Нусхаи чопи
Панҷшанбе, 03 Майи 2018 08:01

Фарҳанги мардумӣ – бозтоби ҳувияти ҳунарӣ (чанд мулоҳизаи куллӣ)

Муаллиф:

 

 Аз бозе ки инсон худро дар баробари ҳастӣ ва мушкилоти рӯзмарраи зиндагӣ шинохт, бо фарҳанг сари кор гирифт ва онро ба сифати ҳастаи муносибатҳо ва меъёри шинохти табиат, ҷамъият ва кайҳон пазируфт. Зимнан, агар инсон дар муҳити биологӣ ба арсаи вуҷуд қадам ниҳода бошад, бо фарҳанг ба фазои сохтану офариш ворид гардид ва олами пешорӯйи худро аз нав тавлиду бозсозӣ кард. Бар ин мазмун, фарҳанг маҷмӯаи дастовардҳои моддию маънавии инсон дар тӯли таърих аст ва раванди таъсироти мақсаднок ва ҳадафманди инсон ва ҷомеаи инсониро ба табиат дар идомати ҳастӣ талаққӣ мекунад. Аз ин ҷост, ки комплекси илму донишҳо, бинишу ҷаҳонфаҳмиҳо, фаросату фазилатҳо, ибтикороту ташаббусҳо ва иқдомоту роҳкорҳои инсонӣ, ки бар таҳаввулоту тараққиёт сабаб мегарданд, фарҳанг номида мешаванд.

  Фарҳанг дар ҳар шакле баёнгари ҳунари созандагӣ ва офаринандагии инсон аст. Инсон, бо истифодаи имконоти зеҳнӣ, фикрӣ, ақлонӣ, ҷисмонӣ ва иродавии худ даст ба иқдоме мезанад, ки на танҳо барои худ, балки барои дигарон ҳам манфиат меоварад ва рӯҳи манфиатоварӣ ва манфиатбахшӣ меҳвари кори фарҳангиро ташкил медиҳад. Кори фикрӣ ва амали дастӣ, ки аввалӣ, ба василаи ба кор андохтани дастгоҳи мағзӣ-зеҳнӣ ва дигарӣ, тавассути фаъолсозии механизми ҷисмонӣ-баданӣ имконпазир мегарданд, тайи асрҳои тӯлонӣ ҷисму рӯҳи инсонро тамрин дода, фарҳанги моддию маънавиро асос гузоштаанд. Бар мабнои шинохти ҳувият ва фарогирии аносири фарҳангӣ инсоният аз қадимтарин замонҳо ба эҷоду офариниш даст зад, то ки мушкили худ ва дигаронро осон намояд. Аз ҷониби дигар, тавассути эҷод ва офаридани ашёи моддӣ ва осори маънавӣ қишрҳои фикрӣ ва ҳунармандӣ халои фикрӣ, маданӣ, ҳунарӣ ва иҷтимоиро, ки боиси ташаннуҷи буҳронҳои гуногуни маишӣ мегардид, бартараф карда, авзоро як навъ муътадил менамуданд. Дигар ин ки аз роҳи сохтану пардохтан ва тавлид намудан барои наслҳои баъдӣ мероси арзишманди ҳунарӣ боқӣ гузоштаанд, ки дар сафаҳоти таърихи миллию мардумӣ абадан сабт гардидаанд. 

  Табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ, махсусан косибону ҳанармандон, ки аз тариқи кори дастӣ нон мехӯрданд ва рӯзгор мебурданд, дар раддабандии иҷтимоӣ ҷойгоҳи вижа доштанд. Онҳо бо ҳунари дастӣ ва дасткориҳои беназири худ миёни мардум маъруфият пайдо кардаанд ва касбу ҳунарашон аз насл ба насл гузашта, он асолати ҳунарӣ то имрӯз ҳалқаҳои фарҳанги мардумиро мустаҳкам нигоҳ доштааст. Мусаллам аст, ки раванди ҷаҳонишавӣ солҳо боз бо суръати кайҳонӣ вориди тамаддуни миллию мардумӣ шуда, баданаҳои иҷтимоиро, ки бар мабнои фарҳанги бумӣ шакл гирифтаанд, сусту заиф сохта истодааст, вале ҳунарҳои мардумӣ ба унвони муҳаррики ҷомеаи миллӣ аз кор намонда, бо қуввати табиӣ механизмҳои ҷисмию равониро дар ҳаракат медарорад. Файласуфи шаҳири олмонӣ  Фридрих Нича ба ин ҷавҳари зиндагӣ (ҳунар) арҷ гузошта гуфта буд: «Ҳунар бузургтарин муҳаррики зиндагӣ аст». То замоне ки ин муҳаррик фаъол аст, имкони сиҳату солим бадар омадан аз лобалои хатарҳои гуногуни имрӯзӣ, ки ҳамарӯза инсонро дунболагирӣ мекунанд, даст медиҳад.

  Фарҳанги мардумӣ, ки дар осори ҳунарӣ ва дасткориҳои табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ, хоссатан, косибону ҳунармандони халқӣ инъикос ёфтааст, таҷассумгари рӯҳи миллию мардумӣ дар таърихи ватанӣ ба шумор меравад. Муҳимтар аз ҳама, ҳунарҳои дастӣ, ки аз сиришти ҳунарӣ, диди хос, табъи нозук, нафосати эҷод, фаросати баланд ва ҷаззобияти касбӣ шаҳодат медиҳанд, ҷанбаи ҳувиятӣ доранд. Аз ин ҷост, ки ҳунарҳои мардумӣ читгарӣ, заргарӣ, зардӯзӣ, қолинбофӣ, адрасбофӣ, дуредгарӣ, кандакорӣ, мисгарӣ, оҳангудозӣ ва амсоли инҳо, ки собиқаи тӯлонии таърихӣ дошта, тавассути пиру мурид, устоду шогирд аз насл ба насл гузашта, беосеб то замони мо омада расидаанд, аз мушаххасоти ҳувиятии мардуми тоҷик ҳисобида мешаванд. Ба сухани дигар, ҳунармандӣ аломат ва нишонаи сириштӣ ва зотии мардуми тоҷик мебошад ва дар баробари асолатҳои дигари миллӣ, аз рӯйи ин аломат ҳам сатҳи зеҳниёт(ментальность) ва ҳувият(идентичность) санҷида мешавад. Ҳунарманди мардумӣ ҳангоми офаридан дар як ҷараён ё ба истилоҳ, протсесси мушкили эҷодӣ қарор мегирад ва талошу заҳматҳои пайдарпай ва мутавотири ӯ бор меоваранд.

  Ҳамин тариқ, ҷараёни сохтану офаридан, чи аз лиҳози назарӣ ва чи аз ҷиҳати амалӣ содаву осон нест. Тамаркуз додани зеҳн, дар зеҳн парвариш додани тарҳҳои ҳунарӣ, дар хотир нигаҳ доштан ва пасон, дар коргоҳи ҳунарӣ дар шакли амалӣ офаридани ашё мароҳили раванди эҷодиест, ки як ҳунарманди мардумӣ аз миёни он убур мекунад ва ба мақсад мерасад. Акнун тасаввур кунед, ки як ҳунарманди мардумӣ (аз содатарин анвои ҳунарӣ шурӯъ карда, то ба навъҳои мушкили он – заргарӣ, читгарӣ, намадбофӣ, қолинбофӣ, адрасбофӣ, зардӯзӣ, мисгарӣ, оҳангарӣ, кандакорӣ, наҷҷорӣ, гаҷкорӣ, таббохӣ ва монанди инҳо) барои сохтану офаридани ашё чӣ мароҳили мушкилро пушти сар мекунад ва чӣ машаққатеро аз сар мегузаронад? Ҳар кӣ дар коргоҳи эҷодӣ ва ҳунарии ҳунармандону косибони миллию мардумӣ будааст, хуб медонад, ки онҳо бо чӣ мушкилоте даргиранд. Устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо» аз баъзе ҳунарҳои мардумӣ ёдовар мешавад ва лаҳзаҳоеро аз ҷараёни кори косибону ҳунармандони мардумӣ ва барои намуна, омода кардани ин ё он навъи мураббо манзури хонанда мекунад. Азбаски падари устод Сайидмуродхоҷа косиб ва ҳунарманд буд, Айнии хурдсол аз синни наврасӣ бо коргоҳи падар ошноӣ пайдо карда, дар ҷараёни сохтусози ашё қарор гирифта буд. Аз ҷониби дигар, устод Айнӣ бо дақиқбинӣ, мушоҳидакорӣ ва фаросати тамом тавонистааст мушаххасоти ҳунари як идда косибони замонро мавриди тасвир қарор бидиҳад. Ин аст, ки устод дар тасвири косибони замон ва ҳунари онон дасти тамом доштааст (бо даст додани фурсат дар ин маврид мақола хоҳем навишт).

  Ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла гаҷкорӣ, зардӯзӣ, зардеворӣ, бардеворӣ, гулдӯзӣ, даспонасозӣ, заргарӣ, гулдӯзӣ таърихи куҳан дошта, бозгӯкунандаи ҳаёти ороишӣ-тасвирӣ ва дар маҷмӯъ, зиндагии маишӣ-мадании халқи тоҷик мебошанд. Мардону занони тоҷик аз қадимтарин замонҳо, новобаста аз шароит ва вазъияти сиёсию иҷтимоӣ ба саноеи ороишӣ-амалӣ машғул шуда, на танҳо рӯзгори худро таъмин карданд, балки ҷузъи муҳимми фарҳанги мардумиро ҳифз ва умри касбу ҳунарҳои миллиро дароз намуданд.

  Аз таърих медонем, ки дар замонҳои гузашта дар бозорҳо ба маҳсулоти косибони маҳаллию хориҷӣ растаҳо ихтисос дода мешуд ва муштариёну харидорон ашёи зарурии худро аз растаҳои махсусгардонидашуда пайдо ва харидорӣ менамуданд. Ин суннат ва анъана то имрӯз аз байн нарафтааст ва дар бозорҳои деҳоту музофот ба назар мерасад. Имрӯз ҳам, хушбахтона, касбу ҳунарҳои мардумӣ дар манотиқи гуногуни қаламрави ҷумҳурӣ арзи ҳастӣ карда, аз насл ба насл мегузаранд. Маҳсулоти ҳунари дастии косибону ҳунармандони маҳаллӣ ва шаҳриро дар бозорҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ метавон мушоҳида кард. Махсусан, дар баъзе бозорҳои марказии шаҳру навоҳӣ (аз ҷумла дар бозори марказии шаҳри Истаравшани вилояти Суғд) растаҳои алоҳидаи косибони маҳаллӣ вуҷуд доранд ва мардум маводи мавриди писандашро бо нархи дилхоҳ харидорӣ мекунад. Мутаассифона, дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳунарҳои дастӣ ва ороишӣ-амалӣ фаъол нестанд ва сохторҳои марбутаи расмӣ дар эҳёи суннату анъаноти миллию мардумӣ камфаъоланд. Маҳз камфаъолиятӣ ва фориғболӣ дар ин замина давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор сохт, ки тасмимоти ҷиддие рӯйи даст бигирад ва соли 2018-ро ба унвони Соли рушди сайёҳӣ ва фарҳанги мардумӣ эълом дорад.

  Ростӣ, сайёҳӣ ва фарҳанги мардумӣ то ҷое ба ҳам тавъаманд. Ба ин далел, ки гардишгарон ва сайёҳони хориҷӣ бештар ба суннат ва анъаноти мардумӣ таваҷҷуҳ доранд ва ҳангоми сафар, ғолибан ба самти ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги миллӣ мутаваҷҷеҳ мешаванд, то бо таассуроти хубе мамлакати моро тарк кунанд. Гузашта аз ин, харидорӣ кардани туҳфаҳои махсус(сувенир) аз ҷониби гардишгарони хориҷӣ, ки дар бисёр мавридҳо аз ҳисоби молу колои ҳунармандони мардумӣ иттифоқ меафтад, воситаи хуби муаррифии фарҳанги миллӣ дар миқёси минтақавӣ ва байналмилалӣ аст. Ба ҳар сурат, фарҳанги гардишгарӣ ҳамин чизро тақозо мекунад, бинобар ин, дастандаркорони самтро зарур аст, ки дар бозорҳои марказӣ ва маҳаллӣ растаҳои махсуси молу колои дастӣ ва амалӣ-ороишӣ ташкил дода, ба ин васила фазои нокомили бозориро бо маҳсулоти косибону ҳунармандони маҳаллию миллӣ комил созанд.

  Воқеан, тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ кори дастаҷамъона аст. Онро наметавон кори як ниҳод донист, зеро ки фарҳанги мардумӣ ба мардум иртиботи бевосита дорад ва вуҷуду ҳастӣ ва идомати зиндагии миллиро аз оғоз то имрӯз дар худ инсиҷом бахшидааст. Ба таври куллӣ, фарҳанги мардумӣ бозтоби ҳувияти ҳунарии халқи тоҷик аст ва ҳифзи ин ҳувият рисолати таърихӣ, маданӣ, иҷтимоӣ ва инсонии мост.

    Н. Нурзода

 

Хондан 1628 маротиба

Матлабҳои дигар аз Равшанфикр