JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 11 Январи 2019 03:37

Ҷилваи ҷамоли забони тоҷикӣ дар ашъори Мавлоно

Муаллиф:

  Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ (1207-1273) бидуни муболиға аз бузургтарин устодони забону адаби мо барои ҳамаи давру замонҳост, ки бо гузашти солҳову садсолаҳо сухани баланди тобнокаш беш аз пеш ба дидаҳо зиёву нур ва ба дилҳои аҳли завқ шодию сурур мебахшад ва барои ҳифзи шевоию асолат ва пойдорию устувории забони тоҷикии имрӯзу фардо хидмат мекунад. Бузургии ӯ дар офаридани сухани зебову шевои тоҷикона ба ҳаддест, ки тибқи баъзе ривоёт муҳаққақтарин устодони забони модарии мо, чун шайх Саъдӣ (1184-1291) ҳанӯз дар замони зиндагияш шефтаву шайдои сурудаҳои ӯ гаштаанд.

  Ба ин маънӣ Шамсиддин Аҳмади Афлокӣ дар «Маноқибу-л-орифин» ҳикояти ҷолиберо ёдовар шудааст. Хулосаи он ҳикоят ин аст, ки шайх Саъдӣ бо хоҳиши ҳокими Шероз ба ӯ як ғазали Мавлоноро бо матлаъи

Ҳар нафас овози ишқ мерасад аз чаппу рост,

Мо ба фалак меравем, азми тамошо кирост?!

фиристода, дар зимн афзудааст, ки «дар иқлими Рум подшоҳе муборакқадам зуҳур кардааст ва ин нафаҳот мар ӯрост. Аз ин беҳтар ғазале нагуфтаанд ва низ нахоҳанд гуфтан. Маро ҳаваси он аст, ки ба зиёрати он султон ба диёри Рум равам ва рӯмро ба хоки пойи ӯ бимолам…».

  Худи Мавлоно низ бо камоли итминон сурудаҳои дилпазири худро дар пайкари забони модарии деринасоли мо оби ҷонбахш ва рӯҳи нав арзёбӣ кардааст, ки ҳақ ба ҷониби ӯст.  

Оби ҳайвон хон, махон инро сухан,

Рӯҳи нав бин дар тани ҳарфи куҳан [4.с.82].

  Ба назар чунин мерасад, ки Мавлоно Ҷалолиддин ба зоҳиру ботин нахуст шоир ва донишманди миллӣ ва пас аз он фаромиллист. Муқаддасоти миллии мо, аз ҷумла забону фарҳанг барои ӯ ҳамчунон азизу маҳбубанд ва Мавлоно ба забону фарҳанги миллӣ дилбастагӣ ва алоқамандии хос дорад. Лаззати табъи сурудани сухани баландро ӯ бегумон аз чашидани қанди забони биҳиштии модарӣ дарёфтааст:

Порсӣ гӯйем, яъне ин кашиш,

З-он тараф ояд, ки омад он чашиш [4.с.38].

  Ибораи «забони маҳрамӣ» ба маънии забони ҳамдилӣ ва ягонагиву ваҳдат сохтаи табъи шакаррези Мавлоност. Вай ҳарчанд ҳамзабониро давлату сарват ва хешию пайвандӣ медонад, дар сурудаҳои худ забони маҳрамиро бар ҳамзабонӣ тарҷеҳ додааст:

          Ҳар кӣ ӯ аз ҳамзабоне шуд ҷудо,

          Безабон шуд, гарчи дорад сад наво… [4.с.16].

          Ҳамзабонӣ хешию пайвандӣ аст,

          Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.

          Эй басо ҳиндуву турке ҳамзабон,

          Эй басо ду турк чун бегонагон.

          Пас, забони маҳрамӣ худ дигар аст,

          Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст [4.с.46].

  Вале боз ҳам василаи баёни забони маҳрамии Мавлоно ҳамин забони модарии ӯст, ки садову нидои дили инсонпарвари ӯро бар сари забонҳо андохта, ӯро ба ҷаҳону ҷаҳониён ва ҷаҳону ҷаҳониёнро ба ӯ абадан пайванд додааст. Гузашта аз ин ба фармудаи худи ӯ:

          Худ чӣ ҷойи турку тоҷик асту занг?

          Фаҳм кардаст ин нидоро чӯбу санг [4.с.69].     

  Шаҳрҳои  бостонии Бухорову Самарқанд, ки устоди зиндаёд Муҳаммадҷони Шакурӣ «ду силсилаҷунбони маданияти тоҷикон» [9.с.7-16] ба қалам додааст, барои мардуми мо ҳамеша азизу муътабаранд ва дар ашъори мондагори Мавлоно низ бо беҳтарин сифатҳо тавсиф шудаанд. Аз ҷумла, Мавлоно Ҷалолиддин шаҳри Самарқандро «Самарқанди чу қанд» зикр кардааст, ки ҳамон қавли маъруфи беш аз ҳазорсолаи «Самарқанди кандманд»-и Абулянбағӣ Аббос ибни Тархонро [2.с.92] дар тафзили Самарқанд бар Чоч ба ёд меорад:

          Набзи ӯ дар ҳоли худ буд бегазанд,

          То бипурсид аз Самарқанди чу қанд [4.с.20].

  Ба замми ин, Мавлоно аз Самарқанд, ки ба андешаи устод Абдулҳусайни Зарринкӯб «ёди маҳалли Сари Пулу кӯйи Ғотифараш барои ӯ ҳамчунон зинда буд» [1.с.46] номи ин мавзеъҳоро чун «ёди ёри меҳрбон» ҳамеша дар лавҳи хотир доштааст ва онҳоро дар «Маснавии маънавӣ» ёд кардааст:

Гуфт: «Кӯйи ӯ кадом асту гузар?

Ӯ Сари Пул гуфту кӯйи Ғотифар» [4.с.20].

  Мавлоно Бухорои шарифро «манбаъи дониш» ва мардуми онро аҳли илму дониш зикр намуда, бо таваҷҷуҳ ба қавли маъруфи «ҳуббулватани мин-ал-имони» ҷони саргардони ошиқро пайваста озими диёри ёри маҳбуб – Бухорои донишпарвар медонад:

Ин Бухоро манбаъи дониш бувад,

Пас, бухороист, ҳар-к онаш бувад…

Гарчи дил чун санги хоро мекунад,

Ҷони ман азми Бухоро мекунад.

Маскани ёр асту шаҳри шоҳи ман,

Пеши ошиқ ин бувад ҳуббулватан [4.с.312].

  Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки хуршеди ҷаҳонтоби ишқу иродат ва муҳаббату самимияти Мавлоно аз Қуния то Самарқанду Бухоро нурпошию шуълафишонӣ кардааст:

То зи Қуния битобад нури ишқ,

То Самарқанду Бухоро соате [3.с.1060].

  Аз назари мухтасар ба забони баёни осори Мавлоно асосан ду ҷанбаи муҳимми вожашинохтии ин осор ба мушоҳида мерасад, ки ин ҳар ду ҷанба дар ҳамбастагӣ ба осори ӯ шукӯҳу азамат ва ҳамешагию ҷовидонӣ  бахшида, ӯро дар радифи бузургтарин устодони забони тоҷикӣ дар тамоми давраи мавҷудияти он қарор додаанд. Он ду ҷанбаи муҳим инҳоянд:

  Якум, истифодаи босамар аз ганҷинаи вожагону таркибҳои забони адабӣ ва забони зиндаи мардум, бахусус забони тоҷикони рӯзгори муаллиф, ки то ба имрӯз аксари ин вожаву таркибҳо дар забони мо мавриди истифодаву баҳрагирӣ қарор доранд.

  Дувум, вожасозӣ ва таркиббандӣ, яъне сохтани вожа ва таркибу ибораҳои нав бо риояи қатъии қоидаҳои вожасозию таркиббандии забони тоҷикӣ.

  Дар робита ба истифода аз ганҷинаи вожагону таркибҳои забони адабӣ ва забони зиндаи мардум метавон гуфт, ки осори Мавлоно дар ин замина беҳтарин ва боризтарин намуна ба ҳисоб меравад ва чунин тарзи корбасти босамар аз вожагони забони адабӣ ва калимаву ибораҳои мардумии тоҷикӣ дар осори бузургони дигари забону адаби мо камтар ба мушоҳида мерасад.

  Ибораҳои зебову дилпазири барои ҳар кадоми мо аз кӯдакӣ ошно, чун «ёри меҳрбон», «реги Ому», «оби Ҷайҳун»…, ки дар шеъри маъруфи устод Рӯдакӣ истифода шудаанд, дар ашъори Мавлоно умри дубора ёфтаанд:

          Бӯйи боғу гулситон ояд ҳаме,

          Бӯйи ёри меҳрбон ояд ҳаме [3.с.1057].

 

           Рӯ ниҳод он ошиқи хунобарез,

          Дил тапон, сӯйи Бухоро гарму тез.

          Реги Омун пеши ӯ ҳамчун ҳарир,

          Оби Ҷайҳун пеши ӯ чун обгир [4.с.314].

  Чунонки мебинем тавсифи Мавлоно дар бобати азми Бухоро кардани ошиқи маҳҷур бо ҳамон шеъри устод Рӯдакӣ ва аз Бодғис осемасар рӯй ба Бухоро ниҳодани амири сомонӣ - Насри писари Аҳмад (914-943) на танҳо шабоҳати зоҳирӣ, балки пайванди амиқи ботинӣ дорад.

  Табъи Мавлоно Ҷалолиддин дар интихоби вожаҳои асили тоҷикӣ ниҳоят салим аст. Масалан, вожаҳои зебову гӯшнавоз назири «користон», «шоҳроҳ», «шишадил», ки дар осори ниёкони мо, пештар аз Мавлоно, дар «Тарҷумаи Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ ба назар мерасанд, дар сурудаҳои ӯ бо рангу тобиши тоза ҷилва карда, минбаъд дар осори бузургони дигар доираи корбурди бештар пайдо кардаанд. Мавлоно вожаи хушандоми «користон»-ро ба маънии кору амали бузурги шигифтангез  бештар ба маънии ҳикояту саргузашт кор бастааст:

Чи користон, ки дорӣ андар ин дил,

Чи бутҳо менигорӣ андар ин дил.

Баҳор омад, замони кишт омад,

          Ки дона то чӣ корӣ андар ин дил [3.с.489].

Хоҷа Ҳофиз низ баъдан ин вожаро ба ҳамин маънии ҳикояту саргузашт истифода кардааст:

Хами зулфи ту доми куфру дин аст,

Зи користони ӯ як шамма ин аст [8.с.59].

Ё вожаи «шоҳроҳ» дар «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно ба маънии маъруфи имрӯзаи роҳи васеъи ом ба кор рафтааст:

Як канизак дид шаҳ бар шоҳроҳ,

Шуд ғуломи он канизак подшоҳ [4.с.17].

Аз вожаҳои дар боло ёдшуда вожаи «шишадил» дар сурудаҳои Мавлоно маҷозан ба маънии нозукдил ва нозукмизоҷ истифода шудааст:

Ту чӣ донӣ завқи сабр, эй шишадил,

Хоса сабр аз баҳри он нақши Чигил [4.с.196].

  Бояд сареҳан таъкид кард, ки дар ашъори Мавлоно калимаву ибораҳои мардумии тоҷикӣ, аз қабили «базӯр», яъне бо азобу машаққат («То ту аз боло фуруд ойӣ базӯр» [4.с.361]), «бемалол» («Мекунад такрори гуфтан бемалол [4.с.476]), «беморпурс» («Зи ранҷурӣ чу дилшодам, ки ту беморпурс ойӣ» [3.с.1243]), «берӯзӣ» ба маънии бечораву бенаво («Ҳар кӣ берӯзист, рӯзаш дер шуд» [4.с.16]), «бозорча» («Бозорчаи қасабфурӯшон дигар аст» [3.с.1341]), «бузбозӣ» ба маънии ҳилаву найранг («Эй, басо шер, ки омӯхтияш бузбозӣ» [3.с.1277]), «вақти ош», яъне вақти хӯрок («Бисёр магӯ, ки вақти ош аст» [3.с.143]), «вақту бевақт» («Вақту бевақт аз карам ёдам кунӣ!» [4.с.626]), «гавора» - шакли гуфтугӯйии гоҳвора («Дар гавора шир бар тифлон фишонд» [4.с.679]), «ганда» ба маънии бад, муқобили нағз («Бар мисоли анкабут он зиштхӯ,/ Пардаҳои гандаро барбофад ӯ» [4.с.353]), «гап задан» («Ки зи ҳар ношустарӯе гап занӣ,/ Шарм дорӣ в-аз Худои хеш не» [4.с.347]), «меҳнати гарданшикан», яъне кори ниҳоят сахту сангин («Боз мегуфт ӯ, ки гар ин бор ман,/ Вораҳам з-ин меҳнати гарданшикан!»  [4.с.400]), «гилем» («Ба зери пойи азизон гилем бош, гилем» [3.с.630]), «гоҳу бегоҳ» («Ба ҷон дар кӯйи ҷонон гоҳу бегоҳ,/ Ба ҷавлониву ҷавлонро надонӣ» [3.с.1159]), «гоҷ», яъне аблаҳу нодон («Аждаҳо як луқма кард он гоҷро» [4.с.242]), «гузар» ба маънии маҳаллаи шаҳр ё деҳ («Гуфт: Кӯйи ӯ кадом асту гузар?» [4.с.20]), «гули садбарг» («Гули садбарг дид он рӯйи хубаш» [3.с.129]), «гуфтанӣ» ба маънии ҳарфу сухан («Ҳамчу най ман гуфтаниҳо гуфтаме» [4.с.16]), «гуфтушунид» («Бо лаби ӯ чи хуш бувад гуфтушуниду моҷаро» [3.с.22]),  «гӯгирд» («Дили оташпарасти ман, ки дар оташ чу гӯгирде» [3.с.919]), «дарди бедаво» («Эй ишқ, пеши ҳар касе ному лақаб дорӣ басе,/ Ман дӯш номи дигарат кардам, ки дарди бедаво» [3.с.5]), «даркор» («Хокпошии ду олам пеши мо даркор нест» [3.с.147]), «деглес» ба маънии пасту фурӯмоя («Рав ба пеши косалес, эй деглес» [4.с.292]), «дина», яъне дирӯз («Имрӯз беҳ аз дина, эй мӯниси дерина» [3.с.229]), «додар» ба маънии бародари хурд («Додари он тоҷи шайхислом буд» [4.с.536]), «домод» («Домоди хубон мешавӣ, эй хуби шаҳророи мо» [3.с.16]), «дуру дароз» («Ба Худо, к-аз сафари дуру дароз омадаем» [3.с.588]), «духтарча» («Ҳай, чӣ бисёред, эй духтарчагон» [4.с.603]), «ишками холӣ» ба маънии гурусна («Ишками холӣ бувад зиндони дев» [4.с.678]), «калла» («Аз ғубор ар пок дорӣ калларо» [4.с.597]), «калон» («На аз инам, на аз онам, ман аз он шаҳри калонам» [3.с.583]), «кампир», яъне пиразан («Рӯзи шаҳ дар ҷустуҷӯ бегоҳ шуд,/ Сӯйи он кампиру он хиргоҳ шуд» [4.с.128]),  «коркун» ба маънии коргар («Коркун дар коргаҳ бошад ниҳон,/ Ту бирав, дар коргаҳ бинаш аён)» [4.с.138]), «курта» («Пӯстин гӯйӣ, ки курта(й) Юсуф аст» [4.с.530]), «куҳнадӯз» («Куҳнадӯзон ҷумла дар кор омаданд» [3.с.295]), «куҳнафурӯш» («Навбати куҳнафурӯшон даргузашт» [3.с.156]), «лаби нон» («Чу моҳиед, чаро ошиқи лаби нонед?» [3.с.337]), «лаби ҷӯ» («Ман тамошои лаби ҷӯ меравам» [4.с.593]), «лаб-лаби ҷӯ» («Лаб-лаби ҷӯ сар барорад ёсамин» [4.с.627]) «намози дигар» («То намози дигар он кӯдак гирист» [4.с.130]), «намози шом» («Аз намози шом то вақти саҳар» [4.с.486]), «нағз» ба маънии хубу нек, муқобили ганда («Зиҳӣ ишқ, зиҳӣ ишқ, ки морост, Худоё,/ Чи нағз асту чи хуб аст, чи зебост, Худоё!» [3.с.38]), «нимкора», яъне нотамом («Ин нимкора монду дили ман зи кор шуд» [3.с.81]), «нодида» ба маънии ҳарису чашмгурусна («Хор дон онро, ки хурмо дидаӣ,/ З-он ки бас нонкӯру бас нодидаӣ» [4.с.65]), «ноёфт», яъне он чиз, ки нодир бошад ва ёфт нашавад («Дар ишқ чун Маҷнун шавад, саргашта чун гардун шавад,/Он, к-ӯ чунин ранҷур шуд, ноёфт шуд доруи ӯ» [4.с.774]), «нонпора» («Нонпора зи ман бистон, ҷон пора нахоҳад шуд,/ Овораи ишқи мо овора нахоҳад шуд» [3.с.222]), «нонреза» («Чу нонреза кунунам, зи хоки роҳ барчин» [3.с.756]), «ношукрӣ» ба маънии носипосию ҳақношиносӣ («Ин чӣ ношукриву чӣ бебокӣ аст?» [4.с.457]), «оби дида» («Моему оби дида, дар кунҷи ғам хазида,/Бар оби дидаи мо сад ҷой осиё кун» [3.с.739]), «оби чашм» («Баҳри ноне чанд оби чашм рехт» [4.с.120]), «оштӣ» («Бо ҷазову адли Ҳақ кун оштӣ» [4.с.570]), «савдогар» («Нукта гуфтӣ бо ҳама савдогарон» [4.с.22]), «саломи гарм» («Пас, саломи гарм карду пеш рафт» [4.с.506]), «санбӯса» («Зиҳӣ бӯса, зиҳӣ бӯса, зиҳӣ ҳалвову санбӯса» [3.с.673]), «тангҳавсала» («Нест шаву хароби Ҳақ, эй дили тангҳавсала!» [3.с.835]), «хавотир» («Хавотир раҳбаронанду чу раҳбар мар туро бор аст» [3.с.917]), «хатнасур» («Дар он хона симоъи хатнасур аст» [3.с.853]), «хомпаз» ба маънии нимхом («Деги хаёли ишқи дилороми хомпаз» [3.с.439]), «ҳамакора» («Ту аз он кор надорӣ, ки шудастӣ ҳамакора» [3.с.862]), «ҳамсояи деворбадевор» («Маъшуқи ту ҳамсояву  девор  ба  девор» [3.с.235]), «ҳаққи модарӣ» («Андаро, модар, ба ҳаққи модарӣ» [4.с.36]), «ҳаққи нону намак» («Аё сабо, ба Худову ба ҳаққи нону намак» [3.с.421]), «шикастабанд» («Гар ҳаст шикастабанд, он ҳам ишқ аст» [3.с.1337]), «ширгарм» («Гуфт: Обаш деҳ, валекин ширгарм!» [4.с.125]), «чоруқу потоба» («Чоруқу потоба лоиқ мар турост» [4.с.161]), «ҷомашӯйӣ» («Ҷомашӯйӣ кард хоҳӣ, эй фалон!,/Рӯ магардон аз маҳалли гозурон!» [4.с.114]), «ҷони бобо» («Хез бо мо, ҷони бобо, рӯз шуд!» [3.с.295]) ва ғайра мавриди истифодаи густарда қарор гирифтаанд, ки имрӯз низ аксари онҳо бо ҳамон мазмуну маънӣ дар истеъмол қарор доранд.

  Дар баробари ин, корбасти фаровон аз ибораҳои рехта ва зарбулмасалу мақол дар ашъори Мавлоно, чун «дам супурдан» ба маънии ҷон додан («Гуфт: Дамам чи медиҳӣ, дам ба ту ман супурдаам, Ман зи ту бехабар наям дар дами дам супурдано!» [3.с.24]), «дил мондан», яъне дилсард шудан («Гӯйӣ, ки чӣ гунаам? Хушам ман!/ Гӯям турушам, дилат бимонад!» [3.с.259]), «чашм паридан» («Чашм паррад бар умеди сиҳҳатӣ?» [4.с.642]), «бо думи шер бозӣ кардан» («Бо думи шере ту бозӣ мекунӣ» [4.с.201]), «дар пӯст нагунҷидан» ба маънии беҳад шод будан («Гар дар ғаму дар ранҷам, дар пӯст намегунҷам» [3.с.937]), «калларо бар девору дар кӯфтан» ба маънии пушаймон шудан («Калларо мекӯфт бар девору дар» [4.с.446]), «кор аз кор хестан» («Гуфт: Маъшуқам ту будастӣ, на он,/ Лек кор аз кор хезад дар ҷаҳон!» [4.с.18]), «корд ба устухон расидан» («Бозхар моро аз ин нафси палид, / Кордаш то устухони мо расид» [4.с.178]), «кулӯх ба лаб молидан»,  яъне сукут ихтиёр кардан («Кулӯхе бар лаби худ мол, бо халқ» [3.с.794]), «сар ба девор омадан» («То ба девори бало н-ояд сараш,/ Нашнавад панди дил он гӯши караш!» [4.с.498]), «ҷон ба лаб расидан» («Аз роҳзанон расида ҷонам то лаб» [3.с.1323]), «Аҳмади порина», яъне он ки ҳамеша дар як ҳол бошад («Имрӯз манам Аҳмад, не Аҳмади порина» [3.с.1250]), «аз як даст садо барнамехезад» («Ҳеч бонги каф задан н-ояд бадар,/ Аз яке дасти ту бе дасти дигар» [4.с.328]), «шунидан кай бувад монанди дидан» («Кай бувад худ дида монанди шунуд!» [4.с.548]), «на сих сӯзад, на кабоб» («То аз он на сих сӯзад, на кабоб!» [4.с.58]), «ҳар чӣ мекорӣ, ҳамон медаравӣ» («Ба доси меҳр ҳамон бидравӣ, ки мекорӣ!» [3.с.1207]), «ҷӯянда - ёбанда» («Сояи Ҳақ бар сари банда бувад,/ Оқибат ҷӯянда ёбанда бувад!» [4.с.337]) ва ғ. барои маҳбубияти зиёд пайдо кардан ва мақбулу писанди хосу ом гардидани сурудаҳои ӯ бештар мусоидат кардаанд.

Ин нукта ҳам, ки Мавлоно мегӯяд:

Кори поконро қиёс аз худ магир,

Гарчи монад дар набиштан шеру шир [4.с.22]

бастагӣ ба шеваи баёни тоҷикӣ дорад, зеро, «шер»-у «шир» ҳарчанд дар алифбои арабиасос навишти ягона дорад, вале талаффузи ҳар ду ин калима дигаргуна аст.

  Ҷанбаи дигари муҳимми вожашиносии осори Мавлоноро вожасозӣ ва ибораороиҳои зебову дилнишин ташкил медиҳад. Ба баёни дигар, дар сурудаҳои ӯ вожаву ибораҳои зиёди зебову шево мавҷуданд, ки ба андешаи мо шояд бархе сохтаи завқи салими худи ӯ бошанд, зеро ин калимаву ибораҳо дар осори муаллифони пеш аз вай ба мушоҳида намерасанд. Дар зер чанде аз ин вожаву ибораҳо барои намуна оварда мешавад:

  Вожаи «арзонбаҳо» ба маънии камбаҳо, ки имрӯз ҳам ба ҳамин маъно истифода мешавад:

Аё, ҳавои ту дар ҷонҳо, салом алайк!

Ғулом мехарӣ арзонбаҳо, салом алайк! [3.с.482].

Вожаи «баркор» (дар муқобили «бекор») ба маънии он ки шуғл дорад ё ба коре машғул аст:

          Чашми ман хуфта, дилам бедор дон,

          Шакли бекори маро баркор дон [4.с.206].

Вожаи «бечорапарвар», яъне он ки дастгири бечорагону мискинон бошад:

          Дӣ ёри қаҳрбораву хунхора буд, лек

          Имрӯз лутфи мутлақу бечорапарвар аст [3.с.164].

Вожаи «гумонангез» ба маънии ангезандаи гумон, яъне он чиз, ки ҷойи баҳсу шак дорад:

          Он гумонангезро созад яқин,

          Меҳрро рӯёнад аз асбоби кин [4.с.29].

Вожаи «навкор» ба маънии он ки нав ба иҷрои коре ё шуғле оғоз кардааст:

          В-он ошиқи ноқисе, ки навкор бувад,

          Гӯшаш нашавад гарм ба шаб бе болиш [3.с.1405].

Вожаи «навмурид» ба маънии он ки нав роҳи иродатро пеш гирифтааст:

          Хонае нав сохт рӯзе навмурид,

          Пир омад, хонаи ӯро бидид [4.с.173].

Вожаи «нағзрӯ» ба маънии хубрӯ, яъне он ки зебо ва соҳибҷамол аст:

          Нағзрӯён сӯи зиштон кай раванд?

          Булбул андар гулбунон ояд ҳаме! [3.с.1057].

Вожаи «пасрав» (дар баробари «пешрав»), ки маънии муриду фармонбар ва тобеъу мутеъро дорад. Ин вожа дар ашъори Фаридиддини Аттор низ ба мушоҳида мерасад:

          Варна бошӣ ҳечи ҳеч аз ҳечиён,

          Пасрави ҳар дев бошӣ мустаҳон [5.с.82 (дафтари дувум)].

Зимнан дар байти боло вожаи «ҳечиён» ба маънии ҳечону ҳечбудагон сохтаи худи Мавлоност.

Вожаи «пасхӯрд» ба маънии пасмондаи хӯрок, яъне он чи пас аз хӯрдани хӯрок боқӣ монад:

          То ки Луқмон даст сӯи он барад,

          Қосидан, то хоҷа пасхурдаш хурад [4.с.156].

Вожаи «ҷисмона» маънии ба таври воқеӣ, ҷисманро ифода мекунад:

          Ҷисм ҷисмона тавонад диданат,

          Дар хаёл орад ғаму хандиданат [4.с.61].

Ибораи «роҳи буруншав» ба маънии роҳи раҳоию растагорӣ корбаст шудааст:

          Гар фалак роҳи буруншав дида буд,

          Дар назар чун мардумак печида буд [4.с.41].

Ибораи дилнишини маҷозии «ҳабси хок» маънии дар зери хок пинҳон буданро дорад:

          Шоху барг аз ҳабси хок озод шуд,

          Сар бароварду ҳарифи бод шуд [4.с.50].

Ибораи «марди кор» ба маънии он мард, ки шоистаи кор ё шуғлу пешаи худ аст:

          Эй, Саноӣ гар наёбӣ, ёр, ёри хеш бош,

          Дар ҷаҳон ҳар марду коре, марди кори хеш бош! [3.с.454].

  Ҳамчунин дар ин радиф метавон аз вожаҳои айбчин, айбистон, аввалбин, бимдил, борикҳарф, дамсоз, ғайбистон, зиндасухан, ишқомез, обкӯр (носипос), одамзода, охирандеш, охирбин, охурбин, поймард, суханкаш, суханкуш, суханобод, талхгавҳар, хурдабин, ҳоҷатраво, чоштхӯрд, эминобод, якрӯза ва монанди инҳо ёдовар шуд.

Яке аз вежагиҳои дигари вожагонии ашъори Мавлоно бо таваҷҷуҳ ва дар заминаи забони гуфтугӯйии тоҷикӣ кор бастани бархе исмҳои ҷамъ, ҷонишинҳои шахсии шумораи ҷамъ ва феълҳои шакли ҷамъ аст. Масалан, дар ашъори ӯ баъзе вожаҳои шакли ҷамъи арабӣ бо аломатҳои ҷамъи тоҷикӣ -ҳо, -он дубора ҷамъбандӣ шудаанд:

          Султони салотинон - Шамсулҳақи Табрезӣ,

          Эй аз ту машоми ҷон зебо шудаву гӯё [7.с.8].

  Ҷонишинҳои шахсии шумораи ҷамъ -мо, -шумо ба гунаи -моҳо ва -шумоҳо низ корбаст шудаанд:

          Солҳо дафъи балоҳо кардаем,

          Ваҳм ҳайрон, з-он чи моҳо кардаем… [4.с.239].

          Гуфт султон: «Имтиҳон хоҳам дар ин

          К-аз шумоҳо кист дар даъво гузин?» [4.с.104].

   Дар сурудаҳои Мавлоно шахси 2-юми шумораи ҷамъи феъли замони ҳозира бо анҷомаи -ет (ба ҷойи -ед) низ омадааст:

                             Чун шавам ғамгин? Ки ғам шуд сарнигун,

                             Ғам, шумо будет, эй қавми ҳарун… [4.с.81].

                             Худ гирифтам, ки шумо сангин шудет,

                             Қуфлҳо бар гӯшу бар дил барзадет [4.с.290].

          Ёдоварӣ мебояд, ки чунин тарзи баён дар куҳантарин дастури забони модарии мо дар сарзамини Чин, ки аз тарафи Муҳаммад ибни Ҳаким ном донишманди самарқандиасл дар соли 1660 таълиф шудааст, ба назар мерасад [6.с.47].

          Мавлоно баъзе вожаву истилоҳоти иқтибос аз забонҳои дигарро бо маъниву мазмуни наву тоза кор бастааст. Масалан, истилоҳи юнониасли «устурлоб», ки аслан ба маънии олати расад кардани ситорагон ва ҷирмҳои мунир аст, дар «Маснавӣ» ба маънии ойинаи таҷаллии асрори илоҳӣ истифода шудааст:

                             Иллати ошиқ зи иллатҳо ҷудост,

                             Ишқ устурлоби асрори Худост [4.с.18].

Ҳосили сухан, ҷилваи ҷамоли забони тоҷикӣ бо ҳама шукӯҳу ҷалол ва ғояти камоли худ дар сурудаҳои дилангезу дилпазири Мавлоно ба дид меояд, ки аслан ниёз ба далелу бурҳон ва таърифу тавсиф надорад. Забони баёни ашъори Мавлоно далели равшани шевоию асолат ва қудрату азамати забони тоҷикӣ барои ҳамаи давру замонҳост. Худи ӯ ба ин маънӣ чӣ бас некӯ фармудааст:

          Офтоб омад далели Офтоб,

          Гар далелат бояд, аз вай рӯ матоб [4.с.19].

Ҳасани Султон,

узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат", №40 (1959), 04.10.2018

 Адабиёти истифодашуда:

  1. Абдулҳусайни Зарринкӯб. Пилла-пилла то мулоқоти Худо. Теҳрон, 1379.
  2. Алиашрафи Содиқӣ. Таквини забони форсӣ. Теҳрон, 1357.
  3. Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ. Куллиёти Шамси Табрезӣ. Тасҳеҳ ва бозбинии дуктур Низомиддини Нурӣ. – Теҳрон, 1388. 4. Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. Маснавии маънавӣ. Бар асоси матни Р.Николсон ва муқобила бо нусхаҳои дигар. – Теҳрон, 1379/2001.
  4. Маснавии маънавии Мавлавӣ. – Пешовар (бидуни соли табъ).
  5. Султон, Мирзо Ҳасан. Куҳантарин дастури забони форсии тоҷикӣ дар сарзамини Чин. – Душанбе: Бухоро, 2018.
  6. Султон, Ҳасан. Мухтасари зиндагиномаи Шамси Табрезӣ. – Душанбе, 2006.
  7. Фолномаи комили Ҳофиз бо маънӣ. Ба кӯшиши Нарҷиси Зандӣ. – Теҳрон, 1388.
  8. Шукуров М. Забони мо ҳастии мост. – Душанбе: Маориф, 1991.
Хондан 2400 маротиба