JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 05 Октябри 2018 10:36

Ин забон з-андеша мегирад тавон

Муаллиф:

Чанд мулоҳиза дар партави Рӯзи забони давлатӣ

Қудрати ақл аст пушти ин забон,

                                             Ин забон з-андеша мегирад тавон.

 Ҳангоме ки ба масъалаи забон ҳамчун мабдаи муҳимми ҳастӣ ва вуҷуди фарҳангӣ бархӯрд мекунем, бидуни тардид, ба воқеияти таърихие мувоҷеҳ мегардем, ки бар мабнои ин падидаи иҷтимоӣ зуҳур кардааст. Аз ин ҷост, ки забон минҳайси унсури калидии фарҳангсозӣ ва фарҳангофарӣ муаррифгари фазо ва муҳити миллӣ дар давра ва мароҳили таърихӣ мебошад. Дар зимн, фазо ва муҳитҳои иҷтимоӣ, эҷодӣ, фикрӣ, маънавӣ, ахлоқӣ бар асоси бедории фарҳангӣ ва маданӣ сохта мешаванд. Агар ҷомеа баста ва фазои фикрӣ носолим бошад, зуҳури тафаккури таҳлилӣ ва бурузи падидаҳои озодандешӣ ғайримумкин ва масири бедории фикрию маданӣ ба бунбаст мувоҷеҳ мегардад.

 Таърих ҳаводиси фоҷеабори зиёдро дар хотир дорад, ки бар асари нодонию ҷаҳолати мардумӣ рӯйи кор омада, боиси талхии рӯзгор ва аз байн рафтани равобити муътадили иҷтимоӣ ва маданӣ гардидааст. Сатҳи пойини огаҳиҳои иҷтимоӣ ва маданӣ ҷомеаҳоро, чи дар қадим, чи дар асрҳои миёна ва чи имрӯз ба вартаи даргирию кашмакашҳо, низоъ ва ҷанҷолҳои хонумонсӯз тела дода, мунҷар ба ноамнию бесуботии минтақаҳо гардидааст. Аз ҷониби дигар, таърихро фарҳангсолорон ва фарҳангиён меофаранд ва дар ҳар давру замон натиҷаи кори фарҳангӣ тавассути забон густариш меёбад ва аз як насл ба насли дигар интиқол ёфта, василаи пайванди наслҳо мегардад. Бад-ин манзур, забон фарҳанг меофарад ва ба ҷомеаҳо тақдим мекунад, то ҷангу даргириҳо поён ёбанду саодату хушбахтӣ ҳамеша инсонҳоро раҳнамоӣ ва ҳамсафарӣ намояд. Аз ин лиҳоз, лозим медонем, ки чанд нуқтаи иҷмолиро дар Рӯзи забони давлатӣ ироа намоем.

 Забон василаи ифодаи фикру андеша аст, бо тафаккур пайванди азалӣ ва абадӣ дорад. Муҳаққиқон ҳар гуна нишонае, ки ба ба василаи он зиндае (мавҷуде) битавонад ҳолат ё маъонии мавҷуд дар зеҳни худро ба зеҳни мавҷуди зиндаи дигар интиқол диҳад, забон номида, муносибати мутақобилаи онро бо тафаккур дар масири зиндагии инсонӣ арзёбӣ кардаанд.

 Забон ба сурати мафҳумӣ дар зеҳни мо ба шакли унсуре созанда ва офаринанда намоён шуда, мутаҳаррикеро мемонад, ки чархаи ҳастӣ ва вуҷудро ба гардиши мудавом медарорад. Беҳуда нест, ки файласуфи шаҳири қарни ХХ Мартин Ҳайдеггер дар ин робита навиштааст: «Фикру андеша ба вуҷуд сухан мебахшад ва забон хонаи вуҷуд аст». Забонро ба хонаи вуҷуд ташбеҳ додани Ҳайдеггер чунин маънӣ дорад, ки дар ҷаҳону ҳастӣ садо ва забон фазои вуҷуд ва зиндагиро рангоранг месозанд, маънӣ ва мақом мебахшанд. Садо ҳуруф ва ҳуруф забонро ба вуҷуд меоварад. Ин аст, ки забон ифодагари фикр ва андешаи башарист.

  Ба масъалаи забон ҳамчун тавонмандии зеҳни башарӣ таваҷҷуҳ намуда, чанд нуқтаи муҳимро мадди назар қарор медиҳем:

  Якум. Дар таърихи миллӣ забони форсии тоҷикӣ ба сифати забони илм ва фарҳанг дар арсаи тамаддун нақши муассир дошт. Забони форсии тоҷикӣ забони хирад ва фарҳанг буд, забоне буд, ки ба василаи он яке аз қадимтарин  кутуби фарҳангии ҷаҳонӣ «Авасто» таълиф гардидааст. «Авасто», пеш аз ҳама, асари фалсафӣ ва фарҳангиест, ки дар худогоҳӣ ва хештаншиносии ақвоми ориёӣ нақши муассир дорад. Ин хирадномаи форсии тоҷикӣ дар ташаккул ва инкишофи худогоҳӣ, худшиносӣ ва андешаи фалсафии на танҳо иронитаборон, балки  башарият ҳамчун манбаъ ва замина хидмат кардааст. Қисмати «Готҳо» (ва ё «Госоҳо») - и «Авасто», ки ба қалами худи Зардушт тааллуқ дошта, қадимтарин қисмати ин китоби арзишманди ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад, ба муҳимтарин масоиле иртибот мегирад, ки ба огоҳонидан, бедор сохтани андеша, таҳрик додани биниши фарҳангӣ ва равшан кардани роҳи ҷомеа нигаронида шудаанд. Масалан, дар «Ясно», ҳоти 31, банди 7 омадааст: «Донои рӯшанбин бояд донишҷӯро биогоҳонад. Мабодо нодон (касеро) бифиребад ва гумроҳ кунад» (ниг.: Авесто. Гузориш ва пажӯҳиши Ҷалили Дӯстхоҳ. -Душанбе, 2001. -С. 67).  Паёмбар Зардушт дар ин фиқра таъкид намудааст, ки  ба гуфтори касе гӯш бидиҳед, ки андешаи баланд, фазилату заковат, диду биниши фарҳангӣ ва билохира забони кушода дошта бошад (ниг.: Ясна, ҳоти 31, банди 19). Ба таъбири дигар, фарҳанги авастойӣ нақши забон (гушодазабонӣ)-ро дар бедории фикрию фарҳангӣ сахт саҳим медонад.

 Дуюм. Мутолиаи маъхазу мадорики таърихӣ ва фарҳангӣ моро ба ин натиҷа мерасонад, ки ҷавҳари фарҳанги гузаштаи моро андешамандӣ, сухангӯйӣ, фарҳангофарӣ ва нуктапардозӣ ташкил медод. Ин аст, ки донишманди  бузурги урупоӣ Вил Дуронт ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, дуруст нигоштааст: «Ирониёни  қадим лаззати сухан гуфтан ва нуқтапардозӣ ва латифагуйӣ дар гуфтушунидро бартар аз лаззати хомӯшӣ ва танҳоӣ мешумориданд» (ниг.: Дуронт В. Таърихи тамаддун. Бахши аввал. -Теҳрон, 1343. -С. 553).  Яъне, инсони огоҳи арсаи фарҳанги пешини мо сухан ва забонро, пеш аз ҳама, ба як ҳадафи асосӣ -- огоҳӣ бахшидан ва бедор кардани ҷомеа истифода  мебурдааст. Воқеан, ҷомеа ҳамеша ба андешаи наву тозаи фалсафӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ниёз дорад ва ин андеша танҳо вакте ба мағзу устухони аъзои ҷомеа таъсир мекунад, ки бо забони балеғу фасеҳ ва сухани муқаввои фарҳангӣ ироа шуда бошад. Як замоне андешамандӣ ва нуктапардозӣ сабки рӯзмарраи фарҳангии мардуми форсу тоҷик маҳсуб мешуд, вале ин суннат тавассути аҷнабиёни истилогар ва мустабидони дохилӣ барҳам дода шуд ва ба ҷойи он фарҳанги ғуломӣ эъмор ва мунташир гардид. Зулму истибдод фазои илмию фарҳангиро заҳролуд кард ва барои  ба вуҷуд овардани падидаҳое чун заъфандешӣ ва тавозӯи ғуломона шароити мусоид фароҳам овард (ниг.:  Ровандӣ М. Таърихи иҷтимоии Эрон. -Ҷ.1. Теҳрон: Амири Кабир, 1354. –С. 497-498). Дар суннати фарҳангии мо андешидан, фарҳангофарӣ ва бузургманишӣ ҷавҳар ва асос маҳсуб мешуд. Дар достони офариниши эронӣ «Бундаҳишн» омадааст, ки бартарии инсон аз кулли мавҷудот дар неруи андеша ва фарҳанги ӯст.  Ӯ нахуст андеша аст ва ба неруи андешаи пок  ҳама чизро дармеёбад (ниг.: Бундаҳишн. Гузоранда Меҳрдоди Баҳор.- Теҳрон, 1369. –С. 51). Дар ривоёти паҳлавӣ, ҳамчунин таъкид шудааст, ки «Машӣ ва Машиёна (падуру модари ҷаҳониён) нахустин кӯшише карданд ин буд, ки  бияндешиданд».( ниг.: Бундаҳишн. Гузоранда Меҳрдоди Баҳор.- Теҳрон, 1369. –С. 81).  Ин нуқта гувоҳи он аст, ки фарҳанги мо аз бунёд бо андешидан, бо хирадмандӣ, бо тааммул кардан сару кор доштааст. Ин суннат, чи хеле ки болотар тазаккур ёфт, таҳти таҳоҷуми аҷнабиён таҳриф карда шуд ва  ҷойи онро музахрафот ва таъолими бебунёд гирифт.   

  Сеюм. Бавуҷудоварандаи забон ва мутаносибан фарҳанги миллӣ миллат аст ва миллати сарафроз забонро минҳайси абзори муҳимтарини сиёсӣ, фикрӣ, маърифатӣ ва маданӣ барои шукуфоии ватан ва ҷомеа мавриди истифода қарор медиҳад. Муҳаққиқон барои ба вуҷуд омадан ва ё вуҷудияти миллат се нишонаи асосиро зарур медонанд:

    а) доштани тақдири муштарак;

    б) фарҳанги муштарак доштан;

    в) дорои забони ягона будан.

  Аз ин ҷост, ки дар мавҷудияти миллат забон нишонаи калидӣ аст.  Тавассути ин нишона тақдир ва фарҳанги миллат таҳия ва мураттаб мегардад. Дониш, маърифат ва фарҳанг тавассути ин ҷавҳари шариф (забон) дар ҷомеа  густариш меёбанд. Яке аз  вазоифи муҳимми забон дар тавассути ахбору мухобирот ба кор ё амале водор кардани аъзои ҷомеа зоҳир мегардад.   Албатта, ахбор ё иттилоти дурӯғин ва ғаразнок метавонад ба ҷомеа таъсири манфӣ расонда, раванди фасоди ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва фикриро густариш бахшад ва ин ҳолатро дар шароити феълии фазои маҷозӣ метавон ҳар рӯз ба мушоҳида гирифт. Фазои маҷозӣ ва расонаҳои иттилоотию таҳлилии муосир имрӯз, ғолибан аз забон ҳамчун васила ё абзори муҳимми сиёсӣ ва идеологӣ-мафкуравӣ истифода ва сӯйистифода карда, дар ҷомеа дурӯғу риё, хурофоту таассуб ва иғвову дасиса мепарокананд ва ба ин восита ҷомеаро дар ҳолати бунбасти фикрӣ ва фарҳангӣ нигоҳ медоранд. Расона ва фазои маҷозӣ дар шароити муосири бозиҳои геополитикӣ ба абзори калидӣ табдил ёфта, аз ин тариқа маҷмӯаи афкори муғризона рӯйи сафаҳоти интернетӣ рехта мешаванд. Мусаллам аст, ки фазои маҷозӣ ҳамарӯза аз тариқи забони миллӣ иттилооти гуногунмуҳтаво интишор медиҳад ва бад-ин тартиб масири сиёсӣ, фикрӣ, маърифатӣ, идеологӣ ва фарҳангиро мадди назар мегирад. Дар айни замон, забони миллӣ, ки дар ВАО, матбуоти даврӣ ва фазои маҷозӣ фаъол аст, масъулият ва имкони аз махдудиятҳои фикрӣ раҳонидани миллатро низ бар дӯш дорад.

  Чаҳорум. Дар давраи салтанати Сомониён ба забони миллӣ, таҳким ва густариши он аҳамияти хосса дода мешуд. Амирони хирадпарвари Сомонӣ бевосита дар ин раванд саҳм мегирифтанд ва ҷараёни омӯзишу густариши забони миллиро ҷиддӣ назорат мекарданд. Дар он давра забони арабӣ, ки он замон забони  илму маориф ва дин маҳсуб мешуд, тавассути сиёсати фарҳангии амирони дурандеши Сомонӣ ба маҳдудият мувоҷеҳ гардид, то ҷое, ки бо амри Мансур ибни Нӯҳи Сомонӣ (961-984) «Тафсири кабири Табарӣ» ба забони дарӣ, яъне забони миллӣ тарҷума карда шуд. Уламо ва фақеҳони миллатдӯсти Мовароуннаҳр дар ин амр ба чунин фатво ҷасорат карданд: «Раво бошад хондан ва набиштани тафсири Куръон ба порсӣ мар-он  касро, ки ӯ тозӣ надонад» (ниг.: Малоирӣ  М. Таърих ва фарҳанги Эрон дар даврони интиқол аз асри Сосонӣ ба асри исломӣ. Ҷилди аввал. -Теҳрон, 1372. -С. 138). Воқеан, ин ҷуръат ва ҷасорати арзандае буд, ки дар бедории фарҳангии ҷомеаи асри Х ва минбаъда нақши муассир гузошт.

  Мутафаккирон ва шоироне, ки дар давраи салтанати хонадони Сомониён зиндагӣ ва эҷод кардаанд, дар фазои бози фарҳангӣ забони форсии дари тоҷикиро ба забони илму ҳикмат табдил дода, бо ин забон  ҷомеаро аз фарҳангу маънавиёти миллӣ огоҳ гардониданд. Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абӯшакури Балхӣ, Кисоии Марвазӣ, Фирдавсӣ ва Носири Хусрав барин абармардони майдони сухан, забон ва ҳикмат, бо андешаи баланди фалсафӣ раванди таҳаввули андешаи миллӣ ва бедории фарҳангии ҷомеаро такмил, таҳким ва густариш додаанд. Ҳаким Фирдавсӣ нақши забони шеворо дар кушудани асрори нуҳуфтаи ҳастӣ саҳим дониста фармудааст:

Кунун марди доно ба шевозабон,

Кушояд басе розҳои ниҳон.

Дар ҷойи дигар Ҳаким таъкид кардааст, ки  танҳо касе бедору огоҳ буда метавонад, ки сухани неку ва хирад андар забон дошта бошад:

Гарат ҳаст неку забону сухан,

Ту болонишини ба ҳар анҷуман...

Туро гар хирад бошад андар забон,

Ба бедорӣ кӯшӣ, на хоби гарон.

          Фирдавсӣ аз марди доно тақозо мекунад, ки бо забони шево ба мардум паёми хирадро расонад ва бад-ин васила онҳоро ба сӯйи бедории фикрию фарҳангӣ ва саодату хушбахтии зиндагӣ раҳнамун созад. Ӯ рисолати марди доноро дар ин кор мебинад ва ҷиддан хитоб мекунад:

Ту, ай марди доно ба шевозабон,

Паёми хирадро ба мардум расон .

   Хуллас, замони Сомониён бо фазою шароити мусоиди фарҳангиаш неруҳои зеҳнии миллиеро ба вуҷуд овард, ки дар бедории фикрӣ ва  таҳаввули андешаи миллии ҷомеаи давр саҳми босазо гузоштанд. Лекин ин вазъи солими фарҳангӣ, ки дар партави сиёсати миллии фарҳангӣ ба вуҷуд оварда шуда буд, бо васвасаи дастгоҳи таҷассусии хилофати Бағдод тавассути Қарахониёну Ғазнавиёни турк тағйир дода шуд ва боиси ба вуҷуд омадани таассубу хурофоти динӣ, мазҳабӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва  фарҳангӣ гардид.

  Панҷум. Дар асрҳои миёна илмҳои  хитоба (риторика) ва  балоғат, ки ба доираи улуми  филологӣ  марбут буданд, ба расойӣ  ва бенуқсон ифода ёфтани фикр мусоидат  мекарданд. Илми хитоба, ки хатибону воизон барои ҷалби ҷомеа аз он ваеъ истифода мебурданд, то андозае роҳи бедории фикрию фарҳангии ҷомеаро банд мекард ва мардумро  дар доираи хурофоту таассуб  мунҳасир месохт. Хатибону воизон бо суханороӣ ва қофиябофӣ мардумро мафтун мекарданд ва ҳолати карахтии фикрию равониро дар ҷомеа ба вуҷуд меоварданд. Ин табақа (хатибону воизон), аксаран дар гузашта ва ҳатто имрӯз ҳам тавассути  василаи дастрас ва санҷидашуда ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ ҷомеаро таҳти таъсири равонӣ қарор медиҳанд ва дар бисёр маворид роҳи бурунрафт аз мушкилоти фикрӣ, равонӣ, ахлоқӣ, динӣ, мазҳабӣ ва фарҳангиро мебанданд.

  Баъди ба сари қудрат омадани сулолаҳои турктабор ва муғулнажод  дар минтака як навъ халои фарҳангӣ ҳукмфармо гардид ва неруҳои ақлонӣ ва зеҳнӣ, ки масъулияти рафъи заъфу зулми фарҳангиро бар уҳда доштанд, пароканда ва ё гирифтори мушкилоти шахсии худ шуданд. Ҳарчанд  равшанфикроне буданд, ки  бо забони буррову гиро талош варзиданд, ки мардуми  минтақаро аз ҷаҳлу нодонӣ ва таассубу хурофот наҷот диҳанд, вале ба таври куллӣ, раванди такмил ва таҳкими андешаи миллӣ ва бедории фикрӣ аллакай ба бунбаст мувоҷеҳ гардида буд.

  Шашум. Дар охири асри Х1Х Аҳмади Дониш ва пайравонаш дар ин самт ҷиддӣ саъю кӯшиш намуда, хостанд заъфи фарҳангии гузаштаро то андозае рафъ созанд ва ин кор қисман муяссар гардид. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ вазъи илму маориф ва таълиму мадорис дар аморати манғитӣ дар сатҳи хеле пойин қарор доштааст. Яке аз пайравони содиқи Аҳмади Дониш устод Айнӣ буд, ки аз охири асри Х1Х шурӯъ карда, то охири умр дар роҳи танвири фикрӣ ва бедории фарҳангии ҷомеаи тоҷик фидокориҳо намуд. Устод Айнӣ дар китоби «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» заъфи динӣ,  мазҳабӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии аморатро мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дода, роҳи наҷотро дар омӯзишу таълим ва тадриси ҷадиду нав мебинад. Ба назари Айнӣ, Бухоро (аморати Бухоро дар назар аст) ба вазъи ногувори ҷоҳилӣ, нодонӣ ва бефарҳангӣ мувоҷех гардида, ба доми вабои ҷаҳл мубтало гардидааст ва ин бемории марговарро, ки ҷаҳолат ном дорад, тарк кардан намехоҳад. Устод Айнӣ наҷотро аз ин балои марговар танҳо дар танвири фикрӣ ва илм медиду бас.

  Ҳафтум. Дар солҳои бистуму сиюми асри ХХ дар матбуоти даврӣ баҳсу мунозираҳои ҷиддӣ сари мавзӯи забони тоҷикӣ ҷараён мегирад, ки дар раванди бедории фикрӣ  ва таҳаввули андешаи миллӣ нақши бориз доштанд. Дар ин баҳсҳо, пеш аз ҳама  мавзӯи ба омма наздик сохтани забон ва бад-ин васила тавсиаи бинишу андешаи миллии ҷомеа мадди назар қарор мегирифт (ниг.: Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро. -Теҳрон: Суруш, 1381. -С.55). 

  Ҳаштум. Дар шароити имрӯз, ки мавҷи фарҳангу идеологияҳои гуногун рӯйиҳамрафта ба забон, фарҳанг ва фалсафаи тоҷикӣ таъсир гузошта  истодаанд, баҳсҳо сари тозагии забон, нақши он дар таҳаввули андешаи миллӣ ва бедории фарҳангӣ аз ҷониби ва як зумра зиёиёни имрӯзӣ дар матбуоти даврӣ ривоҷ дорад. То замони даргузашт (соли 2012) устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар ин раванд бисёр фаъол буд ва китобу мақолоти зиёде дар боби забони миллӣ ва шароити густариши он таълиф намуд. Кори устод Шакурӣ имрӯз ҳам аз тариқи фаъолони иҷтимоӣ ва маданӣ идома дорад. Якчанд соли ахир минбари баҳс ба фазои маҷозӣ кашида шудааст ва ҳарчанд ки баҳсу мунозираҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзан гарму тезутунд ҷараён мегиранд, ногузир ба рӯҳу равони ҷомеа бетаъсир намемонанд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан шабакаи «Фейсбук» дар тарғиби забони миллӣ, баёни воқеиёти муосири забонӣ ва фарҳангӣ, навоқиси иҷтимоӣ, мушкилоти маданӣ саҳми муносиб мегиранд. Қатъи назар аз даргириҳои лафзию катбӣ (навишторӣ) ва баҳсу мунозираҳои тунди фарҳангӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар сари масоили забон ва фарҳанги миллӣ сурат мегиранд, масъалаи забони миллӣ ва бедории фарҳангӣ авлавият пайдо мекунад ва ин раванд таҳкиму тақвият меёбад.

  Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ забони миллиро пояи асосии бинои фарҳанг ва маърифату ҷаҳонфаҳмӣ дониста, дар ҷомеа ҳамеша назаррабо будани ин пояро гӯшзад кардааст (ниг.: Шукуров М. Забони мо ҳастии мост. -Душанбе: Маориф, 1991. -С. 6).  Ҳамин поя ё сутуни фарҳангро, ки имрӯз таҳти фишорҳои дохиливу берунӣ қарор дорад, чӣ гуна метавон тармиму такмил кард ва дар маҷрои илму хирад ва мантиқ қарор дод? Ба ин суол ҷавобҳои мухталиф пешниҳод шудаанд. Ба назари мо, нахуст забони миллӣ бояд дар мағзу устухони зиёиёни тоҷик ҷой бигирад,то ки барои фазои тоҷикона бакарор шудан замина фароҳам ояд. Алҳол, зиёиён ва равшанфикрони тоҷик дар ин самт саъю талоши фаровон меварзанд.

  Нуҳум. Дар минтақаи мо  забон ва андеша то ҳол дар доираҳои маҳдуд чарх мезанад ва тухми тафаккури бастаю бунбастӣ ва ғолибан, биниши маҳаллию музофотӣ дар ҷомеаи мо солҳои мадид реша давонда, роҳи бедории фарҳангӣ ва такомули андешаи миллиро банд кардааст. Ин ҳолат забон ва миллатро ба қаъри зиндони ҷаҳолат фурӯ мебарад. Аз ин нуқтаи назар, зарур аст, ки ин халои носолими фарҳангӣ бо забони гушода  ва андешаи тоза пур карда шавад. Албатта, ин кори саҳлу осон нест ва аз равшанфикрону донишмандони муосири миллӣ ва ватанӣ заҳмату талошҳои фаровон тақозо мекунад.

   Даҳум. Забони миллӣ тайи таърихи ватанӣ бо ҷавҳари аслӣ – хирад тавъам будааст ва қудратмандии забон ба тавоноии хирад бастагӣ дошта ва дорад. Маҳз забони бо хирад тавъами миллӣ дар тӯли таърих мардуми моро аз бунбастҳои фикрӣ, идеологӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ раҳо карда, дар баробари хатарҳои гуногун муқовиматпазир сохтааст. Ба сухани дигар, забони миллӣ дар имтидоди таърихӣ бар мабнои хирад ва фазилат ҳувияти миллиро ҳифзу нигоҳ дошта, то ба замони мо сиҳату солим оварда расонд. Ба ин маъно:

Забон бо хирад чун баробар шавад,

Ту гӯйӣ забоне  тавонгар шавад.

   Аз ин ҷост, ки пушти забони мо қудрат ва неруи ақлу хирад қарор гирифта, ин қудрат забони миллиро аз газанди рӯзгор эмин дошт. Дигар ин ки забони мо аз андеша, ки як навъ ояндабинии фалсафиро дар дарозои таърихи миллӣ ифода намудааст, қудрату тавон гирифта, бо ин ҷавҳари вуҷудӣ ва ботинӣ дар ҷараёни ҳастӣ обутоб ёфтааст. Ин аст, ки:

Қудрати ақл аст пушти ин забон,

Ин забон з-андеша мегирад тавон.

  Ёздаҳум. Забон ҳамчун  унсури миллатсозӣ ва фарҳангофарӣ ба арзишҳои инсонии як қавму як қабила маҳдуд нашуда, куллияи арзишҳои маънавии ҷаҳониро дар худ тачассум мекунад. Ба ин далел, забони форсии дарии тоҷикӣ дар шароити имрӯзӣ низ метавонад забони сиёсат, фалсафа, илм, мантиқ ва фарҳанг бошад ва дар таҳаввули андешаи миллӣ ва бедории фарҳангии ҷомеа таъсири амиқ гузорад. Собиқаи таърихии забони форсии дарии тоҷикӣ гувоҳ аст, ки ин забон дар шароити феълӣ низ метавонад раванди худогоҳӣ ва хештаншиносии миллиро таҳкиму тавсеа бахшида, бад-ин васила рисолати фалсафӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва билохира инсонии худро иҷро намояд.

  Бо умеди ҷомаи амал пӯшидани ормонҳои миллӣ ва рушди тавонмандиҳои забонию фикрии ҷомеаи тоҷикӣ матлабро хотима бахшида, Рӯзи забони давлатиро барои тамоми ҳамватанони гиромӣ ва ҳаммилатони бурунмарзӣ табрику таҳният мегӯям.  

   Нозим Нурзода

Хондан 1635 маротиба