Мусаллам аст, ки модели давлати дунявӣ нисбат ба дигар шаклҳои мавҷудаи сохтҳои давлатдории муосир бартариҳои зиёдеро доро аст. Бояд қайд намуд, ки танҳо ҳамин шакли давлатдорӣ ва принсипҳои он дар раванди дигаргуниҳои ҷаҳони муосир, ки ҳифзу нигоҳдошти арзишҳои миллӣ ба яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва ҳалталаби рӯз мубаддал гаштааст, имкон дорад роҳи халли дурусти масъаларо пешниҳод намояд ва ҳамзамон пайи ҳифзи арзишҳои миллӣ гоми устуворе бошад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мефармоянд: «Давлати мо давлати дунявист, аз ин рӯ на пайравони тариқати атеистӣ, на пайравони дин, на пайравони демократияи дурӯғин, на тарафдорони ҷомеаи коммунистӣ ва на…