JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 21 Майи 2019 09:14

Доир ба дониши ҳуқуқӣ ва ҳуввияти миллӣ

Муаллиф: ИНОЯТОВА А.И.

  Дар мақола масъалаҳои марбут ба ба дониши ҳуқуқӣ ва ҳуввияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба риштаи таҳқиқ омадааст. Муаллиф таъкид менамояд, ки дар шароити имрӯза омодагии шахс ба шароити нави иқтисодӣ - иҷтимоӣ ва пайдо намудани решаҳои ташаккули ҷаҳонбинии он дар таносуб бо арзишҳои нави ҳуқуқӣ,  ки имрӯз бо мушкилоте мувоҷеҳ шудааст, бевосита аз ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ вобастааст. Дар мақола қайд карда мешавад, ки мавҷудияти ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва сатҳи он баҳри танзими  ҷабҳаҳои фаъолияти ҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъият заминаи воқеӣ мегузорад.

  Муаллиф ба хулоса меояд, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон мақсади асосии низоми демократӣ,  пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқӣ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ,  арзишҳои ахлоқиву фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба рӯзи Истиқлолияти миллӣ баён дошта буданд: «Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ,  нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро, дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад».

Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои соҳибихтиёриихуд бабарқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту суботи ҷомеа, оромии сиёсиву иҷтимоии кишвар ва сарҷамъиву ваҳдати мардум шурӯъ намуда, дар ин раванд бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯбарӯ гардид.

Бархӯрди манфиатҳои доираҳои гуногуни дохиливу хориҷӣ,  ки асосан аз беруни кишвар идора карда мешуданд, оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд.

Дар натиҷаи ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ печидани миллати шарифи мо, ҳамчун миллат боқӣ мондани тоҷикон ва ҳамчун давлат дар харитаи сиёсииҷаҳон вуҷуд доштани давлати миллии мо зери хатари воқеӣ қарор гирифт.

Лекин, ба шарофати хиради фитрии миллати тоҷик ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳва ризоияти миллӣ ба мо муяссар шуд, ки ҳамдигарфаҳмиву ҳамдигарбахшӣ,  сулҳу субот ва ваҳдати миллиро барқарор намуда, хатари парокандагии миллат ва ҳамчун давлати мустақил аз байн рафтани Тоҷикистонро бартараф созем.

 Дар натиҷа, бо гузашти муддати начандон тӯлонӣ дар Тоҷикистон фарҳанги сиёсии шакли нав ва низоми давлатдории ҷавобгӯба ормонҳои деринаи миллӣ ба вуҷуд оварда шуд, ки минбаъд барои рушди муназзам ва устувори кишвари мо тамоми шароити заруриро фароҳам овард [2].

Озодии Меҳан дар осори ҷовидонаи илму адаб ва фарҳанги оламшумуламон дар тӯли тамоми таърихи миллатамон ба таври барҷаста таҷассум ёфтааст. Имрӯз мо амалӣ гардидани ормони ҳазорсолаи ниёгони хешро на танҳо мебинем, балки худамон давлате бунёд карда истодаем, ки аллакай дар арсаи ҷаҳон мавқеъ ва эътибори ба худ хос дорад. Аз ин рӯ, истиқлолияти давлатӣ барои мо тоҷикон дастовард ва неъмати муқадастарин аст ва мо онро бояд аз ҳама арзишҳои дигар азизу муқаддасдонем.

Таҳкими сулҳу суббот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, инкишофи раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум мебошад.

Мусаллам аст, ки таърихи қадима, фарҳанги бою рангоранг, забон ва адабиёти пурғановати миллӣ,  хештаншиносиву худогоҳӣ,  ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва дигар муқаддасот асоси ҳастӣ ва бақои миллат буда, ҳар як миллати воҳид маҳз тавассути ҳамин арзишҳо ба тамаддун ва таърихи башарӣ ворид мешавад [7]. Ҳарчанд аҳли мардуми кишвар давлати ҳуқуқбунёд будани Ҷумҳурии Тоҷикистонро(моддаи 1 Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон) пазируфта бошанд ҳам, аммо зуҳуроти номатлуб ба монанди нигилизми ҳуқуқӣ ба амалигардии  он монеа эҷод мекунад.

Сотиволдиев Р.Ш. шакли ифодаёбии нигилизми ҳуқуқиро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунад: 1) нигилизми ғайрифаъол ва 2) фаъол. Нигилизми ғайрифаъол аҳамият ва нақши ҳуқуқро дар пешрафти ҷамъиятпаст карда, онро омили дуюминдараҷаи  ҳаёти инсон мешуморад. Нигилизми фаъол бошад ҳуқуқро тамоман инкор карда, қисми таркибии ҷараёни анархизм аст [1].

Иванов С.И. нигилизми ҳуқуқиро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунад: 1) муқаррарӣ рӯзмарра 2) тобеи идоравӣ.

Нигилизми ҳуқуқии оммавии рузмарра – ин ноогоҳии ҳуқуқӣ тасдиқкунии шубҳаи қолабӣ,  нобоварӣ ва инкор кардани ҳуқуқ ва қонун аст. Ин ҳолат чунин вазъиятро ба вуҷуд меорад, ки инсон дар ба амал баровардани манфиати қонунии худ даст мекашад. Нигилизми ҳуқуқии наҳама вақт аз сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва маълумотнокии ҳуқуқӣ вобастааст. Мутаассифона он дар байни кормандони техникӣ,  илмӣ,  эҷодӣ ва зиёиён низ мавҷуд аст[3].

Ҳамин тариқ, ҳуқуқ омили муҳимми ҳаёти иҷтимоӣ буда, объекти таҳлили назарияҳои мухталиф гардидааст. Атрофи он баҳсу мунозираҳои зиёд ҷой доштанд ва мавҷуданд. Дар таърихи афкори ҷамъият нисбати ҳуқуқду назарияи асосӣ мушоҳида мегардад, ки вобаста ба онҳо ду равия ташаккул меёбад. Якумин ҳуқуқро ҳамчун неъмати ғании ҷамъият, омили муҳимтарини пешрафти  ҷамъият, дуюмин бошад онро чун ходисаи дуюминдараҷа ё нолозим мешуморад. Назарияи якумро ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва дуюминро нигилизми ҳуқуқӣ меноманд. Яъне назарияи аввали ҳуқуқро дар ҳаёти ҷомеа муҳим ва аввалиндараҷа хисобида, воситаи асосии танзимкунандаи муносибатхои ҷамъиятӣ мешуморад. Доир ба назарияи дуюм, яъне нигилизми ҳуқуқӣ нақши ҳуқуқро дар ҳаёти ҷомеа нолозим медонад ё куллан инкор менамояд. Истилоҳи ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ якчанд маъно дорад. Якум, як намуди мафкураи ҷамъиятӣ буда, аз маҷмӯи ақидаву назарияҳо иборат аст, ки нақши мусбии ҳуқуқро дар ҷамъият ифода мекунад. Дуюм, яке аз ҷараёнҳои афкори ҳуқуқии башар аст. Сеюм, ҳаракати ҷамъиятӣ буда, дар давраи инқилоби буржуазии Аврупо, дар марҳилаи гузариш аз муносибатҳои кӯҳнаи феодалӣ банизоми нави ҷамъиятӣ ташаккул ёфта, шумораи зиёди мутафаккиронро муттаҳид кардааст, ки тарафдори консепсияҳои озодӣ ва прогресси ҷамъиятӣ буданд. Чорум, яке аз намудҳои нигориш ба ҳуқуқ, тарзи таҳлили он аст.

Омодагии шахс ба шароити нави иқтисодӣ - иҷтимоӣ ва пайдо намудани решаҳои ташаккули ҷаҳонбинии он дар таносуб бо арзишҳои нави ҳуқуқӣ,  ки имрӯз бо мушкилоте мувоҷеҳ шудааст, бевосита аз ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ вобастааст. Мавҷудияти ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва сатҳи онбаҳри танзими  ҷабҳаҳои фаъолиятиҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъият заминаи воқеӣ мегузорад. Ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ аз маҷмӯи ақоид ва назарияҳои гуногун иборат буда, доир ба он мутафаккирон назарияҳои гуногунро пешниҳод намудаанд. Аксари мутафаккирон ба он назаранд, ки ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ин пеш аз ҳама ҳуқуқ ва қонун, ҳуқуқи фитрӣ ва позитивӣ,  бартарии ҳуқуқ нисбат ба давлат, давлати ҳуқуқи, афзалияти ҳуқуқи байналхалқӣ,  мазмуни фитрии ҳуқуқу озодиҳо, шаклҳои ҳуқуқии фаъолияти давлат аст.

Ҳуқуқ,– ҳамчун неъмати ғании ҷамъият, омили муҳимтарини пешрафти ҷамъият аст [4].

Ҳамин тариқ, ҳуқуқ танзимкунандаи муҳимми ҳаёти ҷамъиятӣ аст, зеро он, якум, комёбии муҳимтарини тамаддуни башарва дуюм, қисми ҷудошавандаи маданияти умумиинсонӣ аст. Ҳуқуқ имрӯз чун омили муҳимми пешрафти ҷамъият таҳлил шуда, зарурияти он дар танзими муносибатҳои бозоргонӣ,  таъмини озодии шахс, соҳибкорӣ ва фаъолияти озоди иқтисодӣ таъкид мегардад. Ҳуқуқи муосири мо ақидаҳои асосии ҷаҳонбинии ҳуқуқиро (ҳуқуқ ва қонун, ҳуқуқи фитрӣ ва позитивӣ,  давлати ҳуқуқӣ ва ғ.) эътироф кардааст [6].

Ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ чи тавре маълум гардид, аз маҷмӯи ақидаву назарияҳо иборат аст, ки маркази онро ҳуқуқ ташкил медиҳад.

Мафҳуми «ҳуқуқи инсон» ҳанӯз соли 1789 дар Фаронса дар «Эъломияи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд» дарҷ гардида буд.

Аввалин  Федератсияи байналхалқӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон (FIDH)  соли 1922 бо ташаббуси  лигаҳои оид ба ҳуқуқи инсони Олмону Фаронса ташкил  ёфтааст. Сипас 10 декабри соли 1948 бо Резолютсияи 217-и  Ассамблеяи  Генералии СММ «Эъломияи  умумибашарии ҳуқуқи инсон» қабул ва эълон гардид, ки аз соли 1950 сар карда ҳамасола 10 декабр ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон» ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин соли 1950 дар Аврупо Конвенсия «Оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ» ба имзо расид, ки механизми амалӣ намудани он ба воситаи Суди Аврупоӣ оид ба ҳуқуқи инсон  ба роҳ монда  мешавад.

Хуқуқҳои инсон - ин қонунан таъмин намудани имконияти қонеъ гардонидани талабот ва манфиахои ҳаётии шаҳрвандон мебошад.  Инсон худро дар ҳамон маврид комилан дар ҷамъият озод ҳис карда метавонад, ки соҳиби ҳуқуқ ва озодиҳои кафолатнок бошад. Зарурати чунин ҳуқуқҳо ба монанди ҳуқуқ ба меҳнат, истироҳат, ҳифзи саломатӣ,  таъмини иҷтимоӣ дар вақти пИронсолӣ ва чунин озодиҳо ба монанди озодии ҳуқуқи моликият, виҷдон, сухан, матбуот ва ғ. ба ҳама маълум аст. Ҳуқуқ ва озодиҳои табиии инсон мусодирнашаванда аст. Бе амалӣ гардондани ин ҳуқуқҳои асосии инсон ҳеч гуна озодӣ,  инсондустӣ,  адолат ва беҳбудии ҳолати инсон шуда наметавонад. Ҳар як инсоне, ки ба дунё меояд дорои чунин ҳуқуқ ва озодиҳо буда, ҳамаи онҳо дар назди қонун баробаранд. Ҳамаи шаҳрвандон новобаста аз нажод, ранги пуст, миллат, ҷинс, забон, баромади иҷтимоӣ,  ҷамъиятӣ,  молумулкӣ,  мансаб, ақида муносибат ба дин, иштирок кардан ё накардан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ,  ҷои истиқомат ва ҳолатҳои дигар дорои ҳуқуқ ва озодиҳои баробар мебошанд. Дорои ҳуқуқ ва озодиҳои гуногун будани шаҳрвандон маънои онро надорад, ки ҳар як шахс чӣ тавре ки хоҳад, хамон тавр рафтор намояд. Баракс баамалбарории ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии ҳар як шахс набояд ҳуқуқ ва озодиҳои дигаронро вайрон намояд, ба ҷамъият ва атрофиён зарар расонад.

Дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия (Сарқонун), қонунҳои ҷумхурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Боби дуюми Конститутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Ҳуқуқ, озодӣ,  вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд» ном дорад, аз моддаи 14 то 47-ро дар бар мегирад, ки пурра ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Инчунин дар моддаи 5-и боби аввали Конститутсия (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикстон гуфташудааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд». Дар баробари ин, ҳар як шаҳрванд уҳдадор аст, ки Кониститутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд, андозҳоро супорад, табиатро эҳтиёт ва ёдгориҳои таърихиро ҳифз намояд. Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ,  ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад [5,14].

Бо мақсади таъмини ислоҳоти самтҳои мухталифи фаъолияти ҳаёти ҷомеа, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷавобгӯ ба талаботи замон ва андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати таъмини танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва пешрафти ҷомеаба устуворгардии мавқею манзалати истиқлолияти кишвар, боз ҳам тақвият мебахшад.

Истиқлолият муқаддастарин неъмат аст, ки мо бояд онро чун гаҳвараки чашм нигоҳ дорему арҷ гузорем.

Моро зарур аст, ки баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон тамоми азму талоши худро ба таҳкими вахдати миллӣ ва сарҷамъии миллат равона карда, ободии имрӯзу фардои кишварро таъмин намоем ва нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ,  ифротгароиву тахрибкорӣ ва тундравию таассуб ба тафаккури мардуми мо, бахусус ҷавонон нуфуз пайдо кунанд.

«Сарҷамъии миллат ва рушди устувору муназзами иҷтимои аз ҷумлаи шаҳсутунҳои кохи мӯҳташами истиқлол ва сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик ва давлати тоҷикон мебошанд, - омадааст дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - бақои миллат ва иқтидори давлат аз бардошту тавоноии ҳамин сутунҳо вобаста аст ва маҳз дарки ҳамин нуқтаи олӣ миллати бостонии моро аз пошхӯри эмин дошт. Пирузии сулҳу ваҳдат ва муҳаббату ихлоси самими мардуми пешрафтаи Тоҷикистон ба муқадасоти миллӣ ба мо барои эъмори давлати демократӣ,  ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ роҳкушод».

Имрӯз Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти рӯз ба марҳилаи сифатан нави тараққиёти иҷтимоиву иқтисодии худ ворид гардидааст, ки вазифаҳои асосии ин давраи рӯшд аз вусъатбахшии пайгиронаи ислоҳот, самаранокии натиҷаҳои татбиқи он, рушди устувори иқтисодӣ ва боҳамин роҳтадриҷан паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии мардумӣ кишвар иборатанд [7, 32-35].

Қобили тазаккур аст, ки «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ сар то по бархурдор аз ғояҳои озодихоҳӣ,  меҳанпарастӣ,  миллатдӯстӣ,  ғурури миллӣ,  ҷавонмардӣ,  матонат, далерию фидокорӣ, оштинопазирӣ ба душманони Ватану миллат, сар нафаровардан ба ҷабру зулми аҷнабиён, ҷоннисорӣ дар роҳи ҳимояи кишвар аз душманон, орзую омоли фарзандони фарзонаи миллат дар роҳи пойдории Давлати ориёинажодон мебошад.

   Вобаста ба  ҳамин мавзӯи истиқлолу озодӣ Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ таъкид намудааст, ки:

     «Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

     Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем».

Ниёгони мо ҳанӯз зиёда аз ҳазор сол пеш бо анъанаву суннатҳои давлатдорӣ ва арзишҳои волои миллии худ, ки дар меҳвари давлати мутамаркази Сомониён ташаккул ва густариш ёфтаанд, шӯҳрат пайдо карда буданд.

Миллати тоҷик дар тӯли таърихи деринааш худро маҳз ба шарофати афкору андеша, забон, илму фарҳанг, расму оин ва дигар арзишҳои ғоявӣ ба оламиён ҳамчун халқи фарҳангсозу башардӯст, сулҳпарвару озодихоҳ ва хайрхоҳу таҳаммулгар муаррифӣ кардааст. Фарҳангу маънавиёти гузаштаи мо, ки дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ нақши амиқе гузоштааст, бояд дар замони истиқлолият низ ба хотири рушди тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ояндаи боэътимоди кишвар ба ҷомеа нерӯи тоза бахшанд.

  Зеро эҳёи тафаккури миллӣ,  фарҳангу тамаддуни ниёгон воситаи муассири худогоҳӣ,  ҳувияти миллӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии нави миллӣ буда, халқу миллатро аз тариқи вахдату ягонагӣ ба пешрафтҳои азим хоҳад расонд [2].

Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқӣ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ,  арзишҳои ахлоқиву фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ин дастоварди бузург дар таърихи навини тоҷикон буда, дар натиҷаи воқеаҳои бузурги сиёсӣ дар интиҳои қарни гузашта ва баъди пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ гардид. Истиқлолияти давлатӣ  барои тоҷикон дастовард ва неъмати муқаддастарин буда, моҳияти таърихии он заминаи рушду нумӯи иқтисодиёт, ҳуқуқ, сиёсат, фарҳанг, илм ва соҳаҳои мухталифи ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Имрӯз халқи тоҷик соҳиби истиқлолияти миллӣ ва давлати миллии худ гардидааст ва азму иродаи қавӣ дорад, ки ин комёбии беҳамтои миллиро эҳтиёткорона ҳимоя намояд ва рушду равнақи бемайлон бахшад.

Барои пешбурд ва ҳифзи ин ҷараёни созанда ба мо лозим аст, ки аз фарҳангу маънавиёти ниёгони худ сабақомӯзем, аз таҷрибаи ҷаҳони мутамаддин баҳра бардорем ва муҳимтар аз ҳама, мардумро бо роҳи хештаншиносиву худогоҳӣ ҳидоят ва сафарбар намоем.

Аз ин рӯ, дар шароити имрӯзаи соҳибистқлолии Тоҷикистон ва ҷаҳонишавию шадид гардидани муносибатҳои байналхалқии сиёсиву иқтисодӣ,  ба масъалаи ҳифзи симои миллӣ,  фазои солими маънавӣ,  пос доштани арзишҳои маънавӣ,  баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан мувофиқи мақсад аст.

 Иноятова А.И.

Маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ». «Дониш»-Душанбе. 2016, №1 (241).

Литература

  1. Анархизм равияи афкори сиёсиву ҳуқуқӣ ва ҳаракати ҷамъиятӣ аст, ки асри XIXдар Аврупо пайдо шудааст. Асосгузори он М. Штирнер, Ж. Прудон, М.В. Бакунин буданд. Анархистон давлат ва ҳуқуқро инкор карда, тарафдори бунёди ҷамъияти озоди либерали буданд, ки он озодии мутлақи шахсро таъмин мекунад.
  2. Зоиров Н.К. Истиқлолият ва самараи он. //Маҷаллаи назариявӣ ва сиёсию ҳуқуқӣ ҲАЁТ ва ҚОНУН № 3/ сентябри соли 2011. Душанбе – 2011
  3. Иванов С.И. Модернизации правосознания и правовой културы общества в современной России (политическо – правовые аспекты) // Автореф.. дис..канд.юрид.наук. – Москва. 2008. –С.19-20
  4. Исмоилов Ш.М., Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи ҳуқуқ ва давлат: Китоби дарсӣ. / Душанбе.: Деваштич, 2008. –С. 40. 
  5. Исоматова С.Б.Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд // Маҷаллаи назариявӣ ва сиёсию ҳуқуқӣ ҲАЁТ ва ҚОНУН № / 2 сентябри соли 2011. Душанбе – 2011- -С. 14.
  6. Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи ҳуқуқ ва давлат. Китоби дарсӣ .Нашри 2-м. Душанбе, 2002. –С. 94-95.
  7. Ҳусейнов Қ. М.Истиқлолият ва самараи он.// Маҷаллаи назариявӣ ва сиёсию ҳуқуқӣ ҲАЁТ ва ҚОНУН № 3/ сентябри соли 2011. Душанбе – 2011.-С. 32-35

 

Хондан 1209 маротиба