JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

   Пешбурди фаъолияти илмию технологӣ ва фаъолияти инноватсионӣ шарти зарурии рушди равандҳои инноватсионӣ дар ҳар як давлати рушдкарда ва рушдкунанда мебошад. Фаъолияти илмию технологӣ ба тавлид, рушд, густариш ва татбиқи донишҳои илмию техникӣ дар иқтисодиёт, аз ҷумла истеҳсолот вобаста мебошад. Он таҳқиқоти илмӣ ва коркардҳои илмӣ, тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар ин самт ва хизматрасониҳои илмию техникиро фаро мегирад.

(Тибқи осори ёддоштӣ ва публисистии академик З.Раҷабов ва проф.  А.Мухторов)

Дар ҳар як давру замон дарёфти соҳибкори муваффақ ва тоҷири корчаллон ниҳоят кори мушкил ва мураккаб маҳсуб меёбанд. Аз ин боис, ба ташаккул ва омода намудани бозаргону соҳибкори асилу муваффақ эътибори махсус равона намуда, пайваста талош мекунанд, ки чунин кори муҳиму судбахш анҷом дода шаванд. Хосатан ҳар як ашхоси ҷозибу хайрхоҳ ва некхоҳу дурандеш ният ва орзу менамояд, ки меросхўри худро чун соҳибкори муваффақ ва тоҷири корчаллон тарбия намуда, ба воя расонад, то ки дар рўзгори инсонӣ ва рушду такомули ҷомеаи мутамаддин мавқеи муҳим ва нақши арзанда пайдо намояд. Чунин ниятҳои неку орзуҳои ширинро чун ҳар як тоҷики асилу ояндабин бобою падари Зарифу Латиф ва дигарон дар замири хеш парварида, мудом аз паи амалӣ намудани он пайваста кўшишу талош менамуданд. Аз ин рў, ин мавзўъ муҳиму рўзмарра буда, пажўҳишу тадқиқи саривақтии худро интизор аст.

 

           «Агар касе гузаштаи худро надонад, инсони комил нест».

Эмомалӣ Раҳмон

  Миллати тоҷик таъриху фарҳанги бою пурғановатро соҳиб мебошад. Тамаддуни фарҳангӣ ҳамагуна ҷомеаро ба сўйи воқеияти зиндагӣ ҳидоят мекунад, зеро фарҳанг моҳияти зиндагии инсонро ифода карда, ҷавҳари онро инсон, зиндагӣ ва ояндаи ў ташкил медиҳад. Мардуми ориёиасл ҳанўз дар оғози пайдоиш ин ҷавҳарро хуб дарк карда буд. Ин буд, ки гомҳои нахустини худро бо фарҳанг оғоз карданд, зеро фарҳанг таъмингари меҳру дод ва истиқлолу озодӣ дар ҷаҳон аст.

  Аз манобеи таърихӣ маълум аст, ки тоҷикон чун миллати соҳибтамаддун дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ бо ҳунарҳои гуногуни худ саҳми арзанда гузоштаанд. Айни ҳол дар раванди ҷаҳонишавӣ мо ворисони ҳунару фарҳанги тоҷикро зарур, аст ин ҳунарҳои мардумиро боз ҳам хубтару бештар омўзем, пажўҳиш намоем ва тарғибу ташвиқ намоем. Боиси сарфарозӣ ва мояи ифтихор аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва таваҷҷуҳи хоса ба ҳунарҳои мардумӣ халқи тоҷик тавонист аз нав ҳунарҳои қадимии худро эҳё ва такмил созад.