JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Бархе аз донишмандон ва шоҳномапажӯҳон “Шоҳнома”-ро минҳайси устураматни ҳувиятсоз муаррифӣ кардаанд, вале ин шоҳасари миллӣ асрҳо боз дар мақоми як падида-феномени ҳувиятӣ арзи ҳастӣ мекунад ва бо паси сар шудани муруру фосилаи зиёди замонӣ он ҳамчунон арзишмадтар ва бадардхӯрдтар ба назар мерасад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, чанд нуктаи мухтасарро дар робита бо“Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ ироа мекунем:
Баъди ҳазор соли таҳқиқ доир ба «Шоҳнома», муҳаққиқони муосир бар ин назаранд, ки эҷодиёти Фирдавсӣ ва ҳамаи паҳлуҳои асари ӯ «Шоҳнома» то ба ҳол ба таври дақиқ омӯхта нашудааст[1]. Он чи ба наҳзати шуубия марбут аст, метавон гуфт, ки дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ он аз як ҷунбиши эътирозӣ ва муқовиматии сиёсӣ ва динӣ ба як фалсафаи воқеъбинонаи гуманистӣ мубаддал гардидидааст. Фирдавсӣ нажодпараст ва мазҳабпараст набуд. Ӯ шоир ва мутафаккири миллатдӯст, ватанпараст, инсондӯст ва ҳаводори сарсупурдаи адлу дод дар аҳди аввали ислом буд. Ҳарчанд ки падару модари Фирдавсӣ ва аҳли хонаводаи завҷааш Фарангис низ, пайрави дини зардуштӣ буданд.
“Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру сайёҳат мебошад”. Эмомалӣ РАҲМОН
В статье рассматриваются исторически сложившиеся уникальные формы взаимосвязей поэтических жанров газаль и сокиномэ с традициями таджикской классической музыки Шашмаком. Автор на основе ряда первоисточников исследует многочисленные примеры, когда содержание поэтических жанров, которые изначально по традиции исполнялись в ладу тех или иных макомов, находили в музыке адекватное художественное воплощение.
(Чанд пешниҳод дар заминаи тақвияти ҳувият, такмили худшиносии миллӣ ва боло бурдани ҳисси ватанпарастии насли наврасу ҷавон) Мавзуи Ватан ва ватандӯстӣ ҳамеша дар маркази диққати инсоният қарор доштааст. Ҳисси тааллуқ доштан ба як марзу бум ва фарҳанги хос ба инсон неру ва тавони беандоза мебахшад. Ватан ҳам дар мутуни динӣ ва ҳам дар адабиёти миллии халқҳо мавриди ситоиш ва ҳатто парастиш қарор гирифтааст. Сабаби дилбастагӣ ба марзу буми хеш аз он ҷо маншаъ мегирад, ки Ватан ба инсон ҳувият медиҳад ва ӯро дар муқоиса ба дигарон шахсият мебахшад. Аз ин ҷост, ки шаҳрвандони як кишвар ҳозиранд, ки барои Ватан ҷону…