JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 13 Ноябри 2017 08:21

Ховари Миёна - минтақаи нигаронкунандаи ҷаҳон

Муаллиф:

  Ховари Миёна ё ба истилоҳи геополитикии шарқшиносони аҳди Иттиҳоди Шуравӣ, Шарқи Миёна ва Наздик яке аз марказҳои тамаддуни башарист, ки чи дар замони устуравию ривоятии башарӣ ва чи дар замони таърихнигории илмӣ бештар мавриди даргириҳову носуботиҳо, ихтилофоту зиддиятҳои тунди иҷтимоӣ ва ҳамзамон хостгоҳи асли тамаддун ва адёни бузурги тавҳидӣ, то ба имрӯз шинохта шудааст.

  Зери истилоҳи Шарқи Наздик (ё Миёна) дар ҳуҷҷатҳои расмии ҳукуматии кишварҳои пешбари ҷаҳон ва ҳамчунин дар саҳифаи муросилоти дипломатӣ, адабиёти илмӣ ва публитсистӣ тибқи анъана минтақаи ҷуғрофие фаҳмида мешавад, ки мавқеи ҷойгиршавии он дар маҳалли пайвастагӣ бо Аврупо, Осиё ва Африқо воқеъ гардидааст. Минтақа қаламрави давлатҳои Исроил, Лубнон, Сурия, Урдун, Ироқ, Эрон, Туркия, Миср, Яман, Арабистони Саудӣ, Судан ва баъзе кишварҳои дигарро дар бар мегирад. Мафҳуми мазкур тахминӣ буда, ҳоло ҳам ба таҳлили густурдаи илмӣ эҳтиёҷ дорад[1].

 Барои он ки ба мушкилоти имрӯзаи минтақа таваҷҷуҳ карда бошем, дар ин мақола кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ба таҳлили заминаҳо ва паёмадҳои мушкилоти мавҷудаи минтақа расидагӣ кунем.

  Заминаи асосии мушкилоти имрӯзаи Ховари Миёна, ба назари бархе аз коршиносони соҳа, аз солҳои 1970 ба баъд оғоз мешавад. Гарчанде пештар аз ин ҳам бо шурӯи ҷанги сард ин минтақа низ ҳамчун майдони муборизаҳои идеологӣ аз тарафи СССР ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка қарор дошт, аммо ҳоло дар ин минтақа манфиатҳои абарқудратҳо ба таври ошкоро пуштибонӣ шуда, барои амалишавии манфиатҳои худ мубориза мебаранд.

 Омили дигари таваҷҷуҳи ин ду абарқудрат ин захираҳои нафт мебошад, ки дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва системаи муносибатҳои байналмилалӣ ва дар умум, вазъи геополитикии минтақа саҳми муҳим дорад. Баъди озод гаштан аз мустамликаи Британияи Кабир ва рафтани он аз Халиҷи Форс дар минтақа иттиҳодияҳо ва ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҳамгироии онҳо ташаккул ёфт. Дар ин солҳо субъекти муносибатҳои байналмилалӣ дар минтақа, ғайр аз давлатҳои мавҷуда, инчунин дар дохили давлат ва берун аз низомҳои давлатӣ, пеш аз ҳама, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, гурӯҳҳои террористӣ, ҳаракатҳои қавмию динӣ ва баъдан иттиҳодияҳои байнидавлатӣ-минтақавӣ, мисли Лигаи давлатҳои араб (ЛАГ), Созмони конференсияи исломӣ, Созмони давлатҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК), Ҳаракати пайвастнашаванда (Движения неприсоединения), Шӯрои ҳамкориҳои давлатҳои арабии Халиҷи Форс (Совет сотрудничества арабских государств персидского залива (ССАГМЗ) ва Иттиҳоди ҳамкориҳои иқтисодӣ (ОЭС) ташкил шуданд.

  Дар солҳои 1970 то 1990 нақши созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун фарогирандаи раванди ҷаҳоншумулият боло рафт ва ин тамоюл  дар Ховари Наздик хусусияти хоси худро дошт. Дар минтақа ҳамгироии иқтисодӣ мисли Иттиҳоди Аврупо дар Аврупо, НАФТА дар Америкаи Шимолӣ ва ЕврАзЭс дар ИДМ ва дар Ховари Миёна бошад, ОПЕК ташкил шуд, ки коркард ва истеҳсолгарони нафт аз тарафи давлатҳои Халиҷи Форс ба роҳ монда шуда, натанҳо мудирияти сиёсии аъзои он дар бахши нафт ва иқтисоди он, балки таъсири зиёде ба бозори нафти ҷаҳонӣ ва иқтисоди ҷаҳон низ мерасонанд.[2]

  Бозингарони дигари минтақавӣ, ки хусусиятҳои миллигароӣ дар онҳо мавҷуд буд, мисли «Ихвон - ул – муслимин», «Ҳаракати миллӣ-озодихоҳии курдҳо», ҳизбҳои умумиарабӣ, амсоли носириҳо, боасиҳо ва созмони озодихоҳии Фаластин ва инчунин зиддиятҳои дохилӣ ва эҳёи исломӣ ва гурӯҳҳои террористӣ дар ин минтақа фаъол гаштанд.

 Омили дигари ин раванд падидаҳои фарҳангӣ-тамаддунӣ дар минтақа мебошад. Гарчанде давраи истеъморӣ бисёр анъанаҳо ва расму ойинҳоро маҳдуд месохт, аммо мероси фарҳангии онҳоро аз байн набурд. Дар қатори хусусиятҳои суннатии (анъанавии) шарқии низоми сиёсӣ, унсурҳои муносибатҳои иҷтимоӣ (мисли муносибатҳои гуногуни пӯшидаи падарсолорӣ ё мардсолорӣ), ҳолати хоҷагидории суннатӣ (мисли бозор), хусусияти фарҳангӣ ва ҳувиятии қавмӣ, махсусан нақши боризи дин ҷойгоҳи вижаро дошт.

  Бо вуҷуди гуногунии динҳо дар Шарқи Наздик, дини асосӣ ислом аст. Ислом бо доштани ду мазҳаби бузург-суннӣ ва шиа, инчунин аз дохили ин мазҳабҳо ақидаҳо, таълимот, бахш ва ҷараёнҳои (махсусан, шиа) зиёде низ мавҷуданд. Ислом ҳамчун институти сиёсӣ, мисли калисои масеҳиён, ки дорои суннатҳои ягона бошад, дар тӯли таърихи мавҷудияти худ ташаккул наёфта буд. Муҳимтарин нақш дар ҳаёти динӣ - фарҳанги ирфони исломӣ то ибтидои асри 20 давом дошт, ки таъсири муайяни суннатӣ ба сиёсат ва инчунин ба ақидаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ гузошта буд. Аз ду даҳсолаи асри 19 ва ибтидои асри 20 исломи сиёсӣ (исломизм) бо шакли дигар зуҳур карда, хостори таҷдиди назар ба таълимоти исломӣ шуд. Ин ном бештар аз тарафи муҳаққиқони Ғарб ҳамчун таълимоти иҷтимоӣ-сиёсӣ маъруфият пайдо кард ва ҷараёнҳои исломии муосир исломро ҳамчун як ҷузъи идеология ё идеологияи сиёсии худ қабул карданд.

  Ислом ҳамчун ҷараёни динӣ – сиёсӣ дар Шарқи Наздик вижагиҳои гуногуншакл дошта, наметавон онҳоро ба таври механикӣ ба ҳам пайванд сохт. Ба таври умум, ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои исломӣ дар Ховари Миёна ба ғайр аз модели исломӣ дигар моделҳои рушдро қабул надоранд. Идеологияҳои исломгароёни сиёсӣ ба ҳам ихтилоф дошта, дар бештари маврид зидди ҳамдигар мубориза мебаранд. Албатта таҷдидхоҳони исломӣ мехостанд исломро ба замони муосир мутобиқ созанд. Аммо чи тавре, ки имрӯз мебинем онҳо дар ин самт муваффақ нагаштанд, ва фирқаҳои бунёдгароиву ифротӣ  тавсеа ёфтанд, ки таҳлили ин мавзӯъ баҳси дигарро металабад.

 Дар поёни қарни 20-ум дар равобити байналмилалӣ ҷудоии дин аз сиёсат ба назар гирифта нашуд ва дар натиҷа аз ҳаракатҳову наҳзатҳои динӣ сиёсатмадорон барои амалишавии ҳадафҳои худ истифода карданд. Таъсири омилҳои динӣ дар ҷангҳои дохилӣ ва шаҳрвандӣ дар Лубнон (даргириҳои фирқавӣ), муноқишаву низоъҳои байни арабҳову Исроил, нигариши мазҳабӣ-ирфонии Яҳудиён ба самти Йерусалим, сиёсати хориҷии Эрон пас аз инқилоби исломӣ, мавриди истифода қарор гирифтани созмонҳои сиёсии динӣ ва гурӯҳҳои террористӣ барало мушоҳида мешуд. Дар ин марҳила мақоми иҷтимоии «эҳёи исломӣ» барои ташкил ва мудирияти сиёсии исломӣ ва ҳарчи бештар пуштибонӣ намудан аз манофеи хоси иқтисодии гурӯҳҳои давлатӣ ва хадамоти махсуси амниятӣ дар кулли кишварҳои Ховари Миёна истифода мешуд. Бояд дарёфт, ки дар ин давра «терроризими исломӣ» ба таври мушаххас муайян набуд ва ҳамзамон гурӯҳҳои террористии фаъол дар минтақа дар ин солҳо мавҷуд набуд ва ҳеҷ кас аз онҳо ба таври умум аз пайи амалишавии ҳадафҳои дунявии худ (ҳадафи миллигароӣ, чапгароӣ, исломгароӣ ва ғайра) ба худкушӣ ва даҳшатафканӣ рӯ намеовард. Бештари гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ мисли террористони протестантӣ ва католикӣ марбут ба фирқаҳои худ буданд.         

  Ин раванд, то инқилоби исломии Эрон назаррас набуд ва дар раванди инқилоби исломии Эрон чунин ҳаракатҳои ифротиву даҳшатафканӣ ташаккул ёфтанд. Ба гуфтаи Д.В.Ольшанский, Руҳуллоҳ Хумайнӣ «аввалин нафарест, ки ошкоро аз равишҳои даҳшатафканӣ барои ҳифзи на манофеи миллӣ ва ё манфиатҳои дигар, балки махсусан, барои ба даст овардани ҳадафҳову арзишҳои динӣ- сиёсӣ истифода кардааст[3]. Дар идомаи ин ҳодисот баъди солҳои 2001 ва ҳодисаи сентябрӣ дар ИМА чунин амалҳо идома пайдо карда, фидоиёни исломӣ ба худкушӣ ва даҳшатафканӣ даст заданд. Ин раванд то ба имрӯз густариш ёфта ва ба тамоми ҷаҳон ҳамчун як омили хатарзо паҳн мегардад.

  Вазъи имрӯзаи Ховари Миёнаро мо дар гуфтаи яке аз муҳаққиқони масоили ин минтақа Муҳаммад Қарогузлу, ки ҳамаҷониба таҳқиқ кардааст, хулоса мекунем. Ӯ таъкид мекунад, ки  Шарқи Миёна ва Наздик ба далели вижагиҳои геополитикӣ ва геостратегӣ  қобилияти онро дорад, ки аз нуқтаи чунин буҳронҳо низ бигзарад ва ҷаҳонро бар гирдобе ҳавлнок аз хуну ҷунун фурӯ бикашад…, зеро дар ҳоли ҳозир дар ин минтақа вуҷуди қудратҳои кӯчаки атомӣ, ҳузури тамаддунҳо ва фарҳангҳои мухталиф ва мутазод, тамаркузи бахши азиме аз манбаъҳои  нафту газ, ҳузури режимҳои бесубот ва маҷароҷӯ, таҳрики ҷунбишҳои бунёдгаро, убури рагҳои ҳаёти иқтисодии Ғарб ин минтақаро ба гузаргоҳи хатарноки асри ҳозир мубаддал кардааст. Тақрибан камтар кишвар ё давлат-миллатеро дар ин минтақа метавон дарёфт, ки бесуботӣ дар он суботи ҷаҳониро ба хатар наяфканда бошад. Фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯрави, зуҳури блокҳои гуногуннавъ ва зиддиятнок дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, давлати Туркия, ки ба ҳар ҳол ҷабҳаҳои пӯшидае ва то ҳудуде ҳузури ғайрирасмии НАТО алайҳи Россия ба шумор меравад ва дар ҷанги нафт ба унвони яке аз муттаҳидони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алайҳи Ироқ ифои нақш кардааст…, давлати Сурия, ки ба навъе калиддори буҳрони Лубнон аст ва ҳоло худ ба буҳронҳо гирифтор аст. Шайхнишинҳое, ки ҳарчанд дар канори Мисру Сурия дар паймони Сурӣ 6+2 гирд омадаанд, ихтилофоти марзии гиреҳхӯрдае бо ҳамдигар доранд ва имрӯз мо шоҳиди низоъҳои  Қатар бо Арабистони Саудӣ ва дигар Амирнишинони минтақа низ ҳастем. Дар канори мушкилоти баъзе аз ин Амирнишинҳо (Аморот) бо ҳамсояҳои бузурги шимолии худ  Эрон ва давлати Исроил, ки худ як пайи аслии муноқишоти Ховари Миёна низ ба ҳисоб меоянд.

  Оброҳи (гулӯгоҳи) Халиҷи Форс ва дарёи Уммон танҳо роҳи иттисоли бисёре аз ин кишварҳо ба уқёнуси Ҳинд ва обҳои озод аст. Масъала ё мушкилоти Кашмир ва ихтилофоти амиқи миёни ду қудрати атомии Ҳинду Покистон, транзити маводи  мухаддир ва ҷанги қудрат дар Афғонистон, бесуботӣ дар равобити Ироқ бо Кувайт ва дар терроризм қарор гирифтани Ироқ, даъвои лафзии Эрону Амрико, муноқиша дар Чечен  ва Ингушет, гарчанде ин мушкилот роҳи ҳалли худро ёфтааст, лекин заминаҳои бисёр сахти бунёдгароӣ ва ифротӣ ҳануз ҳам боқист,  ҷанги ниматамоми Арманистон ва Озарбойҷон, иттисоли Озарбойҷон бо Туркия (Боку-Тифлис-Ҷайҳон) ва ба хатар андохтани манофеи миллии Эрон, ҳузури ором ва тадриҷии Амрико дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, муноқишаҳо ба хотири ҳуқуқи дарёи Хазар ва … бисёре аз моҷароҳо ва ҳаводиси резу дурушти дигари ин минтақа аз ҷаҳонро табдил ба як муаммои бузург кардааст; набояд фаромӯш кунем, ки ду қудрати бузурги дигар  дар Шарқу Шимоли ин сарзамин хобидаанд: аз як тараф, Чин ва аз тарафи дигар, Россия. Ва ин ҳама ҷудо аз қудрати рӯзафзуни иқтисодии Япония ва бабрҳои Шарқ (Сингапур, Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия) аст, ки ба навъе дар моҷарои Ховари Миёна манфиатдоранд[4].

  Дар воқеъ, шояд ҳамин гирдоби ҳавлноки буҳрони Ховари Миёна аст, ки Збигнев Бзежинскийро ба пешниҳоди ин назария водор сохтааст, ки пас аз Нагасаки ва Ҳиросима ин минтақа аз ҷаҳон (Ховари Миёна) нахустин маҳалле хоҳад буд, ки барои хомӯш кардани ҷангҳо аз бомбаи атомӣ истифода хоҳад шуд.

  Ӯ мегӯяд: «Наздик ба сӣ кишвар дар ин минтақа қарор доранд ва тақрибан  400 млн нафар дар онҷо зиндагӣ мекунанд. Ағлаби ин кишварҳо дар марҳилаи аввалияи «кишварсозӣ» қарор доранд. Дар ин минтақа ҳамакнун хушунатҳои асосёфта бар ихтилофи мазҳабӣ ва қабилаӣ оғоз шудааст ва интизор меравад, ки ин хушунатҳо шиддат ёбад. Ба ҳар рӯй бедории виҷдони сиёсии мардум ва таби мазҳабӣ ин минтақаро ба гирдоби ҷуғрофиёии бархӯрди тамаддунҳо табдил кардааст. Тасодуфӣ нест, ки ниме аз давлатҳои соҳиби (силоҳи ядроӣ) ё хоҳандагони онҳо дар минтақаи Авроосиё қарор доранд. Ба ин тартиб, иртиботи таслиҳотие бо минтақаи мазбур бисёр нигаронкунанда аст ва ман фикр мекунам, ки ин минтақаест, ки эҳтимолан истифодаи баъдии бомбаи ҳастаиро дар он шоҳид хоҳем буд».[5]

  Гарчанде баъзе мушкилот дар ин минтақа шаклу моҳияти худро иваз карда бошад ҳам, аммо бештари ин мушкилот, то ба ҳол боқӣ мондаанд, ки боиси нигарониву ташвишҳо, чи дар сатҳи минтақа ва чи дар сатҳи ҷаҳон мебошад.

  Паёмад ва интиқоли ин мушкилот, махсусан ба Осиёи Марказӣ, ки дар ҳамҷаворӣ бо Ховари Миёна қарор дорад, ногузир буда, қисмати зиёди ин мушкилот кайҳо боз ихтилофоти иҷтимоиро дар баданаҳои ҷомеаи ин кишварҳо ба вуҷуд овардаанд. Махсусан, яке аз омилҳои буҳрони иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ин интиқоли исломи сиёсӣ ва маводи мухаддир, ки носуботии иҷтимоиву сиёсии моро дар ибтидои солҳои 90-уми садаи гузашта замина гузошта ва сабаби даргириҳову носуботии кишвар гардид ва минбаъд низ дар печида шудани мушкилоти ҷомеаи мо таъсиргузор мебошад.

 Роберт Дрефос дигаре аз муҳаққиқони Ховари Миёна дар китоби «Бунёдгароии мазҳабӣ» чеҳраи исломи сиёсиро басароҳат ифшо мекунад:

  «Ошкоро исломгароӣ (исломи сиёсӣ, исломгароӣ) таҳрифе аз боварҳои суннатии ислом ва идеологияи дигаргуншудае аст, ки гурӯҳҳои мафиёии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, чи молӣ ва чи маънавӣ ба созмондиҳӣ аз он ҳимояти ҳамасӯя (ҳамаҷониба) кард. Масоқиди (тасдиқи) пуштибонии Амрикоро инҷо ва онҷо дар кишварҳои ҷаҳони севум метавон дид. «Ихвон-ул-муслимин» дар Миср, «Анҷумани ҳуҷҷатия» дар Эрон, «Ваҳҳобиюни ростин» дар Арабистони Саудӣ, «Ҳаммос» ва «Ҳизбуллоҳ» дар Фаластин, «Муҷоҳидин» дар Афғонистон ва дасти охир Усома ибни Лодан. ИМА ба кор гирифтани исломи сиёсӣ дар Ховари Миёнаро муассиртарин ва дар айни ҳол саҳлтарин шева дар раванди пиёда кардани пружаи импературии хеш ёфт».[6]

  Махсусан, дар Осиёи Марказӣ  бо таъсири ин идеологияҳои динии интиқолёфта аз Ховари Миёна,  Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон ва дар Узбекистон ва Ҳаракати исломии Узбекистон ташкил гардид.  Тамоюли бунёдгароии интиқолёфта, рӯз то рӯз шакли худро тағйир карда, тарвиҷ мешавад ва дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷараёнҳои динӣ-ифротӣ оҳиста-оҳиста фаъол гашта, ин хизмати хирсонаи худро бар зидди ислом идома медиҳанд, ки дар оянда метавонад нигарониҳо ва вопасзадагиро дар Осиёи Марказӣ дар пай дошта бошад.

Дар ҳалли мушкилоти Ховари Миёна муҳаққиқон назарҳои гуногун дошта, мо дар доираи ин мақолаи худ роҳҳали яке аз ин муҳаққиқонро зикр мекунем. 

  Роберт Дрефос дар китоби худ «Бунёдгароии мазҳабӣ» роҳи ҳалли ниҳоии ин мушкилотро чунин пешниҳод мекунад: «Роҳи наҷоти миллатҳои Ховари Миёна рушди ҷунбишҳои секулор (дунявӣ) барои боло бурдани сатҳи огоҳӣ, омӯзиши мардум ва мудерн (ҳозирзамон) кардани дидгоҳи мардуми кишварҳои асир дар чанбараи исломгароӣ аст. Ин кӯшише аст, ки чандин даҳа хоҳад пойид ва ҳамин имрӯз бояд бад-он ҷунбишҳои дунявиятро оғоз кард. Ҳаргиз мантиқӣ нест, ки ислом бо боварҳои Қуръонии мутааллиқ ба қарни ҳафтум бар ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ аз қабили сиёсат, омӯзишу парвариш, улум ва фарҳанг ҳокимият дошта бошанд. Ин бад-он маънист, ки ҷунбиши секулор бояд битавонад ин таваққуеро, ки посухи масоили қарни 21 - умро дар нигоҳи вопасгароёна ва бунёдгарона меҷӯяд, тағйир диҳад. Бунёдгароӣ дар ҳар шаклу шевае, чи дар навъи ифротии исломӣ ё масеҳии он ва ё навъи ростойини ифротии яҳудӣ ҳаракате вопасгароёна аст. Даҳҳо миллион аз муъминони ҷаҳон, чун мусулмонон, масеҳиён ва яҳудиёни Иёлоти Муттаҳида метавонанд мазҳабро амри хусусӣ ва ҷудо аз сиёсат бидонанд. Аксарият хомӯш аст, ки ибтикори амалро аз бунёдгароён бигиранд ва дар ин росто аз ҳимояти ҷавомеи ғарбӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, донишгоҳҳо ва марокизи таҳқиқотӣ ва созмонҳои пажӯҳишӣ ва ғайра ёрӣ бихоҳанд.

  Мардуми Ховари Миёна натанҳо бояд дар роҳи сохтани кишвари худ бикӯшанд, балки бояд даст ба «навсозии динӣ» низ бизананд. Бо фурӯкаш кардани оташи танишҳо ва муноқишаҳои сиёсӣ дар Ховари Миёна муҳаққиқон, файласуфон ва пажӯҳишгарони дини ислом бо ҳамкории мутақобил ва аз хилоли мубоҳиса ва мунозара хоҳанд тавонист исломи мудерн ироа кунанд ва онро аз инҳисори рӯҳониюни вопасгаро берун оваранд. Инчунин «хиради ҷамъӣ»-е падид хоҳад омад, ки тафсире дигаргуна аз матнҳо ва китобҳои суннатии динӣ, ҷаҳонбинии рӯшанбинона ва мутараққиреро падид орад. Ин «хиради ҷамъӣ» метавонад бо оғоз аз шаҳрҳои бузург – Истамбул, Қоҳира Бағдод, Карочӣ, Ҷакарта-ба ҳар русто ва деҳ густариш ёбад. Бегумон, чунин навсозие бо анҷоми ислоҳоте дар системаи омӯзишӣ ва костан аз мадориси мазҳабӣ ва ҳавзаҳои илмия дар кишварҳои исломӣ ҳамроҳ хоҳад буд ва ин худ ниёзманди ҷойгузинӣ бо расонаҳои иртиботи ҷамъӣ, аз қабили радио, каналҳои моҳвораӣ ва интернетӣ барои дастрасии ҳамагон ва дар ҳар макон мумкин аст. Чунин зерсохте солҳо ба тӯл хоҳад анҷомид ва ин мумкин нахоҳад шуд, магар ин ки пеш аз ҳар гоме ибтидо ба ҳузури неруҳои низомӣ ва ҳар неруе, ки дар Ховари Миёна танишзо аст, поён дода шавад ва иқтисод сайри беҳбуд ва тараққии пайваста пайдо кунад. Навсозии динӣ низ ҳамчун бозсозии миллӣ замон мехоҳад».

  Ин иқтибос гарчанде тӯлонист, аммо шояд роҳи ҳаллест ва мо муътиқидем, ки метавонад таниши ин буҳронҳоро кунд намуда, дарҳоро барои хушбахтии мардуми ин минтақа боз кунад. Чунин ташаббусҳо аз тарафи донишмандон ва зиёиёни кишвари мо солиёни дароз аст, ки нисбат ба ояндаи минтақаи мо пешниҳод гардида ҳамакнун, дар пайи меъмори як кишвари дунявӣ кӯшишҳо ва ҳаракатҳои хастанопазир дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ ва пуштибонӣ мешаванд. Агар ин ташаббус дар тамоми манотиқи Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна ҳамгироӣ пайдо кунад ва дар сатҳи сиёсатҳои байнидавлатӣ ҳамчун консепсияи ягона матраҳ шуда, дар амалияи он кӯшиш шавад, ҳамзамон фазои гуфтугӯи байни тамаддуниро ба вуҷуд оварад, дур нест, ки ин манотиқ метавонанд бо ин иқтидори бузурги моддӣ дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми худро гузоранд. Албатта, ин фарзия гарчанде дар ояндаи наздик амалишаванда нест, аммо ҳамчун ормони минбаъдаи ин мардумони манотиқ дар ояндаи дур татбиқшаванда хоҳад буд.

Ёрмаҳмад НИЁЗӢ

файласуф

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ (Илм ва Ҷомеа)-№3-4 (7-8), 2017

 

[1] Балашов Ю. А., Вагин М.В., Колобов О. А., Корнилов А. А. Международые отношения на Ближнем  Востоке в XX веке. Нижний Новгород: ФМО ННГУ, 2002. – С. 5.

[2] Балашов Ю. А., Вагин М.В., Колобов О. А., Корнилов А. А. Международые отношения на Ближнем  Востоке в XX веке. Нижний Новгород: ФМО ННГУ, 2002. – С.96-97.

[3] Ольшанский Д.В. Психология терроризма. Издательство Питер, 2002. С. 165.

[4] Қарогузлу Муҳаммад.  Зуҳур ва суқути бунёдгароӣ. Теҳрон, 1386= 2007.-232 с.  С 17.

[5] Қарогузлу Муҳаммад.  Зуҳур ва суқути бунёдгароӣ. Теҳрон, 1386= 2007.-232 с.  Гуфтугӯ бо Натан Гардлис ваЗбигнев Бзежинский (1368-1989). Иттилоот: 1. Дай. - С. 15-17.        

[6]http://www.rahetudeh.com/rahetude/baziye-sheytani/html/aghaz-baziye-sheytani.html

Хондан 3098 маротиба