JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Сешанбе, 29 Январи 2019 08:34

Ҷашни Сада-ҷашни миллӣ ва мардумӣ

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад,  мудири шуъбаи фолклории Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии АИ ҶТ Абдуламини Маҷнун иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Ҷашни Сада-ҷашни миллӣ ва мардумӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, корманди Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ АИҶТ Нозим Нуров иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Ҷашни Ялдо ва иртиботи он ба соли нави мелодӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

 Дар ҷомеаи имрӯза шароите пеш омада, ки баҳри дарёфти роҳҳои таълиму тарбияи босифат, инкишофи қобилиятҳои зеҳнӣ, ташаккули тафаккури мантиқӣ, техникӣ ва камолоти маънавии шогирдон омӯзгорону волидон саҳми боризе дошта бошанд. Зеро хоса аҳли ҷомеаро дар шароити рушду инкишофи имрӯзу ояндаи кишвар ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонии пешқадам, аз ҷумла ба дигар намудани низом ва меъёрҳои баҳодиҳӣ ба сифати дониш, маҳорат ва малакаи хонандагону донишҷӯён бисёр ба маврид ва зарурӣ мебошад. Тибқи маълумотҳои оморӣ 38%-и аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва бояд ҳамаи ин 38% соҳибмаърифат, боистеъдод ва фаъол бошанд, зеро ояндаи кишвари азизи мо дар дасти ҷавонон аст.

  Дар ганҷинаи пурғановати забони модарии мо чун гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтоб вожаҳои асилу сараи ба истилоҳ «аҳуроӣ» маҳфузанд, ки реша дар умқи таърих дошта, ба суннат ва расму ойинҳои қадими мардуми мо иртиботи қавӣ доранд ва гузаштаи дури пурифтихори моро ба имрӯз ва имрӯзи моро ба фардои дурахшони он пайванд медиҳанд. Вожагоне аз қабили наврӯз, меҳргон, сада, ки номи ҷашнҳои қадими мардуми моро ифода мекунанд, дар ҳамин шуморанд.

  Дар бораи шинохти вожаи асили тоҷикии наврӯз, ки аз назари решашиносӣ ва сохтмони дастурӣ таркиби детерминатив (composita determinativa), яъне вожаи мураккаб буда, дар қолаби татпуруша (A+N) сохта шудааст ва Абурайҳони Берунӣ дар «Китобу-т-тафҳим» ин вожаи мураккабро шакли ворунаи ибораи рӯзи нав медонад («нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ в-аз ин ҷиҳат «рӯзи нав» ном карданд, зеро-к пешонии соли нав аст» [1,144], иттилои фаровон мавҷуд аст, вале дар бобати решашиносию маънишиносии вожагони меҳргон ва сада хонандаи тоҷик камтар иттилоъ дар ихтиёр дорад.