JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 13 Декабри 2017 15:12

Китобе аз рӯзгори тирагиҳо ва хомӯшиҳо

Муаллиф:

-       “Баҳри вуҷудро, ба кӯзаи танги дин дигар ғунҷондан натавон...

-       Ҷаҳон, ба ҷаҳонбинии нав барои имрӯз ва ояндаи худ ниёз дорад...

-       Агар дар инсон мағзаш маркази фикр бошад, дар ҷаҳон маркази фикр, инсон аст.”

  Чунин ақида ва суханон, ки дар дили хонанда фурӯд омада, лона мегузоранд, дар китоби файласуфи номии мо Комил Бекзода “Таърихи рӯшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ” (Душанбе 2012, -433 саҳифа), зиёданд. Донишманди тавоно, таҳхонаҳои сарду торик ва пайиҳам хобрафтаи таърихи куҳани моро кофта, воқеаҳоеро пеши назар меорад, ки бештари таърихнавису китобнависони мо аз онҳо ё аслан, хабар надоштанд, ё огоҳҳона онҳоро пинҳон медоштанд.

 Муаллиф меорад, ки халқи тоҷик аз қадим то имрӯз ду рукни асосии фарҳангӣ дошт: Яке ғояи (мақсад) худшиносии миллӣ, ки асосгузораш Ҷамшед буд, дигаре ғояи худшиносии динӣ, ки Зардушт таҳсангашро гузошта буд.

Суханони Аҳурамаздо ба Ҷамшед: “Эй Ҷами зебо, неккирдор ту барои ман ба ёд супоранда ва барандаи дин бош”. Аммо Ҷамшед паёмбариро намепазирад ва мегӯяд: “Ман ҷаҳони туро парвариш ва шукуфо мекунам, нигоҳбонӣ ва сардорӣ мекунам, аммо интишор намудани динро уҳда кардан наметавонам”.

Файласуф мегӯяд, ки дар ҳамин нуқта андешаи миллӣ аз андешаи динӣ ҷудо мешавад. Ҷамшеди зирак, ки аз нотавониҳои башарии худ огоҳ буд, рисолати пайғамбариро қабул намекунад. Ӯ мегӯяд, ки “ман аз уҳдаи корҳои заминӣ бармеоям”. Ва мо аз “Шоҳнома” медонем, ки Ҷамшед аз уҳдаи  корҳои заминӣ ба хубӣ баромад. Сардию дарду маргро коста карду асп, шутур, гӯсфанд, парранда ва ҳарчи беҳтар ва гузидатар буд, ривоҷ дод. Кишту корро ба роҳ монд, аз кӯҳҳо оҳан баровард, олоти ҷангӣ сохт. Корбурди сангу хиштро маъмул кард ва хонаҳову кохҳо сохт. Наврӯзро ҷашни Эрониён қарор дод. Чаҳор табақаи ҷомеа: отурбонон (рӯҳониён), ҷанговарон, барзгарон ва санъаткоронро мушаххас кард. Замин, инсон, ватан, қонунро пуштибонӣ кард. Дар “Шоҳнома” омадааст:

Чунин сол сесад ҳамерафт кор,

Надиданд марг андар он рӯзгор.

Зи ранҷу зи бадшон набуд огаҳӣ,

Миён баста девон ба сони раҳӣ.

Дар ҳамаи сарчашмаҳои мансуб ба ойини зардуштӣ аз Ҷамшед ёд шудааст. Дар китоби “Ригведа”-и ҳиндуён низ номи Ҷамшед ҳаст. Дар ҳамин асос, метавон ба ин натиҷа расид, ки асосгузори назарияи миллӣ ва озодандешии мардумони форсу тоҷик, маҳз ҳамин Ҷамшед будааст.

Аммо Зардушт, бошад, аз “он ҷаҳон”, аз андешаҳои онҷаҳонӣ дифоъ кардааст. Ва аввалин китоби диндорӣ, қоидаҳои динсозӣ, шариатмадорӣ ва пайғамбариро арза доштааст. Пайғамбарони баъдина каму беш аз ин китоб тақлид кардаанд.

Тафаккури Зардуштро набарди байни ду неруӣ некӣ ва бадӣ ва пирӯзии ниҳоии қувваи некӣ Аҳурамаздо бар нерӯи аҳриманӣ, ташкил мекунад. Ин набард то ба итмом расидани як сикли кайҳонӣ, ки баробар ба 12 ҳазор сол аст, идома хоҳад кард. Ин ду асл, нуру зулмотро ҳакимони ишроқии давраи исломӣ, асоси назариёти ҳукамои паҳлавӣ ё хусравонӣ (давраи Сосонӣ) шумурдаанд.

Баъдҳо шогирдон ва пайравони пешинаи фарҳанги Эрон (сомиҳо, арабу турку яҳуд), ки баъдҳо ба мақоми устодӣ расида буданд, то ин ки асолати худро собит созанд, аз устоди пешинаи худ (Эрон) фосила гирифтанд. Ба қавли нависандаи Ҳинд, Робендронат Тагор “акси садо асли худро барои он масхара мекунад, ки то исбот намояд: ман асл ва асосам, на ту!”

Олим далелҳои фаровоне аз сарчашмаҳо меорад, ки дар замони Ҷомоспи Ҳаким дар Осиёи Миёна ва Эрони бостон мактаби бисёр қадимӣ дар ҳикмат вуҷуд дошт ва асаре аз худ ба халқҳои ҳамҷавор, аз он ҷумла ба анҷумани махфии Орфей дар Юнон, ки сарчашмаи пайдоиши тафаккури фалсафӣ ва ирфонии пифагориён аст, таъсир гузошт. Форобӣ низ муътақид бар он будааст, ки фалсафа дар ибтидо аз Эрону Бобул ба Юнон рафт. Шаҳобиддини Сӯҳравардии мақтул (шаҳид) низ ба чунин ақида будааст.

Аз тарҷумаи матнҳои санскрит ба паҳлавӣ бармеояд, ки дар он аҳд фирқаҳои масеҳӣ, настуриён ва табииён аз калисои марказӣ ҷудо шуда, баъзе ба императори Эрон паноҳ овардаанд.

Дар Донишгоҳи Гундишопур (Шопури аввал -241-271 мелодӣ) фалсафа ва улуми тамаддунҳои Эрон, Ҳинд ва Юнон омӯхта мешуд. Баъдтар ҳакимони гурезаи Афина аз ҳукуматашон, он ҷо паноҳ овардаанд ва дар илм пешравиҳо кардаанд.

Олим пас аз овардани маълумот доир ба давраи ориёии куҳан ва Сосониён, ба замони ба Эронзамин омадани ислом шурӯъ мекунад. Ва ба истилоҳ, сарпӯши болои чоҳро гирифта, аз он ҳама чирку ифлосиҳо ва касофатҳоро берун оварда, он ҳама солу рӯзҳои пур аз ҷабру зулму туҳмату таҳқирро  пеши назари хонанда ҷилвагар месозад.

Ҳангоме ки арабҳо ба футӯҳот ва ғалаба ноил мешаванд, дигар намехоҳанд худро ба дигар миллатҳо баробар ва ҳамсанг шуморанд. Мегуфтанд, ки “Оқилтарини миллати олам қавми араб аст”. Муҳаммад Идриси Шофеӣ, имоми яке аз мазҳабҳо мегуфт: “Забони арабӣ комилтарин забони ҷаҳон аст. Ирсоли ваҳйи Қуръон дар қолаби ғайри забони арабӣ ғайриимкон мебошад”. Дар замони Бани Умайя баробарию бародарӣ, тақво ва парҳезкорӣ, ки аз муқаррароти дини ислом буд, аз байн рафта буд. Бани Умайя ба андозае мағрур шудаанд, ки фарҳангу фазилати дигар миллатҳоро писанд намекарданд, аз назари нажод худро аз дигар миллатҳо болотар ва мумтоз мешумурдаанд. Дигар фаромӯш карданд, ки ба шаҳодати Қуръон ва ҳадисҳои машҳур, фазилат танҳо ба ҳусни ахлоқ ва парҳезкорӣ аст.

Ин кордориву фаҳмишҳои ғайридинӣ ва ғайриахлоқӣ ба норозигии мардуми ғайриараб, хусусан, Эрониён овард. Мардум диданд, ки дин баҳонае буд, ки арабҳо “зиёни касон аз паси суди хеш меҷӯянд”. Ҷонибдорони маслаки Шуубия (ҷунбиши озодихоҳонаи бузурге дар олами ислом) мегуфтанд, ки ҳар миллате дорои навъе азамат ва бузургӣ аст ва бад он ифтихор мекунад. Гурӯҳҳое пайдо шуданд, ки ба бартарии араб гардан намениҳоданд ва садои эътироз баланд мекарданд.

Хонанда баъд аз мутолиаи китоб огоҳ мешавад: дар он замон, ки арабҳо дин овардаанд, ду қарни аввали исломро дар китобҳо “қарнҳои хомӯшӣ, торикӣ, ваҳшигарӣ ва хунолуд” ном мебурдаанд. Забони паҳлавӣ, дарӣ, суғдӣ ва хоразмӣ ҷуз дар байни омма боқӣ намонд. Дар он солҳо шеъре ба форсӣ гуфта нашуд. Ҳаҷвия, шикоят ва эътироз маҷоли зуҳур надоштааст. Ҳар эроние, ки аз таърихи гузаштааш ёд мекард, шиканҷа медид. Китобхонаҳои Эронро оташ заданд. Барои араб ба ҷуз китоби Қуръон дигар китобе қадр надошт. Шаллоқу қатл ва ба оташ афкандан, ҷавобе буд ба ҳар гуна эътироз.

Ватанпарастон мебинанд, ки китобхонаҳоро нобуд мекунанд, таъриху тамаддуни ориёӣ, одобу суннату манишҳои миллӣ ба нобудӣ мераванд, ба хотири он ки ба ояндаҳо чизе ба ёдгор бимонад, чанд китобро ба арабӣ тарҷума мекунанд. Соҳибони дин, он тарҷумонҳоро низ ба ҷурми кофирӣ, зиндиқӣ ва мулҳидӣ ба азобу шиканҷаҳои фаровоне ба қатл мерасонанд. Ибни Муқаффаъро, ҳангоме ки ҷониби қатлгоҳ мебаранд, яке аз душманонаш мегӯяд: “эй фарзанди зиндиқ, туро пеш аз оташи дӯзах, дар оташи дунё месӯзонам” ва аъзои баданашро як-як бурида, ба танӯр мепартоянд. Ин донишманди Эронпараст, ки он вақт 36-сола буд, китобҳои “Оиннома”, “Худойнома”, “Маздак”, “Тоҷ”, “Дар сирати Анӯшервон”, “Калила ва Димна” ва боз чандеро ба арабӣ тарҷума кардааст. Ибни Ровандӣ 114 рисола навиштааст. Чил сол умр дидааст. Тамоми умри хешро дар ҳоли таъқиб аз ҷониби шариатмадорон ва мутаассибони динҳо гузаронидааст. Хилофати араб, баъди вафоташ, бештари асарҳояшро ҷамъоварӣ карда, сӯзонд. Абубайдаро (зиёда аз сад китоб навиштааст) заҳр дода куштанд. Гуноҳи ин озодмардон дар он буд, ки ғояҳои инсондӯстӣ, баробарӣ, бародарӣ, озодфикрӣ, хирадмандӣ ва зиндадилиро дар ҷои аввал гузошта, исёни хирадро бар зиди ҷаҳолат барангехтаанд. Дар он замон бисёре аз донишмандони Эронро ба баҳона ва ҷурми қарматию зиндиқӣ, нобуд карданд. Дар аҳди ислом калимаи зиндиқ, нахуст, ба касе нисбат дода мешуд, ки ба дини ислом эътиқод надошт. Дар қарни сеюм ва чорум, лафзи зиндиқ, ба ҳамаи пайрави динҳои қадим ё афкори фалсафидошта гуфта мешуд. Баъдтар шииёни имомия ва исмоилияро ҳам гоҳе ба ин лафз мехонданд.

Чунин зулму ҷабр сабаб шуду аз ҳар тараф садоҳои мухталифи эътироз баланд шуданд. Дар шаҳрҳо бар зидди арабҳо шӯриш бардоштанд. Наҳзатҳое мисли шуубия, хуррамия ва ровандия мехезанд. Замоне расид, ки “Ихвон-ус-сафо” (бародарони якдил) рӯи кор омаданд. Абумуслим дар Хуросон норизоёнро ба зери ливои худ ҷамъ овард ва оқибат давлати Бани Умайяро барангехтанду ба омадани давлати Аббосӣ мусоидат карданд. Дар замони Аббосиён донишмандон тавонистанд, ки китобҳое зидди ҷаҳонбинии динии хилофатҳои Умайя ва Аббосӣ навишта, интишор диҳанд. Дар баробари забони арабӣ рақобат карда, ба забони худ шеър суруданд ва асарҳои насрӣ таълиф намуданд. Аз одобу русуму ободониҳои шаҳрҳо, кохҳо ва навгониҳои давраи то ислом асарҳо таълиф мекарданд. Ниҳоят, ба чунин кору пайкор ва ҷонбозиҳои бешумор таассуби хулафои арабро аз байн бурданд.

Дар асар ба яке аз донишмандони он замон Абуҳайёни Тавҳидӣ (942-1024) боби алоҳида бахшида шудааст. Хонанда ба рӯзгори он мард ошноӣ пайдо карда, мефаҳмад, ки донишмандони Эрон дар он замон чӣ зиндагии сахту ногуфтание доштаанд.

Ҳамзамон дар бораи Абуҳайён навиштаанд: “Улуми бисёр таҳсил карда, аз ҳар ҳунаре чизе ҳифз намуда, маълумот ва иттилои фаровон дорад. Дар наҳву луғат ва тасаввуф пешвои замон аст”. Боре ба шайх Абуҳасан суҳбаташон чунин сурат гирифтааст:

“Чӣ қадар аҷибанд аҳли биҳишт!”-гуфт Абуҳасан. Пурсид чӣ гуна? Гуфт: “Зеро ҳамеша онҷо мемонанд ва коре ҳам надоранд, магар аз хӯрдану ошомидану никоҳ”. Пурсид: “Оё ҳавсалаи онҳо танг намешавад, хаста намешаванд? Оё худро аз ин ҳолати пастӣ, ки монанди ҳолати чорпоён аст, наҷот намедиҳанд?”

Ҳангоме ки дар васфи ҷаннат мегӯяд: “Дар он дарёҳо, ки аз шир ҷорианд, таъмашон тағйир намеёбад”. Абуҳайён мегӯяд: “Шир ҳамон шир аст, онро ба ғайр аз одами гурусна, касе майли нӯшидан надорад”.

Абуҳайён мегуфт: “Мутакаллимон (уламои ислом) андешаи каломи худро ба гардани ислом таҳмил намудаанд, вагарна ислом ҳамон аст, ки мардуми оддӣ аз он пайравӣ мекунанд. Мутакаллимон аз рӯи таассуб ба ҳам рашк меварзанд, аз рӯи найранг ба ҳам бармехӯранд ва аз рӯи ҳилла таълиф мекунанд, аз рӯи дурӯғ ваъда медиҳанд. Худо решаи ишонро барканад, зеро ҳарҷумарҷ ва газандашон ба кучаку бузурги мардум зиёд шуда, дармонаш душвор гардидааст ва умедворам аз дунё берун наравам, то ин ки бунёдашонро сусту ларзон бубинам”.

Абуҳайёни нотарс ҳамеша ба таври аён ва ноаён фарҳанги қавми Эронии худро ба ифтихор, ба фарҳанги бегона, муқобил мегузошт. Ӯ мегуфт: “Ҷоиз нест, ки ба тақлид ба чизе муътақид шуд, эътиқод бояд ба далел бошад”. Сипас далел оварда, ихтилоф меварзад. Ӯ мекӯшид, ки фикри шогирдонро аз такрори мавҳумоту хурофоти каломӣ (динӣ) бираҳонад ва ба самти таҳсили ҳикмату дониш савқ диҳад.

Дар суҳбатҳо ба шогирдон мегуфт:

-Ақл чизест, ки инсонро аз ҳайвон фарқ мекунад. Аммо ақл ба илм бурда намерасонад. Пас лозим аст, ки дар байн марҳилаҳое мисли ҳис, ақл ва бурҳон бошад. Барои саҳеҳии масъала ҳамкории риёзиёт, ҳандаса ва мантиқ низ зарур аст.

-Дониш бо ҳамроҳии инсон таваллуд намеёбад, балки бо инсон қобилияти таҳсили илм тавлид мегардад.

-Фалсафа фаннест, ки соҳибашро ба дарки тавҳиди воқеӣ бирасонад. Тавҳиде, ки фаротар аз хаёлоти кӯдаконаи мардуми авом аст.

-Соҳиби дин пайғамбарест, ки ба ӯ ваҳй нозил шудааст, соҳиби фалсафа бошад, шахси мухтору озоду заҳматкаш дар бахши тафаккур мебошад.

-Худо бо сифоти худ муттаҳид ва ягона аст. Сифатҳои Худоро бо зоти Худо набояд ҷудо тасаввур кард.

-Худоё, худоият дарёст, ки канора надорад ва кӯҳест, ки ситеғу қулла надорад ва уфуқу каронаест, ки поён надорад.

Худои Абуҳайёни Тавҳидӣ худои фалсафӣ ва ирфонӣ буд, на динӣ...

Маҷлисаш пайваста пур аз уламо ва ҳукамо будааст. Дар шабнишиниҳо шогирдон ба ӯ бад-ин тавр саволҳо медодаанд: “Нафс чист? Камоли он чист? Фоидаи он чист? Рӯҳ чист? Авсофи он чист? Ва оё баъди вафот нафс боқӣ мемонад? Инсон чист? Ва чаро рӯҳ аз нафс ва нафс аз рӯҳ бениёз нестанд? Ақл чист? Ҳудуди он кадом аст? Мартабаи ақл пеши Худо чист? Растохез чист? Оё растохез барои ҷисми инсон аст ё барои нафс? Оё фаришта ҳайвон аст? Оё гуфта мешавад: Табиат ҳай (зинда) аст? Нафс ҳай аст? Ақл ҳай аст? Алоқа миёни ситорагон ва ҳаводиси замин ва ҳақиқати неъмат дар биҳишт аз чӣ иборат аст?” Чунинанд баъзе аз мавзӯъҳои баҳси ӯ бо шогирдонаш.

Ду китоби Абуҳайён-“Муқобисот” ва “Имтоъ ва муонаса” тамоми масоиле, ки дар дил ва фикри уламои Бағдоди он замон будааст, дар бар доранд.

Абуҳайён дар ҳама гуна маҳфилу маҷлисҳо бетарсу бим дохил шуда, аз таҳқиқу таҳлилҳои худ доир ба ривоёт дар мазҳабҳо фикру андешаашро мегуфт.

Чунин буд, ки рӯҳониёни хурофотӣ, сиёсатмадорони бедониш ва мардуме, ки сухани илмиро қабул надоранд, мегуфтанд, ки “Абуҳайён аз зумраи зиндиқон ва мулҳидон аст” ва ҳамин тавр, зиндагиро барояш танг мекарданд. Дар китоби “Ас-Садоқа ва-с-садиқ” менависад:

“Ҳолу лафз ва дину хулқи ман ғарибу бегона шуда ва ба хомӯшию саргардонӣ ва таҳаммули азияту озор одат кардаам”.

Дар асари шӯришҳо ва фитнаҳои мазҳабии шиа, суннӣ, ҳанбалӣ ва ғайра, ки он замон ҳар гоҳ байни шаҳрҳо ва гурӯҳҳо рӯй медод, манзилашро ғорат карданд. Ӯ медид, ки бештари дӯстони донишмандаш муҳтоҷи як қурс нонанд. Худаш низ сахт фақиру бечора буд. Дар муҳите, ки зиндагӣ мекард, беарзиш буданашро дарк мекард ва муттассир мешуд.

Ниҳоят, аз зиндагии пурмалоли Бағдод ба Шероз меравад бо сару вазъи суфиёна дар корвонсаройҳо зиндагӣ мекунад. Мебинад, ки бо чунин ҳолат ҳам рӯзи хуш намедиҳандаш, рӯҳониёни атроф, гуфтаҳояшро бо туҳмату таҳдид ёдрас мекунанд. Саранҷом, аз зиндагии ғамовар ноумед шуда, дар ҳолати хашму ғазаб, китобҳояшро месӯзонад.

Чунин буд саргузашти Абуҳайён, фоҷиаи донишманд дар он ҷомеаи ситамкори пурдард.

Дар китоби устод Комил Бекзода ҳамчунон боби алоҳида аз рӯзгор ва замони Ҳаким Фирдавсӣ дар асоси таҳқиқотҳои тозаи олимони Шарқу Ғарб оварда шудааст. Ҳамчунон аз пайдоиши динҳое, ки дар Эронзамин вуҷуд доштанд-меҳрпарастӣ, оташпарастӣ, маздопарастӣ, монавият бо чигунагии мазҳабашон ва дар замонҳои баъдина то куҷо таъсир гузоштанашон ва сарчашмаҳое, ки маълумот медиҳанд, маълумоти муфассал оварда шудааст. Хонанда метавонад ба равияҳое ба монанди ҷаҳмия, қадария, ровандия, хуррамия, муътазила ва ғайра аз наздик ошно гардад.

Чун устод Комил Бекзода мардест, пурдониш ва дорои рӯҳи саркашу сарафроз, аз ин рӯ, фарҳангу фазои ба зӯрӣ овардаи бегонаҳоро қабул надорад. Ватанро болотар аз дину мазҳабу дигар музахрафоту хурофотҳо медонад. Тарафдори дунёи Ҷамшед аст, ки ба замин, ба ободонию тараққии зиндагии инсонҳо ҳавасманд буд, на ба олами пиндору тасаввурҳои паси абрҳо дар кишвари хаёлии Нокуҷообод. 

Файласуф мегӯяд, ки дар давлатҳои исломӣ, ҳарчанд вуҷуди мардум ва миллатҳо, масъалаи решагӣ ва асосӣ буд, аммо миллату миллатгароён аз дин ва сиёсати замон ҷудо ва мустақил буданд. Дар асрҳои XIX ва XX идеяи миллӣ ва ғояи одамдӯстӣ бар динҳо ғолиб омад ва сабаби пайдо гардидани давлатҳои мустақили миллӣ гардид. Аз ин ба баъд фалсафаи худшиносии миллӣ, он ҷаҳонбиниеро пеш меорад, ки сарнавишти садҳо қавму миллатҳои ҷаҳонро ташкил хоҳад кард. Бо ривоҷи худшиносии миллӣ, дину эътиқодоти суннатӣ камрангтар мешавад. Зеро ки худшиносии миллӣ, илми решагӣ буда, ба бунёдҳои зиндагии инсонӣ, аз қабили биологӣ, таърих, фарҳангу фалсафаи башарӣ робитаи бевосита дорад.

Чунонки мебинем, файласуфи меҳанпараст, мисли ҳар шахси бошараф нагузоштааст он воқеаҳо, ки танҳо аз хонданашон дилат чун аз мех харош мехӯрад, ба фаромӯшӣ раванд, онҳоро бо далел, бо сарчашмаҳо пеши назари хонанда меорад ва огоҳ мекунад, ки ба чӣ мушкилиҳо гузаштагонамон ватани бобоӣ ва забони ширинамонро ҳифз кардаю ба мо расонидаанд. Аз китоби устод Комил Бекзода мо таърих меомӯзем, дониш мегирем ва моро водор мекунад, ки ба қадри ватан ва гузаштаҳои ҷасуру ватанпарастамон бирасем.

Устод Комил Бекзода бисёр мутолиа кардаю вақти зиёд сарф карда, чунин китоби пурарзишро бо забони равону шево навиштааст, то ин ки фикри ҳамватанонашро болотар бурда, аз хондани такрор ба такрори китобҳои динӣ онсӯтар равона карда, фазо ва самти таҳсил ва таҳлили ҷиддии илмиро густурдатар гардонад.

Ин аст хизмати рӯшанфикри ҳақиқӣ, Комил Бекзода, ба ватан ва ҳамзамононаш. 

МИРЗОНАСРИДДИН

нависанда

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ (Илм ва Ҷомеа)-№3-4 (7-8), 2017

Хондан 1818 маротиба