Нусхаи чопи
Сешанбе, 29 Майи 2018 16:38

Бузургӣ чист ва бузургон кистанд?

Муаллиф:

 1. Сабаби навиштани ин мақола чӣ буд?

  Дар солҳои 60-уми асри XX файласуфи машҳури тоҷик устод Акбари Турсон дар яке аз мақолаҳои худ гуфта буд, ки «дар фарҳанги имрӯзаи тоҷик Дорои Дӯст мақоми Суқротро дорад». Зиёиёни он рӯзгор сари ин ибора бо ҳам баҳсу мунозираҳо намуданд. Гуфтугӯи гарми ҳар ду дӯсти шодравон Сарвар Амирҷон ва Нафасбек Раҳмонӣ то ҳол дар хотирам зинда аст... Мушкилӣ сари он буд, ки ҳар нафаре бузургиро бо меъёр ва тарозуи худ месанҷид ва назариёти ҳарифро қабул намекард. Ҳамин тавр, он баҳсҳо ба натиҷае нарасиданд ва оқибат хомӯш шуданд...

  Бо фаро расидани айёми бозсозӣ сарчашмаҳо ва адабиёти гуногуни илмӣ ва фарҳангӣ вориди Тоҷикистон гардид... Ин китобҳо барои ҷаҳон кӯҳна, вале барои мо нав буданд. Ҳама саросемавор ба мутолиа рӯй овардем...

  Мутолиаҳои мо ғайримуназзам ва пароканда буд... Вале мавзӯъҳо тозагӣ ва тароват доштанд... Махсусан, китобҳои урупоии тарҷимашуда ба забони форсӣ ва русӣ...

  Мавзӯи «бузургӣ» ва «бузургон» дар фарҳанги урупоӣ таърихи зиёда аз садсола дорад. Барои мисол, нависандае чун Стефан Свейг (1881-1942) доир ба бузургии ҳунар ва шахсияти Л.Толстой, Ф. Достоевский, Р. Ролан, Стендал, Балзак, Гёлдерлин, Г.Клейст, Д. Казанова... таҳқиқоти тарҷимаиҳолӣ ва психологӣ навиштааст. Андре Моруа (1885-1967), нависандаи франсавӣ, асарҳои зеринро ба мавзӯи бузургӣ ва бузургон бахшидааст: «Ҳаёти Шелли», «Зиндагиномаи Дизраэли», «Байрон», «Турге­нев»,  «Ҳаёти Жорж Санд»,  «Зиндагии Виктор Гюго»,  «Се Дюма», «Ҳаёти Балзак», «Таҳқиқе доир ба Диккенс», «Аз Пруст то Камю». Ин нависандагон ҳунари нависандагии худро ба таҳлил ва тафсири бузургони гузашта ва муосири худ бахшида буданд. Дар фарҳанги Шӯравӣ силсилаи «Ҳаёти инсонҳои бузург» (ЖЗЛ) тақлиде буд ба жанри автобиографии урупоӣ.

  Баъдҳо дар сатҳи адабиёти ҷаҳонӣ кор ба он анҷомид, ки баъзе муаллифон дар ин мавзӯъ китобҳои дастҷамъона таълиф намуданд... Ба ин маъно, ки дар як китоб сирати фарҳангии чандин бузургро мавриди  таҳлил ва баррасии илмӣ ва равоншиносӣ қарор доданд.

  Машҳуртарин муаллиф дар ин ришта Луис Унтермайер (1885-1977) ба ҳисоб меравад. Луис соли 1955 китобе тaълиф кард бо номи «Офарандагони ҷаҳони нав», ки дар тарҷимаи форсиаш (соли 1377=1999, Теҳрон, нашри Марказ) 972 саҳифаро дар бар мегирад. Китоб бо Чарлз Дарвин (1809-1882) оғоз гардида, бо Дайлон Томас (1914-1953) ба поён мерасад. Дар маҷмӯъ, муаллиф зиндагиномаи 92 бузурги сатҳи ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст.

  Чанд сол баъд ва ба таври дақиқ, соли 1978 муаллифи амрикоӣ доктор Майкл Ҳарт [Michael Hart] китобе ба нашр расонид бо номи «Таҳқиқе  дар зиндагии сад бузурги  ҷаҳон». Таваҷҷуҳ шавад, ки рақами 92 китоби доктор Луис дар китоби Ҳарт ба 100 мубаддал гардид! Ҳамин тавр, ин мавзӯъ писанди айём шуд ва имрӯзҳо мо дар дӯконҳои китобфурӯшии Душанбе даҳҳо китобро дар мавзӯъҳои «Сад файласуфи бузург», «Сад донишманди бузург», «Сад нависандаи бузург», «Сад шоири бузург» ба забони русӣ дучор меоем...

  Ҷойи таъкид ва ёдоварӣ аст, ки ҳамаи ин китобҳо бо муқаддимаи мухтасаре оғоз мегарданд ва муаллифон аз баҳси «бузургӣ» cap мепечанд. Аз нигоҳи илмӣ ин шеваи муаллифон дар мавзӯи мазкур аз рӯйи савоб нест. Агар сухан аз боби бузургии нависандагон аст, бояд бо далелу бурҳон меъёрҳои бузургиро пешниҳод намуд, то хонанда қонеъ гардад, ки ин ё он нависанда аз рӯйи чунин ва чунон меъёрҳои илмӣ ба мақоми бузургӣ расидааст. Мутаассифона, бори дигар бояд таъкид шавад, ки муаллифони арҷманди ин китобҳо дидаю дониста ин масъулиятро ба гapдан гирифтанӣ нестанд... Ва оқибат кор ба ин ҷо мерасад, ки ҳар хонанда ё завқу фаҳмиши шахсии худро меъёри асосӣ қарор дода, баҳси «бузургӣ» ва «бузургон»-ро то ба хархашаю ҷидол  бурда мерасонад...Ва кор то ба ин ҷо ҳам расидааст...  

  Дар таърихи 4 майи соли 2006 [№17 (35)] дар рӯзномаи «Миллат» панҷ шеъри шоири овозадори мо Устод Бозор Собир ба чоп расид. Мавзӯи ин панҷ шеър аз ин қароранд:

Шеъри якум, дар бораи бузургии худи Устод;

Шеъри дуюм, дар мавзӯи бузур­гии найнавози мумтоз - Қурбоналии Ёқуб;

Дар шеъри сеюм, ки «Назми мо то асри XX»  ном дорад, асосан дар боби  бузургии Абдуллои Дӯст, Саъдӣ ва Фирдавсӣ изҳори назар шудааст.

Ба таври мушаххас доир ба Абдулло мегӯяд:

 

«Ростӣ, аз ҳар падарсолори шеъри обшӯст,

Бартарӣ дорад чу шоирпеша Абдуллои Дӯст».

 

Байти охири ин шеър чунин аст:

 

Хатм шуд бо Саъдию Фирдавсӣ шеъри бостон,

Шоираш Саъдист, Фирдавсӣ-худои шоирон.

 

  Мо ба ин назари Устод эътирозе надорем.  Ақидаи шахсии ҳар андешамандро эҳтиром мегузорем... Ва Устод ба андозаи кофӣ далелу бурҳони худро ба шакли шеърӣ дар ин пораҳо ғунҷонидааст... Яъне Устод соҳиби назарияи хоси худ аст, доир ба бузургӣ ва бузургон... Мо ҳам ҳаминро мехостем... Назари мушаххас бо далелу бурҳон…..

  Ҳамин тавр, ду шеъри охирин доир ба мақоми бародараш Иброҳими Собир ва дар боби хидматҳои фарҳангии бонуи фарзона ва далери тоҷик Бӯринисо Бердиева баҳс мекунанд...   

  Кормандони Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба номи академик A.M.Баҳоваддинов  ин шумораи рӯзномаро бо шавқу завқи хосе мутолиа намуданд... Баҳс карданд... Махсусан, доир ба шеърҳои Устод Бозор Собир, байни насли ҷавон ва насли бузургсол, далелу бурҳонҳое радду бадал гардид... Ин баҳсу мунозираҳои гарми имрӯза гуфтугӯҳои зиёиёни солҳои 60-уми асри ХХ-ро дар атрофи мақолаи устод Акбари Турсон ба хотир меоваранд...

  Солҳо гузаштанд... Сохти сиёсии Тоҷикистон ҳам дигар шуд. Вале аҳли фарҳанги мо ҳамон аст, ки буд...

  «Рӯди ман, олам дигар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон!»

Баҳсҳо ҳоло ҳам дар доираи «қолу мақоли» паси девор ва ҳуҷраҳои идораю кӯчаю бозор... Ба ҳамон шеваи солҳои шастум... Вале бо далелу бурҳонҳои андак дурушттар... ва носуфтатар...

 

2. Саҳми мо дар ин баҳс аз чӣ иборат аст?

 Масъала масъалаи миқдори саҳм нест. Масъала, масъалаи масъулият аст. Мо масъулем... Ба ҳукми вазифа ва ихтисос... Ба сифати корманди Пажӯҳишгоҳи фалсафа... Ногуфта пайдост, ки мавзӯи  «бузургӣ» яке аз масъалаҳои умда ва ҷавҳарии илми фалсафа мебошад. Ҳам фалсафаи ватанӣ ва ҳам фалсафаи ба истилоҳ, буржуазӣ... Дар китобҳои дарсии фал­сафа ин мавзӯъро зери унвони «Нақши шахсият дар таърих» зикр меку­нанд. Ин шахсият метавонад сарлашкар, сиёсатмадор, нависанда, пайғамбар, файласуф, шоир, донишманд, шоҳ, президент, вазир, равшанфикр, зиёӣ, рӯҳонӣ, ориф ва ғайра бошад.

Ин аст, ки соҳиби ин қалам бидуни ҳеҷ як иддао ва хоксориҳои дурӯғин  аз худ мепурсад:

Чаро мавзӯи бузургиро аз нигоҳи илмӣ баррасӣ намекунанд? Ва чаро аз пеши худ сари ин мавзӯь қазоватҳои сатҳӣ ва нобаҷо менамоянд? Ва дар натиҷа ҳамаро ба гумроҳӣ меандозанд...

  Пас, бояд таҳқиқ кард, ки воқеан, нишонаҳои бузургӣ кадоманд ва чӣ ­шахсиятҳое аз ин нишонаҳо бархӯрдоранд?. Дар акси ҳол, ин баҳсҳои мо маъно ва ҳадафе нахоҳанд дошт. Он чӣ мо мегӯем, танҳо нуқтаи назари шахсии мост... Ва ин ақидаро ба гардани касе бор карданӣ ҳам нестем. Танҳо ба ин умед мебандем, ки ин навиштаи мо оғозе бошад барои ҷалби таваҷҷуҳи аҳли илм сари ин мавзӯъ. Ҳақиқати масъала дар ин боб, баъди баҳсу мунозираҳои донишмандон маълум хоҳад гашт. Ҳарчанд ин пешниҳодоти мо ба ҷуз андешаҳои хусусӣ ва фарзияҳои муқаддамотӣ беш нестанд, вале мехоҳам дар байни қавсайн таъкид намоям, ки ин фарзияҳо дар заминаи сарчашмаҳои гуногуни илмӣ ва таҳлили мантиқӣ-таърихӣ фароҳам омадаанд.

Ва ҳамин тавр бояд пурсид: Нишонаҳои бузургӣ аз чӣ иборатанд? Аз рӯи кадом меъёру нишонаҳо мо метавонем ин ё он шахси гузашта ва ҳозираро бузург ба шумор оварем?  Ҷавобҳои мушаххас ва конкретии мо  доир ба ин саволҳо аз ҳашт нуқтаи зер иборатанд:

 ЯКУМ:

  Шахси ҳақиқатан бузург ҳеҷ гоҳ даст ба худкушӣ намезанад! Чаро? Барои он ки Зиндагӣ аз ҳама арзишҳои ҷаҳони инсонӣ бузургтар ва муҳимтар аст. Касе, ки ба дасти худ зинда­гии хешро аз байн мебарад, бузург нест. Бузургони бисёре дар ҷаҳон даст ба худкушӣ задаанд... Муҳаққиқони муосир сабабҳои худкушии онҳоро муайян кардаанд. Ва худи онҳо ҳам дар васиятномаҳои худ ба ин маъно чизҳое гуфтаанд... Гуфтаанд, ки онҳо ба хотири дину ақида, ватану миллат, молу сарват, нангу ном, зану фарзанд, мақому мансаб ва шуҳрат даст ба худкушӣ задаанд... Ба хоти­ри ноил шудан ба зиндагии абадӣ дар биҳишт, ба хотири номи нек дар дунё, дар роҳи шараф, номуси шахсӣ, хонаводагӣ ва миллӣ,  барои таъкид ва исботи вафодорӣ, ҷавонмардӣ, некномӣ, ростӣ, адолат,  инсоф, шарофатмандӣ,  ғурури мардонагӣ, ҳақиқатпарастӣ ва ё ба хотири интиқом аз душман, ба сабаби танҳоӣ, ранҷу бемории бедаво, ишқи ноком, ба хотири расидан ба зиндагии ҷовидона дар он дунё ва ғайра... даст ба худкушӣ задаанд.

Бале. Медонем. Ҳамаи инҳо муҳиманд. Вале бо вуҷуди ин ҷойи зиндагии як шахси муайяну конкрети таъ­рихиро гирифта наметавонанд. Чаро ки ин шахс дигар такрор намешавад. Чаро ки худкушӣ роҳи ҳал нест... Динҳову миллатҳову ватанҳо давом мекунанд ва такрор мешаванд. Вале зиндагӣ барои инсони фард, ба гуфти Бедил, такрорнашаванда аст:

 

Зиндагӣ маҳруми такрор асту бас,

Ин шарар чун ҷилва як бор асту бас.

 

  Содиқ  Ҳидоят, нависандаи маъруф ва машҳури Эрон дар асри XX, се дафъа кӯшиши худкушӣ намуд. Ва оқибат маротибаи сеюм соли 1951 дар Париж ба воситаи газ ба зинда­гии худ поён бахшид. Як нависандаи ҳамдиёраш гуфтааст: «Мо Содиқ Ҳидоятро он рӯз дар болои бистар хобида ёфтем. Танҳо бо ин фарқ, ки нафас кашиданро фаромӯш карда буд!»

Аммо Абуҳаёни Тавҳидии Шерозӣ, мутафаккири асри X, зиёда аз сад соли умри худро ҳамвора бо дарду ранҷ ва мусибат гузаронд, вале боре фикри худкуширо ба хотир наёвард... Чун рамзи эътироз баъзе аз китобҳояшро оташ зад! Ба ҳар ҳол худашро не! Бузург он гоҳ бузург аст, ки болотар аз мушкилоти ночизи рӯзгор қарор дошта бошад... Ва бу­зургӣ ба хотири дигарон аст, на ба хотири шахси худ...

Мутаассифона, бисёранд бузургоне, ки даст ба худкушӣ задаанд. Ба­рои намуна, ин чанд нафарро номбар мекунем: Суқрот, Диоген, Зенон, Се­нека, Эрнст Ҳеменгуэй,  Стефан Свейг, Ван Гог, Владимир Маяковский, Сергей Есенин, Салвадор Аленди, Александр Фаде­ев, Мадам Боварӣ ва бисёри дигар [Доктор Фахрӣ  Даббоғ, «Марги ихтиёрӣ». Бейрут, 1987, саҳ. 180-184, ба забони арабӣ].

ДУЮМ:

  Шахси бузург дар заминаи фарҳанги миллати худ ба бузургӣ мерасад ва онро идома мебахшад... Ҳарчанд ки илму дониш симо ва сирати умумибашарӣ доранд... Ҳувияти миллӣ меъёри ҷавҳарист... Мушаххас аст... Ба биология ва табиат пайвастагӣ дорад... Ба таърих, забон ва ваҳдати фарҳангӣ далолат мекунад. Мисол: забони эсперанто аз нигоҳи илми забоншиносӣ комилтарин забон аст. Ба ҳеҷ миллат мансуб нест.  Ҳамаи забонҳои дунё дар он саҳм доранд. Бо вуҷуди ин, ба ҳеҷ як аз забонҳои «нокис» ва зиндаи ҷаҳон рақобат карда наметавонад. Чаро? Ба­рои он ки заминаи ҳаётии забонҳои зинда қавму миллатҳои мушаххас ҳастанд, ки ҳамеша дар ташаккулу такомул мебошанд. Аммо забони эсперанто аз калимоти кӯҳна, фар­суда ва суфташудаи забонҳои гуногун сохта шудааст. Миллат ва ё қавме муайян заминаи забони эсперанторо ташкил намедиҳад. Ин забон вақту фазои мушаххаси таърихӣ надорад.

Ва бузурге, ки дар заминаи тамаддуни ҷаҳонӣ парвариш ёфтааст, ҳоли забони эсперанторо дорад. Ба ин маънӣ, ки симои мушаххаси миллӣ ва қавмӣ надорад. Беҳувият аст. Дар як навъ бунбасти эҳсосотӣ, ақидавӣ, миллӣ ва таърихӣ қарор дорад... Ба инсонҳо ва хонандагони мавҳум, на­шинохта ва абстрактӣ хизмат мекунад... Хонандаи мушаххас надорад... Дар суханонаш меҳр, эҳсос, гармӣ, лутф, кашиш, ҷозиба ва самимияти миллӣ нест... Муҳаббати ӯ ба сӯйи хо­нандаи ношинос ва номаълум равона шудааст... Барои маҳбубияти хеш­ро пешбинӣ кардан, кафолате  надо­рад... Намунае аз ин гурӯҳи бузургонро нависандагон ва ҳунармандони космополит ва интернатсионалист ташкил медиҳанд. Агар аз Чингиз Ай­тматов ва Темур Зулфиқоров оғоз кунем, он гоҳ баҳси мо ҳамаи онҳоеро дар бар хоҳад гирифт, ки ба забони русӣ эҷод мекунанд, вале миллаташон рус нест. Дар Урупо ҳам бисё­ранд бузургоне, ки ба забонҳои машҳури зиндаи урупоӣ асар эҷод меку­нанд, вале худ аз нигоҳи нажодӣ ба соҳибони он забон мансуб нестанд... Чаро ки аз нигоҳи имрӯз,  забон (ҳар забоне, ки бошад) васила ва абзор нест. Забон ҳастӣ, ҷавҳар ва моҳияти ҳар як инсони мушаххаси соҳибзабонро ташкил медиҳад. Ногуфта пайдост, ки забони бегона ва ғайримиллӣ ҷавҳари ҳунари эҷодкорро ба таври боиставу шоиста дар бар гирифта наметавонад. Асарҳои бузурги ҳунарӣ ба забонҳои миллӣ эҷод мешаванд, на ба забони эсперанто!

Дар таърихи фарҳанг номи чанд тан аз бузургони миллатдӯст ва ватанпараст зикр гардидааст:

Гераклит - файласуфи миллатдӯсти Юнони Қадим;

Абулқосим Фирдавсӣ - шоири ватанпараст ва миллатдӯсти Эрон;

Ҷорҷ Байрон - шоири миллатдӯсти англис;

Фихте - файласуфи миллатдӯсти Олмон;

Унамуно - шоир ва файласуфи ватанпарасти испанӣ;

Содиқ Ҳидоят - нависандаи ватандӯсти муосири Эрон;

Анис Мансур - нависандаи миллатдӯсти муосири араб;

 Сергей Есенин - шоири миллатпарасти рус;

Луи Арагон - нависандаи миллатдӯсти франсавӣ;

Алберт Камю - файласуфи ватанпарвари франсавӣ;

Ибни Муқаффаъ - миллатпарасти асримиёнагии форс;

Борбад - хунёгари миллатпарасти эронӣ;

Стефан Свейг - нависандаи мил­латпарасти яҳудии австриягӣ;

Алиакбари Деҳхудо - донишманди ватанпарасти муосири Эрон;

 Абӯабдулло Рӯдакӣ - шоири миллатпарасти форс-тоҷик;

Суҳравардии мақтул - файласу­фи миллатдӯсти форс-тоҷик;

Мирзода Ишқӣ - шоири ватанпарасти Эрон;

Гёте - шоири миллатпарасти олмонӣ;

Франс Фанон - файласуфи ватанпараст ва миллатшиноси алҷазоирӣ;

Аҳмадшоҳи Масъуд - муборизи роҳи озодӣ дар Афғонистон;

Лоиқ Шералӣ - шоири миллатпа­расти муосири тоҷик;

Бозор Собир - шоири ватанпарасти муосири тоҷик;

Акбари Турсон - файласуфи ватандӯсти муосири тоҷик;

Садриддин Айнӣ- донишманд ва нависандаи маъруфи миллатдӯсти тоҷик дар асри XX. Бузургии ҳамаи инҳо заминаи миллӣ дорад.

СЕЮМ:

  Марди ҳақиқатан бузург, худи Зиндагиро ҳадафи аслӣ ва асосии инсонҳо медонад. На ҳадафҳои авомфиребонаи сиёсӣ, динӣ ва идеологиро... Ва мегӯяд: «Ҳадафи зиндагӣ худи зиндагист!» Берун аз ин зиндагии заминӣ ва реалӣ ҳадаф ва маъное ҷустан - ин ба бероҳа рафтан аст… Марди бузург ҳамин зиндагии одӣ, сода ва маъмулиро, ки ҳамаро фаро гирифтааст, асос ва ҷавҳари ҳамаи бузургиҳо медонад. Мисоли барҷастааш дар таърих, шоири шаҳири олмонӣ Иоан Волфганг Гёте (1749-1832) будааст.

Аз ин қабиланд: Эпикур, Ибни Ровандӣ, Абӯбакри Розӣ, Ибни Сино, Умари Хайём, Фридрих Нитше, Николай Фёдоров, Алберт Швейтсер, Ошо Раҷнич, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир.

Вале баъзе бузургони дигар хилофи ин назар будаанд. Аз ин ҷумла метавон рӯҳониёни масеҳӣ, орифони исломӣ, риёзатпешагони будоӣ, ҷайнӣ ва ғайраро номбар кард. Намунаи машҳуртаринашонро Масеҳ, Будо, Монӣ, Плотин, Пифагор, Шайх Аҳмади Ҷомӣ, Абулалои Мааррӣ ва Артур Шопенгауэр ташкил медиҳанд.

ЧОРУМ:

  Бузурги воқеӣ мардумдӯст ва инсонсолор аст. Ҳадафи зиндагии шахсии худро хидмат кардан ба дигарон медонад. Ин як воқеият аст. Зиндагии яккаву танҳо маъное надорад. Худи Парвардигор ҳам аз ранҷи танҳоӣ оламу одамро офарид (Ривояти Тавротӣ). Шахсияти барҷаста ҳамеша худ­ро ҷузъе аз мардум медонад ва барои саодати кулли башар талош меварзад. Дар таърихи башарӣ бузургони мардумгурез кам набудаанд... Мардумбезорӣ, аз нигоҳи илми муосир, нишонаи бузургии марди ҳунар нест. Балки аз маҳдудият ва каммоягии ин ё он шах­си таърихӣ гувоҳӣ медиҳад. Дар фарҳанги исломӣ бузургоне чун Ҳасани Басрӣ, Робияи Адавия, Иброҳими Адҳам, Молики Динор, Боязиди Бастомӣ ва Абусаиди Абулхайрро ба ин гурӯҳ дохил намудаанд.

Вале бузургони инсонпарвар бисёр будаанд ва ҳоло ҳам ҳастанд. Барои намуна, ин чанд номро зикр мекунем: Алберт Швейтсер, Муҳандос Ганди, Робиндронат Тагор, Саъдии Шерозӣ, Абуҳаёни Тавҳидӣ, Муҳаммад Муин, Лев Толстой, Абубакри Розӣ, Ошо Раҷниҷ, Фейербах, Дейл Карнегӣ, Уитмен, Николай Федоров, Бертранд Рассел, Жан Пол Сартр, Си­мона де  Бовуар, Максим Горкий, И. Мечников, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Садриддин Айнӣ, Аҳмади Дониш.

ПАНҶУМ:

 Марди бузург ҳамеша ба ақли солим, илму дониши воқеӣ ва ба тақозои зиндагӣ такя мекунад. Душмани ҳама гуна хурофот ва боварҳои авомфиребона аст... Хоҳ боварҳои мазҳабӣ бошанд ва хоҳ идеологияҳои сиёсӣ... Ба ин гурӯҳ шахсиятҳои бисёре вориданд. Ва ҳамаи онҳо дар замони худ машъалбардорони илму дониши ҳақиқӣ будаанд. Барои намуна ва мисол, ба таври феҳраствор чандеро ном­бар мекунем:

Гераклит, Демокрит, Эпикур ва Арасту - аз Юнон;

Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ,  Абунасри Форобӣ, Насируддини Тусӣ, Сайид Нафисӣ, Абдурраҳмони Бадавӣ  - аз фарҳанги исломӣ;

 Г.Галилей, Ҷ.Бруно, И.Нютон, А.Эйнш­тейн, Н.Коперник, Ч.Дарвин, Ф.Бэкон, Т.Эдисон,  И.Павлов, Д.И.Менделеев ва бисёри дигар - аз фарҳанги асримиёнагӣ ва муосири Урупо;

Устод Акбари Турсон - дар Тоҷикистон.

ШАШУМ:

  Шахсияти воқеан бузург, озодандеш ва равшанфикр аст. Мехоҳад ба андешаҳои маҳдуд, маҷрӯҳ, бунбастӣ ва болупаршикастаи ҳамзамонони худ озодӣ ва парвоз бахшад... Онҳоро аз зиндони маънавӣ наҷот диҳад. Ин як ҳадафи пок ва маъсумонаи инсонӣ аст, ки ба ғайр аз хизмати холисона ба ҳамнавъон ғарази дигаре на­дорад (Мутаассифона, дар таъ­рих ҳамеша равшанфикронро бад фаҳмидаанд ва бо ченакҳои маҳдуди дину давлат фаъолияти онҳоро арзёбӣ намудаанд).

Равшанфикрон ва озодандешони ҳамаи давру замонҳо ва миллатҳо ин масъулиятро бар дӯш доштаанд, ки дилу дидаҳои гирифтор ба зулмати мавҳумот ва хурофотро офтобӣ намоянд. Хуршеди донишро ҷойгузини шабҳои тираю ҷаҳлу нодонӣ кунанд... Онҳо талошҳои бардавоми худро дар ин масъулияти виҷдонӣ ва инсонии худ медонанд... Равшанфикри воқеӣ корвони зиндагии башарро ба сӯйи ояндаи шарофатманд, озод ва инсонӣ ҳидоят менамояд. Бузургони озодандеш дар ҷаҳони мо хушбахтона хеле фаровон будаанд. Чаро ки инсон табиатан мехоҳад, ки «бидонад ва озод бошад» (Арасту).

Барои намуна чандеро ном мебарем: Гераклит, Демокрит, Эпикур, Суқрот, Диоген, Ибни Ровандӣ, Абубакри Розӣ, Ибни Муқаффаъ, Умари Хайём, Волтер, Жан Жак Руссо, Фейербах, Унамуно, Фридрих Нитше, Шопенгауэр, Ҳайдеггер, Ясперс, Сартр, Камю, Бердяев, Достоевский, Фрейд, Бернард Шоу, Бертран Рас­сел, Колин Вилсон, Ошо Раҷнич, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ.

ҲАФТУМ:

  Бузурги  ҳақиқӣ худкифо аст. Мустақил аст. Ба қувва ва истеъдоди худ такя дорад. Ба кумаки моддӣ ва маънавии дигарон умед намебандад... Аз рӯйи завқу андешаи худ кор ва эҷод мекунад. Хидмат ба дигаронро вазифа ва масъулияти хеш медонад. Ба як калима: Бояд нақши даст ва фикраш дар осори ӯ ҳувайдо бошад. Дар таърихи фарҳанги ҷаҳонӣ шахсиятҳое будаанд, ки худ фаъол ва эҷодкор буданд. Вале худ қалам ба рӯйи коғаз намекашиданд... Ба ҷойи онҳо шогирдонашон ин корро анҷом медоданд. Зоҳиран дар ин маврид айбу нуқсоне нест, вале бояд гуфт, ки ба меъёрҳои бузургӣ мувофиқат намекунад. Чун мо ба таври қатъӣ бовар карда наметавонем, ки ин кашфиётҳо ва навгониҳои фарҳангӣ сад дар сад самараи фикру андешаи он бузургмард бошад. Барои мисол, метавон гуфт, ки фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва илмии Суқрот дар Юнон ва Шамси Табрезӣ дар Эрон мавриди шак ва шубҳаанд. Ба ин маъно, ки агар Афлотун аз номи Суқрот «Муҳовара»-ҳои фалсафии худро наменавишт, шояд номи Суқрот дар таърих ба ин дурахшандагӣ ҷилва намекард. Қиссаи Шамси Табрезӣ ҳам чунин аст. Шамс худаш чизе наменавишт. Осоре таълиф намекард. Танҳо шифоҳӣ ба шогирдон насиҳат мекард ва ба саволҳои динӣ ва илмиашон ҷавоб медод. Шогирдон ҷавобҳои ӯро дар дафтарҳояшон сабт мекарданд. Ин навиштаҳои шогирдон то ба замони мо расидаанд. Бо номи «Мақолот»-и Шам­си Табрезӣ. Яъне гуфторҳо ва суханрониҳои Шамси Табрезӣ. Ин гуфторҳо дар шакли китоб 500 саҳифаро ташкил медиҳанд. Китоби ҷолиб ва судманд аст. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар «Девон» ва «Маснавӣ» баъзе мавзӯъҳои ин китобро бо назму наср иқтибос кардааст. Вале шуҳрати Шамси Таб­резӣ аз рӯйи ин китоб нест. Балки шуҳрати ӯ ба сабаби «Девон»-и ашъори Ҷалолиддини Балхӣ аст, ки дар ғазалиёти худ номи Шамсро барои худ тахаллус интихоб намудааст. Агар Мавлоно чунин на­мекард, яқинан Шамс ба сифати як сӯфии қаторӣ ва гумном дар таърихи фарҳанг боқӣ мемонд. Ҳадафи ин шарҳу баёни муфассал ин аст, ки шахси бузург бояд худаш масъулияти ҳунар ва эҷоди худро ба уҳда бигирад. Агар чу­нин накунад, шарти бузургиро иҷро карда наметавонад. Ба ин маънӣ, бузургӣ ҳаққи ҳалоли Афлотун ва Ҷалолиддини Балхист, ки ҳунари худро бо дасту қалами хеш рӯйи қоғаз сабт намудаанд. Хизматҳои таърихӣ ва фарҳангии Суқроту Шамс ҳам ба ҷойи худ арзандаанд, вале мутаассифона ба ченак ва меъёри бузургӣ-ҷавоб дода наметавонанд. Бисёре аз бузургон, паёмбарон, авлиё, сӯфиён, орифон, эшонҳо,  ҳукамо, шайхон, пирон ва ғайра, ки даъво доранд илму донишро аз роҳи ғайб, ба воситаи ваҳй ва пайғоми илоҳӣ ба даст овардаанд, ба ин гурӯҳ мансубанд. Ин бузургон танҳо василае будаанд дар ихтиёри қувваҳои ғайбӣ ва фавқуттабиӣ... Қувваҳое, ки исботи ҳақиқати онҳо ба ҷуз бовар ва имон дарёфт карданӣ нест... Ин ҳам масъалаест, ки баҳси дигареро металабад...

Мутаассифона, шеваи кори Суқроту Шамс ба меъёри бузургӣ ҷавобгӯй нест. Бузургӣ худкифоӣ аст... Истиқлол аст... Суқроту Шамс мустақил набуданд.  Вобастаи шогирдони худ буданд... Вобастагӣ заъф ва нотавонист... Нотавонӣ хилофи бузургист... Нотавонӣ таслим ва бечорагист...

ҲАШТУМ:

  Марди бузург бояд дар зинда­гии хусусӣ ва иҷтимоияш мустақил ва озод бошад. Ба ин маънӣ, ки аз ҳисоби заҳмату талоши бардавоми худ зиндагии хонаводагӣ ва ҳунарии худро таъмин намояд. Ғулом ва бандаи хешу табор, ёру дӯст, ҳукумату сиёсат, ҳизбу мазҳаб ва дигар қувваҳои сиёҳкори иҷтимоӣ набошад. Ин шеваи зин­дагӣ, дар сурате ба ҳунарманди бузург даст медиҳад, ки дидаю дониста, дар роҳи амалӣ намудани ҳадаф ва идеали худ иқдом ва фидокорӣ намояд. Ин қарор ва тасмими ӯ,  сад дар сад қарори худогоҳона ва фидокорона аст. Ху­даш аз оқибатҳои кори худ огоҳ аст. Эҳтимол медиҳад, ки ба он ҳадаф ва идеали худ мерасад ва ё дар ин роҳ ҳалок мегардад. Дар ин ҷода барои ӯ роҳи сеюм вуҷуд надорад. Ва роҳи интихобнамудаи худро зимнан ғоя ва маънии зин­дагии шахсии худ медонад. Ин тасмим ва иқдоми хеле ва хеле хатарнок аст. Ҳам барои шахсияти бузург ва ҳам барои муосиронаш. Бесабаб нест, ки мардуми Чин мегӯянд:

«Марди бузург балои ҳамагон аст!»

Ин ҳикмати халқӣ тафсилоти рангорангеро дар бар дорад... Ва яке аз он тафсилот ин, ки мафҳуми «бузургӣ» саропо хатар аст! Ҳам барои марди бузург ва ҳам барои инсонҳои қаторӣ... Ба андешаи мо сабаб он аст, ки шахси бузург зин­дагии инсонҳои маъмулиро бо арзишҳо, идеалҳо, ҳадафҳо ва шиорҳои нави худ ба «маҳшар» табдил медиҳад! Маҳшар, қиёмат ва растохез ба ҳар маъное, ки фаҳмида шавад, ҳодисаи ҷиддӣ ва такон­диҳанда аст... Ҳеҷ касе нисбат ба он бетафовут буда наметавонад...

Аллома Муҳаммад Иқбол (1877-1938) ба сари мусалмонони асри XX чунин «маҳшаре» овард... Баъди «марги» ҳазору чандсадсола... Вале онҳо маънои ростини ин растохезро дарк накарданд... Аксуламал нишон доданд… Онро рад карданд... Худи Иқболро мав­риди накӯҳиш қарор доданд... Баъдҳо Иқбол ин иқдоми худро таҳлил намуда, дар китоби «Ҷовиднома» [«Куллиёти форсӣ», Исломобод, 1997, с. 334] ба наслҳои баъдина ҳушдор медиҳад, ки аз ин ҳодиса ибрат бигиранд. Мегӯяд:

 

«Он чӣ ман кардам, ту ҳам кардӣ, битарс,

Маҳшаре бар мурда овардӣ, битарс!»

 

  Дар ин байт «Ман» Иқбол аст ва «Мурда» мусулмонони шарқии замони ӯ мебошанд. Шояд ҳамин мисол барои тафсири мушкилоти бузургӣ дар дунёи одамӣ басанда бошад... Му­таассифона, дар таърихи фарҳан­ги башарӣ чунин шахсиятҳои далер ва фидоӣ бисёр набудаанд. Ангуштшуморанд. Ва ҳоло ҳам зиёд нестанд. Ва ба таври мушах­хас инҳо мебошанд:

Суқрот, Диоген, Эпикур, Гераклит, Ибни Ровандӣ, Мансури Ҳаллоҷ, Сӯҳравардии Шайх-ул-ишроқ, Ибни Муқаффаъ, Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хайём, Ибни Сино, Сайд Ҷамолуддини Афғонӣ, Сайд Қутб, Алӣ Шариатӣ, Муҳаммад Иқбол, Бозор Собир, Волтер, Винсент Ван Гот, Николай Федоров, Фридрих Нитше, Аббос Маҳмуди Аққод, Анис Мансур, Абдурраҳмон Бадавӣ, Унамуно, Мартин Ҳайдеггер, Алберт Камю, Георгий Гурҷиев, Ошо Раҷнич ва Холиқ Мирзозода.

 ОХИРИН  МУЛОҲИЗА:

  Барои ин баҳсро хулоса ва ҷамъбаст намудан ҳоло барвақт аст... Ин вазифаро ба уҳдаи хонандагон вомегузорем... Ба ин умед, ки нуқтаи назари хешро дар ин боб пешниҳод намоянд....

  Ҳар мақоланависе ба таври худ пешбинӣ мекунад, ки баъди нашри мақола чӣ хоҳад pyx дод. Аз ҷумла ман ҳам. Пешбинии ман аз ду эҳтимол беш нест. Яке, ин ки ҳамаи хонандагон сукут ихтиёр мекунанд. Ва дуюм, ин ки ба ин нуктаҳои ҳаштгона сахт эътироз менамоянд. Аз ин гузашта, доманаи баҳси онҳо ба он бурда мерасонад, ки арзишҳои суннатии гузаштаро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд... Чунонки Устод Бо­зор Собир назми ҳазорсолаи моро дар шеъри худ таҳлил намудааст... Болотар аз хаёл ва фанта­зия ин ки мероси фарҳангӣ ва илмии бузургони давраи Шӯравиро, аз рӯйи ин меъёрҳо ва ё меъёрҳои дигаре мавриди санҷиш қарор диҳанд... Дар ин сурат, баҳс дар ҷодаи илмӣ ва фарҳангӣ давом хоҳад кард...

Агар ниме аз ин пешбиниҳо амалӣ гардад, соҳиби ин қалам масъулияти фарҳангии худро дар назди муосирон иҷрошуда ба шумор меоварад.

Комил БЕКЗОДА

файласуф

 

Хондан 5544 маротиба

Матлабҳои дигар аз Равшанфикр