JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 04 Апрели 2019 04:18

Идеяи некӣ ва сарватмандӣ дар ҳаёти инсон

Муаллиф: Аслиддин САЛИМОВ
https://www.moneyschool.org.au/wp-content/uploads/2015/05/Throwing-money-away.jpg https://www.moneyschool.org.au/wp-content/uploads/2015/05/Throwing-money-away.jpg

  Яке аз асолатҳои замони мо ва хусусан, проблемаи равоншиносии навтарин, аз муайян кардани ҳаёти инсон, ки оё маҳсули воқеият ва ё истеъдод аст, иборат мебошад. Равоншиносони муосир Роберт Киёсакӣ, Ҷон Шоул, Боддо Шеффер, Наполеон Хил ва олими тоҷик Саидмурод Давлатов ба хулосае омадаанд, ки ҳаёти одамон маҳсули идеяҳояшон мебошанд. Онҳо худи ҳамин идеяро сарчашмаи комёбӣ ва нокомӣ мебинанд. Лекин инсонро маҳсули қобилият ва тарзи афкор ҳисобида,  муҳити иҷтимоиро батамом инкор намекунанд. Аз ин рӯ, яке аз масъалаҳои олии тамоми илми муосир, аз ҷумла антропология ва психология, аз равшан сохтани муҳити иҷтимоӣ ва дар он муҳит чӣ гуна ташаккул ёфтани шахсият иборат мебошад.

  То ҳол илм ҷавоби қонеъкунандаи масъалаи муҳит ва истеъдодро ошкор накардааст. Ҳар дуи онро аз ҳамдигар ҷудо тасаввур намудан монеаи ҷиддӣ барои шинохти воқеият мегардад. Чунки идеяҳо, назарияҳо ва ҳама чизи мавҷуда хосияти абадӣ надорад. Аз ҳамин сабаб Маркс аз шарҳ ва маънидод кардани ҳаёти инсон дида, дигаргун сохтани онро афзал медонист. Лекин худи ӯ исбот мекард, ки “одамон пеш аз он ки бо сиёсат, илм, санъат, дин” машғул шуда тавонанд, дар навбати аввал бояд “хӯранд, нӯшанд, хонаю ҷой ва сару либос” дошта бошанд. Аммо имрӯз иддае аз инсонҳо дар дунё бо сабабҳои сердаромадӣ контрол кардани шахсияти худро аз даст додаанд, гурӯҳи дигар бо сабабҳои танқисии молиявӣ ба ҳар гуна амалҳои бадахлоқӣ даст мезананд. Чунин одамон ба ҳамин сабаб худро нашинохтанд, ба ҷони худ ҷавр кардаанд, ба эҳсосот дода мешаванд. Шахсияти худро эҳтиром карда натавонистанд. Инсон барои он ки саломатии тани худро нигоҳ дорад, бояд ӯ аввал идеяи солими ҷисмро дошта бошад. Аксарияти инсонҳое, ки ба сахттарин бемориҳо (СПИД) гирифтор шудаанд, маҳз одамони аз лиҳози ҷаҳонбинии тиббӣ ақибмонда мебошанд. Шахсиятҳое, ки аз худ қаҳрамониро ба мерос гузоштаанд, онҳо аз ҳар ҷиҳат идеяи қаҳрамониро доштанд. Ба ҳамин тариқ ба хулосае омадан мумкин аст, ки инсон ба ғайр аз муҳити ҷамъиятӣ  маҳсули истеъдод, идея, қобилият мебошад.

 Идеяи некӣ

  Ман фикр мекунам, ки инсон бояд мисли Замин бошад. Ба монанди он ки ҳама чизи хушкро Замин сабз месозад, инсон низ қобилияти дигаргун сохтани ҷаҳонбинии худ ва одамони дар як давр зиндагикунандаро дорад. Аммо боз ҳамин инсон аст, ки дар рӯи Замин тухми сулҳу ҷангро мекорад. Онро ба мерос мегузорад. То рӯзе, ки мо ҳастем, проблема ҳаст. Аммо ҳамаи инсонҳои номуваффақ аз муаммоҳо фоҷиа месозанд. Аз нигоҳи мо идеяи некӣ ва бадӣ моҳияти инсонро ташкил медиҳад. Даст задан ба некӯкорӣ на ба хотири қаҳрамонӣ ва шуҳратпарастӣ, балки болотар аз он-расидан ба мартабаи инсонӣ мебошад. Ба вуҷуд омадани хислати некӯкорӣ азалӣ набуда, он маҳсули тарбия ва муҳити иҷтимоӣ мебошад. Ман фикр мекунам ҳама чиз аз байн меравад, аммо некӣ хусусияти ҷовидонӣ дорад. Инсонҳо дар натиҷаи тарбия ислоҳ мешаванд ва ба корҳои бузург даст мезананд. Лекин моҳияти тарбия асоси хислатҳои одамонро ташкил медиҳад. Инсонҳо мумкин аст, дар рӯҳияи бадахлоқӣ тарбия гиранд ва дар муҳити носолим ба воя расанд. Одамон маҳсули тарбияе мебошанд, ки аз кӯдаки ба онҳо таълим додаанд. Агар дар ҷомеа бадахлоқӣ зиёд аст, ба ин тарбиядиҳандагон гунаҳкор мебошанд. Мо бо идеяҳои некӯкорӣ аз инсонҳо нобуд кардани қувваҳои бадиро, ки дар вуҷуди онҳо зуҳур дорад, баркандан мехоҳем. Аммо чунин тарбияҳои некхоҳонаро аз кӯдакӣ, навҷавонӣ, ҷавонии инсонҳо оғоз намудан зарур аст. Некӣ идеяи абадӣ мебошад. Ҳеҷ як андеша монанди он одамонро ба ҳамдигар наздик намесозад. Фикри некӣ ба некӣ ва фикри бадӣ ба бадӣ мебарад. Нахуст инсонҳо бояд тафаккур, тасаввур, хислат, ҷаҳонбинӣ, ботин, ақида ва дигар муҳимтарин арзишҳояшонро рушд диҳанд. Барои рушд додани ин арзишҳо одамон ба як таълимоти ҷиддӣ ниёз доранд. Ҳамаи одамон мувофиқи ахлоқашон ва ақлашон амал мекунанд, аммо боз дар навбати худ ба иштибоҳҳои таърихӣ даст мезананд. Хатогиҳо маҳсули сустии ҷаҳонбинии одамон ва тасаввуроти носолим нисбат ба ҳаёт мебошад. Хатогиҳо хусусияти  зиёдшавӣ ва бозтакроршавиро доранд. Танҳо халқҳои солим тарбия аз гузаштаи пурифтихор ва ноком метавонанд, ибрат гиранд. Некӣ намудан бар одамон, торикиҳои равонӣ ва норасоиҳои инсонро аз байн мебарад. Некӯкорӣ одамонро аз бешарафӣ ва корҳои ҷинояткорӣ боз медорад. Ба назари мо, адолат дар некӯкории умум ҳосил мешавад. Одамони эгоист ҳеҷ гоҳ забонашон бо қалбашон мувофиқ намеояд. Бо ин гуна одамон наздик будан боиси коҳиш ёфтани хирад ва ахлоқ мешавад. Одамони дурӯя ҳамеша дар зиндагӣ аз фаъолияти шахсиятҳои нотакрор маҳдудият меҷӯянд ва ба иштибоҳ роҳ додани ононро мунтазир мешаванд.  Дар бисёр лаҳзаҳои муҳимми ҳаёт ин ранг одамон ба дигарон такя намуда, аммо дар вақтҳои заруриашон худро аз мардум пинҳон мекунанд. Вафодорӣ ва содиқ будан ба арзишҳои азалии инсонӣ барои онҳо беаҳамият мебошад. Инсонҳое, ки ба воситаи фиреб ба шӯҳрат майл доранд, бояд аз чунин фикрҳои маҳдуд ва амалинашаванда даст кашанд. Зеро ҳеҷ гуна бадӣ, то абад дар қабати пардаҳои ҳаёт пинҳон намемонад. Одамони якзабон ҳамеша дар муносибат ба халқ на аз рӯи мансаб, на аз рӯи шӯҳрат, балки бо сабаби нерӯҳои ақлонии ботиниашон баробар ба ҳамагон сухан меронанд. Дар замири чунин инсонҳо ҳаёт ва одамон арзиши муқаддас мебошанд. Маҳз одамон бо сабаби моҳияти ҳаётро дарк намуданашон некхӯ мешаванд. Аз ҳама чизи моддӣ арзишҳои маънавӣ боло гузошта мешавад. Дар ҳаёт инсонҳои якхӯ ҳамеша иродаи қавӣ ва маънавиёти мағлубнашаванда доранд. Инсонҳои зиёд некиро барои манфиатҳои шахсӣ мекунанд. Некӣ танҳо дар ҳамон вақт ба одамон рӯҳ мебахшад, ки аз ғаразҳо пок бошад. Зебоӣ ва шӯҳрати инсонро ҳаёт бо мурури даври худ аз байн мебарад ва ин ҳолат барои ҳамаи одамон яксон мебошад. Аммо одамон некӯкориро гоҳо дар масири зиндагӣ фаромӯш мекунанд. Сабаби чунин фаромӯшкориҳо сустии эътимоди одамон ба идеяи некӣ мебошад. Аксарияти инсонҳо аз ҳодисаҳои оддӣ ба дараҷаи баланди фикрӣ ва рӯҳӣ маюс мешаванд ва ба оянда умед бастанро ба худ ҳатто иҷозат намедиҳанд. Ин гуна инсонҳо ноумедиро ҳамчунон дар ботини худ ҷой додаанд, ки ҳама чизи воқеиро бад меҳисобанд. Дар чунин мардум хислатҳои эгоистӣ ва пессимистӣ ба андозаи боло рушд мекунад. Онҳо наметавонанд дар  ҳаёт хушбин бошанд. Ҳақиқат танҳо он чизе аст, ки онҳо меҳисобанд. Бинобарон мо дар ҳар гуна монеаҳои ҳаёт рӯҳафтода нашуданро ба инсонҳо зарур медонем. Ҳеҷ гуна ғаму дард, ормону ҳасрат, бадбинӣ ва бадфикрӣ ҳаётро тайғир намедиҳад. Одамон набояд ҳангоми навмедӣ аз ҳаёт ва сохти мавҷудаи иҷтимоӣ норозӣ гарданд. Зеро бо чунин роҳҳо ҳаракати ҷомеа ғайриимкон мебошад. Одамон ҳангоми нотавониҳояшон ба Худованд рӯ меоранд ва ҳамачиро аз ӯ мехоҳанд. Ҳамачиро аз Худованд талаб доштан нишони коҳилии инсонҳо мебошад. Одамон бояд ба ирода ва илм такя кунанд ва нақши худро дар зиндагӣ фаромӯш насозанд. Шодӣ ба саломатӣ ва сарватмандшавии одамон кӯмак мерасонад. Онро аз вуҷуди худ баркандан, нишони эҳтиром накардани шахсияти худ мебошад. Одамони зиёд ҳатто сабаби ғусса ва рӯҳан ранҷ кашиданашонро намедонанд. Аз ин рӯ, илм ва дониш бар он заруранд, ки ба қалби миллионҳо одамони рӯҳшикаста умед банданд. Ба назари мо заминаи ҷомеаи боадолат, маҳз аз хислатҳои миллӣ ва рӯҳияи умум иборат дониста мешавад. Ҳалли масъалаи шодӣ ва ғам аз нигоҳи мо сухани оромкунанда ва ё як чизи ба хаёлот асосёфта набуда, ҳамчун воқеият ба ҳаёти инсонҳо наздикӣ дорад. Ҳар гуна рӯҳияи шодмонӣ ва гамангез дар охир ба худ хос натиҷа меорад. Ҳар як шодӣ ба шодмонии дигар ва ҳар як рӯҳафтодагӣ ва рӯҳшикастагии дигар сабаб мешавад. Ҳар як эҳсосоти бад ба ҳаёти бад сабаб мегардад. Бинобарон ранҷро таҳаммул кардан, ба меҳнат одат намудан хеле муҳим мебошад. Ҳар як шахсият ҳаёти умумиинсониятро мушоҳида меронад ва дар ҳолатҳои ақибмондагӣ дидани зиндагии худ ва аз сабаби танқисии шароитҳои иқтисодӣ мумкин аст, ки аз ҳаёт дилгир шавад. Аз ин рӯ, мо тарафдори ғамандешии инсонҳо нестем, аз категорияҳои имконият, хушбахтӣ, комёбӣ, боварӣ, худсозӣ, ва фаровонӣ андеша намудан зарур медонем. Инсонҳо дар замин абадӣ намемонанд, лекин ҳамеша аз пайи расидан ба рӯзгори саодатманд шуда муттасил ба кӯшишҳои идеалӣ даст мезананд. Зеро ҳамин ахлоқ ва ақле, ки дар вуҷуди онҳо ниҳон аст, имкон медиҳад, то ба ояндаи худ умед банданд. Ҷомеаи бомаърифат маҳз ҳамон ҷомеаест, ки дар он инсонҳо ба ояндаи бузург доштани зиндагиашон эътимод доранд. Ба назари мо ҳар як шахсият бояд ранҷу алами дилро бар дили худ нигоҳ дорад ва вазнинии мушкилоти хештанро бар дӯши дигарон нагузорад. Аммо инсонҳо баъзан аз зудбоварӣ ва сустиродабуданашон дарду ранҷашонро ҳарчи зудтар ба дигарон изҳор мекунанд. Ин гуна муносибат метавонад эҳтироми шахсро дар назди атрофиён паст созад. Барои он, ки инсонҳо ҳамеша аз ҳаёт наноланд, бояд иродаи қавӣ, дили мустаҳкам ва дониши амиқ дошта бошанд. Вазифаи инсонҳои некӯкор аз умед бахшидан ба ҳаёти одамони заҳматкаш ва бепарастор мебошад. Ҳар як одамон новобаста аз иқтидори маънавӣ ва моддӣ дар баробари ҳам ба эҳтиром ва эътибор сазовор мебошанд. Аз ин лиҳоз, чунин баробарбинӣ натиҷаи идеяи некӣ мебошад, ки ба зиндагии дигарон умед мебахшад. Инсонҳо қобилияти шинохтани ҳамдигарро дошта бошанд ва барои дуруст шинохтани одамон зарур аст, ки дониш ва истеъдоди баланд дошта бошӣ. Зеро мумкин аст, ки бо сабаби таҷрибаи ҳаётӣ надоштан, инсонҳои бадахлоқро нексиришт пиндорӣ ва баръакс нобиғагонро девона ҳисобӣ. Ҳар он чизе, ки дар асоси дониш таҳлил намешавад, маҳз ҳақиқати дурӯғ мебошад. Ҳамаи одамон дар ботинашон қобилияти худсозӣ доранд, аммо бештари онҳо онро дарк намекунанд. Сабаби чунин нашинохтани ҳақиқат аз заифии шуур ва ҷаҳонбинӣ аст. Инсонҳо дар мавридҳои зиёд ба зоҳири фард нигариста ба шахсияти он баҳо мегузоранд. Одамоне, ки бо нигоҳи зоҳирӣ ба ҷаҳони ботинӣ баҳо медиҳанд, иштибоҳи бузург мекунанд. Инсон бояд ҳақро аз дурӯғ, некро аз бад, хирадмандро аз ҷоҳил, паҳрезкорро аз зишткор ҷудо карда тавонад. Мо ҷараёни шинохти одамонро аз амалкардҳояшон пай мебарем ва на аз тарзи суханпардозиҳои философиашон. Инсонҳо дар мавридҳои зиёд дар бобати шинохти ҳамдигар ба иштибоҳ даст мезананд. Тавассути эҳсосот фикри ҳамдигарро қабул мекунанд ва бо ҳамин ҳиссиёт мехоҳанд эътиқод варзанд. Ҳар чизе, ки бо эҳсосот қабул мешавад дар охир мумкин аст, ки пушаймонӣ орад. Аз ин рӯ, ба фикри одамон бо назари ҳиссиётӣ не, балки маърифатӣ нигарист. Зеро на ҳар шахсони бисёрдон ва китобхон паҳрезкор мебошанд. Агар одамон ҳамдигарро ҳамон тавре, ки ҳастанд, шиносанд, ин дар ҳақиқат мӯъҷиза мешавад. Дар ин гуна ҷомеаи худшинохта фақат онҳое комёб мешаванд, ки истеъдод ва қобилият доранд. Пас дар ин ҷомеа ҷои тақлидкориро эҷодкорӣ, эҳсосотро ақлгароӣ, худсӯзиро худсозӣ мегирад. Дар ин ҷомеа ҳиссиёти одамон нисбат ба ҳаёт гарм мешавад ва ба қалби онон умед пайдо мегардад. Инсонҳои нодон дар мавқеи паст мемонанд ва онҳо маҳсули ҳаракатҳояшон мебошанд. Ин одамон вуҷуди худ ва дигаронро ҳис карда наметавонанд. Эҳсосоти бадашонро идора карда, онро аз байн намебаранд ва ҳамеша дар як поя қарор мегиранд. Дар вуҷуди онҳо коҳилӣ, бахилӣ ва ин қабил иллатҳо мавҷуданд. Онҳо чизи зиёдро меомӯзанд, вале худро такон дода наметавонанд. Аз ин рӯ, ба хулосае омадан мумкин аст, ки бояд сиёсатмадорон ва идоракунандагон қобилияти инсоншиносӣ дошта бошанд. Агар дар ҷомеа одамони соҳибистеъдод ҳукмронӣ намоянд, адолати воқеӣ бунёд мешавад. Зеро идоракунандагони қобилиятнок ба рушди қобилияти дигарон сабаб мешаванд. Рушди шуури маърифатии инсонҳо аз муҳити иҳотакунанда вобастагӣ дорад. Ҳукмронии ғояи ташаббус маҳз аз мавҷудияти одамони эҷодкор сар мезанад. Барои мо чизи аз ҳама асосӣ аз байн бурдани сустсаводии умум мебошад. Бемаърифатӣ боиси сар задани беадолатиҳо, ҷангҳо ва дигар бадбахтиҳои куллӣ мегардад. Барои одамони бемаърифат на мутафаккири нобиғавӣ, на шахсияти некӯкор, на инсони ахлоқӣ будани дигарон аҳамияти муҳим надорад. Барои онҳо ҳама чизи берун аз ахлоқ воқеияти оқилона фаҳмида мешавад. Дар ин маврид илм бояд решаҳои сустмаърифатиро чуқур омӯзад ва роҳҳои наҷот аз онро ба инсонҳо тавсия диҳад. Ба назари мо нахустсабаби нобаробариҳо заифии қобилияти шинохт ва маърифати омма мебошад. Одамони нодон ҳаёти номуваффақона доранд. Гузашта аз ин чунин одамон таҷриба ва сохтори нодурусти фикррониашонро ба дигарон медиҳанд. Чун одамони нодон фикр кардан дар зеҳни атрофиён шакл мегирад ва дар натиҷа муҳити ҷомеа ба бӯҳрони ақл ва ахлоқ гирифтор мешавад. Муборизаи асосии инсонҳо дар ҳаёт аз шинохт ва рушд додани дониш иборат мебошад. Танҳо худи инсонҳо маънавиёташонро бунёд мекунанд. Одамон дар мавридҳои зиёд эҳсос мекунанд, ки бояд дар зиндагӣ некӯкорӣ намоянд, раҳмдил бошанд ва соҳибистеъдод гарданд.                                

Идеяи сарват

  Иқтисодчӣ ва равоншиноси маъруф Роберт Кийосакӣ навиштаст, ки “фарқият вуҷуд дорад, байни камбизоатӣ ва муфлисшавӣ. Муфлисшавӣ ҳолати гузаранда, аммо камбизоатӣ ин абадӣ аст”[1.с.11]. Масъалаи мубрами дигар дар зиндагии инсонҳо  ин чӣ гуна “ҷамъ кардани мол” ва дар кадом роҳ сарф кардани он мебошад. Дар мавриди тадбиқ шудани принсипҳои идоракардани пул дар роҳи некӣ ҳаёти инсонҳо дигаргун шуда, натиҷаҳои судмандро ба миён меоранд. Идора карда тавонистани пул ва инкишоф додани он боиси қонеъ гардидани талаботи моддӣ мешавад ва бечуну чаро хусусияти созандагиро соҳиб мегардад. Инсон бо истифода аз заҳираҳои зеҳнӣ ва ақлонӣ неъматҳои табиат атокардаро истифода мебарад. Истифодаи оқилонаи неъматҳо аз одамон қобилият ва дониши молиявиро талаб мекунад. Фикр мекунам, инсонҳо пулу сарваташонро дар кадом роҳ сарф месозанд, хеле муҳим мебошад. Зеро одамони зиёд дар мавриди ҷамъ кардан ва сарф намудани пул ба эҳсосот дода мешаванд. Онро як маротиба пайдо намуда боз зуд аз даст медиҳанд. Барои рушди сарват инсонҳо бояд аввалан сохтори тафаккурашонро сарватманд намоянд. Бо қашшоқии ақл сарватманд шудан ғайриимкон мебошад. Одамони аз лиҳози маънавӣ камбизоат сарватро дар роҳи ботил истифода мебаранд. Барои ин гурӯҳ одамон сарват танҳо худқонеъсозии талаботҳои бепоён мешавад. Чунин одамон наметавонанд эҳсонкорӣ намоянд ва ба зиндагии дигарон кӯмак расонанд. Аксарияти инсонҳо аз он сабаб камбизоат боқӣ мемонанд, ки сарвати андакро идора карда наметавонанд. Дар ҳолати каме хуб гардидани шароитҳои иқтисодиашон ба коҳилӣ роҳ медиҳанд. Агар одамон ба пул эҳтиромкорона ва зиракона муносибат нанамоянд, ҳеҷ гоҳ сарватманд намешаванд. Моликияти шахсӣ доштанро қонуни асосии зиндагии имрӯза инкор намекунад. То он даме, ки одамон доираи андешаҳои иқтисодиашонро устувор насозанд, ҳаёти минбаъдаашонро ба тавре, ки мехоҳанд, нахоҳанд дид. Бояд одамон оромона ҳаёт ба сар баранд, аз бенавоӣ наҷот ёбанд ва шоистаи сарватмандӣ бошанд. Танҳо инсонҳо метавонанд коҳилиро ба заҳмат иваз намоянд. Созандагони ҷомеа худи одамонанд, ки байни ҳам муносибатҳои гуногун доранд. Идеяи асосии олимони сатҳи ҷаҳонӣ оид ба рушди сарватмандшавӣ ин бартарафнамоии коҳилии худи одамон мебошад. Агар муносибати инсонҳо дар маркази худшиносӣ қарор гирад, онгоҳ ҳиссиёти онон нисбат ба ҳаёт тайғир меёбад. Инсонҳо бе мол зиндагӣ карда наметавонанд ва тавассути шароитҳои иқтисодӣ ба ҳам вобастагӣ доранд. Чунин муносибатҳоро таърихи ақлонии инсоният гувоҳ аст. Бинобарон муваффақиятҳои моддӣ натиҷаи заҳмати пайвастаи инсонҳо аст. Аз рӯзҳои аввали зиндагӣ шахсияти инсонҳо дар дохили муносибатҳои иқтисодӣ ташаккул меёбад. Дар ин маврид шахс наметавонад, ки муҳим будани шароитҳои моддиро фаромӯш созад. Инсони заҳматкаше, ки мо тасвир менамоем, дар комёбӣ ва нокомии  молии худ танҳо худро сабабгор медонад. Чунин шахс талаботҳояшро тавассути қобилияти кордонӣ қонеъ мегардонад. Дар шинохти муносибатҳои молӣ ва роҳи рушди он, камолоти маънавии инсонҳо зарур мебошад. Ҳамаи одамон торафт бештар дар раванди маърифатнокӣ аз ӯҳдаи идоракунии иқтисодӣ мебароянд. Рафти воқеаҳои ҳаётӣ нишон медиҳад, ки одамон роҳи ҷамъ кардани сарватро меомӯзанду, аммо чӣ гуна зиёд кардани онро намедонанд. Моликияти давомдор ин равандест, ки барои дар ҳамагуна ваъзияти иҷтимоӣ ба инсонҳо хизмат мекунад. Аммо ҳар кас аз таҷрибаҳои ҳаётиаш хулоса мебарорад ва вобаста ба он соҳиби моликият мегардад. Андешаҳои иқтисодии инсонҳо қобилияти инкишоф, дигаршавӣ ва хусусияти зиндагисоз доранд. Мақсади ниҳоӣ на расидан ба моликият ва шӯҳрат аст, балки болотар аз он аз чунин моликият некӯкорӣ карда тавонистан ва дасти бепарасторонро гирифтан мебошад. Агар одамон идеяҳои ахлоқии рушди иқсодиро наомӯзанд, онгоҳ онон тасаввур менамоянд, ки танҳо бо роҳи нодуруст даромади худро баланд мекунанд. Ин андешаи нодуруст ҳамчунон инсонро фаро мегирад, ки худи ӯ ин ҳолатро эҳсос намекунад. Агар аз забони Саидмурод Давлатов гӯям: «сарватмандон меандешанд, ки танҳо бо роҳи рост сарватманд шудан имкон дорад. Камбизоатон бошанд, баръакси он фикр мекунанд»[2]. Сарватмандии асосӣ дар ҳаёт сарвати маънавӣ мебошад. Камбизоатии асосӣ қашшоқии ақли инсон аст.

Қобилияти шинохт

  Мо одамонеро медонем, ки “Қуръонро” аз ёд медонанд. Одамоне ҳам ҳастанд, ки ғазалиёти Румию Саъдию Лоиқро медонанд. Дар ҳамин партав ҳастанд, одамоне, ки “Капитал” – и Марксро такрор ба такрор мехонанд (ин асар бояд сатҳи даромадро тағйир диҳад). Лекин аҷобати кор дар он аст, ки ҳамин одамон худашон дигар нашуданд. Ҳаёташон дигар нашуд. Проблема дар китоб нест, мушкилот дар вуҷуди инсон аст. Бисёр “донистан” ҳоло кафолати хушбахтии  инсон нест, аммо бисёр “фаҳмидан” сабаби дигаргунии ҳаёти реалии инсон мегардад. Одамоне ҳастанд, ки дар як вақти муайян се сериали дарозмуддатро тамошо карда, маҳдудиятҳои равонӣ ва ҷаҳонбинии худро дарк намекунанд. Хондан ва дарк кардан маънои дигар сохтани ҳаётро дорад. Дигаргун шудани характер. Дигаршавии сатҳи даромад. Хондан ин аз бар кардани миллион фактҳои иҷтимоӣ нест. Фикр мекунам, маҳдудияти маорифи дунё дар он аст, ки ба мо чӣ хел хушрӯ навиштанро ёд медиҳанд, аммо чи тавр зебо зиндагӣ карданро не. Ба мо математикаро меомӯзонанд, лекин чӣ тарз идора кардани пулро не.

Ба ҳамин тариқ, мо дар боло дидем, ки инсонҳо, барои он ки некӯкор, поквиҷдон, хушбахт ва сарватманд зиндагӣ кунанд, бояд, пеш аз ҳама, онҳо ҳамин идеяҳоро дошта бошанд. 

 Аслиддин САЛИМОВ

устоди ДДЗТ ба номи С.Улуғзода

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№1 (14), 2019

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ Telegram ва Facebook, ҳамроҳи намоед.

Адабиёт

  1. Кийосаки Р. Богатый папа, бедный папа. – Минск: Попурри, 2016. – 224 с.
  2. Давлатов С. Стратегия мышления бедных и багатих людей. - Бишкек., 2012.
Хондан 2213 маротиба