Нусхаи чопи
Сешанбе, 30 Апрели 2019 08:06

Хусусиятҳои сарфии вожаҳои марбути ҳуҷҷатгузорӣ дар «Луғати нимтафсилаи тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик»

Муаллиф:

  Пас аз мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар  корхонаву  идора ва  муассисаҳо  ба  забони  давлатӣ  ба  роҳ монда  шуд.  Давра ба давра шеваи нигориши санадҳо тағйир ва такмил меёбад.  Имрӯз олимону мутахассисон оид ба нигориши ҳуҷҷатҳои расмӣ-коргузорӣ ба забони тоҷикӣ дастурҳо иншо намуда, намунаи ҳуҷҷатҳо ва санадҳои коргузориро пешниҳод мекунанд, ки ин марҳилаи нав дар ҳуҷҷатнигории тоҷик мебошад.

 Дар илми забоншиносии муосир омӯзиши баррасии забони ҳуҷҷатҳо яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаб мебошад. Дар ин раванд аз таҷрибаи адибон ва олимони гузашта ва муосир истифода намудан ба манфиати кор хоҳад буд.

 Мавзӯи дар ин мақола таҳлил ва баррасишаванда хусусиятҳои сарфии вожаҳои марбути ҳуҷҷатгузорӣ дар «Луғати нимтафсилаи тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик»-и устод Садриддин Айнӣ мебошад.

 Марҳилаи нави инкишофи забони адабии тоҷикӣ, ки ба ибтидои солҳои 20 асри XX рост меояд, ба устод фаъолияту пайкори Садриддин Айнӣ пайванди ногусастанӣ дорад, зеро устод ҳамчун соҳибзабон на танҳо донанда ва муҳофизи забони тоҷикӣ, балки поягузори аксари бахшҳои забоншиносии тоҷик мебошанд, ки ҳуҷҷатгузориву ҳуҷҷатнигории низ марбути он аст.

 Дар солҳои 30-юми асри гузашта баҳс дар атрофии забону фарҳанги тоҷикӣ зиёд мегардад. Устод Айнӣ барои барҳам додани чунин баҳсҳо соли 1938 «Луғати нимтафсилаи тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик»-ро менависанд, ки нахустин луғати тафсирии дар замони нав ҳам мебошад.

 Аз рӯйи таҳқиқоти анҷомшуда, асари мазкур шартан «Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик» номгузорӣ шудааст. Саҳеҳтараш таҳиягарон ва ноширони ин луғат аз рӯйи нусхаи мусаввада ин номро гузоштаанд. Дар ин асари пурарзишу ҳамзамон муҳими устод Айнӣ калимаву ибораҳои зиёда аз 30 соҳа шарҳу тафсир шудааст [1,6]

 Барои инъикос намудани масъалаи мазкур ба тадқиқи маъноӣ ва сохтории калимаву истилоҳи соҳаи хуҷҷатгузорӣ дар фарҳанги тафсирии мазкур мепардозем.

 Вожаи «ҳуҷҷат»-ро устод С. Айнӣ ба ду калима тафсир намудаанд, аммо на ба маънои истилоҳии ин вожа. Устод тафсир кардаанд, ки: «Ҳуҷҷат- далел, бурҳон [4,545]. Калимаи «ҳуҷҷат» аз чиҳати сохт сода буд дар калимасозии забони муосири тоҷикӣ фаъол будани ин калимаро вожа ва истилоҳоти: ҳуҷҷатгузор, хуҷҷатгузорӣ, хуҷҷатнигорӣ, ҳуҷҷатсозӣ, ҳуҷҷатӣ ва ғайра собит мекунанд.

 Дар забони адабии муосири тоҷик, алалхусус дар услуби коргузорӣ ва умуман, ҳуҷҷатнигорӣ калимаҳои зиёде истифода мешаванд, ки дар таркиби луғавӣ ва калимасозии забони муосирии тоҷикӣ фаъолу муассиранд. Калимаҳои гувоҳнома, гузоришнома, дастур, дастурамал аз ҳамин гурӯҳанд ва дар фарҳангии тафсирии мураттабнамудаи устод С. Айнӣ ҳам мавҷуданд. Масалан, калимаи «дастур»-ро устод Айнӣ ҳамчун истилоҳи соҳаи коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар маънои дуюм ва сеюм тафсир намудааст: «Дастур- 1. вазир.2. иҷозат, рухсат.3. қоида, қонун, тарз, равиш [4,96]].

 Дар забони адабии тоҷик як гурӯҳи калони исмҳоро аз ҷиҳати таркиби сарфӣ, исмҳои мураккаб ташкил медиҳанд. Дар «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик» оид ба калимасозии ин гурӯҳи морфологии исмҳо қайд шудааст, ки «Дар забони адабии тоҷик тарзи тобеъ сермаҳсултарин қолиби калимасозии исм ба шумор меравад. Дар исмҳои мураккаби тобеъ яке аз ҷузъҳои калима асосӣ буда, дигаре ба он тобеъ аст» [2,122]. Дар асари мавриди таҳқиқи мо вожаҳои истилоҳии мураккаби: дастовез, коргузор ба назар расид, ки ҳарду аз исму асосҳои феъл сохта шудаанд.

 Калимаҳои «дафтар» ва «девон» ба маъноҳои якуму дуюму чорум шарҳ додааст: «Дафтар- 1. китоби ҳисобнависӣ. 2. қоғазҳои нонавиштаи муқова кардашуда, ки дар вай шеър ва ё чизҳои дигарро нависанд» [4,97]. «Девон- 1.маҳкама. 2.вакили дахлу харҷ. 3. нишастангоҳи одамони калон.  4. дафтари ҳисобот. 5. китоби ғазали ягон шоир» [4,99]. Аз лиҳози сохти морфологӣ ин калимаҳо сода буда исм мебошанд.

 Калимаи «нома» дар «Луғати нимтафсилаи тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик»-и устод Айнӣ ба ду маъно тафсир шуда бошад ҳам, танҳо маънои якум марбути ҳуҷҷатгузорист:

 «Нома- 1.мактуб, ки ба касе мефиристанд (дар забони зинда танҳо ба мактуби подшоҳе ё давлате ба давлате кор мефармоянд). 2. Китоб (Шоҳнома, Ҷангнома) [4,267]. Агар аз ҷиҳати сохт ва вазифаи морфологӣ ин калимаро тафсир намоем, маълум мешавад, ки нома сода буда исм мебошад.

 Устод Садриддин Айнӣ калимаи «дархост»-ро ба маънои хоҳиш тафсир намудааст, ки фарогири маънои истилоҳӣ низ мебошад: «Дархост- илтимос, пурсиши чизе» [4,93]. Истилоҳи «Дархост» сохта буда бо воситаи пешванди дар ва асоси феълӣ ташаккул ёфтааст.

 Вожаи «Амонаткасса», дар дар луғати мазкур чунин шарҳи луғавӣ ва истилоҳӣ шудааст: «Амонаткасса-сандуқи амонатнигоҳдории ҳукуматист, ки мардум пул ва чизҳои пурқиматашонро дар он ҷо ба амонат мегузоранд ва дар вақти даркорӣ бозпас мегиранд» [4,28]. Ин истилох аз ҷиҳати морфологӣ мураккаб буда аз ду реша ба вуҷуд омадааст.

 Калимаи «амр»-ро устод Айнӣ чун истилоҳи соҳаи ҳуҷҷатгузорӣ ба маънои дуюм шарҳ додаанд, ки аз ҷиҳати сохт сода мебошад:  «Амр- 1. ҳукм, фармон 2. кор» [4,28].

 Истилоҳи дигар соҳаи ҳуҷҷатгузорӣ вожаи «барот» мебошад. Аз лиҳози сохт он сода буда, дар луғати мазкур ба гунаи зерин шарҳи луғавӣ ва истилоҳи шудааст:

 «Барот- 1. коғази навиштаест, ки мувофиқи он аз хазина пул гирифта мешавад. 2. хати қисмат ва тақдир .3. ҳуҷҷати озодӣ» [4,46].

  Калимаи «васиқа» сода буда дар гузаштаи начандони дури таърихӣ чун истилоҳ дар соҳаи заминдорӣ бештар серистеъмол буд ва онро устод Айнӣ вобаста ба замон чунин шарҳи луғавӣ додаанд:

 «Васиқа-1. ҳаргуна ҳуҷҷат, ки чизеро устувор кунад. 2. ҳуҷҷати замин, ҳавлӣ» [4. 62].

  Устод Айнӣ вожаи «дабир»-ро дар маънои дуюм чун истилоҳи соҳаи ҳуҷҷатгузорӣ шарҳ додаанд, ки мувофиқу фаҳмост:

 «Дабир- 1. иншонавис, дафтарнавис. 2. котиб.3. ба маънии муаллим, мактабдор» [4.85]. Ин калима ҳам аз ҷиҳати сохт сода буда, дар калимасозӣ фаъол аст: дабири фалак, дабирвор, дабирона, дабиристон, дабиристонӣ, дабирӣ, дабирона,дабирпеша, дабирхона, сардабир...

 Калимаи «дастовез» дар ҳуҷҷатгузории муосири тоҷик, ҳарчанд серистеъмол набошад ҳам, дар гузашта ба маънои ҳуҷҷат дар истеъмол будааст, ки инро шарҳи устод Айнӣ собит мекунад:

 «Дастовез- чизе ки дар меҳмонӣ тӯҳфа гӯён ба мизбон баранд.2. ҳуҷҷат ё касест, ки ба вай такя карда кореро кунанд» [4,96]. Истилоҳи мазкур аз лиҳози морфологӣ мураккаб буда аз исму феъл таркиб ёфтаааст.

 Вожаи «дастур», ки сохта мебошад  ва аз исму пасванди «-ур»  ба вуҷуд омаддаст. Ба маънои дуюму сеюми тафсир намудаи устод Айнӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ корбаст мешавад:

 «Дастур- 1. вазир.2. иҷозат, рухсат.3. қоида, қонун, тарз равиш» [4, 96].

 Яке аз амалҳои маъмулӣ ва ҳамзамон муҳим дар ҳуҷҷатгузорӣ гузоштани имзо мебошад, ки устод Айнӣ ин амалро хеле саҳеҳ шарҳ додаанд:

 «Имзо-1. гузаронидан; иҷро кардан.2. даст мондан ба фармон, мактуб, ҳуҷҷат ва монанди инҳо» [4,131]. Аз лиҳози морфологӣ водаи мазкур сода мебошад.

 Вазифаи бисёр масъул ва муҳим дар самти танзими ҳуҷҷатҳо коргузорист ва нафаре, ки ин корро ба сомон мерасонд, коргузор мебошад. Калимаи мазкурро устод Садриддин Айнӣ чунин тафсир намудаанд:

 «Коргузор- касест, ки дар идораҳои ҳукуматӣ корҳоро ба коркунон тақсим карда медиҳад ва иҷрои онҳоро назорат мекунад» [4,163]. Исми амали мазкур аз ду реша: исму феъл таркиб ёфтааст.

 Вожаи «маъмурият» дар коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ бештар ба маънои «роҳбарият» истеъмол мешавад. Устод Айнӣ калимаи мазкурро ба маъноии васеътар тафсир намудааст:

 «Маъмурият»- андозаи корҳое, ки барои иҷро ба ягон коркуни давлатӣ ва ҳукуматӣ супурда мешавад [4, 204]. Калимаи мазкур  аз исм  бо воситаи пасванди «-ият» сохта шудааст.

 Калимаҳои истилоҳии мураккаби муборакнома, муоҳаданома, низомнома, раҳилнома дар «Луғати нимтафсилаи тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик»-и устод Айнӣ шарҳу тафсир шудаанд, ки ин истилоҳот аз ду реша сохта шудаанд ва дар сохтани онҳо калимаи исмии «нома»  водаи решагӣ мебошад.

 Истилоҳу вожаҳои коргузории: нозир, парвона, сак, санад, ташкилот, фармон, чак, эълон,ярлиғ, қарор ки дар «Луғати нимтафсилаи тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик»-и устод Садриддин Айнӣ шарҳи маъноиву истилоҳӣ ёфтаанд, калимаҳои сода буда исм мебошанд. Танҳо калимаи ташкилот, сохта буда аз исм ба воситаи пасванди «-от» сохта шуддаст.

 Аз таҳлилу баррасиҳои дар боло зикршуда ба чунин натиҷа расидан мумкин аст, ки устод Айнӣ ҳамчун донандаи волои забони тоҷикӣ тавонистааст бо таҳияи «Луғати  нифтафсилаи тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик» забони коргузорӣ ва маъмурӣ будани забони тоҷикиро исбот намоянд.

 Зимни таҳқиқи хусусиятҳои сохтории калимаву истилоҳоти соҳаи ҳуҷҷатгузорӣ дар фарҳанги мазкур маълум шуд, зиёда аз 60 калимаву истилоҳоти соҳаи ҳуҷҷатнигориву коргузорӣ, ҳам ба маънои луғавӣ ва ҳам ба маъноӣ истилоҳӣ шарҳу тафсир шудаанд ва дар ташаккули таркиби морфологии ин калимаҳо асосҳои феъл, пешванди «дар», пасвандҳои «-ур», «-ият»  ва «-от» фаъол мебошанд.

Мирзоёров ФИРДАВС

номзади илмҳои филологӣ

Латифов КОМИЛ

магистри соли дуюми ихтисоси ҳуҷҷатнигорӣ ва таъминоти ҳуҷҷатии идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Адабиёт

  1. Ахмедов Мирзохабиб. Толковый словарь Садриддина Айни и его лексикографические особенности: АКД- Худжанд: 2002. - 24 с.
  2. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.Ҷ.1. –Душанбе: Дониш, 1985. – С.231-235.
  3. Забони адабии ҳозираи тоҷик: дар ду қисм. Қисми 1. – Душанбе: Маориф, 1982. - 462с.
  4. Луғати нимтафсилаи тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик. Куллиёт. Ҷ. 12 / С. Айнӣ.-Душанбе, 1976. - С. 23-558.
  5. Луғати осори С. Айнӣ: Тарт. Х. Рауфов, Х. Муҳаммадиева, И. Шукурова, М. Ҳайдарова ва диг. / Муҳар. Р. Ҳошим ва Х. Рауфов. – Душанбе: Дониш, 1978. – 236 с.
  6. Маҳмадаминов Абдулҳай. С. Айнӣ – олим. – Душанбе: Истеъдод, 2010. – 64 с.
  7. Маҷидов, Ҳ. Забони адабии муосири тоҷик. Ҷ.1. Луғатшиносӣ. – Душанбе: Деваштич, 2007. - 241 с.
Хондан 2281 маротиба

Матлабҳои дигар аз Равшанфикр