JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Пешвои миллат ба масъалаи мақом ва ҷойгоҳи забон эътибори ҷиддӣ медиҳанд ва дар ҳамаи маворид онро ҷун рукни пешрафти ҷомеа арзёбӣ менамоянд. Ба андешаи Сарвари давлат, ”забони миллӣ барои дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кардани миллат нақши калидӣ дорад. Гузашта аз ин, забони тоҷикӣ ба сифати яке аз забонҳои ширину шоирона ва шевотарини дунё аз ҷониби бузургтарин шарқшиносони ҷаҳонӣ эътироф гардидааст”(1). Воқеан, ин нуқтаи назари Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи тамаддунофари мо исбот шудааст ва муносибати соҳибони забон аз ҳамин назаргоҳ имкон фароҳам меорад, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони миллӣ рушд намояд ва дар муаррифии кишвар саҳим бошад. Ишорати Пешвои миллат ба…
Панҷшанбе, 14 Феврали 2019 09:00

Андар матншиносии осори Сайидо

Муаллиф:
Миробид Сайидои Насафӣ аз зумраи суханварони баландпоя ва гаронмояи адабиёти классикии тоҷик буда, осори баландмазмуну пурқимати ӯ аз истеъдоди баланди шоирии ӯ дарак медиҳад. Ӯ аз шоирони пурмаҳсули тоҷик ба ҳисоб рафта, куллиёти осораш бештар аз нуҳ ҳазор байт мебошад. Ба қавли муаллифи тазкираи “Музаккир-ул-асҳоб” Малеҳои Самарқандӣ, “Матлае нест, ки дар мақтааш номи ӯ пайваста набошад, ғазале нест, ки ӯ мухаммас набаста бошад. Ғазалҳои ғаррояш суханваронро санад аст ва мухаммасҳои раънояш гули рӯи сабад аст, шаҳрошӯбаш шӯрҳо дар бозорҳо андохта, рубоиёташ аркони абётро бапо сохта, қасоидаш лангардор, маснавиаш соҳибасрор, муқаттаоташ панд, мустазоди ӯ дилписанд, мувашшаҳоаш муаммо, луғзаш рамзу иймо, номатбӯи…
Чоршанбе, 13 Феврали 2019 06:26

Нигоҳе ба айёми Наврӯз

Муаллиф:
Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ҷашни мардуми ориёӣ буда, то имрӯз мавқеияти худро гум накардааст ва онро ҳамчун иди суннатӣ бо шодмониву хурсандӣ дар шаҳру вилоят ва ноҳияву деҳот бо базму тараб ва пухтупазҳои солинавӣ-баҳорӣ барои баракату фаровонӣ бо шодобӣ ҷашн мегирифтанд. Ин ид ва ё анъанаи фараҳбахш то имрӯз ҳам давом дорад ва боз ҳам ҷашнгириву тарғибу ташвиқи он ҳамчун иди баҳор, иди кишту кор ва заминагузорӣ барои ҳосили сол ва тару тоза намудани гулгашту хиёбонҳо дар кишварамон идома ёфта истодааст.
 Мазҳаби зиндадилон хоби парешоне нест, Аз ҳамин хок ҷаҳони дигаре сохтан аст! Иқболи Лоҳурӣ Дар замони ҷаҳонишавӣ, авҷи хатари ваҳшатафганӣ (терроризм), дар ҳоли камранг ва заиф шудани эҳсоси масъулияти фардӣ ва иҷтимоии инсонҳо дар назди ҳамнавъон ва умуман, суст шудани эҳсоси ҷавобгар будани ҳар як инсон (ва давлатҳо) дар назди қавонини байналмилалӣ ва суботу сулҳи пойдор дар ҷаҳон аз ҳарвақта муҳим аст, ки мо дар бораи ватан ва хоку замини аҷдодии худ бештар фикр бикунем ва барои ғановату пешрафти ватану ватандорони худ амал бикунем. Маълум аст, ки ватан барои ҳар як фард, аз он ҷумла барои тоҷикон, аз хонаву кӯча…
Почему мы используем арабское слово «Аллах», когда есть «Худо», «Иншаллах», когда есть «Худо хоҳад», «Аллаху акбар» когда можно сказать «Худо бузургтарин аст» и «Би-сми-Лляхи-р-рахмани-р-рахим» когда можно сказать «Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон»? Переводы могут показаться не так красиво изложенными, как в оригинале, но каждый может прочитать и понять смысл этих фраз. Тем не менее, когда дело доходит до Корана, некоторые придерживаются мнения, что переводы в этой области не будут соответствовать всем другим сферам человеческого знания. Когда говорят, что Коран нельзя перевести хорошо, это означает, что ни одна идея не может быть переведена правильно.