JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 07 Феврали 2018 17:09

Озод будан дар интихоби либос ҳаққи бонувон аст

Муаллиф:

Масъалаи баробарҳуқуқии зану мард яке аз мушкилоти умда дар тамоми давру замон, аз ҷумла асри 20 буд. Муҳимтар аз ҳама, дар ҷомеаҳои мусалмонӣ ин масъала ҳассосияти бештар дошт. Дар оғози аср, дар пайравӣ ба кишварҳои ғарбӣ раванди озодиҳои бештар додан ба занон дар сатҳи оила ва ҷамъият шурӯъ шуд. Занону духтарон ба мактабҳо ҷалб шуданд ва касбу ихтисосҳои муайянро аз худ мекарданд. Озодиҳои фардӣ, аз қабили пӯшиши ихтиёрии либос ба назар мерасид. Барои мисол, дар Ирон  то сар задани инқилоби исломӣ занон дар интихоби либос озодӣ доштанд.  

Ҳиҷоби иҷборӣ дар солҳои аввали инқилоби исломии Ирон роҳандозӣ шуд, ки то ин вақт тайи тақрибан панҷ даҳа занони Ирон дар интихоби либос ихтиёр доштанд ва аз озодиҳои шаҳрвандӣ ва ҳуқуқҳои инсонии худ истифода мекарданд. Аз ин ҷост, ки дар аввал, занони иронӣ бо тазоҳуроти густарда зидди ҷорӣ шудани ҳиҷоби иҷборӣ садо баланд карда буданд. Мутаассифона, садои онҳо шунида нашуд ва дар ин кишвар ҳиҷоб иҷборӣ карда шуд. Инак, қариб чил сол аст, ки занони Ирон аз ҳуқуқи инсонии худ, яъне интихоби озоди либос маҳруманд.

Ҳарчанд дар тӯли ин чор даҳа занон бо тарзҳои гуногун зидди ҳиҷоби иҷборӣ эътироз мекарданд, аммо натиҷаи дилхоҳе ба даст наоварданд. Баръакс, дар баъзе ҳолат ба зиёни эътирозгарон меанҷомид. Масалан, занон рӯсариҳои худро каме боло мебурданд, ки як қисми мӯйҳояшон намудор мешуд. Дар октябри соли 2014 дар шаҳри бостонии Исфаҳон гурӯҳи ифротие пайдо шуда буд, ки ба рӯйи заноне, ки чунин мекарданд ва мошин меронданд, асид (кислота) мепошиданд. Ин даҳшатафкании ифротиён то дараҷае мавҷи эътирозотро кам кард. Аммо дар охирҳои соли 2017 тарзи нави эътироз бар зидди ҳиҷоби иҷборӣ дар Ирон пайдо шуд.

Охирҳои моҳи декабри соли гузашта як духтари иронӣ дар хиёбони Инқилоби Теҳрон ба нишони эътироз бар зидди ҳиҷоби иҷборӣ дар Ирон ҳиҷоби худро дар нуги чӯбе баста, дар баландие барои чанд муддат истод. Ӯро полис боздошт карда бурд. Ҳеҷ кас номи ӯро намедонист, ҳама ӯро “Бонуи хиёбони Инқилоб” меномиданд. Баъди тақрибан як моҳ озод шуд ва маълум шуд, ки номи ӯ Видо Муваҳҳид будааст.

Баъди озод шудани ин духтар дар бисёре аз шаҳрҳои Ирон мавҷи эътирозҳои ба монанди эътирози Видо Муваҳҳид аз ҷониби ҷавондухтарони иронӣ роҳандозӣ шуд. Онҳо дар кӯчаҳои шаҳр ҳиҷоби худро кашида, мисли Видо Муваҳҳид эътироз ба ҳиҷоби иҷборӣ мекарданд, ки ҳуқуқи инсонии занҳоро зери пой мегузорад. Ҳатто баъзе мардҳо ҳам ба ин мавҷ пайвастанд. Мувофиқи маълумоти охир, ки тариқи шабакаи телевизионии CNN пахш шуд, танҳо дар шаҳри Теҳрон дар пайи чунин эътирозҳо 29 ҷавондухтар дастгир шудааст.

Бо ҳамин маъно дар шабакаи youtube.com наворе пайдо шуд, ки дар он духтаре ҳиҷоби худро аз сар гирифта, дар хиёбон қадам зада, чунин мегӯяд: “Ин ки дилам намехоҳад рӯсарӣ ба сар бикунам, дар хиёбон, дар маҳалли корам, дар ҳар ҷо, таҷовуз ба ҳуқуқи касе нест. Ин дифоъ аз ҳуқуқи худи ман аст. Дилам намеход касе ба хотири мӯю пӯшишам маро дастгир кунад ё ба ман таҳмил бикунад, ки чӣ тур пӯшише дошта бошам. Дилам меход навъи пӯшишамро худам интихоб кунам ва ман ба ҳиҷоб ҳеҷ эътиқоде надорам” (манбаъ: https://www.youtube.com/watch?v=0dAOt2h2skQ&feature=youtu.be).

Бино ба гузориши як ниҳоди аршади давлатии Ирон, тақрибан нисфи аҳолии Ирон, иборат аз зану мард, мухолифи ҳиҷоби иҷборӣ барои занон ҳастанд. Ин гузориш тибқи назарсанҷиҳои се сол пеш буда, метавон гуфт, ба эҳтимоли зиёд шумори мухолифони ҳиҷоби иҷборӣ зиёдтар шуда бошад ( манбаъ: https://ir.voanews.com/a/iran-women-rights/4239509.html?nocache=1)

Ҳоло маълум нест, ки ин мавҷи навбатии эътирозот бар зидди ҳиҷоби иҷборӣ дар Ирон ба манфиати занони озодидӯсти иронӣ анҷом меёбад ё не. Аммо метавон гуфт, ки чунин равандҳои эътирозӣ сол аз соли зиёд хоҳанд шуд. Чунки сатҳи дониши занону духтарони иронӣ нисбатан баланд аст ва онҳо аз ҳуқуқҳои инсонии худ бохабар ҳастанд. Танҳо ҷуръати мубориза кам буд, ки он рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст. Бешубҳа, рӯзе хоҳад расид, ки занону духтарони иронӣ ҳам монанди занону духтарони дигар кишварҳои озоду демократӣ аз ҳуқуқу озодиҳои инсонии худ бархӯрдор шуда, имкони интихоби озоди либосро пайдо мекунанд. Соҳибихтиёр будан дар интихоби либос, ҳаққи ҳалоли ҳама одамони рӯйи дунёст ва бонувони озодманиши иронӣ ҳам истисно нестанд.

Эътирозоти ахире, ки дар заминаи пархош бо ҳиҷоб дар Ирон сурат гирифт, як навъ даъвии занону бонувони иронӣ алайҳи низоми пӯсидаи асримиёнагӣ дар сатҳи расмӣ мебошад. Зан ва бонуи иронӣ имрӯз ба худ иҷоза медиҳад, ки муқобили фишору зӯргӯйиҳои ҷомеаи мазҳабӣ қад алам кунад ва аз шахсияту ҳуқуқҳои фитрияш дифоъ намояд.

            Меҳр Собириён 

Хондан 1581 маротиба