JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 07 Январи 2019 06:29

Ҷаҳонишавӣ ва муаммоҳои глобалӣ

Муаллиф:

  Таҳаввулоти куллие, ки системаи сайёраро фаро гирифтааст ва ҳаёти одамонро вобастаи ҳамдигар сохтааст ва чашмрастарин давраи таърихӣ буда, вале пеш аз он, ки ҳамчун падидаи фароҷаҳонӣ намоён шавад, он зербинои ҳаракатҳои маъдание чун Эҳё (Renaissance), Ислоҳотгарӣ (reformation) ва Маъорифпарварӣ (enlighenment)-ро гузаштааст, ҷаҳонишавӣ ном дорад.

  Дастабандии куллӣ дар фазои сиёсии геопалитикии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва фарҳангӣ бар он далел, ки ба гуфти Ҳегел гӯё дар байни мабдаи Илоҳӣ ва Олам аввалин бор созиш ба амал омада бошад ё худ ин тулӯи боҳашамати Офтоб буд, ки тадриҷан мавҷудоти фикркунанда ба давраи моҳиятан нави тараққиёт ворид мегарданд. Зимнан таърихи ҳозиразамон ҷадвали дақиқу рӯшани худро дорад. Гузашта агар дар тӯли садсолаҳо, даҳсолаҳо коре анҷом дода мешуда бошад, имрӯз дар як лаҳза суръат мегирад.

 Фикри оид ба ҷаҳонишавӣ ва моҳияти ин мафҳум аз он вақте, ки инсон ба мафҳуми адолат, озодӣ таъриф доданро оғоз карда то ба кунун формулаи онро зери як маъно эътирофи умум нагардонидааст ва ин падида ҳам дар ҷаҳони имрӯз соҳибияти таърифи якрангу якмақом нагаштааст.

 Аз он вақте, ки дар осмон офтоб фурӯзон буда дар гирдаш ситораҳо чарх мезананд ҳеҷ дида нашудааст, ки одамон як ҳодисаро ба як чаҳорчӯба (парадигма) фикр мекарда бошанд, яъне як идеяро ҷумла мутафаккирон такя ба ҷаҳонбинии худ намуда, сониян онро таҳлил менамоянд ва ин бошад таҷзияи тамоюли вусъатёби далели гуногунандешист (плюрализм). Як суоли методологӣ ба миён меояд, яъне падидаҳое, ки дар замони муосир зуҳур карданд, аз ҷумлаи «ҷанг ва сулҳ» «тероризми байналхалқӣ», «сепаратизм», «бемории СПИД», «маводи мухаддир» «қашшоқӣ дар давлатҳои ҷангдида» ва ҳоказоҳо маҳсули кадом назария ва идеяҳо мебошанд. Оё ҷаҳонишавӣ онҳоро бартараф карда метавонад?...  

 Ба ҷаҳонишавӣ ҳамроҳ шудан барои мухолифин «ин танҳо номи навест барои ифодаи ҳаводиси куҳанмустамликахоҳии навбаромад…» ва тарафдоронаш далел меоранд,  ки «танҳо роҳи глобаликунонӣ барои пешрафти куллии илмию техникӣ ва иҷтимоии минтақаҳои то ин дам ақибмонда мусоидат хоҳад кард»(1; 7).  Муҳимияти ҷавҳари ин мавзӯият шинохти воқеияти он аст, в-аз ин рӯ гардиши ин чархи муттасил олимонро бар доираи мизони арзишҳояш ҳамчун ченаки мейёр ҷалб менамояд.  Ҷаҳонишавӣ-ин ҷараёни таърихии наздикшавии халқу миллатҳо, ки тадриҷан ҳудудҳои ан-анавӣ тоза мешаванд. Аз нимаи асри ХХ сар карда ва ба хусус дар даҳсолаҳои охир тамоюл ба ҷаҳонишавӣ бартари дошта аҳамияти худшиносии миллӣ ва минтақавиро баробар мекунад.

 Возеҳияти нуқтаи муосири ҷаҳонишавӣ аз назари баъзе олимон «револютсяи иттилооти-телекомуникатсионӣ» пайдо шудани «тамаддуни нави умумиҷаҳонӣ» арзёби мешавад. (2; 87-88)

 Дар вобастаги дарк намудан мумкин аст, ки то солҳои 1960-1970 инсон дорои тасаввур ва иддаи хосе аз ҷаҳон ва ҷаҳониён буд. Яъне аз инкишофи илм дар замони Эҳё ба хулосае меойем, ки инсон бо Коперник ва Галилей аз ҷаҳонбинии маҳдуд ба номаҳдуд қадам мегузорад. Масалан «Граф Монтекриста» (А.Дюма), «Дон ки хот» (М.Сервантес), «Дар талоши ҳаёт» (Ҷ.Лондон) ва «Ҳамлет» (У.Шекспир) персонажҳое буданд, ки дар рӯҳияи фард тасаввуротҳои тахайюли меоранд ва амсоли ин нахуст Паскал қонунҳои хурди арифметикиро кашф намуд ва Попов бошад алоқаи бесимро, яъне ин чунин ҷараёне буд, ки тавре Эрих Фром менависад «..таърихи инсонро метавон ҳамчун раванди шаклгирии фардият тавсиф кард» тадриҷан ин омилест, ки инсониятро ба навовари арзишҳо ворид сохтааст.

  Охири асри ХХ таъғирот дар харитаи сиёсии олам даргириҳо ва хатти шикасти императураи Шӯравии комунистӣ ва системаҳои ҷаҳони сотсиализм дар қитъаҳои Аврупо, Осиё ва Африқо аз байн рафт. Олами пасосотсиализм бошад марҳилаи навро паешвоз мегирад ва ин такомули «ҷаҳонишавӣ фарқи байни кишварҳои пешрафта ва ақибмонда амиқтар шуда, фишор ба сохторҳо ва арзишҳои миллӣ ва фарҳангии халқҳо шиддат мегирад, даъвои бартариҷӯи аз ҷониби баъзе кишварҳои пешсафи ин раванд возеҳтар гардида, рӯҳияи бархӯди тамаддунҳо нисбатан тақвият ёфта, арзишҳои куҳан қимати худро бохта тадриҷан ба базаи болорави дохил мешаванд» (3; 272).

  Ҷаҳонишавӣ ҳамгироии (интегратсия) бошиддати ҷомеа ва системаи иқтисоди тамоми ҷаҳон буда ин ҷараёни комплекси дарбаргирандаи нишонаҳои бисёри ҳаёти мост. Он дар равандҳои муосири  омӯзиши илмҳои обективи олимон пеш аз ҳама аз нигоҳи обективи назар мекунанд ва натиҷаи таҳқиқотҳо рӯи кор меоянд. Хусусияти муҳим дар он аст, ки дар таҳлили илмҳои ҷомеа методҳои ҳамафарогири муносибатҳо роли ҳалкунандаро доранд. Аз натиҷаи равандҳои сиёсии муосир Ф. Фукуяма таҳлил менамояд, ки нақши ҳаракатҳои дилеммавиро ё зумраи таҳавуллотҳо маҳсули амалкардҳои «давлат» мебошанд. Аз назари ӯ       «муаммои сусти дастгоҳи давлати ва зарурати сохтори давлати абарқудрат ҳамчун падидаи иҷтимоӣ дар мавриди бисёр солҳо вуҷуд дошт ва ҳуҷуми 11-уми сентябри соли 2001 дар Ню-Ёрк вайро хеле равшантар нишон дод» (4; 18). Бояд ба назар гирифт, ки Фукуяма идеяи ҳаракатдиҳандидаи таърихро на аз омилҳои ҷаҳонишавӣ,  «давлат» маънидод мекунад.   Мувофиқи таҳлилҳои дигари коршиносон бо нигоришҳои назарӣ ҷаҳонишавӣ аз тамоилҳои зерин зуҳурот менамояд, ки онҳо хосиятан ба ҷавҳари мантиқи муносибатҳои байналхалқӣ таъсир расониданд. Яъне «фоҷиаи 11 сентябр нишонаи ҷаҳонишавӣ буд, ё худ болоравии сатҳи ҳаёт ва инкишофи иқтисодиёти Хитой, Ҳиндустон ва дигар кишварҳое, ки бист сол пеш қашшоқ буданд ва ба ҷараёни пешрафти ақнорас ворид гардидани онон, инкишофи интернет, беҳтаршавии воситаҳои алоқа ва ҳаракат ба тамоми ҷаҳон ва паҳн гардидани бемории СПИД ва ғ» аз зуҳуротҳои ин падида маҳсуб меёбанд (5; 1).

  Ҷомеаҳо дар раванди муосир шакли ҳамгироиро касб менамоянд. Ҳамгироӣ натиҷаи кам шудани хароҷот ва нақлиёт, яъне паст шудани манфиатҳои тиҷорати табаддули зудди идеяҳо зиёд шудани воридоти сармоя ва ғайра имконият фароҳам меорад. Ҳамгироӣ ё худ ҷаҳонишавӣ равиши хатари нобаробариро  ба амал меорад, ҳамшаклии фарҳанги ва таъғирот дар системаҳои ҳокимиятро пайдо мекунад. Ҳоло ҷаҳонишавӣ қувваи бузурги зиндагӣ гардидааст ва инкишофи бисёрсамтаи худро идома хоҳад дод. Ҷаҳонишавӣ умуман сатҳи қашшоқиро бо назардошти коршиносон паст менамояд зеро ташкил шудани иқтисодиёти ҳамҷояи миллӣ онро тезтар инкишоф хоҳад дод ва ин раванд одатан асоси васеъ дорад. Бар замми ин интеграсия маҳсулнокии ҳар як намуди фаъолиятро баланд мебардорад. Давлатҳои абарқудрат монеаҳои ҷиддие барои маҳсулотҳои кишварҳои нисбатан қашшоқ эҷод мекунанд. Дар натиҷаи ҷаҳонишавӣвӣ мағлубият ва ғолибият ҳамчун дар муносибатҳо байни кишварҳо ва инчунин дар дохили минтақа пайдо мегарданд. Олимон исбот намуданд, ки «қариб 3 млрд. нафар одамони кишварҳои рӯ ба инкишоф нав ба ҷаҳонишавӣ ҳамроҳшаванда зиндагӣ мекунанд ва дар ин кишварҳо шумораи одамони сатҳи зиндагиашон қашшоқона дар давоми солҳои 1999- то 1998 ба 120 млн паст фаромад ва бо вуҷуди ин нигоҳ накарда бархе аз кишварҳои қашшоқ бо аҳолии умумии қариб 2 млрд инсон берун аз протсеси глобализатсия қарор гирифтанд» (5; 2).

  Мувофиқи модулҳои нишондиҳандаи қафобарандаи кишварҳо ва заифи гузариши онҳоро омилҳои муайян ташкил медиҳанд, ки онҳо маъмуланд. Барои баъзе кишварҳо ин ҳолати номусоиди географи ва ё нақши баҳрӣ, сиёсати суст ва идоракуни проблемаҳои ҷанг ва сулҳ ё муноқишаҳои шаҳрванди ҳамчун падидаи равшан онро намегузоранд  то муносибатҳои миллӣ ва ҷаҳониро ҳамоҳанг созад. Аз соли 1980 бо таҳлилҳои назарии олимон мавҷи якуми ҷаҳонишавӣ дар марҳилаи солҳои 1870-1914 ба амал омада буд. Мувафақиятҳо дар инкишофи нақлиёт ва бадастовардану паст кардани монеаҳои тиҷорати натиҷаи гуфтушунидҳо барои баъзе давлатҳо имконияти истифодаи заминҳои ҳосилхез чашмрастарин дастовардҳо буданд. Мигратсия машҳур шуда 60 млн. нафар одамон аз ноҳияҳои сустинкишофётаи Эвропа ба Америкаи Шимолӣ ва дигар қисмҳои олами нав ҳиҷрат намуданд. Ҷойивазкунии ресурсҳои меҳнати дар ҷануб низ назаррас гардиданд. Ҷойивазнамои аҳолӣ аз Хитой ва Ҳиндустони сераҳоли ба Шриланка, Бирма, Таиланд ва Ветнами нисбатан камаҳоли ҳаҷман ба ҳаракат аз Эвропа ба Америка баробар буд.

  Ҳамгироӣ марҳилаи навбатии мавҷи ҷаҳонишавиро метавонад дар сохтори тартиботи солҳои 1950-1980 дид, ки дар алоқамандии Япония ба барқароркунии муносибатҳои тиҷорати бо роҳи бастани яққатор созишномаҳои гуногунсоҳаи тиҷоратӣ дар заминаи созишномаи генералӣ дар бораи тарафҳо ва савдо сарҷам шуданд. Ҳиссаи калони хатарҳо дар ҷаҳони нав ранги бегонагии фарҳангшавӣ ва арзишҳо мебошанд зеро мубодилаи мол дар равандҳои интегратсия инкишоф меёбанд. Чунонеки олимон таҳқиқ намуданд «аз пурсиши 20 ҳазор одамон дар бист мамлакат аз се ду ҳиссаи онҳо меҳисобанд, ки ҷаҳонишавӣ ба некӯаҳолии моддии онҳо оварда мерасонад ва пурсиши кишварҳо дар Хитой, Индия, Бразилия ва  ғайраро фаро гирифта буд «пурсиши ЕNVIRONICS 2001» (5; 19).

  Бо иддаи ин назар олимон ҷаҳонишавӣ бо хатарҳои глобалӣ печида мегардад. Гузашта аз ин ҷаҳонишавӣ аз меёрҳои таърихии мусаллаҳшави омезиш меёбад. Зуҳуроти ҷаҳонишавӣ моҳиятан нишон медиҳад, ки фаъолияти шабакаҳои терористиву ифротгароӣ ва қочоқи ғйриқонунии маводи мухаддир ва силоҳшави дар таркиб ва ниҳодҳои иқтисодиву сиёсӣ дар зербинои фарҳанги ҷой мегиранд, ки таносубан эҷоди хатарҳо дар ҷаҳони нав мегарданд.

 Мутафаккири маъруф В.И.Вернадский пешомадҳои илму техникиро дар саддаи гузашта дурбинона баён карда буд: «Он рӯзе дур нест, ки инсоният энергияи бузурги атомро ба даст дарорад, чунин манбаи қувваеро соҳиби кунад, ки он барои мувофиқи майлу хоҳиши худ дигаргун сохтани ҳаёт имконият меоварад..» Ва олим ба гирдоби фикр фурӯ рафта мепурсад: «Оё инсон… онро барои худкуши нею балки баҳри манфиати худ кор фармуда метавонад?... Оё вай ба чунин камолоте расидааст, ки қувваеро, ки илм ногузир ба дасти ӯ хоҳад дод, истифода бурда тавонад?...» (6; 7).

  Таҷрибаи таърихӣ собит менамояд, ки тадриҷан истеҳкоми баланди тараққиёти техникӣ ҷаҳонро ба системае овард, ки он мафҳуми дуриро танҳо дар луғат ҷой дода ба нодиртарин кашфиётҳо мушарраф мегардад.

  Ва рафти таърихи пасоинқилоби октябр ва пешазсароғозии ҷанги дуюми ҷаҳон олимонро аз арзишҳои офаридаашон дар маҷрои фикри гузошта буд. Ихтирокори нахустин бомбаи атомӣ физики-намоёни Амрикоӣ Роберт Опенгеймер ин хусусияти олимонро баён карда буд: «Агар олим чизеро бинаду он чиз дар назари вай чун илҳоми техники ворид гардад, вай ҳамон замон ба он машғул шуда, корро ба амал мебарорад ва пас аз ин баъди он, ки худи кашфиёт амри воқеи гардид дар хусуси дар куҷо истифода шудани кашфиёти хеш фикр мекунад»(6;8). Ва агар эҷоди кашфиётҳо бо ғаразҳои сиёсӣ пайванд намешуданд он санаи таърихие бо номи «Рӯзи сиёҳи Алберт Эйнштейн» маълум намегардид. Ин рӯзе маҳсуб меёфт, ки хабари ба Хиросима партофта шудани аввалин бомбаи атомиро бузургтарин намояндаи физикаи саддаи ХХ мешунавид. Инкишофи табаддулоти илмию техникӣ сарчашма аз асри ХХ гирифтааст ва нуктаҳои назари ба ҷаҳони оянда баҳо додан ҳам дар ҳамин аср бештар назаррас аст, яъне ба дилеммаи қадимтарин тақдири ояндаи инсоният аз қарнҳои гузашта дида ҷозибаноктар шуда буд ва асарҳои баландғояе низ зимнан ба тамоюли таҳлили ҳастаи ва категорияҳои фалсафӣ фазои кайҳони эҷод шуданд. Яке аз он «Бомбаи атоми ва ояндаи инсоният» ном асари мутафаккири Ғарб Карл Ясперс рӯйи кор омад. «То ин дам тасаввуроти беасосе ойид ба охират вуҷуд доштанд» мегӯяд ӯ «лекин акнун мо дар остонаи имконияти воқеии чунин охират истодаем. Ҳолати ҳаёти не балки несту нобудшавии тамоми ҳаёт дар курраи Замин-имконияти реалиест, ки онро мо бояд ба назари этибор гирем» файласуф хулоса намуда менависад: «то даме, ки курраи замин пора-пора карда шуда, ба гирду чанги кайҳонӣ табдил дода нашавад, ба ҷуз афзоиши миқёси яроқнокшави роҳи дигаре нест» (6; 76).

  «Ҷанги ҳама зидди ҳама» ин идеяро Томас Гоббс ба миён мегузорад, яъне тафсири табиати фарди инсонисониро ба ҳар гуна ниҳодҳо, ки худро «дар миёни чор дарё» ҳис мекунад ва роҳи раҳои аз дилемма кашфиёте мекунад ва хатарноктарин омилаш он аст, ки худро «бозичаи дасти» он нагардонад.

 Ҳанӯз соли 1961 зимнан М.Тейлор дар китобаш «Стратегияи ноэтимод»  арзёби карда буд, ки ба қадри сол аз сол афзудани миқдори яроқу аслиҳаи ядроии давлатҳои муқобили якдигар истода «эҳтимоли математикии ҳодисаҳои фоҷиавие, ки чун қасду иқдоми душман вонамуд мегарданд, хоҳад афзуд» (7; 143).

  Мувофиқи таҳқиқотҳои коршиносон танҳо барои кашфиётҳои нави илмӣ, аз ҷумлаи кашфиётҳои соҳаи ядрои ҷаҳони Ғарб соли 1980 тақрибан 240 миллиард доллар сарф намуда бошанд, ин рақам дар соли 2000-ум ба 360 млрд. доллари амрикоӣ баробар гардид(8; 18).

  Аз ин мувофиқ ба маълумоти институти татқиқоти байналхалқии Стокголм беш аз 37 фоизи ҳаҷми умумии буҷети ҳарбии ҷаҳонӣ ба ИМА рост меояд. Зеро ИМА пиёда намудани барномаҳои низомии худ 379 млрд.доллар сарф намуда буд(9; 189).

  Ҷаҳонишавӣ ва қашшоқӣ ин яке аз муҳиммиятарин ҳаёти амалиест, ки сокинони як деҳаи умумӣ (замин) паси сар намуда истодааст. Ин дар шароитест, ки дар рӯи сайёраи мо беш аз нисфи аҳолии калонсоли зиёда беш аз 23 кишвари олам, аз зумраи Афғонистон, Покистон, Бангладеш, Непал аз хату савод маҳрум буда, тақрибан 150 млн. нафар кӯдакон умуман ба мактаб намераванд.

  Мувофиқи маълумот ва руйхати  СММ ва ташкилотхои байналхалқӣ, дар дунёи муосир ҳанӯз ҳам даромади  бевоситаи ҳаррӯзаи беш аз 1,3 млрд. аҳолии рӯйи Замин, камтар аз як долларро ташкил медиҳад(8; 18).

  «…Абри сиёҳе, ки дар уфуқ намудор аст ,- тамоми санъати образноки худро сарф карда менависад нависандаи амрикои Мария Манес дар саҳифаи «Ридерс дайчерт»,- ҳаргиз осори таркиши бомбаи атоми не, балки афзоиши таркишмонанди аҳолист». Ҳарчанд математик набошам ҳам, хулоса мекунад Маннес, - ба ҳар ҳол ман ҷуръат карда, ба диққати хонанда чунин муодилаи ҳаётро манзур мекунам; Одамон минус Масоҳат баробари Қашшоқӣ»(11).

  Гузашта аз ин дар раванди глобализатся бо суръати кайҳонӣ инкишофёбии аҳоли дар сайёраро мушоҳида менамоем. Мувофиқи татқиқоти нуфузшиносон аҳолии рӯйи замин солҳои 1500 милодӣ тақрибан 450 млн. нафар буда, баъди 300 сол, яъне солҳои 1800 ба 1 миллиард нафар расид. Тайи 121 сол ҷомеи ҷаҳон ба он муяссар шуд, ки дар маҷмӯъ аз 1 ба 2 бирасад. Ин нишондоди соли 1926 буд. Барои 3 миллиард шудани аҳолии рӯйи замин боз 34 соли дигар лозим омад, яъне инсоният соли 1960 ба 3 миллиард расид. Нишондиҳандаҳои 4-ум 5-ум ва 6-уми нуфуси аҳолӣ дар тайи 14 сол, 13 сол ва 12 соли баъдина падид омад. Аҳолии курраи Замин соли 1999-ум 6 миллиард шуда, баъди гузаштани панҷ сол шумораи аҳолӣ боз ниммиллиард афзуд ва ба 6,5 миллиард расид (8; 113-117).

  Ҷаҳон ба як вартаи бӯрони шадиди демографии қарор гирифтааст, ки хосатан иқтидори иқтисодии онро дар ниҳоди муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун омил ба омадарасидани низоҳо дар ҷаҳони навро таҳрези менамояд. Пешгӯи менамоянд, ки дар соли 2015-ӯм нисфи аҳолии сайёра аз оби нӯшиданӣ танқисӣ хоҳад кашид. Дар ин муддат миқдори аҳолӣ аз 6,1 миллиард то 7,2 миллиард мерасад.

  Ин ҷараёни ба таври инқилобӣ, аммо пеш аз ҳама табадуллоти қафобаранда маҳсуб ёфта ба эҷоди парадоксҳои (таззод) халалпазири иқтисодӣ, сиёсӣ, поймол намудани  мейёр ва мақаки ҳуқуқҳо, ки дар натиҷаи танқиси иқтисодии сойир миллатҳо сурат мегиранд вале эҳёи ин тамоюлҳо ба хатти шикастпора мубаддал гаштани ҳудудҳо, тавлиди сенария оиди ҷанги сард ва ноҳамоҳанг омадани қудрат дар мамолики сайёра боиси халалёбии амният ва ҳуввиятҳо мегарданд, ки асоси ин нерӯиятҳоро номувофиқати муносибатҳои иқтисод дар ранги парадоксҳои сиёсӣ ташкил медиҳанд, ки хушдори ихтилофҳои минбадаро бо пайгири хотираи таърихӣ дарак медиҳанд.

  Дар оғози асри модерни кӯшишҳо пайи таҳаввули ҷадид қарор мегиранд яъне тарсонсавии миллатҳо зуҳурот доранд. Рақобати иқтисоди озод дар бозори ҷаҳонӣ, коиши ахлоқӣ дар ҷомеаҳои суннатӣ, эҷоди кашфиётҳои техникӣ ва идоранамоии хатарнок, ки боиси қатли ом ё ба афзудани яроқҳои зидди инсони аз тарафи инсон дида мешаванд.

  Иқтидори мейёри иқтисод дар бозори  муосир ва дастёбии корпаратсияҳои трансмиллӣ ба сарватҳои зеризаминӣ ва иқтисоди кишварҳои хурду бузург ҷаҳонишавии иқтисодро тезонида, иқтидори Институтиҳои байналмиллалиро суръат мебахшад.

  Боназардошти муташанниҷ гардидани иқлими муосирияти муносибатҳо аз ҳама зиёд давлатҳои абарқудрат дар ҳаросанд, ки глобализатсия ба нобаробарӣ меорад яъне маълумотҳо нишон медиҳанд, ки сармояи бевоситаи хориҷии аз шимол ба ҷануб воридшаванда ва муҳоҷират аз ҷануб ба шимол  пардохти музди меҳнатро дар ҷануб баланд бардошта дар шимол паст менамояд дар ин ҳолат дигар омилҳо бетағйир боқи мемонанд. Бархе аз олимон ин нобаробариро нисбатан ба ҷаҳонишавӣ вобаста надониста дигар структураҳои идоракунандаро ба назар мегиранд. Сиёсатмадорони Ғарб шояд ҳамингуна равандҳои пурпечутоби ихтилоф ва зуҳурот барои ҷомеаҳои алоҳида ва ҷомаеи ҷаҳонӣ маҳви давлат-ин муқаддима ба утопия набуда, балки ба фоҷиа мебошад, дарк намуда аз бархӯрди тамаддунҳои ҷаҳонӣ дар асри ҷадид пешгӯи мекунанд. Бархӯрди тамаддунҳо аз назари Самуел Хантингтон, ба «омили асосии сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфта, ин бархӯрдҳо дар доираи зиддияти миллатҳову давлатҳо ҷой гирифта то оғози ҷанги якуми ҷаҳонӣ идома ёфт. Вале баъди ғалабаи инқилоби рус ва падид омадани низоми сотсиолистӣ ҷои зиддиятҳои миллиро зиддиятҳои идеологӣ, яъне низоми ҷомеи комунистӣ ва низоми демократияи либералӣ ишғол намуд (12; 34-35).

  Фикр мекунам, дар замоне, ки назарияҳо, идея ва идеалогияҳои зиёд нуфуз доранд, халқҳо аз ҳарвақта дида ба «гуфтугӯи тамаддунҳо» ниёз доранд. Зимнан ҳар як идеяҳои фароҷаҳонӣ, ҳар як хислатҳои миллӣ ва ҳар як як тамаддун, қатъи назар аз ақибмондагӣ  ва кӯҳнапарастона буданашон, ҳуқуқҳои табиийе доранд ба олами ҳасти арзи вуҷуд доштан. Давлат-миллатҳо танҳо ба воситаҳои ҳамкории беғараз метавонанд омилҳои харобиоварро паси сар намоянд. Халқи мо бояд донад, ки аз ин ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироӣ чӣ мегирад ва чӣ дода метавонад.   

           А.Салимов –

устоди ДДЗТ ба номи С.Улуғзода

        АДАБИЁТ:

  1.    Назарбоев Н. Даҳ соли бӯҳронӣ. - Душанбе: 2004.
  2.   Гаджиев.К.С. Ввдение в геополитику. - М., 2000.
  3. Раҳмонов Э. Тоҷикон дар оинаи таърих. - Душанбе., 2009.  
  4.    Фукуяма Ф.  «Сильное Государство». -  М.,- 2009.
  5.       Глобализатция, рост и бедность. Изд. ВЕСЬ  МИР. - М., 2004.
  6. Турсунов А. «Инсон, Атом, Кайҳон». - Душанбе., 1967.
  7.       Тейлор М. Ненадежная стратегия. - М., Воениздат, 1961,
  8.       Уткин А. Миравой порядок ХХ1 века . - М., 2001 .
  9.       Сорос Дж. О глобализации. - М., 2004.  
  10.        Манес М. Угрожающее многолюдье, «Литературная  Газета»  13.03.1965.
  11. Хантингтон С. Стоклновение циаилизаций?- Полис. 1994.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Хондан 71 маротиба