JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 22 Октябри 2018 15:18

ХОНЕД, МУЛОҲИЗА КУНЕД, ХУЛОСА БАРОРЕД! Суханронии и.в.Раиси ВМКБ Ё. Файзов, собиқ Раиси шаҳри Хоруғ А. Маҳтобшозода, муовини Раиси ноҳияи Ванҷ О.Мардов ва узви Шӯрои имомати Исмоилия дар ВМКБ П. Фаррухзод дар назди фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии ВМКБ ҶТ

Муаллиф:

  Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15-уми сентябри соли 2018 дар мулоқот бо фаъолони Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, дастгир намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта, мусодираи силоҳу аслиҳа, лавозимотҳои ҷангии  ғайриқонунӣ, ошкор ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир як қатор супоришҳои қатъӣ дода буданд.

Бо ин мақсад дар вилоят Ситоди байниидоравии мақомотҳои таъмини амният таъсис дода шуд ва ҳоло фаъолият дорад.   16 октябри соли равон роҳбарият ва аъзои масъули ин ситод дар назди фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии Вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон сухан гуфта, роҷеъ ба натиҷаҳои нахустини кори ситод  мулоҳизаронӣ намуданд.  Дар зер матни пурраи суханронии чанд нафари онҳоро бидуни тағйир  пешниҳоди хонандагон мегардонем.

Ёдгор ФАЙЗОВ, иҷрокунандаи вазифаи Раиси ВМКБ:

Ҳозирини гиромӣ!

Ман мехостам якчанд фикру ақидаи худро нисбати он чизе, ки имрӯз дар шаҳри Хоруғи ВМКБ ба амал омадааст,  ҳарф занам. Пеш аз ин суханон  дар муддати 16 рӯз буданам  дар вазифаи иҷрокунандаи  Раиси ВМКБ эҳтироми амиқи худро ба Пешвои миллат, ба ҳамаи он нафароне, ки дар ин ситод шабу рўз хизмат кардаанд, ба он модарон,  ба он зиёиён, ба он кормандони мақомотҳои давлатӣ ташаккури зиёд бигўям, ки маҳз ҳамин ҳамдигарфаҳмӣ буд, ки мо дар муддати як моҳ тавонистем супоришҳои Ҷаноби Олиро ба сомон расонем ва   ин кор кори якмоҳа нест,  ин кори хеле тулонӣ аст.

Баъзе масъалаҳо  вақт мехоҳанд.  Ман мехостам дар ҳамин ҷода як навооварӣ биорем, мо бисёр мегуем, гурўҳҳои муташаккил, гурўҳҳои ҷинояткор  — дар ҳамаи расонаҳо,  ҳам   расмӣ,  ҳам шабакаҳои иҷтимоӣ , ҳар касе суол мекунад онҳо кистанд барои чӣ ягон кас номашонро намегўянд. Ҳамон нафароне ки мо мегўем, роҳбарони гурўҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ҳастанд — Мунаввар аст, Толиб аст, Боқир аст, Хурсанд аст ва   Ёдгор аст. Биёд мардак барин суҳбат кунем, ки гап дар бораи кӣ меравад, гап дар бораи чӣ меравад.  Ва баъд шумо хабар доред он вохурие, ки дар толори Қасри варзиш доштем?  Қариб он ҷо 500-600 нафар ҷавонон ҷамъ омаданд,  фикр мекунам, ки дар таърихи 27 сол бори аввал ба тариқи кушод, рўирост ҳамдигарро гуфтанд, ки ту ана ин хаторо содир кардӣ, ту он хаторо карди.

Бори аввал буд,  ҳамон ҷо ҳам Толиб баромад карду ҳам Зуҳур баромад кард, ҳам чизе, ки вайҳо шояд мехостанд ба сохторҳои давлатӣ ва ман ҳамчун корманди ширкатҳои Оғохон  бигуянд, гуфтанд.  Ва    дар бораи онҳо ва коре, ки онҳо карданд,  ман ҳам ҳарф задам. Таклиф  карданд, ки агар проблема дар  мо бошад,  мо меравем 5 кас,  худамонро дар ҳамин майдон месупорем. Гуфтам беҳтарин, вале  ҳеҷ вақт шумо ин корро карда наметавонед.

Хоруғ ҷойи ҷанг нест,  мо дидем, ҳар рўз телевизионро тамошо мекунем мо Дамаскро дидем, мо Алеппоро дидем, мо Ироқро дидем мардум баромада  ҷанг карданд бо исломиҳо. Имрўз 10 миллион  одама оварданд ба ў шаҳрҳо мекобанд хонаашон дар  куҷо буд аз он хонаҳо аз он мулкҳои нозанин ягон чиз намондааст, ки имрўз, ки бо ҳар як корманди фонди Оғохон вомехуранд ва аз Сурияе, ки пеш аз ҷанг чӣ буд, аз Ливияе, ки пеш аз ҷанг чӣ буд, аз Ироқе, ки пеш аз ҷанг чӣ буд, аз Ямане, ки пеш аз ҷанг чӣ буд, гиря мекунанд, ки чӣ буду ба чӣ расидем.

Ман илтиҷо кардам аз Пешвои миллат, ки илтимос Хоруғ ҷои ҷанг нест.  Бе ин ҳам мардум сад мушкилот доранд, бе ин ҳам сад кас ҳар рўз мебиёяд пеши ман, ки ҷой надорем дар гараж хобем, дар сарай хобем, об надорем. Ин ҷо як ҷанги дигар шавад ин мардумро дар ин зимистон куҷо мебарем?! Ман медонам, ки аз у чердак,  аз у тирезае, ки як тир тарафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон биёяд, ҷавобан ун ҷо чӣ меравад, дигар аз он 9-ошёнаву 4-ошёнаву 10-ошёна чизе намемонад ва баъд биёрем ин ҷо мисли Сурия палатка монему ҳазорон нафар дар зимистон дар хаймаҳо хоб  равем. Худоро шукр,  ягона имконе, ки имрўз давлат додааст  — биёед яроқатонро супоред,  дар кадом қисмати Тоҷикистон хоҳед тинҷ зиндагӣ кунед. Ба фикрам, Анушервони одил ҳам дар вақти подшоҳии худ ин хел имкон надод, ки ҳозир дар он маҷлис.

Аз мардуми оддӣ имрўз давлат як ҷиз  илтимос дорад. Намегӯяд бирав яроқ ҷамъ кун, намегӯяд қатишон ҷанг кунед, лекин илтимос ҳангоми гузаронидани амалиёт халал нарасонед. Ҷони худ ва ҷони фарзандони худро дар хатар намонед, ин як чизи оддие, ки аз мардум талаб мекунанд. Лекин афсус,  новобаста аз ҳамин қадар вохӯрӣ  кардем мардум  ба ин кор қодир нест. Ҳамин тавре, ки Саймумин Сатторович гуфтанд,  аз  уҳдаи фарзандашон намебароянд. Маро дар ҳамон вохўрӣ гуфтанд, ки ту ҳамчун Раис ҷанг эълон кардӣ, ман гуфтам агар ин ҷо Пешвои миллат мақсади ҷанг карданро медошт маро ин ҷо Раис намеоварданд. Ин ҷо як одами дигар мешуд, ки ситора дошт дар китфҳояш.

Имрўз кулли сиёсатмадорони дунё,   кулли таҳлилгарон,  кули ҳизбҳои сиёсӣ ҳайронанд аз тасмими Ҷаноби Олӣ, ки чӣ хел директори фонди Оғохон имрўз иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят аст. Шумо медонед,  дина гузашта чи гапҳо буданд, муносибати Ҳукумат бо ташкилоти Оғохон ин хел аст, муносибати Ҷаноби Олӣ ин хел аст. Ана оқибат яке аз шахсони калидии ташкилоти Оғохон имрўз иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят аст. Маънии ин чӣ аст? Консолидатсия. Ҳама қувваву усули барои мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, ба муқобили вайронкунии  қонун ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда, ана ҳамин тасмим гирифта шудааст. Ва имрўз ҳамин масъулияти бузург намедонам аз чи сабаб бошад, ки ин масъулияти бузург ба души ману ба души ана ҳамин нафароне, ки шумо имрўз дар ҳамин толор мебинед,  афтидааст. Ягон хел гап ин ҷо нест ва дар чанд вохўрие доштам бо касе ман ана ҳамин  гапро рўи рост мегуям, ки кӣ буд, чӣ кард, дигар ҷои тарс нест.

Он дигар сол буд , ҳозир дигар,  давлат он давлате нест, ки имрўз нон талабад, орд талабад,  дунё дигар шуд. Тоҷикистон тавонист, ки худро бо сиёсати нав мутобиқ кунад, зиндагии худро пеш барад. Имрўз вайҳо дар бораи иҷрои пахтаву меваву гушту сабзавот мегўянд, мо дар 5 сол чӣ қадар силоҳ супоридем, чӣ қадар маводи мухаддир ва чӣ қадар аманалу дигар чизҳо ҷамъ кардем.

Аз ман суол карданд дар бораи ин гурўхҳои муташаккил, ки  нақша кашиданд, кӣ ҳастанд вайҳо,  чӣ қадар одам доранд?  Майлаш агар Ёдгор 50-100 кас дошта бошад, Толиб 50-100 кас дошта бошад, Хурсанд 50-100  кас дошта бошад, Боқир 50-100 кас дошта бошад, бо кадоме дигар 50-100 кас дошта бошад, хайр хулас   300 кас 500 кас 1000 кас, чӣ ҳаст имрўз барои як давлате, ки миллион нафар афсару аскар дорад, лекин мегўяд дар гирди инҳо 1000 нрафар ҷавонон мағзшўӣ шудааст. Ана проблема як аст. Агар имрўз гап дар бораи 200, 300, 500 кас бошад дар як шабонарўз ҳал мешавад. Лекин мо дар муддати 20 сол кулли ҷавонони худро аз даст додем,  вайҳо дар зери таъсири кўча монданд.

Хонаи падару модар меравем, мегўяд писарам дар хона нест, дар кучо дежурний, дар навбат аст, чӣ хел он модар,  он падар хоб мекунанд, ки бачааш як ҳафта хона наомадааст?! Чӣ мехўрад, чӣ мепўшад, дасташа мешўяд, дар куҷост. ҳеҷ кор карда наметавонем. Илтимос мекунад мегуяд, ки писари маро баред хизмати ҳарбӣ, ки аз ҳамин гурўҳҳо халос шавад. Лекин нагўед, ки мо гуфтем. Падар,  модар аз фарзанд метарсанд. Бисёр оилаҳо буданд, ки фарзандонашонро аз ин ҷо гурезонданд, ки ба ягон гурўҳ ҳамроҳ нашаванд, гирифта бурданд. Бинобар ин, тарси ман аз он яроқ нест,  ҳарчанде, ки яроқ дошта бошанд, ман ягон тарс надорам, ягон кор карда наметавонанд.

Тарси ман аз он идеологияи нодуруст, аз он мафкураи хеле танги ҳамон ҷавонон,  ҳамон мардуми мо аст. Ман худам соли 2001 вақте, ки директори генералии барномаи инкишофи иҷтимоии манотиқи кўҳистон таъин шудам ва баъд ба Душанбе бояд мерафтам, зани манн,  кўдакони ман гиря мекарданд,  ки мо чӣ хел аз Хоруғ меравем, ҷўраҳояшон дигар шуд, минталитет дигар шуд, дигар мебинем дар хонаи ин ҳамсоя аз Ҳисор, дар хонаи дигар аз Кўлоб, у ҳамсоя аз ким-куҷои дигар. Ҳозир духтари ман дар бонк кор мекунад, саҳарӣ писарчаи яксолаш дар хонаи ҳамсоя, ки аз Ҳисор ҳаст, мемонад меравад, калидамон дар хонаи ҳамсояи дигар, ки аз Восеъ ҳастанд. Вақте, ки маро Раиси вилоят оварданд ин ҷо , зани ман, духтари ман гиря мекунанд, ки ту куҷо меравӣ,  ин Душанбеи нозанин,  ин зиндагиро монда ту куҷо меравӣ. Вақти каникул намеоянд, аз як ҳафта зиёд намеистанд дар Хоруғ, чунки он зиндагиро диданд дар он ҷо.

Бисёриҳо ҳоло дар ҳамин толор нишастагӣ ҳастед, мегуянд табрик гуфтанат наметавонам, лекин тавфиқат мехоҳам ва номусат мехоҳам. Солҳои пеш як кас Раис мешуд, як хафта туй буд, хурсандӣ буд.  Кори ман дар назари мардум то чӣ андоза мушкил шудааст, мардум рахмашон меояд дар холи ман рахмашон меояд. Ин бисёр як сигнали ҷиддӣ барои ҳар як нафаре, ки дар ин ҷо зиндагӣ мекунаду номус дорад. Агар ман наояму каси дигар наояд, кӣ ин ҷоро обод мекунад?! Агар ҳамин мафкураи ҷавононро накушоем,  дар ин мулки тору танг,  дар ин шаҳр, ба ин роҳу дарахту рушноӣ  нигоҳ кардем, мегуем ҳамин ҷавонон чӣ хел ин ҷо зиндагӣ мекунанд. Ҳозир бинед, агар аз Хоруғ Душанбе равӣ дар роҳ 50-100 туристро мебинӣ омада истодаанд. На фарҳанга медонанд на ину на вай,  аз Швейтсария,  аз Франсия меоянд, дунёро тамошо мекунанд Тоҷикистонро тамошо мекунанд.

Аз Душанбе сар карда,  то ким куҷо, ягон амрикоие нест, ки кулли Амрикоро надида бошад, мо бошем 99% мардуми Бадахшон Хатлону Суғдро надидааст, 98%-и он тараф Бадахшонро надидааст. Вақте, ки гап дар бораи Хоруғ меравад,  он донишҷуёне, ки духтарашон дар Донишгоҳи Хоруғ дохил мешавад,  падару модарашон аввал мотам мегиранд, ки куҷо рафт ин духтарам,  писарам  чи хел дар он шаҳре, ки ҳамааш криманалу ҳама дузду афюну бангзада зиндагӣ мекунанд. Бинобар ин, масъалаҳое, ки имрўз ҳастанд,  ин аз хона пайдо мешавад. Ба ман савол доданд, ки маводи мухаддир, яроқ аз куҷо меояд, маънои савол ин буд, ки барои чӣ ҳукуматдор сарҳадро муҳофизат намекунад. Гуфтам ҶИА, лекин имрўз ҳатодавлати абарқудрати Амрико наметавонад сарҳади худро мустаҳкам кардан. Гап дар бораи 1420 км меравад, ин магар миллион нест,  даст ба даст ҳамонро маҳкам кунанд дигар илоҷаш нест.

Зиёд аз ман савол карданд, ки ин қувваҳо кай мебароянд.  Алакай Саймумин Сатторович ба ин ҷавоб дод, ки ин Тоҷикистон аст дар куҷо чӣ қадар,  кай хоҳанд ҳама намуди қувва меистанд. Агар он қувваҳо бар зарари халқ бошанд дар он вақт ман ва шумо — фаъолон ҷавобгар ҳастем, ки ин масъаларо то сатҳи боло барем. Ман то худи пеши Ҷаноби Олӣ арз доштам, вақте гуфтанд корҳои идеологиро сахт қапед,  гуфтам Пешвои миллат меқапем ин корро,  лекин мушкилот зиёд аст,  гуфтам дар Хоруғ мардум як соат об доранд.  Телефонро бардошт ҳамон дақиқа телефон кард муовини Сарвазирда мардум бекор аст, ин аст вай аст гуфт,  ҳамаи ино мешаванд ва мо медонем, ки ҳамаи инҳо мешаванд, лекин инба тенҷию амони зарур аст.

Имрўз дидед, ки Бадахшон ҳамаги 30% худро таъмин мекунад тамом. Бадахшон метавонад худро 100% таъмин кунад , ба шарте, ки ин ҷо инвеститсия биёяд. Кай меояд?  Вақте, ки оромӣ аст,  дар ягон дунё дигар давлат завод намесозад, давлат фабрика намесозад, дигар ҳама хусусӣ аст. Лекин барои як турист,  як инвестор омадан ин ҷо шароит даркор аст. Ба ғайр аз шароитҳои иқлиму дигар ин ҷо аз ҳама муҳим барои мо ҳамин сулҳу оромист. То нафаре вақте ки дар берун дар бораи Бадахшон мешунавед одам девона мешавад ва то даме, ки ин ҷо биёяду баъд бинад,  мегӯяд, ки не ин ҷо чизҳои хубаш ҳам будааст.

Вале мушкилоташ ҳаст,  мо дар давоми ҳамин 25 сол  ба афсус одат кардем зиндагӣ кардан, ба гуфтаи русҳо аз рўи «қонуни ҷангал». Ҳама чиз мумкин аст, ҳама чизро бахшидан мумкин аст. Як нафарро суҳбат кардем, гуфт ман мардуми шуморо намефаҳмам, ки мардаке писари 27-солаашро куштанд. Ў мегўяд, ман бахшидам,  мегуяд ҳайвони ваҳшира агар бачаашро даст расонӣ вай туро мегазад, мекушад. Фарзанди ин нафарро мекушанд 2- сола, мегуяд ман бахшидам. Ман он бахшишҳои сиёсиро мефаҳмам, чунки дигар илоҷ набуд, ба ғайр аз бахшидан. Дигар ҷойи бахшиш ҳам нест. Ин ҷо хафа шудан ҳам даркор нест, дигар  пулу мол вай ҷойи сухтагиро пур карда наметавонад. Имрўз дар расонахо бисёр гап меравад,  гап дар бораи яроқ, ҳамин корро намекардед мо медонем, ки ин яроқ аз куҷо меояд, ҳама медонанд инро,  то сатҳи олии мамлакат инро медонанд.

Филм тамошо кардем,  чӣ хел Кумитаи амният қапид он нафаронро, ки яроқ меоранд, яроқ мефурӯшанд, буданд факторҳое, ки пул доданд яроқ ҷамъ карданд, ҳисобот доданд, ки ана ҳамин яроқҳо ҷамъ шуд, боз бадбахтона ин ки яроқ аз аҳолӣ мусодира карда шуд. Лекин кадом аҳолӣ?  Мефаҳмед, ки он як гурўҳи махсус аст, лекин барои чӣ, тасавур кунед рузи 15-уми сентябр Ҷаноби Олӣ агар мегуфтанд, ки кулли гурўҳҳои ҷиноятиро нест кунед, тоза кунед, имрўз дар ин ҷо мову шумо намеистодем. Имрўз нисфи Хоруғ пур аз хун мешуду ҳамаш сухта буд. Лекин  инҳо элементҳое ҳастанд, ки ба ақли солим имкон медиҳанд, ки проблемаро бе ҷанг ҳал кунанд. Мегуянд, ки биё яроқро ҷамъ кунед, як комиссия кунед аз мониторинг гиреду аз ҷомеаи шаҳрвандӣ. Ин картошка ё пахта нест, ки гўем, ки Ёдгор 50 кг супорид, фалонӣ 20 кг супорид. Ин қонун дорад гуфтам ба таври анонимӣ бе ному нишон, мункин баъди ду — се сол аз ҳамон автомат одамро  куштаанд, гуфтам ана ҳамин автоматро фалонӣ супоридастанд.

Ман дар соли 2012 дида будам одамонро,  рўйҳояшон баста буданд, забор қати мепартояд автоматро. Рафт,  чӣ буд — набуд, дигар кор надорем, чунки ҳукукмат имкон дод, ки супор мо дигар дар пайи ту нестем. Имрӯз дар расонаҳои хабарӣ ҳар гапу калоча… бахусус ватандорони мо,  ки берун аз Бадахшон ҳастанд, насиҳат мекунанду худашон қонуни оддии давлатро намефаҳманд. Бинобар ин, ман аз муҳтарам Раиси КДАМ, аз муҳтарам Прокурори генералӣ , аз нафароне, ки дар ин ҷо ширкат варзиданд, бисёр ҳам муташаккирам аз кулли кумаку дастгирие, ки шумо дар тӯли як моҳ ба мақомот дастгирӣ кардед, хеле сипосгузорам ва умед дорам, ки аз ҳамин рўз,  аз ҳамин соат ба Бадахшон тинҷию  амонӣ мебиёяд. Волоияти қонун аз ҳамин рўз таъмин мегардад ва мо бояд дар фикри зимистон бошем, роҳ чӣ мешавад, ғизо чӣ мешавад,  объектҳоро чӣ хел гарм кунем, аз пайи зиндагии рўзмарра, аз пайи корҳое, ки сохторҳои давлатӣ кунанд, на аз пайи ҷамъ кардани яроқу маводи мухаддиру дигар чизҳо.

Арамбегим МАҲТОБШОҲЗОДА , собиқ Раиси шаҳри Хоруғ:

      — Дар ин ҷо қайд карданд, ки барои чӣ ҳама аз як гиребон сар бароварда ба муқобили ин ҷинояткорон мубориза намебаранд. Барои он ки ҳамаи аҳли ҷомеаро тарсу ваҳм, ҳисси ноумедӣ фаро гирифтааст. Лекин дар ҳамин муддат, ана ҳамин хел идома ёфт. Ана ҳамин, яъне ҷазо надодани ҷинояткорон идома ёфт. Ин натиҷаи мантиқии ҳамин бархӯрд аст, ки агар ҷинояткор ба ҷавобгарӣ кашида нашавад, боз ба ҷиноятҳои худ идома медиҳад.

Ҳар як модари бадахшонӣ, ҳар як зани бадахшонӣ, ҳар як бонуи бадахшонӣ, онҳо ба мо иброз доштанд, ки мо дигар наметавонем ҳамин хел зиндагӣ кунем. Барои чӣ ҷинояткорон ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд? Яъне, пас аз ин маълум мешавад, ки вақти он расидааст, ки ана ҳамин ҷинояткорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Мо дар ҳамин Ватани обод зиндагии осуда дорем. Ҳамаи модарону хоҳарони Бадахшон ниҳоят сипосгузоранд, ки ин гуна зиндагӣ, ҳамин гуна мамлакати тинҷу ободе, ки Сарвари давлат ба мо ҳадя кардааст, дошта бошем. Тамоми модарони вилоят осоиштагии мамлакати худамонро, миллати худамонро амри воҷиб медонанд. Ҳамаи ҳамон анъанаи неки падару бобоёни худамонро боз бо ҳамин миллати худамон мо имрўз барқарор мекунем.

Одинашо МАРДОВ, муовини якуми Раиси ноҳияи Ванҷ:

— Дар ҳошияи воқеаҳои Хоруғ гуфтаниам, ки  гӯё ки агар дар Хоруғ муноқиша шавад, мумкин, ки мардуми Язғулом дастгирӣ кунад. Ман ба Шумо кафолат медиҳам, ки ягон язгуломӣ ҳатто касалмандаш ҳам ба тарафи Хоруғ намеояд. Баъдан як чиз аст, ин шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, экстремистӣ-террористӣ ва ғайр аз ин баргардонидани толибилмоне. ки ғайрирасмӣ дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд. Хушбахтона дар соли 2018 12 нафар толибилмоне, ки ғайрирасмӣ дар хориҷи кишвар таҳсил мекарданд, ба  Ватан баргардонида шуданд. Махсусан баъди дастуру ҳидояти Пешвои миллат 5 нафар зодагони ҷамоати деҳоти Язғулом  28-уми моҳи сентябр ба Ватан баргардонида шуданд.

Фақат як чизро ман қайд карданӣ ҳастам. Дар масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ -экстремистӣ бояд зикр кард, ки як фард бо номи Кузов Мирзораҳим аст. Агар марди хуб мебуд ин хел фамилия намедошт, ин хел ному насаб намедошт. Кузов аз хориҷи кишвар аз Варшава ба воситаи расонаҳои хабарӣ эълон кардааст, гуфтаст, ки сохторҳои қудратӣ ба мардуми водии Язғулом фишор меоранд. Сол то сол аҳолии ҷамоати деҳоти Язгулом аз 20 ҳазор нафар ба ёздаҳу ба даҳ нафар фаромадааст. Баъдан Кузов мегӯяд, ки ба ҷамоати деҳоти Язгулом гўё ягон кас нигоҳ намекунад, ин гапаш сад дар сад дурўғ аст. Фишор нест ва ҳукумат барои беҳбудии водии Язгулом, саъю талош ва ёрии амалӣ мекунад. Ман як чизи оддиро барои Шумо мисол мебиёрам. Ман аз номи мардуми Язғулом ба Пешвои миллат,Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бисёр ин шахсиятро дўст медоранд, изҳори ташаккур мегуям. Баъдан ман як чизро ҳаминҷо қайд карданиам, аксарияти ҷавононе, ки ба гурўҳҳои террористӣ-экстремистӣ шомил шудаанд, «маҳсули» дасти ҳамин Кузов ҳастанд. Ин Кузов имрўз дар хориҷи кишвар фарзандони моро бероҳу гумроҳ карда истодааст. Ман итминони комил дорам, ки ҳамин Кузов як рўз не як рўз дастгир мешавад ва дар назди қонун бояд ҷавоб диҳад.

Парвонаи ФАРРУХЗОД,  узви  Шурои имомати Исмоилия дар ВМКБ

 — Ман ҳамчун намояндаи дин изҳори ташаккуру қадрдонӣ мекунам аз Ҳукумати марказӣ, ки воқеан имрӯз дар ягон ҷойи дунё,  дар ягон давлати мусулмоннишин пайравони мазҳаби Исмоилия  чун дар Тоҷикистон озод нестанд. Ягона давлате, ки пайравони мазхаби исмоилия расму русуми худро оромона анҷом медиҳанд ин Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Аз ин рӯ ҳамчун шаҳрванди ин кишвар ва ҳамчун намояндаи мазҳабӣ бар гарданамон фарз аст, ки мо ҳар кадом шукронаи соҳибистиқлолии ин давлату Ҳукуматро ба ҷо орем.

Дар ҳамин толор соли 1995 сарвари мазҳабиямон дар хитоб ба якояки мову шумо гуфта буд, ки биёед, умедвор бошему ба ростӣ итминон ҳосил кунем, ки Конститутсия бояд ҷойгузини силоҳ гардад. Тоҷикистон Конститутсияи ҷадиде қабул кардааст, ки чанд асли асосиро барои муҳофизати мардуми худ таъмин мекунад. Ҳамин сарвари мазҳабиямон дар хитоб ба ману Шумо мегуфт, ки дар ҳар кишваре, ки бошед барои хидмат ба беҳбудии он кишвар вафодории мукаммал ва садоқати худро собит намоед. Обрӯи миллати худро бо заҳмати фидокорона, донишу маърифати олӣ дар миқёси байналмиллалӣ баланд бардоред.

 Касоне дар ин мазҳаб мехоҳанд идеология  кунанд, сохторҳои Мавлоно бо онҳо нестанд. Шояд ин ё он ҷо пайдо шавад касоне мехоҳанд аз ин мазҳаб истифодаи идеологӣ кунад. Ман мехоҳам ҳамчун намояндаи ин мазҳаб эълон кунам, ки волоҳазрат Оғохон ҳаргиз барои идеологӣ кардани мазҳаб розӣ нест ва мухолиф аст. Гоҳо рафтори баъзе аз мо ин гуна аст, ки вақте аз паҳлу арзёбӣ шавад моро фанатизми исмоилӣ ном мебаранд.Таассубгароии мазҳабӣ. Аммо ман ба Шумо бо сад далели мазҳабӣ гуфта метавонам, ки ин раҳбари мазҳабии мо асли асосие, ки дар дунё мехоҳад бигуяд, зиёдаравӣ набошад, ифротгароӣ набошад. Мағзи ҳамаи ҳарфу идеяҳое, ки ин раҳбари мазҳабӣ эълон мекунад, ин аст, ки ман гуфтам. Мутаассифона, имрӯз писари ман, бародари ман ё хоҳари ман гоҳҳо дар баъзе масъалаҳо ба зиёдаравӣ рох дода истодаанд ва ман эълон медорам, ки он зиёдаравиҳое, ки ҳаст агар аз тоҷи имомат истифода мешавад, агар аз парчами имомат истифода мешавад ва агар аз нишонаҳову рамзҳое, ки хоси Аълоҳазрат аст, истифода мешавад, ё ҳар касе истифода мекунад, ин хос хоси Аълоҳазрат нест, хости сохторхои мазхабӣ нест ва ин як навъ зиёдаравӣ буду ҳаст ва ман аз тамоми сохторҳои қудратӣ хоҳиш мекунам, ки онҳоро ҷузъи мазҳаб ҳисоб накунед, онҳоро ҷузъи сохторҳои мазҳабӣ ҳисоб накунед ва бо онҳо бархурди қонунӣ шавад.

Асосномае, ки имрӯз Исмоилия барои худаш дорад ва аз ӯ ҳама чӣ метавонад асос бигирад дар қисмати боби 16 “Ҳеҷ кас бидуни иҷозати хаттии Мавлоно Ҳозир Имом хақ надорад ном, стандарти шахсӣ, тоҷи имомат, парчамро барои ягон намуд мақсад истифода кунад”. Инҳо аз номи мазҳаб касоне мехоҳанд истифода кунанд ва ман мехоҳам бигуям, ки ҳаргиз пойи мазҳаб аз пайи онҳо кашонида нашудааст ва нахоҳад шуд.  Мазҳаб сабаби ин нест. Баръакс,   аз замоне, ки соли 1994,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат замина фароҳам овард то раҳбари мазҳабиямон бо мо робита боз намояд ва раҳбари мазҳабиямон аз оғози робитааш бо мо таъкид карда буд, ки сулҳ, тинҷӣ, ваҳдат, осудагӣ, парҳезкорӣ аз силоҳ, маводи мухаддир, дурӣ аз майгусорӣ ва ҳама он мушкилоте, ки баррасӣ шуда истодааст, аз соли 1994 инҷониб аз забони раҳбари мазҳабиямон садо медиҳад.

http://khovar.tj/2018/10/honed-mulo-iza-kuned-hulosa-barored-suhanronii-i-v-raisi-vmkb-yo-fajzov-sobi-raisi-sha-ri-horu-a-ma-tobshozoda-muovini-raisi-no-iyai-van-o-mardov-va-uzvi-shuroi-imomati-ismoiliya-dar-vmkb-p-farruhz/ 

Хондан 91 маротиба