Нусхаи чопи
Ҷумъа, 16 Феврали 2018 10:12

Марди наку намирад дар қалби дӯстдорон!

Муаллиф:

Аъзои маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша” аз даргузашти падари Исомиддин Шарифзода,  Умар Шарифзода сахт андуҳгин буда, ҳамдардии худро ба хешу табор ва фарзандони марҳум баён медоранд. Ба шароити сахти зиндагӣ нигоҳ накарда, ин марди шариф масири омӯзишу маърифатро интихоб намуда, дар ин замина илму дониши кофӣ андӯхт. Устод Умар Шарифзода умри пурбаракати худро ба самти таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон бахшида, дар ин роҳи  мушкилписанду заҳматталаб тамоми қувваю тавони илмию эҷодиашро мавриди истифода қарор дода, шогирдони зиёде тарбия кард.

Маҳорати хуби суханварӣ, малакаи одамшиносӣ, ахлоқи писандида, маърифату фазилат, дидгоҳи вижаи сиёсӣ ва фарҳангӣ ба устод Умар Шарифзода имкон дод, ки ба сифати як ҷамоатчии фаъол дар тарғиби ғояҳои баланди инсонӣ саҳми муносиб бигузорад ва ин рисолати иҷтимоиро то охирин лаҳазоти зиндагӣ дунбол кунад. То имрӯз шогирдони мактаби устод дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат босамар фаъолият мекунанд ва аз донишу таҷрибае, ки тавассути тадрису машварати устод Умар Шарифзода дарёфтаанд, пайваста ёд меоваранд. Ин аст, ки исми устод на танҳо дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, балки фаротар аз он барои ҳаводорони илму маърифат ва фарҳангу маънавиёти ҷумҳурӣ ошност.

Мутмаинем, ки кору амали хайри устод Умар Шарифзода дар талошу кӯшишҳои фарзандонаш ба таври шоиста амалӣ хоҳанд гашт. Ӯ бо ҳамин умед ин фарзандонро тарбия ва раҳнамоӣ карда буд.

То ҳаст меҳру шафқат  дар рӯҳи рӯзгорон,

Марди наку намирад дар қалби дӯстдорон!

Маҳфили илмӣ – фалсафии “Ҷаҳони андеша”

ш. Душанбе, 16-феврали 2018

Хондан 449 маротиба

Матлабҳои дигар аз Равшанфикр