JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 09 Январи 2018 05:07

Бадкирдории ҷавонон масъалаи ҳалталаби ҷомеа

Муаллиф:

  Дар ҷомеаи имрӯза зиндагии одамон, алалхусус ҷавонон чунин таҳрезӣ шудааст, ки рафтору кирдори онҳо пурра ба хоҳиши худашон вобаста набуда, дар доираи қоидаҳои аз ҷониби аъзоёни ҷомеа мақбулгаштаю муайянгардида, яъне бо ибораи илмӣ арзишҳо ва меъёрҳои иҷтимоӣ сурат мегиранд.

Арзишҳои иҷтимоии ҷомеа-ин ҳамаи қоидаҳои рафтору амале мебошанд, ки барои инсон муҳим буда, талаботи моддию маънавии ӯро қонеъ гардонида метавонанд. Ин арзишҳо ахлоқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, идеологӣ, ҳуқуқӣ, динӣ ва ғайра мешаванд. Яъне, одӣ карда гӯем, кулли фаъолияти ҳаётию корӣ, қадру қиммат, нангу номус, ростқавлию поквиҷдонӣ, ҳурмату эҳтироми падару модар, фарзандон ва калонсолон, салому аллейки байниякдигар, хушгуфторию хушмуомилагӣ ва амсоли инҳо арзишҳои иҷтимоии одамонро ташкил додаанд.

Ба арзишҳои иҷтимоии одамон меъёрҳои иҷтимоии ҷомеа илова мешаванд, ки онҳо аз қоидаҳои таърихан ташаккулёфтаи рафтору фаъолияти одамон, гурӯҳу ташкилотҳо иборат буда, дар шакли рафтору кирдорҳои аз тарафи умум қабулгардида ё уҳдадориҳо зоҳир мегарданд. Меъёрҳои иҷтимоиро ба ду гурӯҳ ҷудо менамоянд:

1.   Қонуну дастурамалҳое, ки аз ҷониби мақомоти қонунгузор ва дигар мақомоти давлатӣ қабул гардида, риояи онҳо барои тамоми аъзоёни ҷомеа, аз ҷумла барои ҷавонон ҳатмӣ мебошад.

2. Меъёрҳои таърихан ташаккулёфтаи ҷомеа, меъёрҳои иҷтимоие мебошанд, ки ба таври эволютсионию стихиявӣ пайдо гардидаанд ва онҳоро «қоидаҳои нонавишта» низ меноманд. Ба ин меъёрҳои иҷтимоӣ урфу одат, анъана, расму русум, меъёрҳои ахлоқӣ ва ғайра шомиланд.

Аз тақсимоти боло маълум мегардад, ки арзишҳои иҷтимоӣ ва меъёрҳои иҷтимоӣ, ин шоҳроҳи асосии қабулгардидаи тамоми аъзоёни ҷомеа мебошанд, ки берун рафтар ё берун баромадан аз ин шоҳроҳ ба бадкирдории иҷтимоии шахс сабаб мешаванд. Яъне, берун рафтан шахс аз арзишҳо ва меъёрҳои иҷтимоии аз тарафи ҷомеа қабулшуда содир кардани рафтори сиёсӣ, оилавӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва ғайра бадкирдории иҷтимоӣ ном дорад. Дар байни ҷавонон ду намуди бадкирдорӣ маъмул аст. Якум, аз арзишҳою меъёрҳои иҷтимоии қабулгардида бешууронаю кӯдакона берун баромадан ё дур рафтан, ки на чандон бадрафториҳои вазнин мебошанд. Дуюм, рафторҳое, ки боиси ҷурм, гуноҳ, рафтори ноҷо, рафтори хилофи қонун ва рафтори зидди тартиботи ҷамъиятӣ мегарданд, ки оқибати онҳо барои ҷамъият хафноканд.

Ба назари аввал, бадкирдорӣ вожаи одӣ менамояд, вале агар ба он амиқтар назар кунем, дар ин мафҳум ҳодисаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоии ҷавонон, ба монанди чи тавре дар боло гуфтем, рафторҳои начандон барои ҷомеа зараровар: беадабӣ, дағалӣ ва дигар каҷравиҳои оилавӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва рафторҳои барои ҷомеа зараровар: майнушӣ, истифодаи маводи нашъадор, қонунвайронкунӣ, ҳуқуқвайронкунӣ, ҷинояткорӣ, шомил шудан ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва дигар гуноҳу рафторҳои хилофи қонуну тартиботи ҷамъиятӣ мафҳуз аст. Ҳатто номбурди на чандон бисёри бадкирдориҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки масъала ниҳоят муҳим буда, таҳлилу омӯзиши он айни муддаост. Бешубҳа, ин рафторҳои аз қонуну ахлоқи мавҷуда берун, дар падидаи (феномени) равонӣ мақоми махсус дошта, дар баробари чунин ҳодисаҳои иҷтимоӣ, ба монанди касалиҳои руҳӣ, ҳолатҳои психосоматикию патологӣ дар ҳаёти ҷавонон мавҷуд мебошанд. Ин хусусиятҳои махсуси бадкирдории шахс фарқияти ӯро аз дигарон ошкор сохта, дар ҳолатҳои зарурӣ мавҷуд будани ин бадкирдориҳо аз тарафи дигар одамонва мақомоти дахлдор қайд мегарданд. Одамон дар ҳузури ӯ ё набуданаш шахсро бо каҷрафтории муайян номгир мекунанд. Дар навбати аввал бадкирдории шахс фаъолиятест, ки ба меъёрҳои муҳими иҷтимоии дар ҷамъият амалкунанда мувофиқ набуда, ҳамчун рафторҳои моҷароангез дониста мешаванд. Яъне, рафторҳое мебошанд, ки ба қонуну қоидаҳои мавҷуда, анъанаҳо ва меъёрҳои иҷтимоӣ муқобиланд. Сониян, бадкирдории шахс аз тарафи дигар одамон қабул нагардида, баҳои манфӣ гирифта, маҳкумиятро пайдо мекунад. Қабул нагардидан ҳамчун ҳодисаи нохуш вазифаи муҷозоти иҷтимоиро иҷро мекунад. Маҳкум намудан дар навбати худ ба пайомадҳои манфӣ оварда, шахсро аз рушди барои ҷамъият ва худаш фоиданок бозмедорад ва ӯро аз ҷомеа дур месозад. Тағмаи бадкирдории бангӣ, наркоман, бангӣ, алкаш, ҷинояткор ваҳоказо метавонад шахсро ба бадкирдории вазнин бурда расонад. Сеюм, хусусияти дигари бадкирдорӣ аз он иборат аст, ки вай ба шахс ё одамони дигар зарар мерасонад. Ин зарар метавонад вайрон намудани тартиботи мавҷудбуда, зарари маънавӣ ва моддӣ нисбати дигарон, таҷовузи ҷисмонӣ ва бад шудани аҳволи саломатӣ бошад. Бадкирдории аз ҳад зиёд ба ҳаёт таҳдид карда, майнӯшӣ, худкушӣ ва истифода аз ҳад зиёди маводи нашъадор терроризму эстремизмро ба миён меорад. Чорум, рафтори шахс дар он ҳолат каҷрафторӣ ҳисобида мешавад, ки он агар доимо такроршаванда ва дурудароз бошад. Панҷум, рафтори шахс дар вазъияти ғайриодӣ ба монанди ҳодисаи ногаҳонӣ, ки барои ҳаёти ӯ, ҳаёти аҳли оилааш ва рафиқонаш таҳдид дорад ва ӯ барои ҳимоя ба кори ғайриқонунӣ даст мезанад, бадкирдорӣ нест. Шашум, бадкирдории шахс бояд дар доираи тиббӣ фаҳмида шавад. Зеро набояд ба касалиҳои руҳӣ ё ҳолати патологӣ (девонагӣ) шабоҳат дода шавад, гарчанде дар баъзе ҳолатҳо мумкин ба он наздикбошанд. Дар ҳолатҳои муайян бадкирдорӣ метавонад ба ҳолати маризӣ ва патологӣ гузарад. Масалан, вобастагӣ доштан аз маводи спиртӣ, аз банг, аз наркотик метавонад ба ҳолати маризӣ табдил ёбад, яъне майзада, бангӣ ё наркомани якумра гардад, ки ин маризӣ аст. 

Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки чаро баъзе ҷавонон майл ба бадкирдорӣ доранд? Чунки дар ботини онҳо хусусиятҳои махсусе мавҷуд аст, ки қисме аз онҳобо таъсири ин хусусиятҳо аз роҳи дуруст берун мегарданд.Ин хусусиятҳо чунинанд: Якум, ин хусусиятҳои биологии инсон, дар баъзе адабиётҳо хосиятҳои табиии модарзодӣ номдошта мебошанд, ки то синни 7 солагӣ пайдо гардида, умрбод ҳамчун хислат (характер) бетағйир мемонанд. Вале, бояд дар назар дошт, ки  агаршахсдар муҳити хуб таълиму тарбия ёфта бошад, хосиятҳои биологӣ ё худ хислати худро идора карда метавонад. Пас, агар барои ҷовонон аз хурдсолӣ шароити хуб таъмин намоем, онҳо ба рафторҳои ноҷо даст намезананд. Ба ин кор, акнун мо имрӯз имконият пайдо кардем. Зеро бо ташаббус ва пешниҳоди бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардид. Ин тамоми калонсолонро, аз ҷумла, падару модарон, омӯгзорону нозирони минтақавии милитсия, раисони маҳаллаҳо ва дигар шахсони масъулро вазифадор мекунад, ки ба масълаи ҷавонон таваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳанд. Ба қадри зарурӣ барои ҷавонон шароити таълуму кор ташкил кунанд ва онҳоро таҳти назорати умум гиранд. Дуюм, хусусиятҳо ё худ ҳолатҳои психикию рӯҳии инсон мебошанд, ки заминаҳои гуногунро барои ба бадкирдориҳо даст задани ҷавонон эҷод месозанд. Ба ин гурӯҳ захмҳои дар оилаи носолим пайдо намудаи ҷовонон, муносибати баду беназоратӣ дар мактабу дар кӯча мисол шуда метавонанд. Сеюм, хусусиятҳои аномиявие мебошанд, ки дар натиҷаи ноадолатиҳою нобаробариҳои иҷтимоии ҷавонон сабаби бадкирдориҳои онҳо мегарданд. Баъзе ҷавонон бо шароити хуби таълим ва кор таъминанд, вале баъзеҳо аз ин корҳо маҳруманд. Ин маҳрумият ба ҳолати рӯҳии онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Ҳама ҷавононро баробар кардан ғайриимкон аст, вале таваҷҷуҳи дигарон ба ҷавонони шароити вазнини зиндагидошта, ёрӣ ба онҳо, ҷалб кардани ба корҳои фоиданок,  онҳоро метавонад рӯҳбаланд созад, ҳавасманд гардонад, худро бесоҳиб ҳис накунанд, боварӣ пайдо кунанд, кимаҳорату қобилиятро давлат аз ҷавонони сарватманд боло меҳисобад.Чаҳорум, хусусиятҳои фарҳангию тақлидкории ҷавонон аст, киаз дигарон «намунаи ибрат» мегиранд ва худ онро такрор менамоянд. Агар дар мактаб ё кӯча ҷавонони ба хониш ва варзиш ҳавасманд зиёд бошанд, дигар ҷавонон ба ин корҳо бештар майл пайдо мекунанд, вале агар ҷавонони бетарбия, дағал, сигоркашу носкаш зиёд бошанд, пас онҳо барои дигар ҷавонон бештар намуна мегарданд. Ақида дар майна ҷавон пайдо мегардад, ки роҳи дуруст хондану савод гирифтан набудаст. Панҷум, хусусиятҳои ба ҷавонон тағма ё лақаб мондан аст. Баъзе одамон аз бефаросатии худ ба ҷавонон лақабҳои гуногун, ба монанди девона, бекорагард, танбал, бангӣ, алкаш,мулло (фанатики динӣ), таҷовузкор, ҷинояткор ва ғайра мегузоранд, ки дар натиҷа ҷавонроаз аксарият дур мекунанд вамаҷбур месозанд ва онҳо ба ҷавонони ба худ монанд якҷоя шаванд ва минбаъд ба бадкирдориҳои вазнин даст зананд. Баръакс, бояд бештар ба ҷиҳатҳои рафтори мусбии ҷавонон баҳо дода, суханҳои таъсирбахше ба ӯ гуфта шавад, ки ҷавон аз кирдорҳои бадаш даст кашад.

Ба ғайр аз гуфтаҳои боло, роҳҳои назорати иҷтимоӣ ва аз бадкирдориҳо боздоштани ҷавононхеле зиёданд ва ба ҳама маълуманд.Ҳаминро бояд фаҳмид, ки рафтори ҷавонон дар ҷомеа танҳо ба воситаи меъёрҳо ва арзишҳои иҷтимоӣ ба танзим дароварда мешавад. Миёни ин меъёрҳо ва арзишҳои иҷтимоӣ, ташкили назорати иҷтимоиро мумкин астпурра муқобил ва ё чун муқовимати бадкирдории ҷавонон гузошт. Тарзу усули ташкили назорати иҷтимоӣ боядчунин сурат гирад:

1) воситаи муҳими назорати иҷтимоӣ ин қонеъ намудани дархосту манфиатҳои гуногуни ҷавонон ба шумор меравад, ки дар шакли ҷалб намудани онҳо ба варзиш, ба вуҷуд овардани шавқу ҳаваси онҳо ба китобхонию рафтан ба китобхонаҳо, ташкил намудани экскурсияҳо ба идораҳои гуногуни давлатию ғайридавлатӣ ба мақсади пайдо кардани шавқу ҳаваси онҳо ба хондану интихоби касб, ҷалб намудани онҳо ба марказҳои интернетӣ ва дигар марказҳои техникию эҷодӣ;

2) нисбати онҳо маҳдуд намудани муносибатҳои дағалонаю суханҳои танқидие, ки дар онҳо ноумедию нобоварӣ нисбати дигарон ва давлат пайдо менамоянд;

3) кумаки моддию маънавии аъзоёни маҳал ба ҷавонони камбизоату мариз. Набояд фаромӯш кард, ки дар пешгирии бадкирдории ҷавонон дилсузӣ, дарднокӣ ва ғамхурӣ нисбати онҳо саҳми чашмрас дорад, дар ин кор албатта ба ҳазлу шухӣ мақоми мусбӣ дода мешавад. Ҳар як ҳазлу шухиро имконияти воқеъии паст кардани шиддати бадрафторӣ номидан мумкин аст. Масалан, аз қадим қабул шудааст, ки дар муносибатҳои байниҳамдигарӣ, аҳамияти ҳазлу шухиро ба чунин воситаҳои шифоие шабоҳат медиҳанд, ки ҳар як дорӯсоз аз он ҳасад мебарад. Вале, ҳаргиз ин тарзи паст намудани шиддати бадрафторӣ, ғаразнок ва кинаомезона набояд бошад;

4) аз тарафи падару модарон ва аъзоёни ҷомеа назорат намудани ҷавонон ҷиҳати хониши рӯзномаю адабиёт ва тамошои касетаю дискҳои фитнаангез, таблиғкунандаи зуроварию бадбинӣ;

5) бо муносибати хуби инсонӣ тағйир додани менталитети ҷавононе, ки дар давраи кашмакашиҳо тарбия гирифтаанд.

Албатта, барои амалӣ кардани ин корҳо маблағу вақт зарур аст, ки ҳоло ин ду воситаи муҳими кор бо ҷавонон дар маҳалҳои зист мавҷуд нест. Ҳама дар даву тоз аз пушти зиндагии худ аст. Бо вуҷуди ин, мисолҳо ҳаст, ки баъзе раисони ҷамоатҳои маҳалҳо бо ёрии шахсони саховатманду дилсӯзи маҳалла,то андозае тавонистанд ҷавононро ба роҳи дуруст дароранд, онҳоро ба хондану варзиш ҷалб намудаанд, бекорагардӣ намекунанд. Аммо чунин раисони ғамхори миллат хеле каманд. Аксарияти онҳо аз вазифа истифода намуда, якчанд нуқтаҳои савдо дар маҳали зист ташкил менамоянду ба ҳифзу нигоҳубини онҳо машғул мешаванд. Дар сухан гуё дар фикри ҷавонону давлатанд, вале дар асл манфиятҳои шахсии худро боло мегузоранд, ки рафтори онҳоро ҷавонон мушоҳида карда, ноумедӣ ба зиндагию нобоварӣ ба одамон дар онҳо бештар инкишоф меёбад.

Ҳамчун мисол, ба як намуди бадкирдории ҷавонон аз ҳаёти воқеии имрӯза таваҷҷуҳ менамоем. Дар махллаи Испечаки ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шаш маҳалҳои худри хонаҳои бисёрошёна мавҷуд аст. Дар шаш маҳалла як майдончаи футбол мавҷуд буд, ки дар он ҷо қариб ҳар бегоҳ ва рӯзҳои якшанбе байни ҷавонони маҳалаҳо мусобиқаи футболбозӣ доир мегардид. Занону мардони зиёд ба тамошо баромада, ҷавонони маҳалли худро дастгирӣ мекарданд. Калосолон дар ҳар намуд дастаи ғолибро ҳавасманд мекарданд ва дар фикри он буданд, ки мусобиқаи шашкаю шоҳмотро низ ташкил намоянд. Вале сарватманде пайдо гардиду бо ёрии баъзе сардорони маҳалаҳо майдончаро ба истгоҳи пулакии мошинҳо табдил дод. Оқибат ҷавонон дар кӯча партофта шуданд. Ҳоло онҳо ба картабозию истифодаи маводи нашъадор машғуланд, гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъ шуда, ба носкашию сигоркашӣ одат кардан два аз забонашон фақат суханҳои дағал шунида мешавад. Панҷ шаш сол пеш, вақто ки ҷавонон ба варзиш ҳавасманд карда мешуданд, ҳамагӣ, аз ҷумла дар маҳаллаи Испечак-2 ду нафар наркоман вуҷуд дошт, ҳоло бошад, шумораи бангиҳою наркоманҳои ошкоро ба 13 нафар расидааст, ки таваҷҷуҳи ҷиддиро талаб мекунад.Ин аз бесалоҳиятию бепарвоии раисони маҳал шаҳодат медиҳад. Илова бар ин, қисме аз раисони маҳал мулло ё худ намозхон мебошанд. Аз нигоҳи одӣ ин хуб аст, вале, ба фикри мо, зарари он ба ҷавонон бештар аст. Чунин раисон фақат як сухан доранд: аз бекорагардӣ карданат, мемурӣ масҷид равию намоз хонӣ! Ба фикри ин одамон, ҷавон агар масҷид равад беҳтар аст, вале, танҳо бонамозхонӣ давлатро пешбурда намешавад. Ҷавононро бештарба хондан ва варзиш ҷалб намудан зарур аст. Дар байни онҳо мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, шашкаю шоҳмот, шеъру сурудхонӣ ва ғайра ташкил кардан беҳтар аст. Барои маблағи зиёд сарф нагардидан аз мутахассисони маҳалли зист, ба монанди забондонҳо, варзишгарон, ҳуқуқдонҳо, мутахассисони техникӣ ва амсоли инҳо истифода кардан ба манфиати кор аст. Агар раиси маҳаллаи нуфуздору салоҳиятнок бошад, чунин мутахассисони касбҳои гуногуни маҳалла барои ҷавонони ҳамсоя, ки дар байни онҳо фарзандони худашон низ ҳаст, бо майли том ва дилу ҷон вақт ҷудо мекунанд.

Ҳамин тавр, аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки бадкирдорӣ маризи нест, ин рафтори комилан моҷароангези шахс мебошад, ки аз арзишу меъёрҳои муҳими иҷтимоӣ берун баромадааст ва ба ҷамъияту зиндагии худ зарари воқеӣ мерасонад. 

Гулҷаҳон ҲАКИМОВА

Хондан 2467 маротиба