JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 25 Апрели 2017 10:44

Демократияи Аврупо миёни ифроту тафрит

Муаллиф:

   Низоми демократии Аврупо дар тӯли 200 соли охир исбот кард, ки роҳи беҳтарини ҷомеасозӣ ва давлатсозӣ мебошад. Он ҳама пешравиву васеъшавии донишу фалсафа ва дар заминаи он рушду тавсеаи илму техника дар Аврупо дар 200 соли охир ва паҳн шудани ин ҳама пешравиҳо ба тамоми гетӣ, баёнгари он аст, ки роҳи интихобкардаи онҳо дуруст буд. Ҳарчанд он роҳи идеалӣ нест ва камбудиҳои худро дорад, аммо ба қавли сиёсатмадори машҳури инглис Уинстон Черчил, “демократия бадтарин роҳи идораи давлат аст, аммо инсоният то баҳол аз он беҳтарашро ихтироъ накардааст”.  Ба ҳар ҳол, натиҷаҳои мусбате, ки демократия ва озодиҳои аврупоӣ дар пай доштанд, баёнгари дуруст ва коршоям будани он ҳастанд.

  Мутаассифона, дар оғози асри 21 чунин ба назар мерасад, ки сиёсатмадорони аврупоӣ дар муносибат бо озодиҳои мазҳабӣ зиёдаравӣ ё худ ифрот мекунанд. Ҷаҳонбинии мазҳабӣ  дар замони Эҳё аз ҷониби бузургтарин донишмандони аврупоӣ сахт интиқод шуда ҷойи худро ба ҷаҳонбинии илмӣ дода буд, ки дар натиҷа илму техника дар Аврупо ба пешравиҳои ҳайратовар  даст ёфт. Мутаассифона, имрӯз ҷаҳонбинии мазҳабӣ дар симои исломи сиёсӣ аз озодиҳои фароҳамоварда суистифода карда, дорад густариш меёбад ва сиёсатмадорони Аврупо хавфу хатари онро нодида мегиранд. Далели ин гуфтаҳоро метавон дар филми ҳуҷҷатие дид, ки аз телевизиони CNN-и Амрико рӯзи 1 апрели соли 2017 зери унвони “ДИИШ: дар зери ниқоб” (ISIS: behind the mask. Манбаъ: http://edition.cnn.com/interactive/2017/03/europe/isis-behind-the-mask/index.html)пахш шуд.

  Ин филми ҳуҷҷатӣ дар бораи як ҷавони 28 -солаи белжикӣ бо номи Майкл Делефортрӣ аст, ки дар оилаи насронӣ ба воя расида, баъдан исломро қабул карда, номи худро ба Юнус табдил додааст. Ин ҷавон дар пайи майнӯшии модар, ки ба  ҷудошавии падару модар анҷом меёбад, беназорат бузург шуда, дар мактаб таълими дуруст намегирад. Дар аввал ба истеъмоли маводи мухаддир даст зада, бо гурӯҳҳои ҷинояткор ҳамроҳ мешавад. Дар синни 16- солагӣ, ки як навраси норасидаи бесавод аст, китобе бо номи “Роҳи мусалмон”-ро дастрас мекунад ва ба идеяҳои мазҳабии ифротии зиддиинсонӣ дил мебандад. Баъди чанд муддате, ба доми таблиғгарони мазҳабӣ, ки аз озодиҳои мазҳабӣ суистифода карда, ҷавонони аврупоро ба худ ҷалб карда, ба Сурия равон мекарданд, меафтад ва рӯ ба ислом меорад. Ӯ гузаштан аз насронӣ ба исломро бо барномаи комютерии Windows муқоиса карда, мегӯяд, ки шумо вақте Windows 10-ро мебинед, бо Windows XP дигар қонеъ намешавед.  Дере нагузашта ӯ ба сафи ДИИШ пайваста, чанд муддат онҷо хизмати ин гурухи террористиро  мекунад. Баъдан бо сабабҳои номаълум ба ватани худ Белгия бармегардад, ки инҷо аз ҷониби полис боздошт шуда, ба муҳлати ду моҳ (!) аз озодӣ маҳрум мегардад. Баъди озод шудан аз зиндон рӯзноманигорони телевизиони CNN бо ӯ вохӯрда ин филми ҳуҷҷатиро месозанд.

  Вақте рӯзноманигор аз ин ҷавони тозамусалмон мепурсад, ки аз рафтанаш ба ДИИШ пушаймон нест, ӯ рӯйирост посух медиҳад, ки аз рафтанаш пушаймон нест, балки аз бозгаштанаш пушаймон аст. Ду моҳи зиндонӣ шуданашро ӯ як истироҳат меномад, на ҷазо. Ӯ кушоду равшан пуштибонии худро аз ДИИШ изҳор медорад ва онро озодона таблиғу ташвиқ мекунад. Аз наворҳои ин филм дида мешавад, ки дар ин ҷода ӯ танҳо нест ва кӯчаҳои шаҳрҳои Белгия саршор аз чунин таблиғгарони ифротӣ ҳастанд, ки пайваста фаъолияти таблиғотӣ мекунанд.

  Ҳангоми ироа кардани саволи навбатии рӯзноманигор, ки ба миллияти ин ҷавон дахл дошт, ӯ пеши сухани рӯзноманигорро гирифта, бо ифтихор изҳор медорад, ки аз ҳайсияти  белжикӣ даст кашида, ҳувияти мусалмонӣ дарёфт кардааст. Ба ибораи дигар, ӯ ба содагӣ аз асли худ даст мекашад ва изҳор медорад, ки дар оянда ҳамаи Аврупо зери қонуни шариати ислом мемонад, чунки Аллоҳ ба онҳо ваъда додааст. Ӯ дар ҳоле орзуи нобудшавии демократияи Аврупо ва ҷойи онро гирифтани низоми шадиди мазҳабиро мекунад, ки зиндагияш аз ҳисоби кумакпулиҳои давлати демократии Белгия аст. Ӯ ин кумакпулиро бо хушнудӣ қабул карда, иддао дорад, ки модоме онҳо манро дар инҷо нигаҳ доштан мехоҳанд, вазифадоранд пул пардохт кунанд. Давлати Белгия ҳам ҳармоҳа ба ӯ 500 доллари ИМА кумакпулӣ медиҳад.

  Делефортрӣ се бор оиладор шудааст ва дар ин филм расми фарзандонашро нишон дода, мақсади асосии худро таълими онҳо дар рӯҳияи ҷанговарони террористи ДИИШ мегӯяд. Яке аз фарзандонашро дар пайравӣ аз террористи машҳур Усома бини Лодан, Усома ном кардааст ва изҳор медорад, ки ин террористи машҳурро қаҳрамон дониста, аз гузоштани номаш ба фарзанди худ ифтихор мекунад.

  Гурӯҳи ифротие дар ҳудуди давлати Белгия бо номи “Шариат барои Белгия” фаъолият мекунад, ки чандин мулло бо номи “Хатиби кӯчагӣ” дар кӯчаҳои ин кишвар амал мекунанд ва чунин ҷавонони нопухтаро ба дом меафтонанд. Ҳарчанд давлатмардони ин кишвар онҳоро “дастаи клоунҳо бо риши дароз ва куртаву шалвор” меноманд ва ҷиддӣ намегиранд, аммо хатари ин воизон ё “хатибони кӯчагӣ” ошкор аст ва онҳо як воситаи асосии ҷалби ҷавонони белжикӣ ба сафи ДИИШ гаштаанд, ки Майкл Делефортрӣ яке аз онҳост. Делефортрӣ иддао дорад, ки ДИИШ ягона ҷое аст, ки мо метавонем 100 дар сад мусалмониро риоя кунем. Инҳо ба ҷавонони бераҳме табдил ёфтаанд, ки истибдоди асримиёнагиро дар асри 21 иҷро кардан мехоҳанд ва ин шароитро танҳо дар минтақаи таҳти фармони мазҳабиёни ифротӣ, ба монанди ДИИШ меёбанд. Дар дигар ҷо, махсусан Аврупо ин амалҳои зиддиинсониро намешавад иҷро кард. Тибқи хабарҳои охир, дар моҳи марти соли 2017 Майкл Делефортрӣ бо ҷурми хушунати хонаводагӣ ба 18 моҳ зиндонӣ карда шудааст.

  Аз ин ҷо бармеояд, ки дар баъзе кишварҳои аврупоӣ дар масъалаи озодиҳои мазҳабӣ ба ифрот роҳ додаанд ва ин кишварҳои аврупоиро ба як манбаи асосии таъминкунандаи аскар ба гурӯҳҳои террористӣ табдил додааст. Тибқи маълумотҳои шабакаи телевизионии CNN, баъди кишварҳои арабӣ, Аврупо дуюмин минтақаест, ки шумораи сокинонаш аз ҳама зиёд ба сафи ДИИШ пайвастанд. Ин натиҷаи ҳамон зиёдаравӣ дар озодиҳои мазҳабист, ки муллоҳои ифротӣ ақидаҳои асримиёнагиро дар кӯчаҳо озодона тарғиб карда, ҷавонони аврупоиро ба доми худ меафтонанд. Онҳо озодона тарғиби барандохтани низомҳои конститутсионии Аврупоро карда, кӯшиши ҷорӣ кардани низоми шариатро мекунанд.

 Маълум аст, ки вақте ҷонибдори зиёд пайдо намекунанд, даст ба террор мезананд ва чандин террорҳои мазҳабӣ дар кишварҳои Аврупо далели ин аст. Масъалаи инҷост, ки то ба кай баъзе кишварҳои ғарбӣ бо ин рафтори риёкоронаи худ, дар муносибат бо мазҳабиёни бунёдгаро, иҷозат медиҳанд, ки онҳо аз ҷавонони ин минтақа фанатики исломӣ тайёр карда, барои одамкӯшӣ ба кишварҳои ҷангзадаи мусалмоннишин равон мекунанд ё дарди сари ҷомеаҳои худ месозанд. Беҳтар нест, ки сари вақт пеши роҳи чанд муллои муфтхӯри ифротиро дар кишварҳои худ бигиранд ва пеши чашмаро бо бел бигиранд, то ки ба дарёи пур аз хун мубаддал нагардад.

 Албатта, озодии эътиқод ва озодии сухан ҳама вақт қобили дастгирист, аммо дар пушти ин ҳама суханҳои нек парваридани морҳои заҳҳокӣ, ки мағзи ҷавононро мехӯранду онҳоро манқурт, аз худ бегона ва қотил месозанд, кори дуруст нест ва бояд сари вақт пешгирӣ шавад. Ифроти мазҳабиён бо суистифода аз озодиҳои мавҷуда ва тафрити давлатмардони Аврупо дар мунисбат бо озодиҳои мазҳабӣ на ба манфиати худи Аврупост, на ба манфиати дигар кишварҳои ҷаҳон. Ин теша задан ба реша ва асосҳои демократия ва озодиҳои инсонист, ки натиҷаҳои манфии он дар дар шакли террор дар шаҳрҳои гуногуни ҷаҳон ошкор шудаанд ва такрори чунин ҳодисаҳо дар оянда ҳам аз эҳтимол дур нест.

Меҳр Собириён

Хондан 1920 маротиба