JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Мусаллам аст, ки модели давлати дунявӣ нисбат ба дигар шаклҳои мавҷудаи сохтҳои давлатдории муосир бартариҳои зиёдеро доро аст. Бояд қайд намуд, ки танҳо ҳамин шакли давлатдорӣ ва принсипҳои он дар раванди дигаргуниҳои ҷаҳони муосир, ки ҳифзу нигоҳдошти арзишҳои миллӣ ба яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва ҳалталаби рӯз мубаддал гаштааст, имкон дорад роҳи халли дурусти масъаларо пешниҳод намояд ва ҳамзамон пайи ҳифзи арзишҳои миллӣ гоми устуворе бошад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мефармоянд: «Давлати мо давлати дунявист, аз ин рӯ на пайравони тариқати атеистӣ, на пайравони дин, на пайравони демократияи дурӯғин, на тарафдорони ҷомеаи коммунистӣ ва на…
В данной статье автор на основе сведений из более чем двадцати еще не исследованных средневековых суфийских трактатов, посвященных проблеме слушания музыки (самоъ) и влияния религиозных воззрений на процесс формирования жанров традиционной музыки (наът, муноджот, сувора, айдым, ат-чапар и других), рассматривает вопросы, связанные с поиском исторических и социальных корней взаимовлияния художественно-эстетических и религиозных мировоззрений. Главный акцент автор делает на раскрытие уникальных свойств ряда популярных еще в доисламский период жанров песнопений, которые впоследствии под влиянием суфийских воззрений подверглись функциональной трансформации, сохраняя при этом первозданный музыкальный облик. Наличие огромного объема информации по данному вопросу в музыкальных и суфийских трактатах свидетельствуют о том, что…
Дар даҳаи охири асри ХХ ва солҳои аввали асри ХХI масъалаи наве ба миён омад, ки он ҳам мубориза бар зидди фаъолияти терроризми байналмилалӣ ва шакли нави он терроризм ва экстремизми динӣ мебошад. Экстремизм (ифротгароӣ) дар услуби динии худ ҳаёти ҷомеаро ноором намуда, оҳиста-оҳиста пояи рушди давлатдории муосирро заиф месозад. Терроризм бошад, дар маҷмуъ, бо ҳама шаклҳояш мехоҳад ба душман аз ҳар ҷиҳат, сарфи назар аз шахсият, бидуни ба инобат гирифтани манфиатҳои ғайр аз манфиатҳои худ, зарари ҳадди аксар расонад.
(чанд нукта дар ҳошияи конфронси илмӣ-амалии “Шоҳнома ва замони мо” ва рӯнамоии китоби адабиётшинос, муҳаққиқ, андешаманд ва равшанфикри миллӣ устод Ҷамолиддин Саидзода “Фирдавсӣ – шоири паёмрасон”) Адабиётшинос, муҳаққиқ, андешаманд ва равшанфикри муосири миллӣ устод Ҷамолиддин Саидзода аз чеҳраҳои матраҳу шинохтаи миллӣ маҳсуб мешавад, ки як умри азизи хешро сарфи омӯзишу пажӯҳиши масъалаҳои умдаи адабӣ-бадеӣ, илмӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар масири ташаккулу таҳаввули ҳувияти миллӣ ва ҷаҳоншиносии аҷдодӣ бардамона гом бармедорад. Ҳанӯз аз солҳои донишҷӯйӣ оғоз намуда, устод Ҷамолиддин Саидзода миллатшиносӣ, меҳанпарастӣ ва озодманиширо минҳайси мушаххасоти ҳувиятию эҷодӣ, равонию иҷтимоӣ ва фарҳангию маданӣ меъёри кору зиндагии…
Ҷумъа, 28 Апрели 2023 12:47

Шоҳнома ва Тоҷикистони муосир

Муаллиф:
 (Бардоштҳо аз Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Шоҳнома ва замони мо” ва рӯнамоии китоби “Фирдавсӣ - шоири паёмрасон”-и Ҷамолиддин Саидзода) Ҷусторҳо дар мавзуи омилҳои рушди кишварҳо дар замони муосир нишон медиҳанд, ки фарҳангу худшиносии миллӣ дар раванди рушду пешрафти иқтисодиву сиёсӣ нақши барҷаста доранд. Миллатҳои худшинос дар баробари хатарҳои дихиливу берунӣ манфиати фардиро ба канор гузошта, сари номус меоянд ва давлату миллаташонро қавӣ мегардоданд. Давлати қавӣ саранҷом зиндагии шоистаро барои ҳар як шаҳрванд таъмин ва аз истисмори дигарон ҳимоя мекунад. Таъсири фарҳанг ба руҳияи мардум ва натиҷаи заҳмати як миллати худшиносро мо дар ҳар кишваре дида метавонем. Билохира, “мо маҳсули фарҳанги…