар умури рӯзмарраи худ истифода…
Саҳифа аз 5 то 128