JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар баробари «шаҳри сабз» унвон гирифтанаш боз ба маркази саноатии пешрафтаи мамлакат ва рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ мубаддал мегардад. Кушода шудани силсилакорхонаи саноатӣ дар Душанбе дар оғози ҳафтаи равон баёнгари он аст, ки сиёсати рушди саноат дар пойтахти мамлакат мақсаднок буда, давраҳои минбаъдаро низ пешбинӣ менамояд. Дар зимн андешаҳои доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдаровро оид ба ин мавзуъ пешкаши хонандагони Агентӣ менамоем.
Панҷшанбе, 02 Ноябри 2023 10:34

Хатлон: ташаккул ва рушди китобдорӣ

Муаллиф:
Пас аз касби истиқлол, таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари эҳёи анъанаю суннатҳои неки ниёкон ва рушди бахшҳои мухталифи фарҳанг, ба соҳаи китобдорӣ низ хеле афзуд. Махсусан, дастгирию ғамхориҳои Пешвои фарҳангпарвари миллати тоҷик аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, дар тамоми гӯшаю канори кишвар қасрҳои фарҳангӣ ва китобхонаҳои ҷадиду замонавӣ бунёд гардида, ба насли меросбари миллат тақдим карда мешаванд. Аз ҷумла, яке аз ин иқдомҳои наҷиби Ҳукумати кишвар, таҳти сарварию роҳнамоии бевоситаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон дар соҳаи китобдорӣ бунёди бинои наву муҳташами Китобхонаи миллии Тоҷикистон (соли 2012) мебошад. Ҳамзамон, Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи…
Конститутсия аз вожаи лотинӣ гирифта шуда, ба маъноҳои «сохт», «таъсис додан» ва «муқаррар кардан» далолат мекунад. Ба маънои пурра ин истилоҳ бори аввал дар ИМА баъд аз қабули конститутутсияи ин кишвар дар таърихи 4 марти соли 1789 эътибори ҳуқуқӣ пайдо намудааст. Бо таъбири имрӯза Конститутсия қонуни асосии давлат буда, маҷмуи моддаҳои юридикиест, ки дар асоси он тамоми раванди ҳуқуқтаъминкунӣ дар як давлат ба низом дароварда мешавад.
Аз эълон шудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 қариб се сол сипарӣ мешавад. Бояд қайд намоем, ки омодасозии ин санади муҳим дар асоси таҳлилҳои амиқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, геополитикӣ, имкониятҳои генофондии миллат ва талаботи бозори меҳнати сатҳи ҷаҳонӣ сурат гирифтааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки вазъи имрӯзаи сиёсӣ ва геополитикии ҷаҳон хеле мураккаб мебошад. Дар чунин ҳолат аз ҷониби роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон қабули санади мазкур як таҳаввулоти беназир ва аз ҳама муҳим, қолабшиканӣ нисбат ба тафаккури ҷомеаи мо мебошад. Рӯзе мерасад, ки ба ин иқдом баҳои сазовор дода шуда,…
Ҳакими бузург, шоири тавоно, донишманди нодири таърихи мулуки ориёӣ, устод Абулқосим Фирдавсӣ дар достони безаволаш “Шоҳнома” дар баробари тасвиру тавсифи ашхоси таърихиву асотирӣ, шарҳи рузгори мардуми қадиму замони хеш, садҳо аносири фарҳангии дар он замон наздик ба фаромӯшӣ рафтаи аҷдодиро бо меҳр ва дониши том ба қалам кашидааст. Аллома Бобоҷон Ғафуров доир ба манобеъи таърихии ин ҳамосаи бузург навишта буданд, ки : “сарчашмаи асосии ҳамосаи Фирдавсиро силсилаи гуфторҳои сакоию суғдӣ дар бораи Рустам баҳодур, инчунин афсонаҳои суғдиву хоразмӣ дар бораи Сиёвуш ва афсонаи бохтарӣ дар бораи Исфандиёр фароҳам овардаанд”[1, 385].