JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

  Таърих гувоҳ аст, ки ҳар як халқу миллат бо дастовард, кашфиёт, осори илмӣ, таърихӣ ва фарҳангии худ дар ганҷинаи илму маърифати ҷаҳонӣ нақши бориз гузоштааст ва аз ин рӯ мақому манзалат ва ҷойгоҳи худро миёни дигар халқияту миллатҳо пайдо намудааст. Дар ин миён тоҷикон бо мероси бою ғании илмӣ ва фарҳангӣ чун офтоби дурахшон ба оламиён нур мепошанд ва бо рӯшноии худ ҷомеа ва оламро равшану мунаввар месозанд. Қайд каран ба маврид аст, ки олимони қурунвустоии тоҷику форс дар таърихи инкишофи улуми риёзӣ ва ҳайатшиносӣ мақоми баландро соҳиб буданд, лекин ба комёбиҳои эшон солҳои тӯлонӣ баҳои сазовор дода намешуд. Нигаҳдорӣ ва расондани мероси илмии халқҳои Юнону Рим ва Мисру Ҳинд ба Аврупо хизмати ягонаи онҳо ҳисоб меёфт. Ин гуна фаҳмиш барои он асрҳои зиёд дар тафаккури илмӣ ҷой гирифт, ки ёдгориҳои илмӣ ва сарчашмаҳои хаттии гузаштагонамон ҳангоми истилои Хуросон ва Мовароуннаҳр аз ҷониби арабҳо (асри VIII) несту нобуд гардида буданд. Баъди заволи дуру дароз илмҳои риёзӣ ва ҳайатшиносӣ аз ибтидои асри IX рӯ ба инкишоф ниҳоданд. Асарҳо ҳамон замон бештар ба забони арабӣ таълиф меёфтанд, зеро ки он забони расмии аксари мамлакатҳо аз Испания то Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафт. Аз ин рӯ, риёзӣ ва ҳайатшиносии он даврро дар адабиёти илмӣ - илми давлатҳои исломӣ (ё араб) ном мебаранд, ки комилан ғалат аст.

Сешанбе, 11 Декабри 2018 04:42

Ҷоизаи Нобел ва яҳудиён

  Чанд сол қабл дар рӯзномаи «Фараж» (№33 (454), 12.08.2015) таҳти унвони «Яҳуд чаро дунёгир шуд?» матлабе ба нашр расида, ки оид ба масъалаи яҳудият ва исломият баҳсҳоро ба миён овард. Ба андешаи муаллифи мақола, дар 105 соли охир аз яҳудиён, ки шумораашон дар саросари олам бештар аз 13 млн. нафар аст, 180 кас сазовори Ҷоизаи нобелӣ гардиданду аз миёни мусалмонон, ки 1,4 млрд. мардуми сайёраро ташкил медиҳанд, танҳо се нафар ин ҷоизаро ба даст оварданд. Ҳарчанд ин сухан каломи нав нест, вале дар байни хурофотпарастону мутаассибин норозигӣ ва сарусадоҳои зиёдеро ба бор овард. Бо вуҷуди норозигиҳои хурофотпарастону мутаассибони ҷомеаи мо ҳақ ба ҷониби муаллифи мақолаи зикршуда аст.

Ҷумъа, 07 Декабри 2018 05:28

Ҳолатҳои фавқулода ва туризм

  Сафарҳои саёҳӣ дар ҷаҳони муосир - қисми ҷудонопазири ҳаёти инсон, алоқаманд бо ҳуқуқи истироҳату фароғат, озодии ҳаракат, дастрасӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва инчунин, дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд эътироф гардидааст. Ҳамчунин сайёҳат вазифаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-экологӣ, байналмилалӣ ва дигар вазифаҳои муҳимро иҷро мекунад. Дар ҷараёни саёҳат таҳдидҳо ва хатарҳои дохилию берунии кам пешгӯишавандаю бештар харобиовар рух медиҳад. Аз ҷумла ҳангоми сайёҳат сайёҳонро ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусиятҳои табиӣ ва техногенӣ пайваста таҳдид мекунанд. Ба монанди садамаҳои нақлиётӣ, ба садама дучор шудани ҳавопаймоҳо, зарар ба ҳайёт, саломатӣ, тарма, сел, заминҷунбӣ, ярч, ғоратгарии молу амволи саёҳон, терроризм ва ғайра, ки аз сабаби камбудӣ зоҳир намудани ширкатҳои саёҳӣ рух медиҳанд. Бояд қайд кард, ки бехатарӣ ва саёҳат ҳамчун як зуҳурот бо якдигар алоқаманданд ва ҳамдигарро пурра мекунанд. Зеро саёҳат бехатариро талаб мекунад. Эъломияи «Осоиштагӣ ва Саёҳӣ», ки аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, 27 сентябри соли 2001 дар шаҳри Сеул (Ҷумҳурии Корея) қабул гардид, намояндаи созмон изҳор дошт, ки бехатарӣ ва амнияти сайёҳон бояд дар ҳар як кишвар таъмин бошад.

  Вышла в свет монография кандидата юридических наук Р.Х.Рахимзода «Оперативно-розыскная политика в сфере обеспечения экономической безопасности Республики Таджикистан», Душанбе, 2018 г., в объёме 633 страниц.

Вполне естественно, что обеспечение экономической безопасности является сущностной проблемой в системе функционирования важнейшего института общества, каковым признано считать государство. Бесспорно, экономика оказывает базисное влияние на разработку законов, определяющих и регулирующих системные функции государственной власти.