JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 19 Феврали 2019 08:22

Эмомалӣ Раҳмон ва роҳу усулҳои ҳифзи забон ва омӯзиши он

Муаллиф:

  Пешвои миллат ба масъалаи мақом ва ҷойгоҳи забон эътибори ҷиддӣ медиҳанд ва дар ҳамаи маворид онро ҷун рукни пешрафти ҷомеа арзёбӣ менамоянд. Ба андешаи Сарвари давлат, ”забони миллӣ барои дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кардани миллат  нақши калидӣ дорад. Гузашта аз ин, забони тоҷикӣ ба сифати яке аз забонҳои ширину шоирона ва шевотарини дунё аз ҷониби бузургтарин шарқшиносони ҷаҳонӣ эътироф гардидааст”(1). Воқеан, ин нуқтаи назари Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи тамаддунофари мо исбот шудааст ва муносибати соҳибони забон аз ҳамин назаргоҳ имкон фароҳам меорад, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони миллӣ рушд намояд ва дар муаррифии кишвар саҳим бошад. Ишорати Пешвои миллат ба афроди соҳибназар ва соҳибқалами  миллати тоҷик аст, ки дар дарозои қарнҳои пешин маҳз бо ҳамин забон асар офаридаанд ва мероси арзишмандеро барои имрӯзиён мерос гузоштаанд. Сарвари давлат муътақиданд, ки “маҳз забон бо иқтидор ва тавонмандиҳои худ миллати тоҷикро дар арсаи муборизаҳои сиёсӣ, мафкуравӣ ва фарҳангӣ муқовиматпазир сохтааст”(1).

  Ин андешаи Пешвои миллатро осори ҷаҳоншумули Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонову Ҷомӣ, Сайидову Бедил бо ҷаззобияту маъниҳои баландаш, ки олами Шарқу Ғарбро мафтуни хеш сохтааст, собит менамояд. Маҳз забони тоҷикӣ бо нерӯи қавӣ, ҷазобият, имконияти густурда тавонист афкори миллӣ, адабиёти пурмазмун ва фалсафаи бузургони моро ба ҷаҳон маъруф намояд. Пас яке аз аркони мавҷудияти ҳастии миллат забони тоҷикист ва “эҳтиром ва арҷгузорӣ ба рукни муҳимми фарҳангсозу миллатсоз - забони давлатӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи” (1) мардуми кишвар маҳсуб мешавад.

 Дигар аз муҳимтарин андешаи Пешвои миллат дар ин маврид масъалаи бо талошу заҳмати фарзандони маърифатпарвари халқ ташаккул ва таҳаввул ёфтани забони тоҷикӣ буда, бо ин забон на танҳо дар  Мовароуннаҳру Хуросон, балки дар  Қафқозу Осиёи Хурд, Ироқу нимҷазираи Ҳинд  муошират менамуданд ва дар як муддати муаййан ин забон дар  нақши забони байналмилалӣ амал мекард. Пас, забоне, ки ин қудратро дорост, арзандаи эҳтиром, ҳифз ва посдорӣ мебошад. Надонистаи ин забон аз ҷониби соҳибони забон, истифода карда натавонистан аз имкониятҳои он, пай набурдан аз назокату зебоӣ, наомӯхтани равандҳои таҳаввул ва ташаккули рушди он моро на танҳо аз инкишофу рушд боз медорад, балки ба ҷониби нестӣ раҳнамун месозад. Аз ин рӯ Пешвои миллат батакрор таъкид месозанд, ки: “Мо бояд кӯшиш намоем, ки дар замони ҷаҳонишавӣ истиқлоли фарҳангӣ ва забонии худро ҳифз кунем ва рукнҳои пойдории миллат ва кишварро тавассути забон таҳким бахшида, онҳоро ҳарчи бештар устувор гардонем”(1).

   Омӯзиши маърӯзаҳо ва суханрониҳои Пешвои миллат дар мавриди ҳифзи забон ба соҳибони забон тақозои эътибор додан ба ҷанд масъалаҳои муҳимро эҷод мекунад. Ба эътибор гирифтани ин масоил ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ оид ба дарку маърифати забон  наздик месозад.

1. Нахустин масъала дар ин самт эҳтиром ба мафҳуми “забони тоҷикӣ”маҳсуб мешавад. Пешвои миллат таъкид медоранд, ки “Мо бояд мафҳумҳои “миллати тоҷик”, “забони тоҷикӣ”, “таърихи тоҷикон”, “фарҳанги тоҷикӣ” ва “адабиёти тоҷикӣ”-ро баробари номи муқаддаси Тоҷикистон, модари хеш ва мисли ҷони худ дӯст дорем ва онҳоро бо ифтихор ба забон оварем.”

2. Омӯзиши забон ва фасеҳу равон суҳбат кардан бо забони модарӣ. Ин яке аз масъалаи бунёдии замони муосир маҳсуб мешавад ва махсусан,  насли нави ҷомеа ба донистани забон ва истифода карда тавонистан аз имкониятҳои он муваззаф аст.

3. Аз назари қонунмандии забон дурусту беғалат нигоштани лавҳаҳо, овезаҳо ва мантиқан саҳеҳ будани матнҳои дар онҳо сабтгардида яке аз омилҳои пешравии забон мебошад. Боиси зикр аст, ки ин яке аз мушкилот дар иҷрои муқаррароти Қонуни забон ба масъалаи эълону реклама, лавҳаю овезаҳо, номгузории муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ марбут аст. Чунин ба мушоҳида мерасад, ки баъзан  навиштаҷоти рекламаи ороиши берунӣ ва дигар лавҳаю овезаҳо бар хилофи Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” рӯи кор омадааст, ки натанҳо як навъ қонуншиканӣ мебошад, балки дар кунд шудани завқи мардум, костани маърифати сухан ва адабиёт замина эҷод менамояд. Аз ҷониби дигар, Пешвои миллат ин вазъи ногуворро, ки дар кӯчаву хиёбонҳои кишвар ба назар мерасад,ҳамчунин бо забони ғайр номгузорӣ намудани мавзеъҳо ё ташкилоту нуқтаҳои савдо, навиштани эълону рекламаҳоро беэҳтиромӣ ба арзишҳои фарҳангӣ, истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ маҳсуб медонанд. Ин ҷо метавон илова кард,ки гузашта аз маъниву мазмуни хароб гоҳо қоидаҳои оддитарини имлои забони тоҷикӣ риоя карда намешаванд. Мусаллам аст, ки дар ин раванд эътибори ҷиддӣ додан аз вазифаҳои таъҷилӣ ва муҳими масъулон маҳсуб мешавад.

4. Дар самти сиёсати забонӣ Пешвои миллат ба беҳдошти вазъи забон, сифати тарҷумаи осори адабӣ ва филмҳои истеҳсолӣ низ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мекунанд. Мусаллам аст, ки кори тарҷума душвору заҳматталаб ва сангин буда, тарҷумонро маҳорату малакаи баландӣ тарҷумонӣ,ки меҳвари онро донистани забон ташкил мекунад зарур аст. Маҳз тарҷумаи дуруст сарчашамаи дигари омӯзиши забон маҳсуб мешавад. Дар ин маврид махсусияти тарҷумонро ёд кардан, ки аз дарки ҳаматарафаи  ҳадафи нависанда ва дониши васеи шинохти забони модарии худ, қонунҳои тарҷума иборат аст, айни матлаб мебошад.

5. Таълифи асарҳои  адабӣ,бадеӣ ва илмӣ аз ҷониби олимон ва адибон низ аз дастуроти Пешвои миллат дар густариши забони миллӣ мебошад. Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, “ Имрӯз майдони сухан барои аҳли эҷод фарох аст. Шумо асарҳои баландғоя  эҷод намоед, онҳо, албатта , бо  дастгирии Ҳукумат нашр  хоҳанд  шуд.  Эҷоди асарҳои пурмазмун  ва  таблиғкунандаи арзишҳои волои  милливу умумибашарӣ  барои тарбияи  кӯдакону наврасон хеле муҳим мебошад”(2.603). Дар мавриди эҷоди осори адабӣ Пешвои миллат баробари арзиши онҳо дар рушди тафаккур, ҷаҳонбинӣ ва бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, ҳамчунин такомул ёфтани забон ва ғановатмандии онро дар назар доранд. Ба иборати дигар, адабиёти бадеӣ танҳо инъикосгари воқеа ва ҳодиса набуда, балки аз лиҳози қолаби баён ва усули зикр шоисати омӯзиш мебошад. “Дар романҳову достонҳо некиву бадӣ, дӯстиву душманӣ, дурустиву нодурустӣ, ростиву кажӣ, якрангиву дурӯӣ, вафову хиёнат, ишқу  нафрат,  меҳрубониву хушунат ва амсоли инҳо дар канори ҳам қарор дода мешаванд, то хонанда беҳтар ва бештар биомӯзад ва панди бихрадонаи нависандагонро бо ҷону дил бипазирад ва бо роҳе равад, ки ба шодкомиву хушномӣ расад ва беҳрӯзиву пирӯзиро ба даст оварад.”(2.605).

6. Нашри осори адабии классикон низ яке аз воситаҳои омӯзиши забон? хосcа забони ноби классикӣ мебошад. Эмомалӣ Раҳмон ба мероси адабиву фарҳангӣ ва илмии гузаштагони мо дар баробари эҳтиром, муҳаббати бепоён доранд ва дар барномаи фарҳангии кишвар табъу нашри осори адибони классикӣ нақши меҳварӣ дорад. Эмомалӣ Раҳмон мероси гаронбаҳои ниёгонамонро, ки ганҷинаи бузурги маънавӣ мебошад талқин менамоянд, ки барои тарбияи мардум дар рӯҳи худогоҳию ватандӯстӣ равона кунем. Зеро илм, дониш, ҳикмат, фалсафа, панду андарз, ҳунари эҷод куҳнагиро намепазирад ва барои имрӯзиён он раҳнамову дастури зиндагонист. Ғанӣ гардондани захираи луғавӣ аз забони ноби классикон яке аз вазифаҳои муҳими илми имрӯза ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода ҳамасола аз  Хазинаи эҳтиётии Президенти мамлакат  ҷудо шудани маблағҳо барои табъу нашри осори классикон ва рӯи кор омадани  садҳо  номгӯй китобҳои адибони гузашта шоистаи тазаккур аст. Президент дар  ин замина таъкид мекунад: “Он  китобҳоеро  бояд ба нашр расонд, ки рисолати таърихии миллатро равшан намоянд, неруи зеҳниро бедор кунанд, моро ба донишандӯзию ҷаҳоншиносӣ  бихонанд, оташи муҳаббатро  ба  Ватан, обу хоки поки он, рамзҳои муқаддаси миллӣ дар  дили мардум барафрӯзанд”(2.656).

7. Яке аз масъалаҳои муҳим дар густариши забони тоҷикӣ, ин номгузорӣ, чи номи одам, чи номи мавзеву макон мебошад. Номҳо чеҳраи воқеӣ ва таърихи гузаштагони ҳар қавму миллат мебошанд, ки бо мурури замон тағйир ёфтаанд. Дар шакли дуруст барқарор кардани онҳо маънои дар дилу ҳофизаи насли имрӯз зинда кардани рӯзгорони пурифтихори гузаштагон ва ному кори некӣ онҳоро дорад. Ба қавли Пешвои миллат, “Яке аз масъалаҳои муҳим барои таърихи миллат ин гирдоварӣ ва омӯзишу таҳқиқи дақиқи номҳои ҷуғрофӣ мебошад. Бар асоси таҳқиқоте, ки аз ҷониби донишмандони хориҷӣ ва ватанӣ анҷом гирифтааст, ҳар як номи ҷуғрофӣ дар асоси манбаъҳои хаттӣ бояд мавриди омӯзиши илмӣ қарор дода шавад. Номҳои ҷуғрофии минтақа ба таъриху сарнавишти миллат иртибот дошта, таърихи рушду такомули забони моро инъикос менамоянд”(2.660).

  Номгузорӣ ба фарзандон низ як рукни муҳими фарҳанг маҳсуб мешавад. Гузоштани номи зебо ва пурмазмун яке аз дастуроти ҷиддии Эмомалӣ Раҳмон марбут ба забон ва эҳтироми он мебошад. Номи тоҷикӣ нишони симои миллӣ доштани инсон аст ва  дар ниҳоди онҳо орзую омол, эътиқоду эҳтиром, наҷобату шараф, арзишҳои иҷтимоӣ, завқ ва салиқаи зебоишиносии миллӣ инъикоси возеҳ  ёфтаанд. Инҳо чанд нуктае буданд оид ба фаъолияти амалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифз, тозагӣ, инкишоф ва омӯзиши забони тоҷикӣ.

Амонзода Матлуба Сатториён,

докторанти Институти забон ва адабиёти ба номи

Абӯабдулло Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарчашма ва адабиёт: 

1.Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат,19.03.2018, шаҳри Душанбе.

2.Воҳид Ғаффорӣ, Зафар Сайидзода.Эмомалӣ Раҳмон дар оинаи замон. Душанбе: Контраст, 2015. -804 саҳ.

3.. Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат ҳастии миллат. Китоби 1. Ба сӯйи пояндагӣ. Душанбе: “Эр-граф”, 2016.- 516 с.

Хондан 1281 маротиба