Нусхаи чопи
Сешанбе, 10 Июли 2018 06:10

Насли ҷавон, фазои маҷозӣ ва воқеиятҳои имрӯзӣ (назари куллӣ)

Муаллиф:

  Мусаллам аст, ки дастгоҳ ё ба истилоҳ, машинаи иттилоотӣ ва фаннӣ-техникӣ бо вусъати кайҳонӣ пеш меравад ва ҳар рӯзу ҳар соат дар ин самт навигарию навгониҳои зиёде ба вуқӯъ мепайванданд. Воқеияти имрӯзӣ баёнгари он аст, ки инсон бо фарогирии иттилооти зарурӣ сатҳи огоҳмандиашро тавсеа бахшида, ба сӯйи дарёфти иттилооти навин ва дархӯри замон қадамҳои устувор бармедорад. Дарёфт ва корбасти иттилооти наву муҳим инсонро дар ҳалли мушкилот ва қазоё аз ҳар ҷиҳат кумак мерасонад ва ӯро дар баробари хатароти глобалӣ муқовиматпазир месозад. Аз ҷониби дигар, расона (media) ба унвони абзори муҳими иттилоотӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, фикрӣ ва фарҳангӣ дар сад соли ахир бар фазои зиндагии инсонӣ мусаллат шудааст, то ҷое ки инсоният имрӯз худро бидуни ин василаи иртиботи ҷамъӣ тасаввур карда наметавонад. Фаъолшавии шабакаҳои иҷтимоӣ ва мутамоил шудани насли наврасу ҷавон ба кори онҳо дар асри ҳозир талаботи рӯз маҳсуб меёбад ва нафареро аз наслҳои ҷавон кам пайдо метавон кард, ки бо ин ё он васила ба ин масири иттилоотӣ пайваст набошад.

  Ҳузур надоштан дар фазои маҷозӣ дар шароити феълӣ барои насли наврас ва бавижа, насли ҷавон номумкин аст, зеро ки ҷаҳони мутамаддини инсонӣ бо ин тарзи иртиботи гурӯҳию ҷамъӣ зиндагӣ мекунад ва дур будан аз ин гуна муҳити иттилоотӣ ва расонаӣ дур будан аз воқеият ҳисобида мешавад. Ин аст, ки табақаҳои иҷтимоӣ мекӯшанд ба фазои маҷозӣ иртибот дошта бошанд ва аз ин тариқ бо дохил, хориҷ, минтақа ва ҷаҳон тамос барқарор намоянд. Вусъати интишори иттилоот ва имконоти фаровони фаннӣ-техникӣ анвои наву дастраси иттилоотро ба вуҷуд овардааст ва вобаста ба ин, албатта, талаботи иттилоотӣ, фаннӣ, фикрӣ ва расонаии корбарон ҳам ногузир тағйир меёбад. Аз ин ҷост, ки корбарони расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба дарёфти иттилооти наву тоза таваҷҷуҳ менамоянд. Дар зимн, бо назардошти кайфият ва ҳолати талаботи иттилоотии корбарон бозигарони сиёсати интернетӣ ва муҷриёни фазои маҷозӣ анвои дархӯри иттилоотро рӯйи сафаҳоти интернетӣ ва расонаӣ мерезанд ва аз ин ҳисоб «ҷави иттилоотӣ»-и замонро мувофиқи манофеи худ ба маҷрои муайян медароваранд. Ин маънои онро дорад, ки маводи фазои маҷозӣ, ғолибан аз ҷониби шабака ва ширкатҳои махсуси хориҷӣ як навъ мониторинг карда мешавад ва  дар доираи он матолиби мавриди назар ба чархиш медароянд. Муҳим ин аст, ки дар фазои маҷозӣ майдони баҳсу мунозира дар ҳар шаклу мазмуне кушода шудааст ва ба масъалаҳои баҳсбарангез ҳар корбар, мувофиқи завқу салиқа, диду биниш, фаросату фазилат, дарку фаҳмиш ва доираи андеша бархӯрд ва бо тарафи муқобили мубоҳиса, ба қавле, дасту панҷа нарм мекунад. Бояд тазаккур дод, ки наметавон тамоми мавод ва матолиби дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойгирифтаро ба сифати маводи хушк, машкук, зеҳншикан ва нодаркор шинохт ва баҳо дод. Дар миёни маводи шабакавӣ мавзӯъ ва матолиби зиёде вуҷуд дорад, ки зеҳни корбарро бурро ва тафаккури ӯро замонавӣ ва созанда мегардонанд. Бар илова, корбари шабакаҳои иҷтимоӣ ва хонандаи матолиби расонаӣ донишҳои наву замонавӣ касб мекунад ва аз навтарин иттилооту кашфиёт огоҳ мешавад. Бо ибораи дигар, дар натиҷаи мутолиоти матолиби гуногунмуҳтаво сатҳи огоҳӣ ва дониши корбарон боло меравад, ки ин ба сатҳу сифати огоҳмандии иҷтимоӣ таъсир мерасонад. Аммо, дар иваз, баъзе мушкилоти ҷиддиеро ҳам ба дунбол дорад, ки сари он ҳарф мезанем.  

  Фаъол гардидани шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан  шабакаҳои  иҷтимоиву иттилоотии «Одноклассники», «Фейсбук», «ВКонтакте», «Инстаграм» ва василаҳои тамос, назири Вайбер, ВатсАпп ва ИМО аз ҳисоби насли ҷавон воқеиятҳои навро пешорӯйи мо вомегузоранд, аз ҷумла:

а) насли наврас ва ҷавон бар мабнои серҳаракатии физиологӣ бо ҷӯшу хурӯш ба фаъолияти рӯзмарраи интернетӣ, ки талаботи рӯз аст, иштиғол меварзад ва мутаносибан, ба майдони шабакавӣ кашида мешавад;

б)дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки мазмун ва муҳтавои муштарак надоранд, наврас ва ҷавон бо сели иттилооти гуногун мувоҷеҳ мегардад ва азбаски омодагии қаблии тафаккурӣ ва зеҳнӣ надорад, ғолибан ба вартаи сардаргумӣ афтида, ҳақро аз ботил, ростро аз дурӯғ, хубро аз зишт, аслро аз маҷоз ва воқеиятро аз ғайривоқеият фарқ карда наметавонад;

в) иттилооти бебаркаш зеҳну тафаккури ҷавононро мушавваш месозад ва бо он ки хазина ё бонки иттилооту маълумоти онҳоро комил мекунад, дар ҳолати карахтии фикрӣ ва маънавӣ нигоҳ медорад;

г) карахтии фикрӣ ва маънавӣ боиси бандубасти тафаккурӣ ва буҳрони эҷодии насли наврасу ҷавон мегардад;

ғ) раванди мағзшуӣ ва гипнози равонӣ таҳкиму тақвият меёбад ва зуҳуру нуфузи таассубу хурофот дар баданаҳои иҷтимоӣ имконпазир мегардад;

д) хушкандешӣ ва безавқӣ ба унвони аносири ҳувиятбарандоз ва худшикан дар сатҳҳои гуногуни иҷтимоӣ реша медавонанд ва ҷомеаро аз дарун варшикаста мекунанд. Ба инҳо монанд мушкилоти дигаре ҳам вуҷуд доранд, ки дар замон ва шароити муосир насли ҷавони ҷомеаро ҳамсафарӣ карда, авзои зеҳнӣ, тафаккурӣ, сиёсӣ, идеологӣ-мафкуравӣ, ахлоқӣ, динӣ-мазҳабӣ ва фарҳангиро дар минтақа муташанниҷ месозанд.

  Агар ба муҳити иттилоотӣ, расонаӣ ва фазои маҷозии ватанӣ дар даҳ-понздаҳ соли ахир таваҷҷуҳ кунем, ба хубӣ дармеёбем, ки дар ин муддат бар асари мутолиот ва омӯзишу бардоштҳо як навъ мағшушӣ ва сардаргумӣ бар зеҳни қисмати аъзами ҷавони тоҷик мусаллат гардид. Кор то ба ҷое расида буд, ки андеша ва назароти насли ҷавони ба иртибототи ҷамъӣ ва расонаӣ пайвастбуда, аксаран дар сатҳи хурофоти динӣ-мазҳабӣ маҳдуд мегардид. Баҳсу мунозироте, ки имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ҷавонон матраҳ мегарданд, аксаран бар мабнои эҳсосоту тасаввуроти сатҳӣ анҷом ёфта, сатҳи баланди таассубу хурофотро ифода менамоянд. Солҳои қаблӣ дар шабакаи «Фейсбук» гурӯҳҳои гуногуни пажӯҳишию ихтисосӣ ташкил ёфта, дар ин замина баҳсу мунозираҳои ҷолиб сурат мегирифт. Аммо ба ин пойгоҳи иттилоотӣ, таҳлилӣ ва пажӯҳишӣ ҳам гурӯҳҳои ифротгаро ва хурофотӣ рахна карда, бо донишу биниши андак ва ҷаҳлу таассуби барзиёд масоили мавриди назарашонро матраҳ мекунанд ва зеҳниёти ҷавононро мағшуш месозанд. Ин нуктаро метавон хеле одӣ, бо як мурури сатҳӣ ба матолиби шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида кард. Изҳори назарҳои обшуста ва моломоли хурофоту таассуб, ки дар «Одноклассники» ва баъзе пойгоҳҳои динӣ-мазҳабӣ вомехӯранд, аз диди тангу маҳдуди корбарон ва мухлисони онҳо дарак медиҳанд. Аз ҳар падида ҷустани моҳияти динӣ-мазҳабӣ ва дар қолаби дину мазҳаб даровардан ва мавриди таҳлил қарор додани ҳар гуна масоили ҳатто илмӣ баъзан сархати матолиби баҳсии корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ташкил мекунад. Бехабар аз он ки имрӯз даври сохтмони шахсияти миллӣ ва рушди тафаккури илмӣ аст. Тафаккури илмӣ, биниши илмӣ ва дар ин замина сохтани шахсияти миллӣ дар авлавиятҳои замон ва асри мо қарор дорад ва расидан ба ин ҳадафҳои калидӣ танҳо дар сурате даст медиҳад, ки инсон бар пояи ақлу мантиқ андеша кунад, на дунболи хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ бигардад.

  Силсилаи матолибе, ки дар сафаҳоти шабакаҳои иҷтимоӣ интишор мешаванд, на ҳама дархӯри зеҳну тафаккури мост ва чуноне ки қаблан ироа доштем, бештар ба ихтилофоти динию мазҳабӣ тамаркуз доранд ва ба оташи бовару эътиқодоти мазҳабӣ равған мерезанд. Аз ин ҷост, ки баҳсу даргириҳои расонаӣ ва фейсбукӣ, аксаран натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд ва корбаронро таври маснӯӣ ба гурӯҳҳо ҷудо мекунанд. Радду бадалҳои тезутунд ва интиқодоти шадиде, ки миёни ин ё он гурӯҳ ва ин ё он нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегиранд, мунҷар ба афзоиш ёфтани ихтилофоти мазҳабӣ ва нафрат пайдо кардани гурӯҳҳо нисбат ба ҳамдигар мегардад. Ба дунболи ин, солҳост, ки дар фазои маҷозӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ набард ва пайкори пайдарпайи иттилоотӣ ва сиёсию мафкуравӣ ҷараён гирифта истодааст ва тухми кинаву адоват миёни наслҳои ҷавон ва миёнсол, ки фаъолони асосӣ ва ба истилоҳ, сарбозони ҷабаҳоти иттилоотӣ маҳсуб меёбанд, кошта мешавад. Аз сӯйи дигар, иддае аз насли ҷавони ҷомеа ва ҳатто наслҳои миёнсол интиқодро бебаркаш ва бемеъёр истифода бурда, ҳар чӣ дилашон мехоҳад, мегӯянд ва танқидро ба унвони унсур ва мабонии низоми демократӣ ва дунявӣ таҳриф мекунанд. Бештари интиқодоте, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ихтисос ёфтаанд, ҷанбаи муғризона, авомфиребӣ, фурсатталабӣ, нотавонбинӣ доранд ва бар асари бухлу кина ва нафрату бадбинӣ рӯйи кор омадаанд. Бо вуҷуди ин, ба зеҳни насли наврасу ҷавон бетаъсир намемонанд ва хангоми бархӯрд бо ин навъ интиқодот онҳо ногузир шефта мешаванд, зеро ки зеҳни таҳлилӣ ва пӯё надоранд ё ин ки хеле заиф фикр мекунанд. Дигар ин ки фазои интиқоди мунсифона дар мо ҳанӯз ба таври бояду шояд шакл нагирифтааст, аз ин рӯ, он чи ки ба унвони интиқод рӯйи сафҳа мерезем ва ё ба таври шифоҳӣ мегӯем, ғолибан сатҳию сунъӣ ба назар мерасанд. Бинобар ин, ташаккул додани тафаккури интиқодӣ миёни наслҳои наврасу ҷавон аз вазифаҳои муҳими маърифатӣ ва фарҳангӣ ба шумор меравад. Ҳарчанд дар Консепсияи миллии тарбия боби махсусе таҳти унвони «Тарбияи тафаккури интиқодӣ» ҷой дорад, дар ин самт мушкилоти зиёд ба назар мерасад.

  Воқеият ин аст, ки тафаккури интиқодӣ бояд аввал дар байни насли миёнсол ва бузургсол инкишоф ёбад, дар ҳоле ки наслҳои миёнӣ ва болоии мо ҳанӯз ба интиқод ҳамчун меъёри зиндагии иҷтимоӣ одат накардаанд ва аз он фосила мегиранд. Насли ҷавон бошад, бо истифода аз имконоти техникӣ ва фаннӣ дар фазои маҷозӣ бо анвои гуногуни интиқодот, минҷумла интиқодоти муғризона (ғайримунсифона) мувоҷеҳ мегардад ва таҳрифи воқеиятҳои имрӯзиро ба сифати меъёру асли низоми демократӣ ва дунявӣ қабул менамояд.

 Ҳамин тариқ, расона ва фазои маҷозӣ дар баробари қонеъ сохтани талаботи иттилоотӣ ва зеҳнӣ-маърифатӣ, ба минбари мағзшуӣ ва хурофисозии ҷомеа табдил ёфтааст ва доираҳои махсус тариқи интишори матолиби иғвогарона дар расонаҳои дохилию хориҷӣ ба мардум гӯиё иттилоот ва маърифати наву тоза манзур месозанд. Аммо, дар асл, ин навъи иттилоот ва маълумоти муғризона зеҳни насли наврасу ҷавонро, ки дар ҳоли шаклгирӣ аст, мағшуш месозад ва роҳи ифроту тафритгариро ҳамвор менамояд. Нигаронии мақомоти марбутаи давлатӣ маҳз дар ҳамин ҷараёни ҳадафмандонаи мағзшуии ҷавонон зоҳир мегардад, ки аз тариқи расонаҳои хабарӣ, пойгоҳҳои гуногуни иттилоотӣ, сомонаҳои дохилию хориҷӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ густариш меёбад. Бар ин асос, ҷангҳои иттилоотӣ ва муҳимтар аз ин, таҳоҷуми иттилоотӣ яке аз василаҳои корсози бозиҳои сиёсӣ ва геосиёсӣ дар минтақаҳо ба ҳисоб меравад ва пойин бурдан ва коҳиш додани сатҳи ҷаҳолату таассуби динию дунявӣ, ки дар мабоҳиси густурдаи расонаӣ ва интернетӣ инъикос меёбанд, фаъолияти дастаҷамъонаи сохторҳои марбутаи давлатӣ ва ниҳодҳои иҷтимоӣ, маърифатӣ ва мадании ҷумҳуриро тақозо менамояд.

   Нозим Нуров

Хондан 1895 маротиба

Матлабҳои дигар аз Равшанфикр