JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 30 Июни 2017 13:13

Бозиҳои геосиёсӣ дар либоси дин

Муаллиф:

   Вазъияти солҳои охири дар ҷаҳони ислом бавуҷудомада бозгӯи он аст, ки қудратҳои ҷаҳонӣ барои тавсеаи манфиатҳояшон аз дину мазҳаб ҳамчун як василаи сиёсӣ истифода намуда, пайравони мазоҳиби исломиро муқобили ҳам қарор медиҳанд. Дар аксари кишварҳои Шарқи Наздику Миёна дину сиёсат ба ҳам омехтаанд ва барои ҳалли мушкилоти иҷтимоию қонунгузорӣ ба дастовардҳои илмӣ камтар таваҷҷуҳ зоҳир мегардад.

    Табиист, ки ин навъи ҷомеаҳо дорои мушкилоти зиёди иҷтимоию сиёсӣ мебошанд. Зеро, вақте ки дар сиёсат ба дин авлавият дода мешавад, дар ин ҳолат низоми таълим, тарбия, қонунгузорӣ дар доираи муқаррароти динӣ сурат мегирад. Бояд зикр кард, ки дар муқаррароти динӣ арзишҳо муқаддас ва тағйирнопазиранд. Ҳол он ки ҷомеаи инсонӣ ва табиати инсон ҳамеша дар ҳоли дигаршавӣ ва тағйирот қарор доранд. Аз ҳамин ҷо тазод байни вазъияти воқеии ҷомеа ва меъёрҳои амалкунандаи он ба вуҷуд меояд. Ин тазод, пеш аз ҳама, ба зеҳнияти афроди ҷомеа таъсир мегузорад. Гап сари ин аст, ки таблиғи ҳамешагии арзишу меъёрҳои динӣ, ки ба ҳайси ҳақиқати мутлақ ва бебаҳс талаққӣ мешаванд, дар натиҷа афродеро ташаккул медиҳанд, ки онҳо фарҳангу арзишҳои мардумони дигарро қабул надоранд ва ба онҳо бо назари тардид менигаранд. Аҷиб аст, ки дар чунин ҷомеаҳо мақоми  ифротиён, онҳое, ки дар пайи ифроту тафрит ба терроризм рӯй меоранд, на поён аст. 

   Қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба мақсади расидан ба ҳадафҳои геосиёсии худ дар ҷаҳони ислом кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд, ки бо такя ба эътиқоди динии мардум аз тафовутҳои миёни фирқаву мазҳабҳои исломӣ вуҷуддошта  суистифода намоянд. Барои расидан ба ин ҳадаф бо дасти худи мусулмонон ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии хусусияти динии ғайрисуннатидоштаро таъсис дода, онҳоро байни мусулмонони кишварҳои исломӣ бо роҳҳои гуногун интишор медиҳанд ва барои чунин амал маблағҳои ҳангуфт сарф месозанд. Намунаи чунин ҳизбу ҳаракатҳо, ки имрӯз дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз худ дарак медиҳанд, ҳаракати Салафия, Ҳаракати исломии Туркистон, Ҳаракати Толибон, Ҷамоати таблиғ, Ҳизби таҳрир ва ғайра мебошанд. Қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар чанд соли охир бо дасти чунин ҳизбу ҳаракатҳо тавонистанд, ки дар Либия, Тунис, Алҷазоир, Миср, Ироқ, Сурия, Нигерия ва соири кишварҳои исломӣ ба таври сунъӣ тазоҳуроти сиёсӣ ба вуҷуд оварда, ин кишварҳоро аз рушди устувор на танҳо боздоранд, балки ҷаҳони исломро ноором созанд. 
  Ин қудратҳо дар минтақаҳои мусалмоннишин, ки таърихан бо масоили зидду нақиз ва бархӯрдҳои мазҳабию фирқавӣ даргир буданд, кӯшиш намудаанд, то ҳамин ихтилофро пайгирона барои тавсеаи манофеи худ истифода намоянд. Дар кишварҳои мустамликашуда ҳамеша аз омили динӣ кор гирифта, ба хотири тасаллут кардан ва дар як сатҳи бунбастӣ қарор гирифтани мардумони ин кишварҳо арзишҳои диниро тарвиҷ кардаанд. 
Бозиҳое, ки имрӯз дар кишварҳои Шарқи Наздику Миёна, дар маҷмӯъ кишварҳои мусалмоннишин сурат мегиранд, давоми ҳамон бозиҳои бузург ба ҳисоб мераванд. Мардумони ғафлатзадаю нодонро, ки донишу ҷаҳонбинии саҳеҳ надоранд, бо сармоя, яроқу техникаи ҷангӣ муҷаҳҳаз мекунанд ва онҳоро гӯё ба хотири дифои дину мазҳаб  ва муқаддасот сафарбар месозанд, то дар роҳи «ҳақ» ғазоват намоянд. Яъне, ҳанӯз ҳам таассубзадагӣ, нодонӣ, ҷаҳолатпешагӣ дар байни бештари афроди ин ҷомеаҳо ривоҷ ёфтааст. Даҳшате, ки имрӯз Сурияю Ироқ, Афғонистон ва дигар кишварҳои мусалмоннишинро фаро гирифтааст, бозгӯи бебаҳси ҳамин воқеияти талхи ҷаҳони муосир аст. 
   Қобили зикр аст, ки солҳои 90-уми асри гузашта яке аз сабабҳои асосии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ин ҳамон сиёсикунонии ислом буд, ки аз ин роҳ мехостанд истиқлолияти Тоҷикистонро аз байн баранд ва ин миллатро дар ҳоли сарсонию парокандагӣ ва дастнигарию осебпазирӣ нигоҳ доранд.  Қувваҳои солимфикри ҷомеа сохти сиёсии давлати Тоҷикистонро демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълом доштанд, ки воқеан, интихоби дуруст ва илман асоснок буда, онро хусусияти асосии давлатдории муосир, ки аз натиҷаи таҷрибаи сиёсии 200 - солаи ҷаҳонӣ бармеояд, тасдиқ менамоянд. Дар ин маврид метавон даҳҳо мисол аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон овард, ки онҳо масири дунявиятро интихоб намуда, тавонистаанд ба пешрафт ва комёбӣ ноил гарданд. Аз ин рӯ, ҳар фарди бедор ва огоҳи миллиро зарур аст, ки арзиши низоми дунявиро ҳамчун шакли сиёсии давлатдорӣ, ки дар он озодиҳои шаҳрвандон ва махсусан, озодии виҷдон ҷойгоҳи вижа дорад, қадр карда, ба он бовару эътимод намояд.   

Исомиддин ШАРИФЗОДА,
номзади илмҳои фалсафа

http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=29824

 Санаи нашр: 22.06.2017    №: 132 

Хондан 2008 маротиба