JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 06 Сентябри 2018 07:24

Истиқлолияти давлатӣ дар фазои давлати дунявӣ (ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ)

Муаллиф:

   Тӯли таърихи башарӣ ҷомеа, мардум ва кишварҳои зиёди ҷаҳон сари исми Истиқлолияти давлатӣ савганди садоқат ба ҷо оварда, дар ин масири саодатбахш ва рӯҳафзо устуворона ҳаракат кардаанд. Истиқлолияти давлатӣ ба унвони ормони таърихӣ, сиёсӣ ва миллӣ сарнавишти миллатро дар замон ва макони мушаххаси таърихӣ рақам зада, ҷомеаро ба сӯйи рушду инкишоф ҳидоят менамояд. Маҳз марҳилаи истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам меоварад, ки халқу миллатҳо афту хез, шикасту рехт, бурду бохт, муваффақияту нокомӣ ва билохира қисматашонро  дар мизони ақлу виҷдон баркашанд ва барои сохтмони давлати навин гомҳои устувор бардоранд. Расидан ба марҳилаи Истиқлолияти сиёсию давлатӣ, ки мардуми шарифи Тоҷикистон онро ба унвони ҳадяи сарнавиштӣ пазируфтаанд, зиндагии ҷомеаи навини тоҷикиро бакуллӣ тағйир дода, ҷиҳати пешрафту тараққӣ уфуқҳои тозаро кушодааст.

  Мафҳуми истиқлолият он чи ки барои як инсон ва дар маҷмӯъ, як ҷомеа зарур аст, дар худ меғунҷонад. Он аз лиҳози луғавӣ ва истилоҳӣ ихтиёру озодиҳои зотӣ, сириштӣ, ботинӣ ва зоҳирии инсонро ифода мекунад. Истиқлолият, ки аз вожаи “истиқлол” муштақ шудааст, лафзи арабӣ буда, ба маъноҳои бардоштан ва баланд кардан, баланд баромадан, ба ҷойи баланд омадан; озодӣ доштан, ба озодӣ коре кардан, бидуни мудохилаи касе кори худро идора кардан (ниг.:Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. –Ҷилди аввал. –Теҳрон: Амири Кабир, 1381. –С.176), дар тасмимот ё рафтори худ тобеи дастур ва хости дигарон набудан, доштани ҳақ ё тавонойии тасмимгирӣ дар идораи корҳо, мустақил будан (ниг.:Анварӣ Ҳасан. Фарҳанги кучаки сухан. Ба сарпарастии Ҳасан Анварӣ. –Теҳрон: Сухан, 1383. –С.55); озодӣ ва худмухтории кишвар (ниг.:Фарҳанги донишгоҳии арабӣ ба форсӣ. Тарҷумаи Ал-мунҷид-ул-абҷадӣ. Тарҷумаи Аҳмад Сайёҳ. –Теҳрон: Фарҳон, 1379. –С.81) далолат мекунад, ки ҳамагӣ бар як маънию мафҳум --- озодӣ дар кору умур ва идораи кишвар мутамарказ мешаванд. Озодӣ ва мухторият дар идораи умур бидуни мудохилаи дигарон, қабл аз ҳама, ба марзи истиқлолияти давлатӣ  расиданро нишон медиҳад.

  Истиқлолияти давлатӣ, қабл аз ҳама, бо масъулияти фардӣ, гурӯҳӣ ва ҷамъӣ пайвастагӣ дорад ва ҳамин масъулият аст, ки пояҳои иттиҳоду ҳмбастагии мардумиро мустаҳкам мекунад ва ҳастию вуҷуди халқу миллатро дар паҳнои таърих ҳифз менамояд. Агарчи Истиқлолияти давлатӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 эҳдо гардид, тарҳи он қаблтар аз ҷониби бузургтарин сиёсатмадорону андешамандони миллӣ рехта шуда буд. Мутаассифона, Истиқлолияти давлатӣ, ки мухторияти томи сиёсию иқтисодӣ ва миллию мардумиро дар фазои Тоҷикистон ифода мекард, ба коми аждаҳои ҷанги шаҳрвандӣ даромад ва мардуми қаламрави ҷумҳуриро рӯҳияи ноамнию бесуботӣ ва шикасту навмедӣ фаро гирифт. Кишвар ва Ватан дар хоку хун оғушта гашт ва ҷаҳлу нодонӣ ҷойро ба ақлу хирад дода, коргардонони бозиҳои сиёсӣ ва геополитикӣ миллат ва мардумро амдан ва қасдан, ба сангарҳои мутақобил сафарбар намуда, алайҳи ҳамдигар шӯрониданд. Дар натиҷаи ноамнию бесуботӣ ва каҷфаҳмию бадбинӣ оромиши сиёсию иҷтимоӣ мамлакатро тарк карда, даргириҳо дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромаданд. Истиқлолият ва озодихоҳӣ чун зуҳуроти рӯзмарраи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию маданӣ аз ҳар тараф мавриди фишор қарор гирифт ва кор то ба ҷое расида буд, ки мардум аз он канора гирифт. Мардум, ки табиатан, ба сулҳу оштӣ ва ҳамдилию ҳамбастагӣ мутамоил аст, роҳро барои тафоҳуми миллию мардумӣ ҳамвор сохт ва шароити созишу гузаштро фароҳам овард. Саранҷом ақли солим бар ҷаҳли мураккаб пирӯз шуд ва созиши миллӣ рӯйи кор омад. Дарки амиқи Истиқлолияти сиёсию давлатӣ имкон дод, ки институтҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ дар ҳамбастагӣ фазои сулҳу оромишро бозсозӣ кунанд ва гурӯҳҳои даргирро ба ифоқа биёваранд.

  Пас аз барқарории сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ масъулиятписандӣ ба унвони тору пуди марзи истиқлолиятталабӣ ва озодихоҳии ватанӣ тадриҷан дар баданаҳои иҷтимоӣ реша гирифт. Масъулиятписандӣ аз хиради азалӣ ва сиришти инсонии халқи тоҷик сарчашма мегирад ва таҷрибаи талхи гузаштаи миллӣ дар ин амр мусоидат намуд. Байти:

             Гар бихезад аз даруни мо низоъ,

             Мебисӯзад тору пуди иҷтимоъ --

    ба сифати таҷрибаи таърихӣ дар ҳалли муноқишоти сиёсию иҷтимоӣ ва мафкуравию ақидатӣ мардумро кумак намуд ва роҳи иттиҳоду ҳамдигарфаҳмиро барои садсолаҳо ифтитоҳ бахшид.

  Зимнан, мазмуни масъулияти инфиродӣ, гурӯҳӣ ва билохира ҷамъӣ дар ҳамкории беғаразона, созиши мунсифона, баҳамойӣ, ҳамбастагӣ ва дар маҷмӯъ, якдигарфаҳмӣ зоҳир мегардад. Шароити масъулият ва ҳавзаи пурсишгариро дар баробари худ ва ҷомеа истиқлолияти сиёсию давлатӣ ба вуҷуд меоварад. Ҳунари пурсишгарӣ ва масъулиятписандӣ маҳз дар шароити корсоз будани дастгоҳи истиқлолияти сиёсӣ, фарҳангӣ, маданӣ ва мунтаҳо, давлатӣ муяссар мегардад. Ин аст, ки дар хамаи давру замон бар мабнои муҳити озоду мустақил ваҳдату ҳамдигарфаҳмии миллию мардумӣ бунёд ёфта, мушкилоту печидагиҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, равонӣ бевосита дар натиҷаи ваҳдату созиши ҷомеа ва сардамдорони он рафъ мегарданд.

   Бӯйи тозаи истиқлолияти озодӣ, қабл аз ҳама, бар машоми аҳли зиё ва фарҳанги кишвар мерасад, зеро ки маҳз ин қишр ё ба истилоҳ, институти иҷтимоӣ ва маданӣ нисбат ба ҳар падидаю зуҳурот ҳассосият нишон медиҳад ва алайҳи нодонию ҷаҳолат мешӯрад. Зиёиёну донишмандон хуб медонанд, ки дар тӯли таърих, пеш аз ҳама, аҳли донишу зиё дар орзу ва талоши истиқлолият будаанд. Аз ин ҷост, ки рисолати зиёӣ ва фарҳангии имрӯз на танҳо огоҳу ҳушёр кардани ҷомеа аст, балки аз дарун, сифатан тағйир додани зеҳну тафаккури иҷтимоъ мебошад. Шароити муосири глобалӣ ва марҳилаи навини Истиқлолияти давлатӣ аз зиёии тоҷик кори фаъоли шабонарӯзиро тақозо менамояд, то сатҳи хатарҳои глобалӣ – фундаментализм, экстремизм, радикализми динӣ ва терроризм, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, коҳиш ёбад ва вирусҳои тафаккури хурофотӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ сироят накунад. Гузаштан аз назария ба амалия ҳадафи асосии кори фикрию фарҳангӣ дар шароити феълӣ мебошад. Дар ҳоле ки мо, аксаран аз назария ба амалия нагузаштаем, раванди тағйироти сифатии ҷомеа сусту заиф ҷараён мегирад. Кор кардан бо ҷомеа, омӯзиши ҳаматарафаи афкори иҷтимоӣ, мушоҳида, таҷриба, дарёфти механизмҳои фаъолсозии иҷтимоӣ, коркарди роҳҳои алтернативӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, фикрӣ, фарҳангӣ, равонӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ-мафкуравӣ рисолати зиёии имрӯзӣ маҳсуб меёбад.

  Барои мо, Тоҷикистониён Истиқлолияти давлатӣ бо дунявият ва низоми давлатдории дунявӣ тавъам аст. Бояд дар назар дошт, ки эътиқоду эътимод ба низоми демократӣ (мардумсолорӣ) ва дунявӣ эътимод ба инсон, новобаста ба тааллуқоти нажодӣ, қавмӣ-этникӣ, миллӣ, динӣ, мазҳабӣ мебошад. Дунявият ё ба истилоҳ, «секуляризм» низомест, ки дар он инсон ва ҷомеа ба таври ошкору боз худро меёбад ва дар умури сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти давлатӣ фаъолона ширкат меварзад. Модели давлат ва ҳукумати дунявӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бар мабнои ин низоми сиёсӣ устувор аст, дар асоси таҷрибаҳои асрҳо ҳосилкардаи инсонӣ фаъолият менамояд. Илова бар ин, аксари кулли мардуми кишварҳои ғарбӣ аз низоми сиёсии дунявӣ пайравӣ карда, тайи солҳои тӯлонӣ дар ин сохтори сиёсӣ –дунявӣ умр ба сар бурдаанд ва ҷомеаи аврупоӣ дунявиятро ба унвони беҳтарин сохт ва намунаи зиндагӣ пазируфтаанд ва аз ин сохтори сиёсӣ ва мардумӣ ҷонибдорӣ менамоянд. Ҷангу низоъҳое, ки бар асари ихтилофоти динӣ-мазҳабӣ дар Ховари Миёна то ҳол хомӯш нашудаанд, бозгӯкунандаи онанд, ки дунявият дар миёни мардуми ин минтақаҳо ба таври зарурӣ мавқеият пайдо накардааст. Табиист, ки аз ин вазъият гурӯҳҳои манфиатдор ва рӯҳониёни муҳофизакор васеъ истифода мебаранд ва мардумро ба вартаи гумроҳӣ мекашанд. Дар ин миён зиёиёнанд, ки ба сифати ниҳоди муташаккили фаъол алайҳи беадолатиҳои иҷтимоӣ ва ихтилофоти мазҳабӣ  мубориза  мебаранд  ва рисолати иҷтимоӣ ва фарҳангии худро назди давлату ҷомеа бошарафона иҷро менамоянд.

   Ба таври  куллӣ, Истиқлолияти давлатӣ дар муҳит ва фазои миллӣ инсиҷом ёфта, бо секуляризм – дунёмадорӣ робитаи мазмунӣ, маъноӣ ва дар маҷмӯъ, органикӣ дорад. Табодули андеша, тафоҳуми миллӣ ва ҳамзистӣ дар миёни табақоти мухталифи иҷтимоӣ дар фазои солими Истиқлолияти давлатӣ имконпазир мегардад, ки мо дар муҳит ва қаламрави худ аз ин шароит бархӯрдорем. Ин аст, ки бояд дар масири Истиқлолияти давлатӣ ҷиддӣ ҳаракат кунем ва дар ҳалли мушкилоти фикрӣ, зеҳнӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маданӣ ва сиёсӣ аз фазои рӯҳафзои Истиқлолияти давлатӣ васеъ истифода бубарем.

 Нозим Нурзода 

Хондан 1742 маротиба