JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Шанбе, 13 Октябри 2018 09:50

Меҳргон – ҷашни зиндагипарастӣ (ба муносибати ҷашни Меҳргон)

Муаллиф:

 

 Аслан, ҷашну ойинҳои миллию мардумӣ таҷассумкунандаи кайфияти зиндагии иҷтимоӣ, фикрӣ, ахлоқӣ ва маданӣ буда, рӯҳияи миллию мардумиро дар тӯли зиндагии башарӣ ифода менамоянд. Ба васила иҷрои маросимоти ҷашнию ойинӣ ҷомеа ва мардум зиндагии худро як навъ сару сомон мебахшанд ва аз ҳузури фаъоли худ дар арсаи вуҷуд дарак медиҳанд. Мусаллам аст, ки бар мабнои устураматнҳои бостонӣ аносири фарҳангии як ҷомеа дар тӯли таърих идома меёбанд ва ин аносирро бо густариши худ аз насле ба насле дигар ва асре ба асре дигар мунтақил мекунанд (ниг.: Устурматни ҳувиятсоз. Ҳузури «Шоҳнома» дар адаб ва фарҳанги иронӣ. Ба қушиши Баҳман Номвари Мутлақ. –Теҳрон: Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1387. -С.7). 

 Бо таваҷҷуҳ ба ин, дар доираи фарҳанги форсии тоҷикӣ, бо назардошти махсусиятҳои муҳитзистӣ ва иҷтимоӣ тайи таърихи пешин ҷашнҳои миллию мардумии Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада ва амсоли инҳо барои танзими барномаҳои зиндагии инсонӣ офарида ва роҳандозӣ шудаанд (ниг.: Рӯҳуламинӣ, Маҳмуд. Ойинҳо ва ҷашнҳои куҳан дар Ирони имрӯз. Теҳрон, чопи аввал, 1376. –С.15). Воқеият ин аст, ки зиндагии ойнӣ ва маросимии мардуми форсу тоҷик ба умқи таърих дакка мехӯрад ва кор то ба ҷойе расидааст, ки донишманди маъруфи иронӣ, устод Ҳошим Разӣ умри ҷашнҳои бостонии миллиро ба умри миллату халқ баробар донистааст(ниг.: Разӣ, Ҳошим. Гоҳшуморӣ ва ҷашнҳои Ирони бостон. Теҳрон: Беҳҷат, 1380. -С.17). Гузашта аз ин, ҳар як ҷашну ойин ва маросим муцшаххасоти худро дорост, аммо рӯҳи умумие, ки дар тамоми сатҳҳои ойиншиносии миллӣ ба мушоҳида мерасад, меҳрпарастӣ, инсонсолорӣ ва хушнудиписандист. Нуқтаи меҳварии ҷашнҳои миллию мардумӣ даъвати табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ ба иҷрои маросим аст, ки махсусият ва вежагии умумимиллӣ ва умумимардумӣ мебошад.

  Дар силсилаи ойину ҷашнҳои миллию мардумӣ ҷашни Меҳргон ҷойгоҳи вежа дорад. Қабл аз ҳама, Меҳргон аз пешина ва собиқаи амиқи фалсафӣ бархӯрдор аст, ки дар доираи асотири бостонии миллӣ таҳаққуқ ёфтааст. Аз лиҳози истилоҳӣ, вожаи  «Меҳр»  дар  забони  паҳлавӣ дар  шакли  «митр» (mitr)   омада,   маъниҳои дӯстӣ, муҳаббат, офтоб ва хуршедро ифода карда, исми яке аз Худоёни қабл аз зардуштӣ будааст, ки онро рабуннавъи офтоб медонистаанд(ниг.: Фарҳанги  форсии  Амид.  Таълифи  Ҳасан   Амид.  Чилди  севум. –Теҳрон: Амири Кабир, 1365. -С.  2344).   Дар  «Авасто»  калимаи  «мит»   (mit)  бо  маънои  дӯст  доштан,   меҳрубонӣ  нишон додан, дӯст будан,  ҳаморӯз ё бо ҳам    будан  омадааст. Лафзи   “митра”   ё  “митро”   (mitra)  ҳамчунин  неруи  доранда ва нигаҳдорандаи рӯшноиро ифода  мекард. Аз  рӯйи  маълумоти  «Авасто»  Меҳр  (митр)  аз  куҳантарин  ва  бонуфузтарин  Эзидони ҳиндуиронист.  Дар  забони  форсии  бостон  ба шакли мисра (migra) дар  паҳлави  митра  (mitra) дар  форсӣ  ба  шакл  меҳр омада, Худои  рӯшноӣ  ва  паймон  ба  ҳисоб  мерафт  ва  дорои  ҳазор    гӯш  ва даҳ  ҳазор   чашм  буд,  то  аҳду  паймонҳоро  бипояд. Ба  ҷуз   ин,  дар   Эрони  бостон    рӯзи  шонздаҳуми  Меҳрмоҳ Меҳррӯз  номида  мешуд  ва  чун  номи  моҳу рӯз  яксон  мешуд,  он  рӯзро  Меҳргон  ном  ниҳода  ҷашн   мегирифтанд(ниг.: Бахромӣ, Эхсон.  Фарҳанги  вожаҳои  Авасто.  -Ҷ. 11. –Теҳрон,  1369. –С.1119-1122). Ҳамин тариқ, Меҳргон бо вожаи «митро» (меҳр) пайванди луғавӣ ва истилоҳӣ дошта, дар асотири бостонӣ ва миёнаи паҳлавӣ ба сифати Эзади фурӯғу рӯшноӣ ва аҳду  паймон шинохта шудааст. Аз ин ҷост, ки номи ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои бостонӣ ба гунаи “Митракона” зикр шудааст (ниг.: Раҳимов Дилшод. Фолклори тоҷик. –Душанбе: «Эҷод», 2009. -С.196). Чун дар ин матлаби маҳдуди ҷашнӣ маҷоли тавзеҳи мушаххасоти Эзади Меҳр ва нуфузи он дар паҳнои фарҳанги бумию минтақавӣ ва башариро надорем, ногузир ба масъалаи ҷашни Меҳргон мепародозем.

  Муҳаққиқони муосир дар робита бо ҷашни Меҳргон бар ин таъкид мекунанд, ки дар рӯзшумории куҳани Ирон ҳар як аз сӣ рӯзи моҳ ном дорад, ки исми дувоздаҳ моҳи сол низ дар миёни онҳо ҳаст. Дар гузашта миёни мардум расм будааст, ки ҳар моҳ, ки номи моҳу номи рӯз баробар меомадааст, он рӯзро ҷашн мегирифтанд. Аз он ҷашнҳои дувоздаҳгона (фарвардингон, урдубиҳиштгон ва амсоли онҳо) пас аз ислом танҳо Меҳргон ба таври расмӣ ва шукӯҳманд таҷлил мегардидааст(ниг.: Рӯҳуламинӣ, Маҳмуд. Ойинҳо ва ҷашнҳои куҳан дар Ирони имрӯз (нигариш ва пажӯҳише мардумшинохтӣ).  –Теҳрон, 1376. –С.79).  Дар сарчашмаҳои асримиёнагӣ маҳал, макон, мушаххасот ва густураи ҷашни Меҳргон инъикос ёфтааст.

  Ҷашни Меҳргон монанди ҷашнҳои дигари аҷдодӣ (мисли Наврӯзу Тиргон ва Сада) ҷанбаҳои амиқи фалсафӣ, иҷтимоӣ, тақвимӣ-нуҷумӣ(фалакӣ), кишоварзӣ ва маданӣ дорад. Зимнан, таҷлили ҷашни Меҳргон бо ҳаводиси устуравии пирӯзии Фаридун бар Беваросп (Заҳҳок) иртиботи сириштӣ ва фикрӣ пайдо намудааст. Дар ин замина, фарҳангшиноси бузурги асримиёнагии тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ, ки доир ба зиндагии ойнӣ ва маросимии миллию мардумӣ таълифоти ҷиддӣ ба мерос гузоштааст, дар «ат-Тафҳим» нигоштааст: «Меҳргон шонздаҳум рӯз аст аз меҳрмоҳ ва номаш меҳр, андар ин рӯз Афридун зафар ёфт бар Беварасби ҷоду, он ки маъруф аст ба Заҳҳок ва ба кӯҳи Дамованд боздошт ва рӯзҳо, ки сипаси Меҳргон аст, ҳама ҷашнанд ба кирдори он-ч пас аз Наврӯз бувад» (ниг.: Берунӣ, Абӯрайҳон. Ат-Тафҳим-ал-авоил саноат-ут-танҷим. Тасҳеҳи устод Ҷалолуддини Ҳумоӣ. –Теҳрон. 1357. –С.254). Бар илова, ба қиёми Коваи оҳангар, пирӯзии ӯ бар Заҳҳоки морон ва ба шоҳӣ расидани Фаридун нисбат гирифтани ҷашни Меҳргон аз мушаххасоти муҳимми ин ҷашни аҷдодӣ маҳсуб меёбад. Дар зимн, ин ҷашн бештар достон ва устураи қиёми Коваи оҳангар дар баробари бедодгариҳои Заҳҳокро таҷассум мекунад, ки ёдмони ин ҷашни намодин мебошад. Гузашта аз ин, бовар ва эътиқод ба Эзади Меҳр ва ойинҳои меҳрӣ (митройӣ), ки пеш аз Зардушт дар Ҳинду Ирон вуҷуд дошта, ба моҳи Меҳр ва ҷашни Меҳргон симои динии бештаре афзудааст ((ниг.: Рӯҳуламинӣ, Маҳмуд. Ойинҳо ва ҷашнҳои куҳан дар Ирони имрӯз (нигариш ва пажӯҳише мардумшинохтӣ).  –Теҳрон, 1376. –С.86).

Бузургони адабу фарҳанги миллӣ Дақиқӣ, Фирдавсӣ ва Асадии Тӯсӣ мушаххасоти болоиро ёд кардаанд. Масалан, Дақиқӣ гуфтааст:

Меҳргон омад, ҷашни малик Афридуно,

Он куҷо Гов беҳ парвардаш Бармоюно.

Ба дунболи ин, Ҳаким Фирдавсӣ дар достони «Фаридун» ҳудуди даҳ байтро ба таъсиси ҷашни Меҳргон ва маросими он ихтисос додааст. Ба ин абёт таваҷҷуҳ мекунем:

Фаридун чу шуд бар ҷаҳон комгор,

Надонист ҷуз хештан шаҳриёр.

Ба расми каён тоҷу тахти меҳӣ,

Биёрост бо кохи шоҳаншаҳӣ.

Ба рӯзи хуҷаста сари Меҳрмоҳ,

Ба сар барниҳод он каёникулоҳ.

Замона беандӯҳ гашт аз бадӣ,

Гирифтанд ҳар кас раҳи Эзадӣ.

Дил аз довариҳо бипардохтанд,

 Ба ойин яке ҷашни нав сохтанд.

Нишастанд фарзонагон шодком,

Гирифтанд ҳар як зи ёқут ҷом.

Майи рӯшану чеҳраи шоҳи нав,

Ҷаҳон нав зи доду сари моҳи нав.

Бифармуд, то оташ афрӯхтанд,

Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд.

Парастидани Меҳргон дини ӯст,

Таносоию хӯрдан ойини ӯст.

Агар ёдгор аст аз ӯ моҳмеҳр,

Бикӯшу ба ранҷ эч манмой чеҳр.

(ниг.: Фирдавсӣ, Абулқосим. Шоҳнома.  –Ҷилди аввал. –Теҳрон: Корвон, 1387. -С.87-88)

       Асадии Тӯсӣ, ки суннати шоҳноманависиро пас аз Фирдавсӣ идома бахшид, дар интисоби ин ҷашн ба Фаридун мегӯяд:

      Фаридуни фаррух ба гурди набард,

Зи Заҳҳоки тозӣ баровард гард.

             Чу дар бурҷи шоҳин шуд аз хуша меҳр,

      Нишаст ӯ ба шоҳӣ сари моҳи меҳр.

   Бар ороиши Меҳргон ҷашн сохт,

           Ба шоҳӣ сар аз чархи маҳ барфарохт.

(ниг.: Асадӣ, Тӯсӣ. Гаршосбнома. Ба эҳтимоми Ҳабиби Яғмоӣ. –Теҳрон: Китобхонаи Туҳурӣ, 1352. –С.366).

   Дар бораи таҷлили ҷашни Меҳргон ва иҷрои маросимоти меҳргонӣ қабл аз ислом донишмандон, муаррихон ва шоиру нависандагон изҳори назар кардаанд. Ҷиддитарин нукотро дар заминаи ҷашни Меҳргон ва мушаххасоти таҷлили маросимоти меҳргониро фарҳангшиноси шаҳири асримиёнагии тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ арз доштааст: Ба таъкидоти Берунӣ диққат медиҳем: «Ин ид монанди дигар аъёд барои умуми мардум аст. Аз ойини Сосониён дар ин рӯз ин буд, ки тоҷеро, ки ба сурати офтоб буд, ба сар мегузоштанд ва дар ин рӯз барои ирониён бозоре барпо мешуд» (ниг.: Берунӣ, Абӯрайҳон. Осор-ул-боқия. Тарҷумаи Акбари Доносиришт. –Теҳрон: Амири Кабир, 1362. –С.247). Пойинтар дар мавриди суннат ва шеваи тақдимоти ҳадоёи меҳргонӣ дар дарбори мулуки Хуросон менависад: «Ва дар мулуки Хуросон расм аст, ки дар рӯзи Меҳргон ба сипоҳиён ва артишиён рахти пойизӣ ва зимистонӣ медиҳанд» (ниг.: Берунӣ, Абӯрайҳон. Осор-ул-боқия. Тарҷумаи Акбари Доносиришт. –Теҳрон: Амири Кабир, 1362. –С.249).

   Доир ба ҷашни Меҳргон дар замони Ғазнавиён иттилооти бештаре дар даст аст. Ашъори шоирони даврони Ғазнавӣ Унсурӣ, Манучеҳрӣ, Фаррухӣ ва амсоли онҳо гувоҳи онанд, ки ҷашни Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати вежа таҷлил мегардидааст. Муаррихи машҳури замони Ғазнавӣ Абулфазли Байҳақӣ аз баргузории ҷашни Меҳргон дар дарбори салтанатии Султон Масъуди Ғазнавӣ ҳудуди солҳои 428, 429 ва 430 ҳиҷрии қамарӣ ёдовар шуда, минҷумла таъкид мекунад:«…Ва рӯзи чаҳоршанбеи нуҳуми зулҳиҷҷа ба ҷашни Меҳргон бинишаст ва ҳадяҳои бисёр оварданд» (ниг.: Байҳақӣ, Абулфазл. Таърихи Байҳақӣ. –Теҳрон, 1344. –С.697).

  Аз он ҷо, ки Меҳргон ба ҳусни зиндагии рӯзмарраи мардумӣ пайванди ногусастанӣ дорад, тӯли таърих мардум ва табақоти гуногуни иҷтимоиро ба худ ҷазб намудааст. Рози ҷазбаи ҷашнӣ ва маросимии Меҳргон дар хамираи ҳувиятии он, ки бо мушаххасоти ахлокию дарунии меҳр, муҳаббат, илтифот, самимият, хирад, фазилат, садоқат, шарофат, мурувват, саховат ва мунтаҳо, инсоният омезиш ёфтааст, ниҳон аст, Агарчи Наврӯз ҷуғрофиёи бузургтареро мусаххар карда буд, Меҳргон аз он монданӣ надошт ва дар фазою муҳитҳои гуногун таҷлил гардида, роҳро барои  тавсеа додани ҷуғрофиё ҳамвор мекард. Кор то ба ҳадде расида будааст, ки замоне ҳар ду моҳ -- меҳрмоҳ ва фарвардинмоҳро, ки ба тартиб оғози эътидоли пойизӣ ва баҳорӣ маҳсуб ёфта, дар он баробарии рӯзу шаб иттифоқ меафтад, ба унвони соли нав ҷашн мегирифтанд. Афзун бар ин, бархе ҷашни Меҳргонро бар ҷашни Наврӯз бартарӣ додаанд ва ин нуктаро ба нашри ҳашарот дар фасли баҳор, ки боиси коҳиши зироат мегардидааст, марбут донистаанд (ниг.: Берунӣ, Абӯрайҳон. Осор-ул-боқия. Тарҷумаи Акбари Доносиришт. –Теҳрон: Амири Кабир, 1362. –С.329).

  Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки Меҳргон на ба он хотир, ки номи моҳ ба рӯзи моҳ баробар мешавад, ҷашн гирифта мешудааст, балки ба ифтихори шарофату қудсияти зиндагӣ ва арзиши умри инсонӣ таҷлил мегардидааст. Ба ин маъно, Меҳргон эҳсоси зиндагипарастии инсон ва дар маҷмӯъ, мардумро ифода мекунад. Чун Меҳргон бо аҳду паймон ва меҳру муҳаббат иртиботи зотӣ ва маъноӣ дорад, сатҳу сифати зиндагидӯстӣ ва зебоиписандии одамонро боло мебарад. Ин навъи биниши арзишманди миллӣ ва мардумиро дар густурдани хони меҳргонӣ, ки аз анвои меваҷоту сабзавот – анор, себ, ангур, гандум, лӯбиё, наск ва амсоли инҳо таркиб ёфтааст, мушоҳида кардан мумкин аст. Дар силсилаи дастурхони ҷашнӣ, чи дар гузашта ва чи имрӯз символикаи ойина муҳим аст. Ойина намоди покию рӯшанӣ, фурӯғу биноӣ ва шукӯҳу тавоноии инсонист. Бо густурдани хони меҳргонӣ инсон ҳосили меҳнату заҳмати солонаашро, ки айёми пойиз ва ё тирамоҳ ҷамъбаст мешавад, ба намоиш мегузорад. Аз ин лиҳоз, Меҳргон бо меҳнат ва саъю талоши фикрию ҷисмонии инсон тавъам аст.    

  Пешинаи ва собиқаи устурӣ ва таърихии ҷашни Меҳргон ифодагари он аст, ки мардуми форсу тоҷик дар ҳама давру замон, новобаста ба шароити сиёсию иҷтимоӣ ва тааллуқоти нажодию динӣ ба зиндагӣ ва инсон арзиши баланд қоил будаанд ва тавассути таҷлили ҷашну маросим, қабл аз ҳама, иттиҳоду ҳамбастагии инсонҳоро мехостаанд. Вежагии фарогирии ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон раванди баҳамойӣ ва ҳамшарикии мардумиро дар умури иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангӣ таҳкиму тақвият мебахшад. Маҳз ҳамин вежагӣ аз бомдоди таърихи зуҳури ҷашнҳои миллӣ то имрӯз дар бистари ойину маросимоти бумӣ ҳамчунон боқист.

 

    Нозим Нурзода,

    муҳаққиқ

 

Хондан 277 маротиба