JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 29 Июни 2017 13:06

Аз худбинӣ ба сӯйи хурдабинӣ

Муаллиф:

Аз худбинӣ ба сӯйи хурдабинӣ

(чанд андеша дар ҳошияи рӯнамоии китоби устод Иброҳим Усмон «Савганди сулҳофаринӣ» (-Душанбе: «Бебок», 2017. -132 саҳ.)

 Шоми 2 июни соли 2017 маҳфили «Гуфтугӯйи тамаддунҳо», ки чанд сол аст таҳти садорати донишманди тоҷик, профессор Иброҳим Усмон амал мекунад, доир гардид. Мавзӯи баҳс ин дафъа рисолаи ба тозагӣ таълифнамудаи устод Иброҳим Усмон таҳти унвони «Савганди сулҳофаринӣ» (-Душанбе: «Бебок», 2017. -132 саҳ.) қарор гирифт, ки ба муносибати 20-солагии Сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бахшида шудааст, Дар рисола масоили сулҳи тоҷикон, мушкилоти самти марбута, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ, муаррифии мухтасари аъзои КОМ, ки дар ҷараёни сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми муносиб гузоштаанд, дарҷ шудаанд. Маҳфилро метавон як навъ рӯнамоии китоби устод Иброҳим Усмон «Савганди сулҳофаринӣ» талаққӣ кард.

  Суҳбатро профессор Иброҳим Усмон оғоз бахшида, сараввал доир ба муҳтавиёти рисола иҷмолан иттилоъ дода, аз хидмати бедареғи шахсиятҳое, ки дар сохтмони сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон саҳми бевосита гирифтаанд, ёдовар шуд ва таъкид кард, ки дар баёни матолиб аз инсоф кор гирифтааст ва беғаразона раванди музокироти сулҳи тоҷикон ва ширкаткунандагони бевоситаи даврҳои музокиротро рӯйи сафҳа рехтааст. Дар маҳфил, чуноне ки дафъаҳои қаблӣ мушоҳида мешуд, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, сиёсатшиносон, олимони соҳаҳои гуногун, рӯзноманигорон иштирок доштанд. Ба таври куллӣ, суҳбат хуб ҷараён гирифт, ҳарчанд ки баъзан пурсишоти тезутунде сурат гирифт, аммо боиси вайрон шудани ҳолати рӯҳии ширкатдорон ва кори маҳфил нагардид.

   Воқеан, китоби устод Иброҳим Усмон, агарчи ҳаҷман хурд аст, муҳтавои бузургеро дар худ ғунҷонидааст ва ба масъалаи муҳимтарини замон – сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ихтисос ёфтааст. Муаллиф дар заминаи сулҳи тоҷикон китобҳои зиёде навиштааст ва ин дафъа бештар сари ҷараёни музокироти сулҳи тоҷикон, ширкаткунандагони бевоситаи ҳашт даври музокирот ва фаъолияти Комисси оштии миллӣ таваққуф намудааст. Муҳим ин аст, ки Иброҳим Усмон худ иштирокчии бевоситаи музокироти сулҳи тоҷикон ва аъзои фаъоли Комисси оштии миллӣ буда, доир ба раванди музокирот, кори КОМ, шахсиятҳои алоҳидаи муоҳидаи сулҳи тоҷикон аз рӯйи сарчашмаҳои дастрас маълумот додааст.

  Ҷолиб ин аст, ки муаллифи китоб дар асоси санаду ҳуҷҷатҳои мавҷуда вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, рафти музокироти сулҳ ва фаъолияти аъзои Комиссияи оштии миллиро мунсифона ва беғаразона матраҳ намудааст. Барои рӯшан ва дақиқ кардани масъала ва мушкилоти марбут ба он муаллиф ҳаводисро аз соли 1990 ба риштаи таҳқиқ мекашад ва бар мабнои далоили матбуотӣ ва расмӣ баҳс меорояд. Китоби устод Иброҳим Усмон дар шинохти мантиқии ҳаводиси давр, шахсиятҳои алоҳидаи ҳукуматӣ ва мухолифин, дастандаркорони асосии раванди сулҳ ва музокироти миллӣ ба хонандагони иттилооти зарурӣ медиҳад.

  Чи хеле ки болотар ёдовар шудам, баъди гузориши муаллифи китоб Иброҳим Усмон қисмати пурсишу посух идома ёфта, суолоти зиёде дар заминаи ҷараёни сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон сурат гирифт. Баъдан марҳилаи музокира шурӯъ шуда, олимон ва фаъолони ҷомеаи маданӣ атрофи масоили марбута суҳбат намуданд. Нуктаи муҳимме, ки моро беш аз пеш азият дод, он аст, ки ҳоло ҳам ҳунари эътирофи гуноҳҳои худро надорем. Ҳарчанд ки дар ҷанги шаҳрвандӣ ё ба истилоҳ, бародаркушӣ, тибқи асноди расмӣ, касеро муқассир намедонанд, аммо ҳамеша мекӯшем, дар ҷараёни мусибати миллӣ – ҷанги мулкӣ худро бегуноҳ вонамуд карда, дар ин бадбахтӣ тарафи дигареро муқассир бидонем. Дар ҳавзаҳои фикрӣ ва таҳлилии мо одат шудааст, ки ҷанги бародаркуширо таҳмилӣ унвон кунем ва «саҳм»-и худро дар даргириҳои қавмию миллӣ ҳазф созем. Танҳо дар суҳбати Абдураҳим Каримов (Мулло Абдураҳим), ки дар доираи маҳфили «Гуфтугӯйи тамаддунҳо» суҳбат намуда буд, аз гунаҳкорӣ суҳбат шуда буду халос. Ӯ мардонавор иқрор шуда буд, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ мо муқассир будем. Дар бадбахтӣ ва мусибати мардум «нақш» дорем. Дигарҳо, аслан худро муқассир намедонанд ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷангу даргириҳои қаламрави Тоҷикистонро тайи солҳои 1992-1997 таҳмилӣ нишон диҳанд.  

  Аз назари равоншиносӣ, шахс ба хотири гул задани мардум ва дур андохтани иттиҳомот аз худ, гуноҳро ба гардани каси дигар мезанад. Ин уқдаи равонӣ минбаъд ба қолаби шахшуда ё стереотип табдил меёбад ва одати ҳаррӯзаи фард ва дар маънии васеъ ҷомеаро ташкил мекунад. Бар пояи ин, ҷомеа ва ё нафароне аз он ба хотири дур андохтани дасти иттиҳом аз худ каси дигар, нафари дигар, гурӯҳи дигар, созмони дигарро ба унвони гунаҳкор ва муҷрим мебофад ва ба умум манзур месозад. Фаразан, агар дар даргириҳои ибтидои солҳои навадуми садаи бистум мо муқассир набошем ва тавтеаҳо, дасисаҳо, иғвогариҳо, шӯру ҳангомасозиҳо, ки охируламр ба ҷанги бемаънӣ оварда расониданд, аз берун таҳмил шуда бошад, чаро мо гиребони якдигарро гирифтем, гулӯи ҳамдигарро даронидем ва бо бадтарин шева худ ва ҳамтаборонро қатл кардем? Бо иғвогарӣ, фиребу найранг, дасисаю ҳангома миёни мардум ва табақоти иҷтимоӣ шӯру валвала андохта, мардумро ба ҳам заданд. Ба хотири чӣ? Ба хотири қудрат, мансаб, салтанат, сарват, шаҳомат… Чӣ гуна метавон аз ҳамаи инҳо даргузашт ва худро софу беолоиш нишон дод? Аҷабо, худ ба дасти худ низоъ андохтем, мардумро ба вовчику юрчик мунқасим кардем, ба якдигар бебаркаш иттиҳоми куфру бидъат задем, мансабталошӣ, мансабхоҳӣ, бузургиҷӯйӣ, худхоҳӣ, худпарастӣ ва авомфиребӣ кардем, барои шикасти камари миллату халқ тавассути зиллат мубориза бурдем, бо баҳонаи адолат бар сари мардуми бегуноҳ теғ кашидем ва зулму истибдодро тавсеа додем, таниш ва чолишро дар байни табақоти иҷтимоӣ ба вуҷуд овардем, вале бидуни инсоф худро аз гуноҳу нуқс орӣ медонем ва тамоми бадбахтию мусибати ҷангро бар гардани душманони миллат ва халқ мезанем. Агар дар атрофи ҷанги шаҳрвандӣ суҳбат кунем, хоҳу-нохоҳ омили «таҳмил»-ро дар он муассир медонем. Дар ҳавзаҳои баҳсӣ ва илмию фанни ватанӣ тайи бист соли ахир дар ташаннуҷи вазъ ва дарҳамбарҳамиҳо, ки ба ҷанги бародаркушӣ сабаб гардид, ғолибан «дасти берун» таъкид мегардад. Ин иддао тариқи хаттию шифоҳӣ дар фазои иттилоотӣ ва расонаии мо, мутаассифона, то имрӯз тасаллут дорад. Саҳлу осон аст бар шонаи дигаре задани гуноҳ. Албатта, «нақш»-и бозигарони беруна дар доман задан ва аланга додани оташи ҷанги дохилӣ дар минтақаро сарфи назар кардан ноинсофист,  аммо бетаваҷҷуҳӣ, носозгорӣ, бепарвоӣ, саҳлангорӣ. фориғболӣ, авомфиребӣ, мансабталошӣ. дурӯягӣ, найрангбозӣ, фурсатталабӣ ва амсоли инҳо барин «маҳосин»-и ахлоқиро, ки дар рӯҳияву зеҳниёти иддае аз намояндагони интеллигенсияи миллӣ ҷо гирифта буданд, нодида наметавон гирифт. Бар асари он бетавофутиҳо, дасисаҳо, иғвогариҳо, найрангсозию фиреббозиҳои гурӯҳҳои пешрави иҷтимоӣ буд, ки вазъ дар минтақа ба харобӣ овард ва миллат, ба истилоҳи устод Лоиқ, «муталошӣ» гардид. Агар мо барои душманони миллат, ба истилоҳ, «пайи по» дуруст карда бошем, гуноҳи берун ва душманони беруна чист? Фаразан, агар мо мисли давлатҳои абарқудрати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ қудрату иқтидори ҳарбию низомӣ ва иқтисодию сиёсӣ медоштем, магар даст ёфтан барои манофеи геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ талош намекардем? Ин суолест барои муддаиёне, ки худро дар ихтилофоти миллию этникӣ ва динию мазҳабӣ ва ташаннуҷи вазъ дар солҳои навадуми асри бист гунаҳкор намедонанд ва домани бозингарони берунаро осонакак мечаспанд. Тақсироти фикрӣ, ахлоқӣ, маънавӣ, фарҳангӣ ва сиёсии моро ҳанӯз устод Лоиқ дар оғози солҳои навадуми асри бист пай бурда, навишта буд:

На ҳамонем, ки сад чашми ҷаҳонбин дорем,

Мо ҳамонем, ки ду чашми даҳонбин дорем.

   Миллати тавонманд ва ҳувиятшинос, аввалтар аз ҳама, ба айбу навоқиси равонӣ, фикрӣ, ахлоқӣ, эҷодӣ, ҳунарӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва мафкуравии худ пай мебарад, решаҳои айбу нуқусро дуруст меҷӯяд, таҳлил мекунад, ташхис медиҳад ва саранҷом ба ислоҳи силсилаи мушкилоти ботинию зоҳирӣ мепардозад. Синдроми худбинӣ ва дар айни замон, худкамбинӣ зеҳни моро мусаххар кардааст ва ҳар кию ҳар чиро аз зовияи худбинӣ ва хубкамбинӣ менигарем. Бо интиқоди самимона ва мунсифона ба таърих, фарҳанг, тамаддун, сиёсат ва мафкураи худ назар меафканад. На ҳар гуна интиқод, балки интиқоди илмӣ, фаннӣ, тахассусӣ, эҷодӣ, ҳунарӣ, ки бар мабнои далелу бурҳон ва ҳуҷҷату арқом рӯйи кор омадааст.

  Интиқодро ба унвони бархӯрди солим дар муносиботи иҷтимоӣ, сиёсӣ, фикрӣ, равонӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ ва амсоли инҳо мепазирад ва аз он дар мавориди зарурӣ ва ғайризарурӣ ва масоили мунтазира ва ғайримунтазира истифода мебарад. Ин навъи бинишро бояд омӯхт ва чун одат дар зеҳни миллат ва халқ ҷо дода, дар зиндагии рӯзмарра роҳандозӣ кард. Гап сари ин аст, ки: агар ба интиқоди илмӣ, самимӣ, отифӣ, ихтисосӣ бо силсилаи мушкилоти миллӣ ва фаромиллӣ бархӯрд накунем ва ойинавор камбудиҳои хешро пешорӯйи ҳамдигар бозгӯ нанамоем; парда аз рӯйи ақли тираи худ бознабардорем; воқеиятро рӯйирост арз надорем(ва онро таҳриф кунем); ба таъриху фарҳанги гузашта, ҳаводиси гузаштаю воқеоти имрӯза ва дар маҷмӯъ, мушкилоту матолиби мавҷуда аз рӯйи ихлос(на аз рӯйи инсоф) бипардозем, яқинан наметавонем ҳатто дар баробари мушкилоти маҳдуди дохилӣ муқовимат кунем, чӣ расад ба мушкилоту хатарҳои глобалӣ. Ба қавли устод Акбари Турсон, бояд хурдабин бошем, на хӯрдагир. Хӯрдагирӣ ғараз ва хурдабинӣ беғаразиро дар пай дорад. Ин аст, ки интиқоди илмию ихтисосӣ ва бидуни ғаразу кина бояд тадриҷан ба муҳитҳои илмӣ, фарҳангӣ ва сиёсии мо ҷой бигирад. Қадами аввал дар ин росто пазируфтани камбуду навоқиси шахсӣ ва инфиродӣ мебошад. Дигаронро гунаҳкор кардан осон аст, худро шинохтан ва муҳимтар аз ин, мантиқӣ муносибат кардан бо воқеият, новобаста ба он ки садои ихлоси мо бар гӯши дил аст ва ҳарфи номутавозин мезанад, асли фаҳмиши масъала мебошад. Агар мо дар ҳузури ҳаммиллатону ҳамватанон камбуду навоқиси худро эътироф намоем, на танҳо шахсияти худро латма намезанем, балки барои он ҷойгоҳи қоими иҷтимоӣ, фикрӣ ва фарҳангӣ қоил мешавем ва ба ҷомеа якрӯю беғараз будани худро нишон медиҳем.   

  Ҳамин тариқ, фоҷеоту мусиботи миллӣ ва мардумиро бояд аз нигоҳи воқеиятҳои замонию маконӣ баррасӣ кард ва ба воқеиятҳои давр бо чашми хурдабин (на хурдагир) назар бояд кард, то дар ояндасозӣ аз хар ҷиҳат кумакамон намояд.      

Н. Нурзода

Хондан 1891 маротиба