JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 11 Феврали 2019 09:45

Оини ватандорӣ, рушди давлати миллӣ ва ҷомеаи маданӣ

Муаллиф:

 Мазҳаби зиндадилон хоби парешоне нест,

Аз ҳамин хок ҷаҳони дигаре сохтан аст!

Иқболи Лоҳурӣ

   Дар замони ҷаҳонишавӣ, авҷи хатари ваҳшатафганӣ (терроризм), дар ҳоли камранг ва заиф шудани эҳсоси масъулияти фардӣ ва иҷтимоии инсонҳо дар назди ҳамнавъон ва умуман, суст шудани эҳсоси ҷавобгар будани ҳар як инсон (ва давлатҳо) дар назди қавонини байналмилалӣ ва суботу сулҳи пойдор дар ҷаҳон аз ҳарвақта муҳим аст, ки мо дар бораи ватан ва хоку замини аҷдодии худ бештар фикр бикунем ва барои ғановату пешрафти ватану ватандорони худ амал бикунем. Маълум аст, ки ватан барои ҳар як фард, аз он ҷумла барои тоҷикон, аз хонаву кӯча ва деҳаву диёри хурди он оғоз ва бо фарогирии мамлакату миллат ва аҳли сайёра ва нигоҳдошти охирин падидаи ҳаёт дар рӯи сайёра хатм мешавад. Асос ва моҳияти ватанро ҳиссиёти иҷтимоиву сиёсии шахсият, муҳаббати ӯ ба волидон, ба сарзамини аҷдодӣ, ба таърих ва фарҳанги бумии мардум ташкил медиҳад.

  Ватандӯстӣ дар асли худ чунин ҳолати равонии инсон аст, ки ҳангоми дар вуҷуди инсон зуҳур намудани он шахс тайёр аст, ки барои ватан-модари худ охирин ва нодиртарин дороии худ - ҷони азизро фидо намояд. Дар таърихи тоҷикон, хушбахтона, чунин шахсиятҳои дорои ҳамин гуна ҳиссиёти баланди инсонӣ хеле бисёр буданд ва ҳар яке тақдири хоси худро доштаанд, албатта, яке дар ин роҳ то ҳадди имкон муваффақ шудаву дигаре бадбахту ноком монда... Одатан, дар ҳоли ғалабаи ҳисси ватандӯстӣ инсон мехоҳад, ки садоқати худро ба ватан аз тариқи бузургдошт ва қадрдонӣ намудани арзишҳои милливу фарҳангии халқи худ, мансубияти худ ба умумияте, ки шахс дар оғуши он солҳо ба камол расидааст, собит намояд, муҳаббати худро ба расму русуми аҷдодӣ, ба забону каломи модарӣ (бо дарбаргирии тамоми вожаномаи он) ба қалам дароварад.Маҳз ҳамин гуна ҳиссиёт роҳнамои қаҳрамонони маҳбуби сарзамини мо буданд, ки ҷони худро дар роҳи озодӣ аз аҷнабиён (қабоили кучии арабу муғулу турк ва баъдан рус ва ғ.), қаҳрамононе ба мисли сафедҷомагону пайравони Муқаннаъ ва  Абумуслими Хуросонӣ, Сомониёну Ғуриён ва Сарбадорон дар муқобили муғул ва ниҳоят, барои эҳёи давлатдорӣ ва ифтихори миллии мардумони эрониасл дар Осиёи Марказӣ барои расидан ба ҳадафи ниҳоӣ-бунёди давлати миллии тоҷикон сипар намуданд. Дар ростои шинохти дубораи мафҳуми ватан ва миллат дар замони модерн, террори сталинӣ ва истиқлолияти давлатии навин номҳои шахсиятҳои сиёсие, ба мисли Шириншоҳи Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Осимӣ ва Эмомалӣ Раҳмон дар тафаккури мардум мақоми рамзӣ (ибратбахш) ва калидӣ доранд. 

  Маълум аст, ки эҳсоси ватандӯстӣ моли таърих аст, он таърихи таҳаввул дорад, он эҳсоси абадиву осмониву фалакӣ нест. Ин падида дар замону макони мушаххас ба вуҷуд меояд ва наметавонад, ки бе хости соҳиби амал (субъекти фикркунанда) дар ҷое ва замоне мушаххас ба миён ояд. Вобаста ба ин падида, вожа ва мафҳуми меҳану ватан аз тарафи ҳаммеҳанон гоҳе аз будаш васеътар ва гоҳе хеле танг таъбир мешаванд. Вале агар ашхоси миллат дар бораи натиҷаи амалии ҳиссиёти худ, муҳаббати худ ва масъулияти худ ҳамвора ва мантазам фикр накунанд, зиёда аз ин, фикру амали худро дар тарозӯи ақл насанҷанд, он гоҳ миллат ба мушкилоти вазнине дучор хоҳад шуд.Ин фикр дар робита ба диалектикаи мафҳумҳо аст, ки дар қутби дигари ватандӯстиву миллатдӯстӣ ҳиссиёти дигари ғайри қобили қабул-эхсоси бетарафӣ ва бемасъулиятӣ қарор гирифтаанд, ки метавонанд соҳиби фикру амал (субъект) ва ҳам мухотабу объектхои гирду атрофи онро аз ҳоли мувозинат ва ҳамоҳангӣ берун барорад ва ниҳоят, будиши онҳоро таҳдид ва тахриб намояд. Ин ҷо сухан дар бораи ҳиссиёти бузургталошӣ (шовинизм) ва бегонаситезӣ (ксенофобия), яъне паст задани иззати нафси миллату халқҳои дигар дар баробари миллати худ меравад, ки дар сиёсатҳои ашхос ва гурӯҳҳову давлатҳои алоҳидаи замони ҳозира ҳоло хеле роиҷанд.  Аз ин ҷост, ки ҳисси ватандӯстӣ масъулият аст ва дар ҷавҳари он муҳаббат ба миллати худ ва дигарон ниҳон аст.

   Айни замон мафҳуми ватан дар тӯли таърих таҳти таҳаввул қарор гирифтааст: бо ба вуҷуд омадани динҳои ҷаҳонӣ мазмуни он васеъ ва қимати қавмиву хунии он чанде коста шуда ва табиист, ки дар ин ҳол арзиши ҳисси ватандӯстии қавмӣ камранг ё беранг шудааст. Динҳои ҷаҳонӣ таълим медиҳанд, ки дар назди Худо ҳамаи мардум баробаранд ва таври мисол, дар вуҷуди Исоҳи Масеҳ тамоми тафриқаҳо аз байн хоҳанд рафт…, яъне назди Худо тафовутҳои қавмиву ҷинсӣ, ирқиву нажодӣ, синфиву табақавӣ заиф ва беранг мегарданд. Дар аслнома(устав)-и динҳои ҷаҳонӣ, алалхусус масеҳиёни аввал борҳо омадааст, ки ватани аслии диндорон (насоро) калисо аст, ҳамон гуна, ки ватани аслии яҳудиҳо куниш (синагог) мебошад, онҳо дар дигар ҷойи рӯи замин худро бегона эҳсос мекунанд. Илова ба ин, онҳо аз ғалаба дар ҷанг хушнуд ва аз омадани офату бадбахтӣ ба мамлакат ба даҳшат намеафтанд, зеро ин гуна падидаҳо як амри илоҳӣ ва зарурӣ тасаввур мешаванд. Ба иборае, Худо олим аст ва ҳоли дунёро беҳтар медонад.

    Тасаввуроти ба ҳамин монанд дар дини мубини ислом ва макотиби мухталифи он вуҷуд дорад, ки инҷо ҳам ранги пӯсту забону насаб ва ҷойи зист аз аҳамият бархӯрдор нестанд. Зиёда аз ин, дар ибтидои ислом ё исломи аввал дунё ба ду қисмат тақсим шудааст: дор-ул-ҳарб ва дор-ул-ислом. Мусулмонони аввал дар роҳи ба ислом даъват намудани мардумони дунё таҳти ҳамин шиор кишваркушоӣ мекарданд, аз шамшер истифода бурда мехостанд, ки аз тариқи ҷиҳод мардуми тамоми ҷаҳонро ба як дину як мазҳаб ташвиқ намоянд ва каломи илоҳӣ ва забони арабӣ ҳамин гуна васила буданд, ки мардум мутаҳҳид бишаванд, дар ин роҳ як умумияти нави одамон-уммати мусулмонон дар мантиқаи фарогир бунёд гардид. Дар натиҷа мафҳуми миллати ислом ба вуҷуд омад, ки қавмҳои мухталиферо дар худ муттаҳид намуд. Баъди дусад соли оғози ислом дар заминаи ин дин дар заминаи тамаддунҳои гузашта ин ҷо тамаддуни нав тасис шуд, ки ҳоло моли таърих аст. Андешаи ягонагии одамонро бо роҳи оштиву мадоро тасаввуфи ислом низ пайгирӣ карда, ба натиҷаҳои ҷолибе расидааст. Вале замон ва вақт тағйир карданд, дар давраи нави рушди сармоядории Ғарб ҷаҳони ислом истеъморӣ шуд. Риштаи раҳбарияти андешаи миллатҳо ва давлатҳои мусулмонӣ дар ин замон ба дасти истеъморгарони Ғарб гузашт, акнун мусулмонон дар ҳаракатҳои озодихоҳии худ дар муқобили истеъморгарон ба дифои ислом пардохтанд ва аз он чун абзори сиёсӣ ба шакли бунёдгароӣ ё сотсиализми исломӣ истифода намуданд. Табиист, ки ҳам истеъморгарон ва ҳам ҳаракатҳои озодихоҳии мусулмонон на тамоюлҳои ақлгароёна, ё таърихи пурғановати илму техноложӣ дар ислом, балки андешаи ҷиҳодии исломро барои расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонгирӣ ва истиқлоли миллии худ созгор донистанд. Ҳоло шакли иғроқшуда ва ҷиҳодии чунин андешаи ватан ва ватандориро дар таълимоти бунёдгароёни динӣ (аллахусус, ҳаракати салафия, ҳизбӯт-таҳрир ва ғ.) дучор шудан мумкин аст. Ҳаракатҳои ба ном ҷиҳодӣ пайравони ҳамаи динҳои ғайрисломиро мансуб ба куфр медонанд ва дар сурати даст накашидан аз дини худ рехтани хуни онҳоро раво медонанд. Маҳз ҳамин гуна тасавурот заминаи даъвати «давлати ба ном исломӣ -ДОИШ»-и онҳо барои ҷиҳоди исломӣ дар Шарқи Наздику Миёна ва Афғонистон шудааст ва таҳдид ба ҳувияти қавмиву миллии ҳалқҳо дорад (чи тоҷикон ва чи халқҳои дигари пасошӯравӣ).

     Дар муқобили ин раҳбарон ва бузургони дину сиёсати ҷаҳони ислом борҳо даъват ба амал оварданд, ки мусулмонон бояд аз ин гуна тасаввуроти ибтидоӣ даст бикашанд, зеро ба хотири кадом нияту мақсади баланде ҳам набошад, куштани як нафар инсон дар ислом ба куштори тамоми инсоният баробар аст. Дар китоби муқаддаси мусулмонон омадааст, ки ҳар касе ҳақ дорад, ки пайравӣ аз дину оини худ дошта бошад, вале ба дини дигарон ҳатман бояд эҳтиром дошта бошад, зеро дар дин зӯрӣ нест. Дар дигар сарчашмаҳои ислом қайд мешавад, ки мусулмонон ба динҳои дигар хушбинанд: яъне Исо бо роҳи худ ва Мусо бо роҳи худ! Вале пружаҳои сиёсии истеъморӣ барои ба мақсадҳои геополитикии худ расидан ҳар гуна сарҳадҳои фарҳангиро мешикананд. Дар кулл мусулмонони муосир аз техноложии нави фикрии муқовимат, баҳсу андеша ва истидол бархӯрдор нестанд, дар натиҷа онҳо тасмими нодуруст мегиранд, ки ба фишор бо фишор ҷавоб бидиҳанд. Вале ин кор дар ҳоли муқовимати нобаробар барои ҳастии онҳо таҳдид мекунад. Аз ин рӯ, аз нигоҳи сиёсӣ ба ин масъалаи қадимӣ роҳбари имрӯзаи давлати Миср Абулфаттоҳ Ас-Сисӣ баҳо дода буд. Дар яке аз аввалин вохӯрӣ бо уламои Донишгоҳи Ал-Азҳар ӯ аз уламои исломӣ даъват кард, ки бар зидди ин гуна ақидаҳои ба замони муосир хатарнок (тақсими ҷаҳон ба дорул-ислом ва дор-ул-ҳарб ва мақсади сохтани «давлати ҷаҳонии исломӣ» -истилоҳи А.Мавдудӣ, 1903-1973, муаллифи «Тафҳим ул-Куръон») садо баланд кунанд,дар муқобили зиёдахоҳӣ (радикализм)фатво бароранд ва ниҳоят роҳи наҷоти миллатҳои мусулмонро дар ҷаҳони пуртаззоди глобалӣ равшан кунанд. Ин назари Ас-Сисӣ комилан ақлонӣ аст, зеро ба андешаи ӯ, мусулмонон, ки яку ним миллиарди нуфуси аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, набояд бо эълони ҷиҳод бо 5.5 млрд, мардуми боқимондаи дунё дар ҳоли ҷангу набард қарор дошта бошанд. Дар ин ҷаҳони пуртаззод ва хатарзо, ки мардумони дунё ҳоло гӯё дар болои як махзани пур аз борут нишастаанд, мардум ба фарҳанги сулҳ ва мадоро бештар эҳтиёҷ доранд, нисбат ба нифоқу ҷанг. 

     Бунёнгузорони давлати «пролетарӣ» низ даъват ба он доштанд, ки бояд «ватандӯстии пролетарӣ», яъне ватани коргару деҳқон ба вуҷуд оварда шавад, ки он мафҳуми меҳану ватанро аз нигоҳи ҷуғрофӣ хеле васеъ менамуд ва дар зеҳн тамоми сайёраи дар зери диктатураи пролетариро дар назар дошт.Ин равия ҳам ҳисси дӯстдории ватани худ, ватани аз нигоҳи ҷуғрофӣ хурду қавми камнуфуси худ, забони модарии худ, фарҳанги миллӣ ва ғ.-ро ғайри қобили қабул медонистанд ва дар ниҳоят бо амри Марказ ватандӯстони коммунисти кишварҳои атрофи қисматҳои марказии Руссияро бо ҷурми «душманони халқ» ё ҷосуси импералистон будан ба Сибир ва дигар лагерҳои сталинӣ фиристода аз байн бурданд. Дар замони шӯравӣ ватани мо «шашяки рӯи замин»-ро ташкил медод ва халқу миллатҳо ба ҳам омехта миллати ояндаи мо бояд «шӯравӣ» мешуд. Дар давлати коммунистӣ, аз рӯи ақидаи асосгузорони он, мебоист, ки як давлат, як забон ва як миллат (миллат ё халқи шӯравӣ) арзи ҳастӣ мекард. Асосгузори давлати пролетарӣ В.И.Ленин дар асарҳои баъдан нашргардидаи худ навиштааст, ки ҳатто дар саросари дунё дар ояндаи наздик як забон мемонад. Ва ба андешаи ӯ, ин ё забони англисӣ мешавад ё русӣ ҳоҳад буд. Вале дар қавсайн навишта ки: беҳтар мешавад, агар русӣ бошад! …Дар ҳамин мисол дидан мумкин аст, ки чӣ гуна миллату мазҳабҳои ғолиб иродаи худро аз роҳҳои мухталиф ба халқу миллатҳои дигар бор мекунанд ва аз абзорҳои диниву сиёсӣ моҳирона истифода мебаранд, то ки худ ягона ҳукмрони ҷаҳон бишаванд.

Дар охирҳои асрҳои нуздаҳ баъди нуфузи иқтисодиву сиёсӣ пайдо кардани Руссия дар Осиёи Марказӣ ва ибтидои асри 20-ум, баъди заволи давлати сулолаи Манғитиён дар Бухоро ҳаракати босмачигарӣ авҷ гирифт, ки баъзе аз зиёиён ҳоло онҳоро нишоне аз ҳаракати ватандӯстӣ мешуморанд. Албатта, ин ҳаракат то андозае моломоли ватанхоҳӣ буд, вале босмачигарӣ падидаи мураккаб аст ва шояд дар амали баъзе аз намояндагони тоҷики он унсурҳои ватандӯстӣ ҷой дошта буданд, вале ба таври кул мақсади онҳо на истиқлоли миллии миллатҳои мушаххаси Осиёи Марказӣ, балки барқароркунии аморати Бухоро бо сулолаи амирони Манғитӣ буд. Дар ин бора ёддоштҳои амири сарнагуншуда Олимхон, дар мактуби ӯ ба Иброҳимбек маълумот медиханд. Ӯ менависад: 

«Ман ба Иброҳимбек фармон навиштам, ки Анварпошо дар хусуси муҳориба шахсан соҳибтадбир ва коргузор буда, лозим, ки Шумо дар иззатдорӣ дар назди худ оварда пурсед, агар хизмати миллати исломро хоҳиш дошта бошад, аз тарафи зоти олии мо ваколати хизмат ва илло, ба хубӣ аз дарё гузаронида, бо ин сурат равона намоед».

    Чунонки мебинем, дар мактуб сухан дар бораи «миллати ислом» меравад, ки албатта, барои давраи аморат қобили қабул буд. Вале маълум аст, ки мақсади аслии Иброҳимбек ҳам на бунёди давлати миллӣ, балки ба шаҳодати яке аз пайравони ҳаракати ҷадидҳо А.Фитрат, бо ёрии Анварпошшо ташкили империяи туркӣ буд. Ба иборае, мақсад:

«бо нақшаи кишварҳои иртиҷоии мамолики Ғарб дар ҳайати Осиёи Миёна, Афғонистон, Эрон, Закавказия, Қрим ва Туркия ташкил кардани империяи «Туркияи бузурги султонӣ» маҳсуб мешуд» (Атохон Сайфуллоев. Босмачигӣ хилофи манфиатҳои миллӣ буд).[1]

   Воқеан, ин гуна давлат дар зеҳн идеологияи «ваҳдати қабоили туркӣ» ё ваҳдати тамоми миллал дар забон ва либоси туркӣ дошт. Ин гурӯҳ ҳам мехостанд, ки дар минтақаи ҷуғрофии Балкан то Чин як империяи туркиро бо як забон, як давлат ва як дин ташкил бикунанд, ки хилофи хостаҳову манфиатҳои қавму миллати тоҷик буд. Ба андешаи онҳо, дар аморати Бухоро (ки ҳазорҳо сол тоҷикзабон буд) мебоист забони тоҷикии форсӣ ҷойи худро ба забони туркӣ медод. Як пантуркист аз кишвари Туркия дар ибтидои асри бист, баъд аз дарёфтани иттилое дар бораи боз шудани мактабу рӯзномаҳои усули нави таълим бо қаҳр чунин менависад: Чаро дар Бухоро иҷозат дода шудааст, ки ба забони форсӣ мактабу рӯзнома нашр шавад?! (Адиб Халид. The Politics of Muslim Cultural Reform. Jadidism in Central Asia. Addeb Khalid. London, 1998, 335p.).

    Ҳоло мо медонем, ки ҳоли тоҷикон дар давлатҳои қавмиву этнонатсионалистӣ чӣ гуна аст. Инро дар мисоли вазъияти курдҳо дар Туркия ва давлатҳои Араб ба таври равшан дидан мумкин аст: дар яке аз ин давлатҳо курдҳоро «туркҳои кӯҳӣ» ва дар дигаре араби забонгумкарда мешуморанд (айнан ба мисли тоҷикони Самарқанду Бухоро...) Дар кул мушкили давлатҳои сирф қавмгаро дар он аст, ки онҳо тафовутҳоро тааммул карда наметавонанд, вале мехоҳанд, ки бо даъват ба ҳар гуна ягонагиву «ваҳдат» қавми худро ба мақоми ҷаҳонӣ ва «кайҳонӣ» бирасонанд.

    Воқеияти таърихӣ нишон медиҳад, ки дар асл, тафовутҳо дар фарҳангҳо, дар дину оин ва дар сиёсатҳо дар сухан ва дар китобҳо аз байн мераванд, вале дар зиндагӣ ва ҳаёти воқеӣ доимо боқӣ мемонанд. Ли Куан Ю то ҳатто чунин мешуморид, ки тафовутҳо дар фарҳангҳову дар динҳо ба тариқи модарзодӣ вуҷуд доранд. Барои ин онҳоро бояд омӯхт ва дар амалия ба назар гирифт. Ҳоло муҳим аст, ки бо ин тафовутҳо бояд зист ва бо тафовутҳо ва гуногунӣ мадоро намуд. Зеро тафовутҳо на манбаи ҷангу хатар ва зарар (чунонки С. Ҳангтинтон,1927-2008, тасавур мекунад), балки манбаи ғановати ҳаёти фарҳангӣ ва дар ин замина заминаи пешрафти иҷтимоӣ шуда метавонанд. Вале маълум аст, ки таърихи кишварҳову давлатҳо ва дину адёни олам дар ин бора мисолҳои бисёре дорад, ки дар заминаи манфиатҳои иқтисодиву сиёсӣ давлатҳо ва саркардаву раҳбарони онҳо чӣ гуна тафовутҳои оддии инсонро ба фоидаи худ истифода бурда, мардумро ба ҷангу бесарусомониҳо кашидаанду мекашанд ва мамлакатҳоро хароб мекунанд, мардумро мутеъ ва захираҳои табииро ба фоидаи худ истифода мебаранд. Имрӯз сухан дар бораи шакли нави системаи истеъморӣ (неоколонализм) меравад, ки дар ҳоли зуҳур ва густариш аст…Барои собит сохтани ин қазия кофӣ аст, ки ба вазъи муносибатҳои байналхалқии ҷаҳони муосир назар андозем, ки чи гуна давлатҳои аз нигоҳи ҳарбӣ-дорои имкониятҳои бузурги яроқи ядроӣ ва аз лиҳози иқтисодӣ пурзӯр барои ба даст овардани манфиатҳои миллии худ бо ҳам дар ҳоли кашмакаш мебошанд ва аз ин радду бадали сиёсиву ҳарбӣ тамоми  мардуму  миллатҳои мухталифи дунё ранҷ мебаранд…

   Аз ин рӯст, ки як роҳи наҷот ва гузоштани сад аз ин бесарусомонии сайёра бунёд ва таҳкими давлати миллӣ шинохта мешавад. Тасаввур мешавад, ки давлати миллӣ - ин иттиҳоди байни миллат (халқ) ва давлат ё иттиҳоди фарҳанг ва сиёсат аст, ба гумони ғолиб он метавонад мушкили мавҷудаи байни ягонагӣ ва тафовутҳо (ки ҳоло дар заминаи он ба истилоҳ гӯё «ҷанг» меравад)-ро ҳаллу фасл бикунад. Ҳадаф ва ормони давлати миллӣ ин аст, ки дар раванди рушди давлати миллӣ халқ (мардум) соҳиби аслии сиёсат ва омили идораи давлат хоҳад шуд. Мо ҳоло соҳиби чунин давлати миллӣ мебошем, ки дар доираи имкон ба ҳар гуна зиёдахоҳиҳои сиёсиву мақсадҳои вайронкоронаи сиёсатмадорони дохиливу нақшаҳои шуми трансмилливу абарқудратҳо дар ватани бобоии мо мамониат мегузорад. Вале давлати миллиро ҳамарӯза рушд ва қудратманд бояд кард.

    Аз ин лиҳоз ҳоло фурсате расидааст, ки Давлат ва Миллат ба истиқболи ҳам биёянд ва дар ин роҳ гомҳои ҷиддӣ бардоранд! Аҳли илму уламои дин ва аҳли сиёсати дунёи пешрафта ҳоло дар фикри онанд, ки ҳар як инсон, миллату мамлакат ва давлат танҳо дар фикри наҷоти инфиродии худ набошанд ва айни замон набояд дар андешаи вайронии дигарон бошанд (воқеияте, ки мо ҳамарӯза шоҳиди онем, воқеияте, ки онро ба ибораи «гӯр сӯзаду деги қаландар ҷӯшад» ифода кардан метавон!). Албатта, ин ҳоло муҳим аст, ки айни замон ҳама дар фикри наҷоту поксозии хонаи худ, маҳаллу кӯча ва ватану сайёраи худ бошанд, зеро дар акси ҳол қувваи торикиву бадиву неруи шикананда ва тахрибкору вайронкор (хатари яроқи ядроӣ, нақшаҳои абарқудратҳо, терроризм, одамрабоиву одамфурӯшӣ, наркомафия, афзудани сатҳи бекориву қашшоқӣ ва ғ.) дар дунё ба авҷи аъло расидааст. Вале дар баробари ин ҳисси ватандӯстии муосир наметавонад бо маҳаллу зодгоҳ ва мансубияти мазҳабиву забонӣ, тафовутҳои касбиву синфӣ маҳдуд бошад. Ва дар айни вақт он наметавонад ватандӯстии безабону беаслу насаб бошад. Магар мешавад, ки барои мисол, дар баробари забони зиндаи мардуми кишварамон, яъне порсии тоҷикӣ, ин забони ба ибораи Ф.Энгелс, забони ҳӯрони биҳиштӣ, ягон забони дигари аҷнабиро дар ин ватан чун забони давалатӣ ҷорӣ намуд ва аз каломи ширини Рӯдакӣ, забони малакутии Мавлоно ва Ҳофиз даст кашид?! Қудрати ин забон то ҷоест, ки Маликушшуаро Абуабдулло Рӯдакӣ бо як суруди тоҷикӣ амири Бухороро аз Ҳирот ба Бухоро кашид, то идораи давлатро ба дасти худ бигирад...

   Равшанфикрони дунёи муосир ба андешае расиданд, ки Инсон бе ватани мушаххаси худ (бе «ватани хурд») наметавонад, ки шаҳрванди ҷаҳони бузург - «шаҳрванди ҷаҳон ё кайҳон» бошад, чунин инсон инсони бекасу кӯй, беаслу насл, безабону бебаён, бехонаву дар, инсони муҳоҷир ва дарбадару хонабадӯш мебошад. Ҳеҷ боке нест, агар ватани мо, ки айни замон хурд ҳам бошад, вале дар асл, сарҳади миллии мо бо сарҳадҳои сиёсии мо тамом намешавад. Зеро ба ғайр аз сарҳадҳои ҷуғрофию сиёсӣ, боз сарҳадҳои фарҳангиву таърихӣ вуҷуд доранд. Сарҳади мо, ба қавли шоир Бозор Собир, сарҳади забону фарҳанги мост, ки аз Хутан то Анатолиё дар шарқу ғарб ва аз Самарқанду Бухоро то Деҳливу Мултон дар ҷануб густариш дошта буданд ва ҳоло ҳам решаву андешаи он дар ин минтақаҳо вуҷуд доранд. Дар баробари ин ба мо маълум аст, ки Миллатҳои ба истилоҳ «хурд» ба дунё одамони бузург додаанд. Яке аз аввалин китобҳои муқаддас (баъд аз Ведҳои мардуми ориёии Ҳинд) ва қомуси донишҳои инсонӣ – Авасто дар ҳамин сарзамин, дар Балхи бостон, дар пойтахти давлати Каёниён эҷод шуда буд, дар ҳамин ҷо дини ҷаҳонии зардуштӣ ба дунё эълон гардид, дар ҳамин ҷо баъди шикасти империяи Доро давлати бохтариву юнонӣ қомат афрохт ва аз ҳамин ҷо империяи Кушониёни оташпараст ва баъдан буддоӣ дар шарқу ғарб, ба атрофу акнофи дунё паҳн гардид. Дар ҳамин минтақа дар замони Сомониён асарҳои безавол, ба мисли «Шоҳнома», «Осор-ул-Боқия», «Ал-Қонун» ва «Донишнома» навишта шудаанд. Суғду Бохтар аз қадим марказ ва пардозгари фикру андеша буданд. Оини зардуштӣ ҳам дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадааст. Ин факти таърихиро бозёфтҳои давраи охирини бостоншиносон, аз ҷумла дар Помир ва Турфони Чин собит мекунанд. И.Г.Гердер (1744-1803), як мутафаккири олмонии асрҳои ҳаждаҳу нуздаҳ дар асараш «Андеша оид ба фалсафаи таърихи инсоният» дар бораи миллатҳои аз нигоҳи ҷуғрофӣ густурда ва ҳоло сернуфуз (славянҳо) навишта буд: «Вусъати онҳо дар замин, нисбат ба мақомашон дар таърих бештар ба назар мерасад! Ин суханҳо ба баъзе аз халқҳои ҳамсояи мо низ нисбат дорад. Дар муқоиса бо дигарон, мақоми тоҷикон дар фарҳанг ва таърих нисбат ба сиёсат хеле бештар аст».

  Ҷаҳони имрӯз шоҳиди он аст, ки бо ниятҳои поку нопок (ба мисли андешаи мардумсолорӣ ё густариши демократия чун ҷомеаи ормонӣ ва ё бунёди ваҳдати исломӣ ва ғ.) дар дунё корҳои дигаре дар ҷӯшу хурӯшанд. Таърихи навин нишон медиҳад, ки ин гуна кӯшишҳои амалисозии шиорҳои «ваҳдат», «пешрафт», ягонагӣ ва озодӣ, ҳуқуқи инсон кори инсоният дар баробари баъзе пешрафтҳо ба чӣ бадбахтиҳо ва фоҷиаҳо меанҷоманд. Магар мешавад, ки ба хотири ин андешаҳо (демократия, нажодпарастӣ (фашизм), атеизми ҷанговар, дину мазҳаби ҷиҳодӣ ва ғ.) хонаи дигаронро (дар мисоли Либиё ва Сурия)-ро вайрон кард, дар ин замина андеша ва оини ватандории худро ба дигарон бор намуд: хеле беҳтар аст, ки аввал хонаи худро хуб сохт ва ба дигарон кордор нашуд.Дар ин росто диалектикаи ягонагӣ ва гуногунрангии тамаддунҳову инсонҳоро бадиққат бояд омӯхт ва ба назар гирифт!

     Зарур аст, ки озодӣ ва истиқлоли фардӣ ва инчунин истиқлоли миллии ҳар як миллат ва қавму халқият, инчунин озодиҳои ақаллиятҳои этникиву забонӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ хифзу нигоҳдорӣ ва эҳтиром карда шаванд ва онҳо ба таври расмӣ аз пуштибонии сахт ва ҷиддии ниҳодҳои ҳуқуқи милливу байналхалқӣ таъмин ва бархӯрдор гарданд. Мардуми оддӣ зиндагии оддӣ доранд ва ин зиндагии онҳо набояд бо шиорҳои баланд халалдор карда шаванд. Дар ҳақиқат, чунонки Жан Жак Руссо (1712-1778), мутафаккир ва маорифпарвари фаронсавӣ дар асараш «Андешаҳо оид ба таъсири илм ва ҳунар» менависад, ин тӯдаҳои мардумони меҳнаткаш ва мардумони коргари оддӣ мебошанд, ки бо садоқати бедурӯғу самимонаи худ ватандӯстиро қуввату неру мебахшанд. Яъне на фақат нухбагону хосон, ки албатта, дар раванди ватандорӣ мақоми махсус доранд. Вале ватанпарастони асливу воқеӣ мардумони оддианд. Бояд гуфт, ки мутаассифона, хосон (элита) одатан дар вазъи изтирорӣ худро аз ҳалли мушкилот дар канор мегиранд ва бисёр шудааст, ки ба хотири бехатарии шахсӣ ва хонаводагии худ кишварро тарк мекунанд. Дар тафовут ба ин оммаҳо як ватан доранд.    Вале ватандӯстии мардумӣ ҳам бояд созанда бошад, на сӯзанда ба мисли дунёдӯстӣ-инеофашизм (тоссарҳо)-и муосир ё мавҷи глобализатсияи дунёхоронаи абарқудратҳо. Дар акси ҳол чунин «патриотизм»-ӣ дағал, зӯровар, шармовар (черносотенҳо-тӯда ва оммаҳои сиёҳкор) мардумро ба ҷанг мекашонад ва он баъзан дар дасти баъзе аз ашхоси бемасъулияти дастгоҳҳои золими давлатӣ, ба ибораи Л.Толстой, ба абзори зулм ва истибдоди давлати тоталитарӣ (аз боло, ба мисли фашизм) ё зулми трансмиллӣ (аз поён, ба мисли ҳаракати ба ном ДОИШ) мубаддал мегарданд, ки дар он ҷавҳари қимати ватандӯстӣ, ки муҳаббат аст, нобуд мегардад.

    Мушкили замони ҳозир дар он аст, ки дар асри XX-XXI ҷаҳони истеъморӣ баъзе аз аҳкоми исломро чун абзори сиёсӣ бар зидди худи мусулмонон истифода бурда истодаанд. Бояд гуфт, ки ҳоло гурӯҳи хурд, вале қудратманди сармоядори мусулмонон (шайхҳои араб) ҳам дар ин бозӣ ба таври фаъол шариканд, вале оммаҳои мардуми мусулмон аз ин бозиҳои сиёсӣ огоҳии комил надоранд. Маълум аст, ки бо эътирофи шоҳзодаи Саудӣ Муҳаммад бини Салмон ҳаракати ваҳҳобиро Саудиҳо дар замони ҷанги сард бо ташвиқ ва фишори доираҳои қудратманди Ғарб барои суст кардани мақоми низоми коммунисти шӯравӣ густариш дода буданд.[2]Ҷои таассуф аст, ки бо вуҷуди он, ки шӯравӣ кайҳо аз саҳнаи таърих рафтааст, вале бо истифода аз ҷиҳод, ин абзори ҷанги сард дар шакли салафия ҷомеаҳои мамолики дар ҳоли рушд то ҳанӯз ҳам аз дахолати бемавқеи абарқудратҳои ғарбӣ ва шайху давлатҳои Халиҷ дарду ранҷ мебинанд. Аз ин ҷост, ки ҳоло ҷойгоҳи нухбагони ватандӯст ва элитаи сиёсиву интеллектуалии миллат махсус аст. Инро дар мисоли фаъолияти Конрад Адэнауэр (1876-1967) ва ҳаммаслакони ӯ- муаллифони «муъҷизаи олмонӣ» баъд аз шикасти режими фошистӣ (бо пиёда намудани барномаи додани озодӣ барои ташаббус ва имконияти баробар ба ҳар як фарди ҷомеа, фалсафаи масъулияти иҷтимоии давлат ва риояи ахлоқи масеҳӣ) дидан мумкин аст, ки маҳз элитаи созанда дар охири ҷанги дуюми ҷаҳонӣ баъд аз шикасту рехти бемислу монанд дар солҳои баъдиҷангӣ сабаби аз сари нав ба по хестани давлат ва миллати Олмон гардид. Мисолҳои раҳбарияти муваффақ дар Шарқ ҳам хеле бисёр аст. Яке аз онҳо таҷрибаи раҳбарии Ли Куан Ю (1923-2015), сарвазири Сингапур, муаллифи «муъҷизаи сингапурӣ» аст. Чизи ҷолиб дар «муъҷизаи сингапурӣ» ин аст, ки Ли Куан Ю аз сармояи иҷтимоӣ (социальный капитал)-и худ, ки аз замони мустамликадории англисҳо ба мерос расида буд (аз қабили забони англисӣ, илми иқтисоди ғарбӣ ва системаи ҳуқуқии британӣ) даст накашид. Дар баробари ин Ли Куан Ю илми иқтисоди Ғарбро барои сиёсатзадагӣ ва барои дарк накардани тафриқаҳои фарҳангии халқҳо ба зери танқид мегирад. Ӯ мавҷи андешаҳои ифротиеро, ки аз давлатҳои арабӣ (саудиҳо) меоянд, барои ҳастии давлат, барои ҳамгироии миллат (интегратсияи миллӣ) хатарзо мешуморид. Муҳимтарин нукта ин аст, ки Ли Куан Ю иқтисоди миллии Сингапурро дар заминаи сармояи иҷтимоӣ ва фарҳанги миллӣ сохт (Ли Куан Ю. «Сингапурская история. 1965-2000 гг. М.: «МГИМО-Университет», 2010).

    Ба ин монанд таҷрибаи рушдро дар мисоли раҳбарияти Муҳотир бини Муҳаммад (с.тав.1925), сарвазири Малайзия дидан мумкин аст, ки ӯ таҷрибаи идораи иқтисодиёти системаи шӯравиро бо иқтисоди бозории капиталистӣ омезиш дода, тафовути байни фақр ва дороиро ба мизони кам расонид, бо лағви вазоифи воридот (бекор кардани вомҳои воридотӣ) ва ба вуҷуд омадани сармояи бештар дар дасти мардум иқтисоди аграрии мамлакатро ба саноатӣ табдил дод. Муҳотир Муҳаммад мақоми раҳбари давлатро дар идораи оқилонаи мамлакат муҳим арзёбӣ мекунад, зеро раҳбар бо ташаббус ва неруи бузург дар айни замон бояд воқеъбин бошад. Яке аз беҳтарин мисолҳо дар масъалаи раҳбариятро ӯ дар фаъолияти Ден Сяо Пин(1904-1997) мебинад, ки бо истифода аз ду системаи иқтисодӣ як мамлакати қафомондаро ба иқтисоди дараҷаи дуввуми ҷаҳонӣ баровард.

    Тоҷикистон ҳам аз таҷрибаи талхи ҷанги ба ном «шаҳрвандӣ», вале дар асл, таҳмилшуда гузашт (ки ҳоло ҳам аз «вобастагӣ» ба дигарон ранҷ мебарад), вале айни замон, хушбахтона, заминаҳои бунёдии рушди иқтисодиву иҷтимоии худро гузошта истодааст. Дар ин раванд маълум шуд, ки мақоми давлат, элитаи сиёсӣ ва интеллектуалӣ ва мустаҳкам кардани ниҳодҳои қудратӣ ва бехатарӣ дар раванди истиқрори сулҳу субот ва таъмини рушд хеле муҳим аст. Таҷрибаи Тоҷикистон ва пеш аз он таҷрибаи Сингапур, Малайзия ва Чин собит сохт, ки ролу мақоми давлат дар баробари дигар ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ камтар нест, балки он дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ ҳалкунанда хоҳад шуд.  Ин нукта собит мекунад, ки назарияи рушди мардумсолорӣ ё демократии ғайриғарбӣ асос дорад ва роҳи ғайритақлидии сохтмони демократияи миллиро дастгирӣ бояд намуд (оид ба роҳи ғарйиғарбии демократия: Даниэл Белл, Бавенутура Де Соса Сантос ва диг.: Daniel Bell, Beyond Liberal Democracy: Political Thinking for an East Asian Context (Princeton: Princeton University Press, 2006); Boaventurade Sousa Santos, Democratizing Democracy: Beyond the Liberal Democratic Canon (London: Verso, 2005).

    Таҷрибаи ғайриғарбии рушди мардумсолорӣ шеваҳои зеринро дар бар мегирад: ба назар гирифтани озодии ҳуқуқи миллатҳо, гурӯҳҳо, ҷамоатҳо ва фардҳо барои интихоб (дар мисоли мардумсолорӣ дар Тунис); адолати иқтисодӣ (дар мисоли таҷрибаи мардуми Амрикои Лотин); додани имтиёзҳо барои ақаллиятҳо; ҷорӣ намудани шаклҳои алтернативии фаъолият ва намояндагӣ (мардумсолории машрутавӣ- машваратӣ). Чунин таҷриба имкон медиҳад, ки дар ватан мардумсолории худҷӯш ба вуҷуд биёяд. Дар ин ҳол ҳисси ватандӯстӣ бояд бо шеваи хоси ҳисси шаҳрвандӣ бе истифода аз дахолат ва истилои зӯроваронаи давлатҳои абарқудрат ва аз тарафи онҳо бо баҳонаи рушди демократия парогандани ҷанги гумоштагон (proxy war-прокси во) дар минтақа ва бад-ин восита ба таври сунъӣ бор кардани моделҳои ғарбии либерализм ва мардумсолорӣ-демократия (таҷрибаи талхи давлатҳои Афғонистон, Ироқ, Либиё, Сурия ва ғ.) муттаҳид гардад. Решаҳои пешрафти нав ва озоди инсонӣ бояд бе ин шева аз ҳамин замин, аз ҳамин хоку об ва рӯдҳо қувваву неру бигирад, ниҳодҳои демократӣ бояд бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ дар заминаи суннатҳои миллӣ ва фарҳанги давлатдории миллӣ тарроҳӣ гарданд.

   Ба қавли Иқболи Лоҳурӣ «Мақсади зиндадилон хоби парешоне нест, Аз ҳамин хок ҷаҳони дигаре сохтан аст»!

    Воқеан, аз хоби асримиёнагӣ (дар заминаи пайравӣ ба моделҳои тоталитаризми исломи сиёсӣ) ва шикасту рехти ҷаҳони глобалӣ асри 21-ум (ворид шудан ба ихтилофҳои глобалистӣ, ҷангҳои трансмиллӣ ва прокси, ки аз тарафи гумоштагони абарқудратҳо пиёда мешаванд ва ғ.) наҷот бояд ёфт. Ин кор, яъне пайдо кардани роҳи наҷот аз ин хатарҳо, ба зиммаи нухбагони сиёсӣ ва қишри зиёиёни кишвар гузошта шудааст. Роҳандозии озодиҳои бештари иқтисодӣ, дастгирии сармоядорони миллӣ (синфи миёна) омили рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ хоҳад шуд. Дар ин раванд намояндагон ва пайравони дин бояд қавонини давлати дунявӣ, низоми сиёсии шаҳрвандӣ ва волоияти қонунро ба шиддат ва ҷиддан эътироф ва дастгирӣ намоянд. Маълум аст, ки дин (ислом) дар ҷомеаи мо чун шакли махсус ва тақдиси ахлоқи ҳамида ҷойгоҳи алоҳидаи худро дорад. Аз ин рӯ уламои дин бояд дар раванди бунёди ваҳдат, ҳамгироии миллӣ ва ташвиқи ватандӯстӣ иштироки фаъол дошта бошанд. Дар сарчашмаҳои мусулмонӣ омадааст, ки муҳаббат ба ватан аз имон мехезад (ҳуббул-ватани мин ал-имон). Дар фазои ҳаёти мусулмонони пасошӯравӣ миллат ҳамчун умумияти қавмиву давлатӣ ва марзӣ ба мисли мусулмонони дигари кишварҳои истеъморӣ, масалан арабҳо, чун «бидъати ғарбӣ» шинохта намешавад, балки он чун сармояи иҷтимоӣ (дар мисоли таҷрибаи Ли Куан Ю) эътироф гардидааст. Пас, на фақат ба дин, балки ба ватан ва сарзамине, ки дар он зиндагӣ мекунем, низ бояд имон дошт.

    Маълум аст, ки ҳар гуна ҳувиятҳо маҳсули таърих ва иҷтимоъ мебошанд, онҳо на азалӣ, балки онҳоро эҷод мекунанд (Э. Хоббсбаум, 1917-2012.Эҷоди суннатҳо. Eric Hobsbawm, Terence Ranger: The Invention of Tradition. Cambridge, 1992) Зарур аст, ки имрӯз ваҳдати имонии исломӣ ҳам бо ваҳдату ҳувияти қавмии тоисломӣ ва ҳувияти навини миллӣ чун бахшҳои як ваҳдат ва ҳувияти ягонаи шаҳрвандӣ қабул гарданд. Ба зовия кашидани ҳар яке аз ин бахшҳои ҳувият барои миллат хатари вуҷудӣ эҷод мекунад. Зеро набояд бори дигар барои бегонагон ба мисли замони собиқ чунин фурсати муносибе фароҳам сохт, ки аз ислом ҳамчун абзори сиёсӣ бар зидди дорандагони ин фарҳанг истифода баранд ва дар хонаи тамоми мусулмонон оташи ҷанг биафрӯзанд. Аз сӯи дигар, ҳаётан зарур аст, ки муҳаббат ба ватан сарчашмаи пешрафти тамоми мардум, тамоми қишрҳои ҷомеаи мо гардад: сармоядорон набояд сармояи худро аз ватан берун бикунанд. Танҳо дар ин сурат имкон дорад, ки инсонҳо новобаста ба мансубияти мухталифи забонӣ, равонӣ, ҷинсиву мазҳабӣ, ирқиву нажодӣ ва ғ. дар паи пиёда кардани ормонҳои баланди миллӣ ва инсонӣ барои шукуфоии кишвар қадамҳои устувор бардоранд.

 

Суннатулло Ҷонбобоев,

мудири Маркази синошиносии Институти фалсафа,

сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М.

Баҳоваддинов Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои фалсафа.

 

[1]http://khovar.tj/2019/01/bosmachig-hilofi-manfiat-oi-mill-bud-boznashri-ma-olai-professor-atahon-sajfulloev-az-r-znomai-um-uriyat/Бознашр аз руз. «Љумњурият», Январь 14, 2019 14:15

[2]Spread of Wahhabism was done at request of West during Cold War – Saudi crown prince, Published time: 28 Mar, 2018 11:58. https://www.rt.com/news/422563-saudi-wahhabism-western-countries/?fbclid=IwAR1_M5knmn7EwbwtvcIUcW26g7zKdjV_6rGplU6NWn-NkOHmSeBtsSJiT0c

Хондан 2130 маротиба