JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 26 Январи 2018 15:00

Даргузашти Устод Султон Наврӯзов

Муаллиф:

  Имрӯз 26-уми январи соли 2018, рӯзи ҷумъа, ба мо хабар расид, ки шаби 25 январ Устод Султон Наврӯзов баъди бемории нисбатан тӯлонӣ аз ҷаҳон даргузашт. Мухлисони Устод дар “Ҷаҳони андеша”, ки аз шунидани ин хабар хеле ошуфта шудаанд, бадоҳатан ин чанд нуктаи мухтасарро ба сифати изҳори сугворӣ баён мекунанд.

  Донишгоҳиёни Тоҷикистон беҳтарин ва ҷиддитарин Устоди донишгоҳии худро аз даст доданд. Файласуфони Тоҷикистон файласуфи асил ва ҷасоратмандеро аз даст доданд, ки барҳақ, асосгузори фалсафаи интиқодӣ дар ин кишвар буд. Аз насли куҳансоли файласуфони мо, яке аз аввалинҳо буд, ки андешаи интиқодии фалсафиро бо шеваи урупоӣ дар Тоҷикистон татбиқ намуд. Яке аз дӯстони Ӯ ин фаъолияти Устодро пурсон шуда, чунин ҷавоб гирифтааст: “Ман аз хеле барвақт ба осори фалсафӣ ва адабии файласуфи фаронсавӣ Алберт Камю таваҷҷуҳ зоҳир намудам, баъдҳо ба таври куллӣ ба бузургтарин файласуфони мактаби вуҷудӣ (эгзистенсиалӣ) ошно шудам. Методологияи таҳлили иҷтимоии онҳо ба ман писанд омад. Ман ҳам хостам, ки аз ин дидгоҳ ба ҷомеаи имрӯзаи тоҷик назар кунам. Натиҷаи ин назар нӯҳ ҷилд китобро ташкил кард. Китоби аввали ин силсила чунин ном дошт: “Китоби “муъҷизаҳо” ё бемаърифатӣ дар боргоҳи маърифат” (Душанбе-1999, 216 саҳифа). Ҳоло ки охири декабри соли 2017 аст, дар вақтҳои фароғат осори бадеӣ ва фалсафии ин мактаби фалсафии Урупоро мутолеа менамоям”...

  Ду нафар аз дӯстони мо, ки се ҳафта пеш аз вафоташ ба аёдати Устод рафта буданд, барои мо таассуроташонро чунин баён намуданд: “Мо соатҳои 12-13-и рӯз ба хонаи Устод ворид шудем. Хонумашон моро пешвоз гирифтанд. Пурсиданд, ки “Вы из кафедры-да?”. Мо ҳам бадоҳатан ҷавоб додем, ки: “Да”. Хеле хурсанд шуданд ва гуфтанд, ки: “Слава Богу что вы пришли.  А мы думали, что Вы на совсем забыли Султона Наврузовича”... Моро ба хонаи хоби Устод раҳнамоӣ намуданд. Ин манзараро дидем: Устод дар болои рахти хоб бо се болишт такя зада, рӯ ба сӯи тиреза сурудҳои Одина Ҳошимро гӯш мекард. Магнитофонаш аз модели кӯҳнаи даврони Шӯравӣ буд. Хона ниматорик буд. Салом кардем. Алейк гуфт ва дасти росташро дароз карда: “Бачаҳо мебахшед, ман тамоман ҷунбидан наметавонам. Духтурҳо барои ман ҳамин ҳолатро тавсия доданд. Марҳамат, бишинед, ҳазор раҳмат, хуш омадед...”  Мо нишастем. Устод чанд лаҳзае хомӯш монд. Гумон кардем, ки моро нашинохтааст. Худро шинос намудем. Устод хандид ва гуфт: Ман вақти ба даҳлез дохил шуданатон шуморо шинохтам. Хомӯшии ман аз тааҷҷуб буд, ки чӣ хел шуда роҳи хонаи моро ёфтед, - афзуд Устод. Ростӣ, мо хеле хиҷолатманд шудем ва надонистем, ки дар ҷавоб чӣ гӯем. Барои аз ин ҳолат баромадан узр пеш овардем, ки Устод, мо аз бемории Шумо хабар надоштем ва ҳоло ки омадаем, ба ин хотир аст, ки соли нави 2018-ро бароятон табрик гӯем. Ва туҳфаи мо ана ин китоби нав ба забони  рӯсӣ ва сад сомонӣ ҳам барои харидани гул. Мо дар маҳаллаи Шумо ҷойи гулфурӯшонро пайдо карда натавонистем... Устод бо оҳанги гиламандона ва бо оромии хеле сангин афзуданд: “Ҳеҷ гап не. Хуб кардед, ки омадед. Боз хуш омадед. Аслан, ман чор моҳ боз дар ин ҳолат қарор дорам. Ҳамаи ҳамкорон медонанд, ки ман бинобар беморӣ, ба кор рафта наметавонам. Танҳо ҳамин бечора Ҷумъабой Шамсудинов ҳаст, ки зуд-зуд омада маро хабар мегирад. Дигар касе пайдо намешавад. Шояд метарсанд.” Ман дарҳол пурсидам: “Устод, аз чӣ метарсанд?” Гуфт: “Хонаи ман зери назорат аст. Касе инҷо биёяд, таъқибаш мекунанд”. Мо аз саволҳои кунҷковонаи худ аллакай пушаймон шуда будем... Ва ба Устод тасаллӣ додем, ки чунин нест. Ҳоло зиндагӣ ҳамин тавр шудагӣ. Касе дар фикри касе нест ва ғайра... Устод бо таҳаммул ва оромии сангине моро гӯш кард... Чизе нагуфт... Мо ҳам муддате хомӯш мондем... Барои аз хиҷолат баромадан пурсидем: Устод Шумо чӣ гуноҳе содир намудед, ки ин ҳама шогирдони забардаст ва ёру дӯстони фаровон дар шаъни Шумо чунин бемеҳриро равон дидаанд? Устод якбора хандид ва бо овози хеле баланд ва омехта бо кароҳият гуфт: “Гуноҳе бисёр бузург?” – Ва давом дод: “Ман дигар мансаб надорам! Онҳо ба хотири мансабам хушомаду маддоҳӣ мекарданд! Акнун ҳоло чӣ? Дар рӯзгори мо на шарофату илму дониш, балки меҳри мансаб ҳамаро дар худ ҷамъ овардааст. Мансаб ки нест, ту дигар ҳеҷ чиз нестӣ. Ҳамин ва тамом...” Cуҳбати мо хеле тӯлонӣ буд. Аз ҳар боб сухан гуфтем. Аз дигар ёру дӯстон пурсид. Мо ҳар чӣ донистем, гуфтем. Оқибат чеҳрааш кушода шуд. Ба ҳазлу шӯхӣ гузаштем... Яке аз мо гуфт: “Устод, аз ростӣ Шумо ба бемор ҳеҷ монандӣ надоред. Аз пештар фарбеҳтар менамоед. Табъатон кушода... Чеҳраатон тару тоза... Боз хандид ва гуфт: Аз шӯхӣ берун баъзе ҳамсояҳо ва худи Шасиддинов ҳам чунин мегӯяд. Ман гуфтам, устод худи Шумо чӣ мегӯед? Устод бо хандае муътадил ва бо лаҳне ҷиддӣ гуфт: “Марг бисёр номард ва маккор аст. Метарсам, ки дар лаҳзаҳои охири умр маро гӯл занад (фиреб кунад). Вале, бачаҳо ба шумо росташро мегӯям. Ман аслан аз марг ҳеҷ тарсе надорам. Ва ҳамеша бар ин назар будам, ки марг як ҳодисаи оддии табиӣ аст, ки аз сари ҳама мегузарад. Чаро ман аз ин қоида истисно бошам? Он чи шахсан ба ман дахл дорад, он чи мехостам дар зиндагӣ анҷом диҳам, каму беш анҷом додам. Давомашро дигарон анҷом медиҳанд. Дар бораи ман ҷойи ташвише нест...

 Хонуми Устод моро барои чойнӯшӣ даъват кард. Мо узр пеш овардем, ки бояд ба ҷойи кор баргардем, чун як ҷаласаи муҳими ҳисоботӣ барои соли 2017 дорем. Устод ҳам исрор дошт, ки чой бинӯшем. Вале мо узри худро такрор намудем. Пас бо оҳанги хушдилӣ ва ризоят гуфт, ки саломи маро ба ҳамаи ёру дӯстон бирасонед.

  Пеш аз хайру хуш Устод Султон Наврӯзов бо камоли ҷиддият гуфтанд: “Бачаҳо,  ман аз  марги акаи Маҳмадхоҷаев хеле афсус хӯрдам. Чун ҳоло ҷавон буданд. Шумо медонед, ки баҳсҳои мо баҳсҳои илмӣ буданд. Хусусияти шахсӣ ва ғаразе надоштанд. Маро ҳам танқид карданду ҳоло ҳам танқид мекунанд.  Ва ман ҳам бисёриҳоро танқид кардаам... Хуб, кору ихтисоси мо чунин аст.  Вале баъзан дар дилам мегузарад, ки чаро ба хотири ким-кадом масъалаи беҳуда ин ё он дӯсти азиз ва ҳамдиёри арҷмандро ранҷонидаам...  Ана инҳо буданд охирин суханҳои устод Султон Наврӯзов дар охири соли 2017, ки ҳоло (26 январи соли 2018) дигар дар байни мо нест.

  Маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша” бар ин назар буд ва ҳаст, ки: Устод Султон Наврӯзов бузургтарин равшанфикри Тоҷикистон ва Осиёи Марказии имрӯза буд... Равшанфикре, ки дар сатҳи равшанфикрони Урупо ва Ғарб қарор дошт. Агар барои мисол ду китоби охирини Ӯ бо номи “Игры в науку” (2012) номи шахсиятҳои танқидшударо аз он бардорем, таҳлилҳои боқимондаи китоб метавонанд чун китоби дарсии фалсафа барои донишҷӯён ва мутахассисон хизмат кунанд. Инсофи Устод дар таҳлил ва танқиди мухолифони ғоявияш сутуданӣ ва сазовори ҳама гуна тамҷид ва таъриф аст... Ҳеҷ гоҳ андешаи дигаронро таҳриф намекард. Ва нисбат ба худ ҳам аз нигоҳи танқидӣ баҳо медод... Бо як калима, мехост ки ҳақиқат ва андешаро  ба курсии худ биншонад. Зиёиёни тоҷик аз вуҷуди Устод Султон Наврӯзов ифтихор мекарданд, ба ин хотир, ки як зиёии намунавӣ буд.

 Мо бар ин назарем, ки Устод ба ин ҳадафи асосии худашон расидаанд. Мо дар ин ҷода аз пайравони Устод ҳастем ва хоҳем буд. Номашон ҳамеша вирди забон бод! 

Хондан 935 маротиба