JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 13 Сентябри 2018 07:55

Эътилоф бо деги сиёҳ

Муаллиф:

   Паймоншиканон «паймон» мекунанд ва дар атрофии худ ҳар чӣ хоин, бадкирдор, дурўя ва дасисабозе ҳаст, ҷамъ меоваранд, то ин ки ватанашонро ба нооромӣ, ҷангу бедодгарӣ, носуботӣ кашанд, хоби осудаи тифлаконро халалдор ва мардуми орому дар сари дастархони умум ҷамъшударо парешон намоянд! Ва барои онҳо чӣ даркор  қабули Эъломияи таъсиси Паймонашон даркор, то мардумонро аз дасисаву ниятҳои нопоку хоинона, ғасбу азхуд кардани арзишҳои волои як миллат, ки ҳоло ба мақсаду орои таърихии худ - Истиқлолияти миллӣ расида, онро истеҳком мебахшад ва якдилона хоинони миллатро дар дохил ва хориҷи кишвар маҳкум менамояд, огоҳ намояд. Ин аст ба онҳо -  башардўстӣ, сиёсат, сафову покизагиву мусулмонӣ! Онҳо мехоҳанд, худро боқудрат, кордону паймонкор, ҳалкунандаи мушкилоти башар- алқисса- «қувваи сиёсӣ» нишон диҳанд, ки ин дафъа ҳам тирашон хок мехӯрад.

  Хабари маросими ба имзорасии декларатсияи эътилофи баъзе ҳизбу созмонҳои мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон барои мардуми тоҷик ногаҳонӣ ва ғайри чашмдошт набуд. Зеро, ҳамаи ба ном «гуруҳу созмон ва иттиҳодияҳои сиёсӣ»-и берун аз кишвари Тоҷикистон, ки аслан қувваҳои вертуалии дурӯғианд, бо роҳу воситае, гўиё, ки барои рушди демократия, гуногунандешӣ ва озодии баён мубориза мебаранд, ( боз барои чӣ мубориза баранд, ки бунёдҳои хориҷӣ танҳо барои ҳамин корҳо пул медиҳад, магар боз мавзӯи «рушди тамоюлоти ҷинсии ғайрирасмӣ»?!)  аз созмонҳои байналмилалӣ, фондҳои махсуси давлатҳои манфиатдошта барои таъсиррасонии геополитикӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва дигар хоҷагони хориҷии худ, маблағ дарёфт мекунанд ва роҳбарони онҳо бо истифода аз гумроҳӣ ва ноогоҳии сиёсии баъзе ҳамватанонамон, барои манофеи шахсии худашон кор мекунанд. Дар ин миён, бояд тазаккур дод, ки аз вазъи ТЭТ ҲНИ, ки бо қарори Суди Олии ҶТ ташкилоти экстремистӣ - террористӣ эълон шудааст, бояд он гуруҳҳои гумроҳ огоҳ мебуданд ва медонистанд, ки бо кӣ ва то куҷо хоҳанд рафт.

  Имрўз он ҷиноятҳои дар давраҳои гуногун содиршудаи ин ҳизб аз ҷониби худи собиқ асосгузорон, аъзои собиқи он, пайравон ва ҳамфикрони он ошкор ва расонаӣ шуда истодааст. Ин амр барои гуруҳаки дар хориҷа аз номи ин ҳизб фаъолият кунанда ва гирандаи гранту кӯмакҳои пулии баъзе созмонҳои кишварҳои ба ном «дўст» мушкил эҷод мекунад ва метавонад маблағгузориро ба онҳо номумкин гардонад. Зеро бархурди дугона ба чунин ТЭТ наметавонад то дер боз давом ёбад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ огоҳтар хоҳанд шуд, ки чӣ ҳақиқате пушти пардаи фаъолиятҳои онҳо ниҳон будааст. Бинобар ин, барои рўйпўш кардани доғи сиёсии худ, пеш аз ҳама бо ибтикори ин ҳизб, се созмони дигари қалбакӣ, ки ҳадди ақал, дутоаш ҳамоно ҳаводорон ва дар воқеъ, ҳам ақидаҳои ин ҳизб мебошанд, рўзи 9 сентябр эътилоферо бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» ташкил ва зери декларатсияи он имзо гузоштанд. Дурўягону хоинони миллатро ба Истиқлолияти Тоҷикистон чӣ кор, ки боз дар ин рўз онҳо ҷамъ мешаванду рақсу хурсандӣ мекунанд!..

  Мутмаинан, ҳеҷ созмон ё гуруҳе огоҳона ё ноогоҳ намехоҳад бо ТЭТ ҲНИ эътилоф дошта бошад ва худро пойбанди ҳадафҳои нопоки он кунад. Аз ҳамон эътилофи аввалини ҲНИТ дар солҳои 90-уми асри ХХ мо медонем, ки онҳо ягон барномаи мушаххасу стратегӣ барои пешрафти давлату давлатдории Тоҷикистон надоштаанд. Ҳизбу созмонҳое, ки чунин эътилофро бо ин ҳизб дар солҳои 90-уми асри гузашта карда буданд, хуб медонанд. Ҳамнишинӣ бо дег касро сиёҳ мекунад, ҳарчанд худ ин созмонҳо ҳам он ҷузъе аз сиёҳии деги аслӣ ҳастанд ва бо бастани эътилоф ё паймоне кўшиданд номи сиёҳшудаи ТЭТ ҲНИ – ро зери исми «Паймони миллии Тоҷикистон» ниҳон кунанд. Вале аз ҳамин аввал тирашон хок хўрд ва бори дигар симои воқеии онҳо падид омад. Дӯздони ғосиб аз чизе иҷтиноб намекунанд ва дар роҳи бадкешии худ ба ҳар кор даст мезананд. Маълум мешавад, ки бесаводии ин гуруҳҳои ба ном сиёсӣ онҳоро ба роҳи дуздии идея ва маҳсулоти интеллектуалӣ водор менамоянд, ки пас аз чанд соати нашри хабар дар бораи имзои ин паймон, аз Олмон Ҳафиз Бобоёров дар саҳифаи фейсбукиаш аз дӯздии ном ва идеяи ў огоҳ карда, мисли он, ки аз ин кор норозӣ аст. Ҳ. Бобоёров менависад: «Гурӯҳи дӯздаконе, ки имрўз номи Эътилоф ва ИНОТ-ашонро ба «Паймони миллӣ» иваз карданд, бо чанд далеле ин корро кардаанд…» (иқтибос аз саҳифаи фейсбуки Ҳафиз Бобоёров).

  Алим Шерзамонов – дабири Анҷумани озодандешониТоҷикистон, ки яке аз имзокунандагони ин Паймон аст, дар таҷлили ҷашниИстиқлол, ки пас аз имзои ин Паймон сурат гирифт, суханони соле пеш гуфтааш роҷеъ ба Истиқлоият надоштани Тоҷикистонро иштибоҳи худ номид. Ҳамин гуна, метавон интизор буд, ки чанд моҳе баъд, саркардагони ин гурӯҳҳо аз ҳар тасмимоти гирифтаи дирўзу имрўзи худ пушаймон хоҳанд шуд. Зеро ноустуворӣ, носанҷида амал кардан ва сухан гуфтан ҳамеша шахсро ба иштибоҳ мувоҷеҳ месозад.

  Ҳар як гуруҳу созмоне, ки гароиш ба ин эътилоф дорад, бояд донад, ки ТЭТ ҲНИ ҳеҷ гоҳ барои татбиқи сохтори демократӣ, ҳуқуқбунёд ва махсусан дунявӣ дар Тоҷикистон, ки дар «Паймон» ҳамчун ҳадафи аввалин омадааст, майл надорад ва ҳамоно ҳадафи аслӣ ва ниҳоии он дар Тоҷикистон ҷорӣ намудани ҳукумати исломии шабеҳи «Вилояти фақеҳ», ДОИШ ва толибони Афғонистон мебошад. Ин ниқоббандиҳо ва гаштҳои сиёсии маккорона танҳо саҳнабозиест, ки барои ба мазҳаби ғайр гаравидагон дар шакли «тақия» иҷозат медиҳад ҳадафҳои аслии худро пинҳон доранд ва то расидан ба онҳо ҳар қадаре, ки мехоҳанд, дурўғ гўянд.

  Новобаста ба ҳамаи ин хиёнатҳо, боз ҳам Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад авфи гуноҳон кунад ва шахсонеро, ки гумроҳ шудаанд ва рафтори хатои худро дарк намуда, сидқан пушаймон мешаванд бубахшад. Ва ин хислати башардўстонаи бесобиқаи онро ҳамагон медонанд.  Вале ин эътирофро танҳо нафароне метавонанд кунанд, ки барои Ватану миллат аз худ гузаштагӣ нишон диҳанд ва ба ин восита тавонанд, камее ҳам бошад, аз сиёҳӣ ва доғ номи худро рўйпўш кунанд.

                                                                         Муҳиба Маҳмадҷонова

                                                                        доктори илмҳои фалсафа

Хондан 290 маротиба