JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 30 Августи 2017 09:41

Фоҷеаи бисёрзанӣ ва зиёни никоҳи хешутаборӣ

Муаллиф:

  Бисёрзанӣ ё худ полигамия падидаест, ки дар ҷомеаҳои ибтидоӣ пайдо шуда, то ба имрӯз дар баъзе ҷомеаҳо боқӣ мондааст. Ин ҳамон расмест, ки як мард метавонад чанд зан гирад. Бо расидан ба асри санъатӣ ва боло рафтани огоҳиҳои инсон бисёр ҷомеаҳо аз ин расм даст кашидаанд. Танҳо дар баъзе минтақаҳо боқӣ мондааст, ки бештар вобаста ба боварҳои динӣ-хурофотӣ аст. Қудсияти ин боварҳо сабаб шудааст, ки ин одат баррасии дуруст намешавад ва аз миёни ин ҷомеаҳои боварманд бардошта намешавад.

Сомонаи BBC рӯзи 26 июли соли ҷорӣ матлаберо бо қалами Зария Горветт таҳти унвони “Шаҳраки полигамӣ рӯ ба рӯи фоҷеа” интишор кард, ки пажуҳиши журналистие дар мавриди зиёнҳои бисёрзанӣ аст. (http://www.bbc.com/future/story/20170726-the-polygamous-town-facing-genetic-disaster)

Дар як минтақаи дурдасти ИМА, шаҳраке бо буҳрони тандурустӣ, ки бо сабаби жени рукуткунанда ба вуҷуд омадааст, дастбагиребон аст. Сабаб чист? Инҷо бисёрзанӣ ҳоло ҳам таҷриба мешавад. Ин раванд аз миёнаҳои асри 19 оғоз шуда буд, ки онро роҳиби калисои насронӣ Бригам Янг асос гузошта буд. Баъдан дар соли 1930 ин расм аз ҷониби ҳукумати дунявии ИМА мамнуъ эълон карда шуда, барои онҳое ки итоат намекунанд ҷазоӣ зиндонӣ шудан ва ҷаримаи ҳангуфт (10 000 доллати ИМА бо пули имрӯза) муқаррар карда шуд. Мазҳабиёни мутаассиб барои давом додани кори худ ҷойи нав ҷуста, дар як минтақаи дурдасти Иёлоти Юта дар наздикии сарҳади Аризона дар шаҳраке бо номи Шот Крик ҷойгир шуданд ва ба одати деринаи худ, пинҳонӣ аз ҷашми дурбини маршалҳои федеролӣ, идома доданд.

Натиҷаи ин одати бисёрзанӣ дар ин ҷомеаи пушида, баъди чандин даҳсолаи мамнуъ шуданӣ бисёрзанӣ, дар соли 1990 пайдо шуд. Доктор Теодор Тарбӣ мутахасис дар соҳаи бемориҳои нодири кӯдакона, дар мисоли як писари 10 сола натиҷаи таҷрибаи бисёрзаниро ба намоиш гузошт. Ин писарбача симои зоҳирии ғайримуқарарӣ дошт. Пешонии кушод, гушҳои поён ҷойгиршуда, чашмони аз меъёр калонтар ва ҷоғи хурд дошта, ҳамзамон қобилияти маҳдуди ҷисмониву равонӣ дошт. Доктор Теодор Тарбӣ тамоми санҷишҳои муқаррарии тиббиро гузаронида, пешоби кудакро ба озмоишгоҳе фиристод, ки махсус бемориҳои нодири кӯдаконаро муайян мекарданд. Маълум шуд, кӯдак ба касалии нодири “норасоии фумарас” гирифтор аст, ки бар сари ҳар 400 миллион одам яке рост меояд. Инро дар аввал ба як бетолеии ин кудак нисбат доданд, вале баъдтар дарёфтанд, ки хоҳари ин кӯдак ҳам гирифтори чунин беморӣ будааст.

Дере нагузашта дар ҳамкорӣ бо ҳамкасбон аз Институти асабшиносии Нарров  ҷамъ 8 каси дигарро бо чунин чунин беморӣ дар ҳамин шаҳраки Шот Крик муайян карданд, ки аз 20 моҳа то 12 сола буданд. Ҳама ин беморҳо нишонаҳои зоҳирии якранг доштанд, ҳамон ақибмондагӣ дар рушди ҷимонӣ доштанд, ки аксарашон нишаста наметавонистанд, дар танҳоӣ сайругашт карда наметавонистанд.

Масъалаи диқатҷалбкунанда ин буд, ки ин беморон аз ҷомеае баромаданд, ки дар он бисёрзанӣ вуҷуд дошт. Дар ин ҷомеаи кучаки пушидаи Калисои бунёдгарои Исои Масеҳ аз пайравони муқаддаси охират (КБИМПМО), эҳтимоли тавлид шудан бо бемории “норасоии фумарас” миллион маториба аз ҳисоби миёнаи ҷаҳонӣ зиёдтар аст.

Ин беморӣ бар асари фароянде аст, ки барои клеткаҳои мо энержӣ фароҳам мекунад. Махсусан, ин бар асари сатҳи ками ферментҳо- фумаразҳо- аст, ки ба ҳаракати энержӣ дар клеткаҳо кумак мекунад. Аз замони миллиард сол қабли пайдошавии фумараз он ҷавҳари ҳаёт барои ҳар организми зинда дар руйи Замин гашт.  Барои онҳое, ки намуди вайроншудаи онро ба мерос мегиранд, оқибатҳо фоҷеаовар мешаванд. Ҳарчанд мағзи сари инсон танҳо 2 дарсади вазни умумии онро ташкил медиҳад, клеткаҳои он хеле энержиталаб буда, тақрибан 20 дарсади энержиро масраф мекунанд. Дар натиҷа, беназмии метаболик (сухту сози бадан) ба монанди норасоии фумараз органҳоро хароб мекунанд, ки саранҷом ба ақибмондагии рушд ва шаклгирии ғайритабиии бадан оварда мерасонад.

Яке аз аъзоёни КБИМПМО бо номи Фейс Бистлин, ки соли 2011 онро тарк кард, 5 бародарзодаи гирифтор ба ин бемориро дорад. Ӯ мегӯяд, ки онҳо куллан ҷисман ва руҳан ғайри фаъол ҳастанд. Калонтарини онҳо дар дусолагӣ кушиши роҳравӣ мекард, аммо баъдтар аз он ҳам монд ва имрӯз ба ба сисолагӣ расидааст, ҳатто хазида рафта ҳам наметавонад. Ҳамаи онҳо бо лулаҳои ғизохурӣ хурок мехуранд ва тақозои 24 соат нигоҳубинро доранд.

Норасоии фумараз аз сабаби рукуткунада буданаш аз бемориҳои камшумор аст ва танҳо дар ҳоле ба вуҷуд омада рушд мекунад, ки инсон ду жени вайроншуда аз ҳарду волидон ба мерос гирад. Барои муайян кардани сабаби аз ҳисоби миёна ба маротиб зиёд будани ин беморӣ дар шаҳраки Шот Крик торихи ин ҷамоа аз миёнаҳои асри 19-ум омӯхта шудааст. Дар баробари раҳбарии Калисои Мормон, Бригам Янг Шаҳри Солт Лейк Ситиро бунёдгузорӣ мекунад, ки дар давоми чанд даҳа аз як минтақаи камаҳолӣ ба як шаҳри полигамии утопиявии сераҳолӣ табдил ёфтааст. Аммо баъди мамнуъ кардани бисёрзанӣ ин ҷамоа ба дигар ҷой рафтанд ва дар шаҳраки Шот Крик ба расми худ идома доданд. Дар инҷо дар аксари оилаҳо на камтар аз се занӣ ҳаст, аз ҷумла  Бистлин ҳам се модар ва 27 бародару хоҳар дорад. Бистлин мегӯяд, ки дар бовари ин мардум, барои ба биҳишт даромадан бояд дар ҳар оила ҳадди ақал се зан бошад.

Дар ҷамъиятҳои полигамидошта, рангорангӣ дар издивоҷҳо нест ва дар чунин ҷомеаҳо никоҳҳои хешутаборӣ зиёд мешаванд. Дар Шот Крик ду насаб аксари насабҳоро ташкил мекунанд. Мувофиқи маълумотҳои торихшиносони маҳалӣ Бенҷамин Бистлин, 75-80 дарсади мардуми ин шаҳр ворисони ду роҳиб Ҷозеф Ҷесоп ва Ҷон Барлов ҳастанд. Ин ҳама хуб аст, аммо дар чунин шароит дар ҳама гирду атроф хешутабор бо ҳам зиндагӣ мекунанд ва хатари ба ҳам омадани ду жени вайроншуда дар кудак хеле зиёд мешавад.

Бо мавҷудияти бисёрзанӣ гуногунии умумии генетикӣ коҳиш меёбад, чунки мардҳои камшумор дар таъсиргузории наслҳои баъдина иштирок мекунанд. Дар чунин ҷомеаҳо мушкили таркибӣ ба вуҷуд меояд, агар як мард чанд зан гирад чанд марди дигар безан мемонад ва аз ҷомеа ронда мешаванд ва ин мушкили гуногунии генетикиро печидатар мекунад.

Норасоии фумараз дар женҳои Ҷозеф Ҷесоп ва ҳамсари аввалини ӯ Марта Йитс мавҷуд будааст. Яке аз духтарони онҳо бо Ҷон Барлов ба шавҳар мебарояд ва дар давоми ин солҳо шахсоне, ки дорои чунин ген ҳастанд ба ҳазор нафар расидааст.

Ин ҷамоа дар дунёи имрӯз танҳо нест. Бисёрзанӣ дар Африқо ҳам зиёд паҳн гаштааст. Марти соли 2014 парлумони Кения қонуне қабул кард, ки ба мардҳо иҷозат медиҳад чанд зан дошта бошад. Дар ғарби ин қора бошад бисёрзанӣ ҳазорҳо сол боз таҷриба мешавад. Ин одат бо худ бемориҳои тасодуфии зиёдро ба дунбол дорад. Дар Камерун олимон ҷамоаи полигамиеро ба қайд гирифтанд, ки дар он бемории лактаи забонӣ аз меъёр ба маротиб зиёд буд.

Ҳамаи ин баёнгарӣ он аст, ки дар ҷомеаҳои пушида, бисёрзанӣ ба наздик шудани женҳои сокинон оварда мерасонад ва дар ҳоли издивоҷ кардан бо ҳамдигар, ки дигар бо ҳам хешутабор ҳастанд, хатари ба бемориҳои гуногуни генетикӣ гирифтор шудани фарзандон ба маротиб зиёд мегардад.

 

Матлаби дигаре вобаста ба ин мавзӯъ дар сомонаи дигаре бо номи www.paulgolding.org.uk бо номи “Таъсири садсолаҳо таҷрибаи никоҳи хешутаборӣ дар миёни мусалмонон: қобилияти зеҳнии паст, хушунат ва терроризм” нашр шуд, ки натиҷаи тадқиқотҳоро доир ба ин масъала нишон медиҳад. (http://www.paulgolding.org.uk/effects-of-centuries-of-extreme-inbreeding-among-muslims-low-iq-violence-and-terrorism/)

Лиз Эголм мудири собиқадори мактаб дар ноҳияи аксаран мусалмоннишини Копенгаген, Дания, чанде пеш дар мавриди хомушӣ ихтиёр кардан дар баробари ба таври васеъ паҳн шудани никоҳҳои хешутаборӣ миёни мусалмонони ин минтақа ҳушдор дода буд. “Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки маргу мири навзодон дар баробари хатари баланди бемориҳои ирсӣ дар оилаҳои бо никоҳи хешутаборӣ бу баробар зиёд шудааст, ҳамчунин афзоиши мизони таваллуд бо ноқисиҳои модарзодӣ ва вижагиҳои ирсии ақибмондагӣ дар рушди ҷисмонӣ дар чунин оилаҳо зиёд ба назар мерасад. Вақти он аст, ки дар ин мавзӯъ изҳори нигаронӣ кард. Мо бояд дар бораи ин мушкилӣ суҳбат кунем. Ҳар як оила мехоҳад кудаконаш тансиҳат бошанд. Хушбахтона мо дар ҷомеае зиндагӣ мекунем, ки шароити мусоидро барои солим таваллуд кардани кӯдакон фароҳам овардааст. Танҳо чизе ки солҳо боз манро нигарон мекунад, ин аст, ки чаро мо дар мавриди никоҳи хешутаборӣ гуфтугӯ намекунем ва ё онро манъ намекунем.”

Дар ҳоле ки дар кишварҳои нисбатан ақибмондаи мусалмоннишин доир ба ин масъала баҳсу мунозираҳо зиёд мешаванд, дар кишварҳои ғарбӣ баррасии мушкилиҳои женетикии баромада аз никоҳи хешутаборӣ нодуруст ба ҳисоб меравад.

Оморҳо баёнгари он ҳастанд, ки ба ҷуз чанд кишвар, дигар ҳама кишварҳои мусалмоннишин дараҷаи баланди никоҳи хешутаборӣ доранд ва ин садсолаҳо боз таҷриба мешавад. Сабаби ин қисман дин аст. Худи Муҳаммад никоҳи хешутабориро таҷриба кардааст ва аз рӯйи Қуръон, Аллоҳ никоҳи хешутабориро иҷозат медиҳад. (Қуръон 4. 23-24)

Шумораи зиёди мушкилиҳои зеҳнӣ ва ҷисмонӣ ҳосили издивоҷҳои хешутаборон аст, ки ба он болоравии хатари депресия, шизофрения ва ақибмондагии зеҳнӣ дохил мешаванд. Ақибмондагии зеҳнӣ дар миёни кӯдакони дар оилаҳои дорои никоҳи хешутаборӣ тавлидшуда нисбати оилаҳои муқаррарӣ тақрибан панҷ баробар зиёд аст. Ба ҳисоби миёна, никоҳи хештаборӣ боиси аз 10 то 16 зина паст шудани қобилияти зеҳнии (IQ) кӯдак мегардад. Тавоноиҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳамдардӣ, дар миёни шахсони тавлидшуда дар оилаҳои хешутаборӣ рушди камтар доранд.

Натиҷаҳои маълуми издивоҷҳои хешутаборӣ, метавонад баёнгари он бошад, ки чаро муҳоҷирони шарқӣ ҳангоми супоридани санҷишҳои зеҳнии мақомоти ҳарбии Дания се баробар эҳтимолияти нагузаштани бештар доранд. Агар сухан дар мавриди корҳои илмӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ равад, мусалмонон танҳо 1/10 ҳиссаи онро ироа кардаанд. Сатҳи пасти қобилияти зеҳнӣ миёни мусалмонон ва бартарӣ додани имон бар илму дониши илмӣ метавонад сабаби он бошад, ки чаро дар ҳазор соли охир шумораи китобҳои тарҷумашудаба забони арабӣ баробар аст ба шумораи китобҳои тарҷумашуда ба забони испанӣ дар як сол.

Бар зами ин мушкилоти зеҳнӣ, хатарҳои зиёди бемориҳои женетикии вобаста ба издивоҷҳои хешутаборӣ, ки синдромҳои вазнини нуқсҳои ҷисмонӣ, бемориҳои вазнин ва коҳиши дарозумрӣ аз ҷумлаи онҳоянд, ба вуҷуд меоянд.

Аз руйи маълумотҳои полиси Дания, издивоҷи хешутаборӣ, аз сабаби паст будани қобилиятҳои зеҳнӣ, боиси даст задан ба амалҳои ғайриқонунӣ мегардад. Ин хулоса дар пайи тадқиқотҳои дарозмуддат дар масъалаи пайвастагӣ миёни аъмоли ғайриқонунӣ ва қобилияти пасти зеҳнӣ ба даст омадааст.

Чунин ба назар мерасад, ки мутақоид кардани ашхоси дорои зеҳни паст нисбатан осон аст ва метавон бо тафсири фундаменталии китобҳои муқаддас онҳоро бар зидди ғайримусалмонон, мусалмонон ва ҳатто аъзои оилаи худашон, ки тафсири таҳтуллафзии китобҳои муқаддасро қабул надоранд, равон кард. Онҳо бар зидди дигарон аз хушунат ва қатлу террор истифода мекунанд. Гурӯҳҳо ва ҳизбҳои террористӣ барои амалӣ кардани ҳадафҳои шуми худ аз зеҳни пастӣ чунин ашхос ба осонӣ суистифода мекунанд ва тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки бештари террористҳо гирифтори камбудиҳои зеҳнӣ ҳастанд. Камбудиҳои зеҳние, ки дар бештар маврид ҳосили издивоҷҳои хешутаборӣ ҳастанд.

Мамнуъ кардани издивоҷи хешутаборӣ сиёсатест, ки ба ҳама манфиат меорад. Ин метавонад миллион кӯдак ва волидонашонро аз ранҷи бемориҳои гуногун раҳо кунад. Ба зами ин, ин кор метавонад бо кам кардани шумораи шаҳрвандони маъюбу бемор, миллионҳо пули андозсупорандагонро сарфа кунад. Оқибат, мамнуъ кардани издивоҷи хешутаборӣ, ба эҳтимолияти зиёд, шумораи хушунат ва ҷинояткориро кам мекунад. Манфиатҳои мушобеҳ аз напазируфтани дархости шаҳрвандӣ аз ҷониби шахсоне, ки издивоҷи хешутаборӣ доранд, ҳам ба даст хоҳад омад.

 (Тарҷума ва таҳияи Меҳр Собириён)

Хондан 1922 маротиба