JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 12 Апрели 2019 03:07

Пучгароӣ ва худкушӣ (порае аз китоби “Афсонаи Сизиф”)

Муаллиф:

  Албер Камю дар таърихи 7 уми ноябри соли 1913 дар хонаводаи фаронсавӣ-алҷазоирӣ ба дунё омадааст. Давраи кудакии А.Камю дар шароити душвори иқтисодӣ гузашт. Ӯ падарашро дар ҷанги аввали ҷаҳон аз даст дод. А.Камю соли 1923 дар донишгоҳи Алҷазоир дохил шуд. Барои таъмини хароҷоти таҳсил ва зиндагӣ ба ҳирфаҳо ва касбҳои гуногуне чун тадриси хусусӣ ру овард. Агарчи ӯро бештар тарафдори мактаби асолати вуҷуд (экзистенсиализм) медонанд, аммо ӯ худ ин иддаоро қабул надошт. А.Камю дар мақолае бо номи “Шуришӣ” навишт, ки тамоми зиндагиашро сарфи мубориза бо фалсафаи пучгароӣ (нигилизм) кардааст.

  Вай дар соли 1945 дар мусоҳибае ҳаргуна гироиш ба мактабҳои ақидатиро рад кард ва гуфт: “Ман як экзистенсиалист нестам. Ман ва Жан Пол Сартр аз ин ки номамонро канори ҳам қарор медиҳанд, тааҷҷуб мекунем”.

  Албер Камю аз соли 1937 ба рузноманигорӣ рӯй овард. Ӯ яке аз камтарин рӯзноманигорони фаронсавӣ буд, ки истифодаи Амрико аз бомбаи атомиро дар Ҳиросима маҳкум кард. Дар даҳаи 50-и мелодӣ худро сарфи талош дар масъалаи  ҳуқуқи башар кард ва    дар соли 1952 пас аз он ки Созмони Милал, Испанияи таҳти ҳокимияти “герал Франко”-ро ба узвият пазируфт, аз Созмони ЮНЕСКО хориҷ шуд.

  Камю дар соли 1957 ҷоизаи Нобели адабиётро аз они худ кард. Далели тақдими ин ифтихори бузург ба Камю ин гуна унвон шуд: “Ба хотири осори муҳими адабӣ ки дар онҳо мушкилоти ботини башар дар замони мо равшан шудаанд, ин ҷоиза ба Албер Камю эҳдо шуд”.

  Албер Камю дар мондагортарин романаш “Бегона” ба шарҳи саргузашти марди ҷавоне ба номи “Мерсо” мепардозад, ки бо худ ва дунёи атроф бегона аст. Ва ин бегонагӣ, ӯро то пои марг мекашонад. Камю дар бораи “Бегона” мегӯяд: “Дар ҷомеаи мо ҳар одаме ки дар маросими хоксупории модараш ашк нарезад, худашро дар рӯ ба рӯи хатар меоварад, ки ба марг маҳкум шавад”. Ҳамчунин Сартр дар муқаддимаи ин асар менависад: “Дар миёни  осори адабии асри мо, ин достон, худаш ҳам як бегона аст”.

  Камю дар давраи  кӯтоҳи зиндагии худ осори зиёде эҷод кард, ки аз ҷумлаи онҳо ба “Калигула”, “Марги хуш” 1938, “Афсонаи Сизиф” ва “Бегона” 1942, “Тоун” 1947, “Шуришӣ” ва “Инсони осӣ” 1951 ва “Суқут” 1952 метавон ишора кард.

  Нависандаи “Бегона” рӯзи чаҳоруми январи соли 1960 дар синни 46 солагӣ бар асари садамаи нақлиётӣ даргузашт. Ӯ дар ҷое гуфта буд, ки хандаовартарин ва бемаънотарин навъи мурдан дар асари тасодуф рух медиҳад ва дасти тақдир барои ӯ марге инчунин рақам зад. Баъд аз нимарузи чаҳоруми январи  соли 1960, мошине, ки Камю яке аз сарнишинони он буд, ба дарахте дар канораи бузурги роҳ мекубад ва тика-тика мешавад.

  Дар кисаи костюми ӯ як билети истифоданашудаи поезд пайдо шуд, ки нишон медод, қасди мусофират бо поездро дошта аст. Аммо тасмим гирифта, ки бо мошин ба сафар биравад. Соли 2011 буд, ки фарзияи шубҳанок будани марги Камю матраҳ шуд. Пас аз марг, ду асараш ба чоп расидаанд. Ибтидо “Марги хуш” дар соли 1970 мунташир шуд. Ва сипас, романи нотамоми ӯ ба номи “Инсони нахустин” буд, ки пеш аз марг дар ҳоли нигоришаш буд. Ин китоб асари шарҳиҳолгуна аз даврони кӯдакии Камю дар Алҷазоир аст, ки дар соли 1995 ба чоп расид.  Панҷ романи ӯро “Бегона” 1942, “Тоун” 1947, “Суқут” 1956, “Марги хуш” 1971 ва “Инсони нахустин” 1995 ташкил медиҳанд. Камю як маҷмӯаи достони кӯтоҳ ба номи “Табъид (рондашуда) ва подшоҳӣ” дорад, ки дар соли 1957 ба чоп расид.

  Ҳамчунин 6 асари ғайри достонӣ, ки саромади онҳо “Шуришӣ” аст, аз ӯ ба ҷо мондаанд. Алберт Камю 6 намоишнома низ навишт, ки маъруфтарини онҳо, “Калигула”, 1938, ва “Одамкушҳои одил”, 1949 ҳастанд.

  Ӯ аз чеҳраҳое чун Фёдор Достоевский, Франс Кафка, Фридрих Нитше, Виктор Гюго, Ҷорҷ Орвел ва Жан Пол Сартр дар нависандагӣ илҳом гирифта буд.     

СИЗИФ

  Танҳо як масъалаи фалсафии воқеан ҷиддие вуҷуд дорад ва он ҳам худкушист. Ташхис ва муайян намудани ин ки зиндагӣ арзиш дорад ё ба заҳмати зистанаш намеарзад, дар воқеъ посухи  саҳеҳ аст ба масъалаи асосии фалсафа.  Боқии чизҳо:  масъалан ин ки ҷаҳон дорои се буъд (ҷиҳат) ва ақл дорои даҳ ё дувоздаҳ мақула (категория) аст, масоили баъдӣ ва дасти дуюмро ташкил медиҳанд.

  Инҳо бозӣ аст, нахуст бояд посухи қаблиро дод. Агар чизе, ки Нитше  даъво мекунад,  дуруст бошад: (Як файласуф барои ин ки қадр ва манзалат дошта бошад, бояд худро намунаи мардум қарор диҳад), он вақт аҳамияти посух ошкор мегардад.

  Инҳо бадеҳиёт ва масъалаҳои ошкоре ҳастанд, ки  ба қалб таъсир дорад, аммо барои ин ки онҳоро ҷиҳати ҷон низ  рушан кард, бояд мавриди тааммуқ ва баррасӣ қарорашон дод.

  Аз худ мепурсам: Чигуна метавон ташхис дод, ки фалон мавзуъ зарураташ беш аз дигаре аст? Посух медиҳам: Ин марбут ба он риштаи аъмоле аст ки анҷом медиҳанд.

  Ҳаргиз мурдани касеро надидаам ки далели мавҷудшиносӣ[1] дошта бошад.  Галилей ки воқеияти илмии муҳиммеро кашф карда буд, вақте зиндагии худро дар хатар дид, ба роҳатӣ кашфи худро инкор кард. Аз як назар вай кори хубе кард.

Ин гуна воқеият арзиши сухтанро надошт.

  Ин чи фарқ мекунад, ки Замин ё Офтоб кадом ба даври дигаре мегардад? Ба тавре ки ин мавзӯъ мавзӯе аст муҳмал ва норавшан. Дар акси он чи бисёр касонеро мебинем ки бар хилофи ақидаи умумӣ худро мекушанд, ба хотири афкор ва хаёлоти бепоя, ки ба онҳо маънии зистан медиҳад. (Он чиро ки маънии зистан меноманд, дар айни ҳол далели бисёр хубе барои мурдан аст).

  Ман чунин қазоват мекунам ки маънои зиндагӣ, аз заруритарин масъалаҳост. Ҳоло чигуна бояд бад-он посух дод?

  Ман аз мутолеа дар бораи он касоне ки худро рӯ ба рӯи марг мекунанд ва онҳое ки ҳаваси зиндагиро ба даҳ баробар афзун медоранд, дармеёбем, ки эҳтимолан ду навъ андеша аст: Яке аз он Лопалис[2] ва дигаре аз он Дон-Кихот. Ин таодулест аз вузуҳ, ошкор ва шури шоиронае, ки метавонад дар як замон ба мо иҷозаи даст ёфтан ба таассур (таъсирпазирӣ) ва рушаниро бидиҳад.

  Дар мавзӯе бад-ин ҳақорат ва саршор аз ҳаяҷон, мантиқи илмӣ ва классикӣ, бояд ҷо холӣ кунад. Ин мавзӯъ бо ҳолати рӯҳе ҳақирӣ идрок мешавад, ки дар як замон боиси зуҳури ақли солим, эҳсос ва алоқа мегардад.

  Ҳаргиз худкуширо ҷуз ба сони як падидаи иҷтимоӣ тавзеҳ надодаанд. Баръакс дар ин ҷо мавзӯъ оғози робита миёни андешаи инфиродӣ (шахсӣ) ва худкушӣ матраҳ аст.  Чунин ҳаракате дар сукути қалб ба унвони як амали бузург муқаддимае мешавад, ки худи инсон ҳам онро намедонад. Як шаб худро мепаронад ва ё дар об ғарқ мешавад.

  Аз як нафар корманд ва масъули амлоки хусусӣ ки худкушӣ карда буд, бароям таъриф мекарданд ки панҷ сол пеш духтарашро аз даст дода буд ва дар зарфи ин панҷ сол ба куллӣ дигар шуда буд. Ин моҷаро ӯро ба тадриҷ заъиф ва лоғар карда буд.

  Саҳеҳтар аз ин калимае наметавон интизор дошт. Шуруъ ба фикр кардан, шуруъ ба ҳолати лоғарӣ рафтан тадриҷӣ аст. Иҷтимоъ дар ин маврид коре аз дасташ бар намеояд. Кирм дар қалби худи инсон аст, бояд ин бозии зудгузарро дунбол кард ва фаҳмид: ин бозӣ ки дар муқобили ҳастии гурезон аз нур, рушангариро ба ҳамроҳ мебарад.

  Барои худкушӣ сабабҳои бисёре ҳаст ки намоёнтарини онҳо умуман таъсирбахш набудаанд. Хеле кам аз руи тафаккур худкушӣ мекунанд. (Бо вуҷуди ин, ин фарзия собит нашудааст.)  Он чи ки буҳронро ба роҳ меандозад, ғайри қобили бозрасӣ аст. Ғолибан рузномаҳо аз (андуҳҳои дарунӣ) ё аз (бемориҳои дармоннопазир) суҳбат мекунанд. Ин тавзеҳот арзанда аст, аммо бояд донист,  ки оё рӯзе, ҳатто як нафар аз дӯстони шахси маъюс (ноумед) бо лаҳни беқайдонае бо ӯ ҳарф назадааст? Агар чунин бошад, ин шахс гунаҳкор аст, зеро ин ангеза метавонад барои фуру рехтани ҳамаи адоватҳо ва дилхуриҳои боқимонда, кофӣ бошад.[3]

  Аммо  агар таъйини дақиқи иқдоми ба иҷрошуда ки дар он ақл масъулияти марг карда, мушкил аст, ба даст овардани натиҷаҳои пешбинишуда аз худи амал роҳҳаттар аст. Худро куштан ба як маънӣ, эътироф аст.

  Ин эътироф аст, ки мардум аз зиндагӣ мегузаранд ё онро намефаҳманд. Дар ин қиёс зиёд дур наравем ва ба калимоти ҷорӣ ва маъмулӣ боз гардем.

(Ба заҳматаш намеарзад), фақат эътироф аст. Бале, зиндагӣ кардан осон нест. Мардум ба далоили бисёр, ҳаракотеро анҷом медиҳанд, ки ҳастӣ фармон медиҳад ва аввалини онҳо одат аст.

  Дар мавриди марги барқасдона фарз ин аст, ки онон ҳатто аз рӯи ҳисси табиии сиришти ришхандомези ин одат, аз даст додани  ҳаргуна далели умқии (амиқи) зиндагӣ, сиришти бешууронаи ин ташвишҳои рӯзона ва беҳудагии дард ва ранҷро шинохтаанд.

  Пас ҳисси ҳисобнашудае, ки ҷонро аз хоби лозим ба зиндагонӣ маҳрум месозад, кадом аст? Дунёе, ки битавон дар он бадтарин далоилро (далелҳоро) тавҷеҳ кард (ба ҳақ баровард), дунёи худмонӣ аст. Баръакс, дар ҷаҳоне, ки маҳрум аз хаёлоти воҳӣ (пуч) ва равшаниҳо бошад, инсон ҳис мекунад, ки бегона аст.

  Ин табъид (дурӣ) бидуни дастовез аст, зеро аз хотироти замонҳои гузашта ё аз умеди қаламраве мавъуд (умедворкунанда) маҳрум аст. Ба ростӣ ин ҷудоӣ миёни инсон ва зиндагӣ, ҳунарпеша ва декоратсия, ҳисси пучӣ ва абсурд аст. Ҳамаи ашхосе, ки ба худро куштан фикр мекунанд, бидуни ҳеҷ гуна тавзеҳе метавонанд бишносанд, ки робитаи мустақиме (ростине) миёни ин ҳисси пучӣ ва майл ба тарафи фано вуҷуд дорад.

  Мавзӯи ин китоб ҳамин робитаи миёни муҳол, пуч ва худкушӣ аст, ба миқёси саҳеҳе, ки дар он худкушӣ роҳи ҳаллест барои пуч.

  Усулан шахсе, ки тақаллуб намекунад ва имон ба дурустӣ дорад, амалашро ҳам  бояд муназзам кунад. Имон ва эътиқод ба пучии вуҷуд, бояд фармондеҳи рафтори чунин шахсе бошад. Кунҷковӣ машруъа (қонунӣ) аст, агар ба таври вузуҳ (равшан ва ошкоро) ва бидуни ҳаяҷоноти сохтагӣ аз худ бипурсанд ки оё як натиҷагирӣ аз ин низом, заруратан тарки фаврии вазъияте номафҳум аст? Бадеҳӣ аст, ки инҷо ман аз ашхосе, ки омодаи мувофиқат бо худанд, сухан мегуям.

  Ба иборати равшантар ин масъала метавонад ҳам содда ва ҳам лоянҳал (ҳалнашуданӣ) ба назар ояд. Аммо ба иштибоҳ фарз мекунанд, ки суолоти содда сабаби посухҳои камтар аз он нест. Баръакс барои ин ки худро бикушанд ё накушанд, танҳо ду роҳи ҳалли фалсафӣ ҳаст, он ҳам “Оре” ва “На” гуфтан мебошад. Аммо бояд донист ашхосе ҳастанд, ки ҳамеша бидуни натиҷа суол мекунанд, инҳо аксариятро ташкил медиҳанд  ва низ мебинем: онҳое, ки ҷавоб медиҳанд “Не”, ҳамчун андешаи “Оре”, рафтор мекунанд.

 Дар ҳақиқат агар далели Нитшеро қабул кунем, ба ҳар тариқ онон ба “Оре” меандешанд. Баръакс, чи басо иттифоқ афтодааст касоне, ки худкушӣ мекунанд, аз ҷиҳати зиндагӣ таъмин ва осуда будаанд. Ин тазодҳо мустамир (доимӣ) ва тағийрнопазиранд. Ҳатто мешавад гуфт, ки ин тазодҳо ҳаргиз чунин тунду тез набудаанд, магар он ҷо ки  баръакс, мантиқ бисёр дилпазир ба назар меояд. 

 Ҷои он аст, ки назариёти фалсафиро бо рафтори касоне, ки ба он амал мекунанд ҳеҷ, кадом ғайр аз Кирилов[4]  ки мутааллиқ ба адабиёт ва Пергинос[5] ки эҷодкунандаи афсона ва Ҷулес-Лекюэр[6] созандаи фарз ва қиёс, мантиқи худро ба он ҷо мерасонад, ки ин зиндагониро рад кунад.

 Ғолибан барои ин ки биханданд, таъриф мекунанд, ки Шопенгауэр дар ҷилави (гӯшаи) мизи пур аз ғазо (хӯрокҳо) худкуширо ситоиш мекард. Ин ҷо маъное барои шухӣ вуҷуд надорад. Бад-ин тариқ ҷиддӣ гирифтани сабки нигориш ва матолиби савдоӣ (парешон) чандон муҳим нест. Вале ба мавриди қазоват қарор гирифтани муаллифи он, мунтаҳӣ (анҷом) мешавад.

 Оё бояд гумон кард: дар муқобили ин тазодҳо ва тирагиҳо робитае миёни ақидае, ки метавон роҷеъ ба зиндагӣ дошт ва ҳаракате, ки барои тарк карданаш мекунанд, вуҷуд дорад? Дар ин роҳ аз ҳақиқат таҷовуз намекунем. Даврони ба ҳампайвастагии инсон бо зиндагӣ, чизе қавитар аз ҳамаи тирабахтиҳои ҷаҳон аст. Қазовати ҷисм, арзиши қазовати ҷонро дорад ва ҷисм дар баробари он ақаб мекашад.

 Қабл аз ин ки мо ба фикр кадан ху (одат) кунем, ба зиндагӣ одат мекунем. Дар ин роҳпаймоӣ ки ҳамаруза андаке бештар моро ба сӯи марг пеш мебарад ва ҷисм низ ин сабқати (мусобиқаи) тармимнопазирро (таъмирнопазирро) ҳифз мекунад, билохира асли тазод “дар чизе бешу кам ба сӯи берун мутамарказ аст ва мо онро гурез меномем ва ин гурези кушанда, ки сеюмин мабҳаси (мавзӯи) ин китобро ташкил медиҳад”,  умед аст.

 Умед ба зиндагии дигаре, ки бояд “лаёқати онро дошт”, ё тақаллуби онон ки барои хеш зиндагонӣ намекунанд, балки ба хотири андешаи бузурге, ки аз зиндагӣ таҷовуз карда ва ба-дон маънӣ ва мафҳуми дигаре медиҳад ва хулоса ба зиндагӣ хиёнат мекунад, зиндагӣ мекунанд.

 Бадин тартиб, ҳама барои ба ҳамзадани кортҳо кумак мекунанд. Беҳуда нест, ки то инҷо бо калимот бозӣ карда, вонамуд мекунанд, ки гумон доранд радди як маъно барои зиндагӣ, иҷборан, бо эъломи “зиндагӣ ба заҳмати зистан намеарзад”, мунтаҳӣ (анҷом) мешавад. Дар ҳақиқат, ҳеҷ гуна сабаби маҷбурӣ дар ин ду қазоват (муҳокимаронӣ) вуҷуд надорад. Фақат бояд нагузошт, ки ба воситаи ихтилот (омехтагӣ), тафориқ (парокандагии тадриҷӣ) ва натоиҷи он, ки то инҷо нишон дода шуда аст, гумроҳ шуд.

 Бояд ҳамаро пас зад ва мустақиман ба ҷониби матлаби ҳақиқӣ шитофт. Худро мекушанд, зеро зиндагӣ ба зистанаш намеарзад. Бешак ин воқеияте аст, аммо беҳосил. Барои он ки воқеияти пешипоафтода ва мусалламе (маъмулӣ) аст. Лекин оё ин таҳқир ва инкор ба ҳастӣ, барои бемаънӣ будани он аст? Оё ин пучӣ ва беҳудагӣ сабаби он аст, ки ба василаи гурез ва ё худкушӣ аз он фирор кард?

 Ин аст он чи ки бояд равшан кард, таъқиб (пайгирӣ) ва ташреҳ кард, ва онгоҳ бақияро канор гузорид. Оё пуч ва абсурд дастури марг медиҳад? Бояд ин масъаларо хориҷ аз ҳар гуна андеша ва тафреҳ ба тарзи фикре беғаразона муқаддам (пештар) бар соирин (ба масъалаҳои дигар) дошт.

 Танаввуот (гуногунрангӣ), тазодҳо, он равоншиносӣ ки дар он як рӯҳияи объективӣ дар ҳамаи маворид метавонад барои ҳамаи масоил муқаддима қарор гирад, ҷое дар ин таҷассус (ҷустуҷугарӣ) ва савдо надоранд.

 Дар ин ҷо фақат як тарзи фикри нодуруст ва номутаодил яъне мантиқӣ лозим аст, ки ин ҳам сода нест. Ҳамеша мантиқӣ будан осон аст. Вале то охир мантиқӣ будан, тақрибан ғайри мумкин аст. Ашхосе, ки ба дасти худ мемиранд, шеби (таназзули) эҳсосоти худро то интиҳо (охир) таъқиб мекунанд.

 Тафаккур дар боби худкушӣ ба ман фурсат медиҳад то масъалаи мавриди алоқаи худро матраҳ кунам, ки оё мантиқе то марг вуҷуд дорад? Инро ман наметавонам бидонам, магар ин ки бидуни савдоҳои мағшуш (хаёлоти мубҳам) дар равшанӣ ва таназзуҳе (сайре дар танҳоӣ), дар он андешарониҳое, ки инҷо мабдаи онро нишон медиҳам, думболаш кунам.

 Ин ҳамон аст, ки ман онро тааққули пуч (андешаи абсурд) меномам. Бисёре онро шуруъ кардаанд, аммо намедонам бо забон идома медиҳанд ё не.

 Вақте Карл Ясперс аз имкон берун будани сохтани ҷаҳонро ба таври куллӣ фош сохт, фарёд зад: “Ин маҳдудият маро ба худи ман роҳнамоӣ мекунад, ба ҷое, ки на худи ман ва на зиндагии дигаре наметавонад, мавзӯе барои ман бошад”. У ҷоҳои бекас ва хушкеро муҷассам месозад, ки дар он ҷо фикр ба марзҳои худ мерасад. Бисёре аз ҳақиртарин ашхос ба ин печухаме, ки фикр дар он ҷо мутаҳайир (ҳайрон) аст, расидаанд.

 Онон аз азизтарин чизе, ки доштаанд, канорагирӣ кардаанд ва дигарон ҳам канорагирӣ карданд, аммо барои иттихози (гирифтани) қувваи фикрашон, дар туғёни беолоиши он, ба он даст ёзидаанд. Баръакс, кӯшиши ҳақиқӣ он аст, ки ба қадри имкон даст нигаҳ дорад ва аз наздик нумуъи (пешрафти) беқоидаи ин навоҳии дурафтодаро биозмояд. Гироиш ва равишбинӣ, тамошогарони мумтози ин бозии ғайриинсонианд, ки дар он пуч ва умед ва марг посухҳои худро мубодила мекунанд. Дар ин рақсе, ки ба як замон, асосӣ ва дақиқ аст, ақл метавонад қабл аз рангомезӣ ва эҳёи онҳо вазъиёташонро мавриди таҷзия ва таҳлил қарор диҳад.

 

 

Таҳия ва таҳқиқи:

Комил БЕКЗОДА

файласуф

Дидавар БЕКЗОДА

равоншинос

 

Сарчашма

  1. Алберт Камю. Афсонаи Сизиф (Мақола дар бораи пучӣ (абсурд). Мутарҷимон: Алӣ Садуқӣ, Муҳаммад Алӣ Спонлу, Акбар Афсарӣ. Нашри Дунёи нав: Теҳрон, чопи аввал: тобистони 1382-2003-(200с). (Аз саҳифаи 49 то 57).

 

[1] Онтологӣ

[2] Сардори фаронсавӣ ки дар набарди Париж соли 1525 ба қатл расид. Ба ифтихори вай сарбозонаш суруде сохтанд бо чунин мазмун: “Як рубъ қабл аз маргаш ҳануз ба ҳоли ҳаёт буд”.

[3] Фурсатро аз даст надода, дар бораи саҷияи (ахлоқ, сиришт) нисбии ин мақола тавзеҳ бидиҳам. Худкушӣ метавонад дар воқеъ ба мулоҳизоте бисёр шарофатмандона низ марбут бошад: мисли худкушиҳои муътаризонаи (эътирозонаи) сиёсӣ дар инқилоби Чин (Муаллиф).

[4] Яке аз қаҳрамонони китоби “Ҷинзадагон”, асари Достоевский (Мутарҷим).

[5] Pergrinos. Пергринос-ба тавре, ки шунидаам Пергинос, пас аз он ки аввалин китоби хешро тамом кард, барои ҷалби диққат ба таълифоташ, худкушӣ намуд. Дар ҳақиқат диққат ҷалб шуд, вале китоб, бад ташхис дода шуд. Яъне китоби арзанда ва муҳимме набуд.

[6] Jules-Lequier

Хондан 2114 маротиба