Нусхаи чопи
Панҷшанбе, 15 Ноябри 2018 10:08

Рӯзи ҷаҳонии Фалсафа

Муаллиф:

 Мавзӯи Рӯзи фалсафа дар соли 2018 - мубрамтарин масоили марбут ба ҳастӣ дар баробари чолишҳои ҷадид, инчуини таҳлили вобастагии фалсафа ва санъат, мебошад.

Тавре Котиби генералии ЮНЕСКО Одри Азуле фармудааст –Фалсафа такягоҳе бар зидди заифии ақлу андеша  аст». Ва ин фармуда хеле хуб амазмун ва муҳтавои ғоявии Рӯзи ҷаҳонии фалсафаро, ки дар арсаи ҷаҳонӣ панҷшанбеи сеюми моҳи ноябр таҷлил мегардад, ифода менамояд. Имсол он ба 15 ноябр мувофиқ омада, дар ин рӯз ҳамаи онҳоеро, ки ҳикмат ва маърифатро дӯст дошта ҳаёти худро бидуни пурсуҷӯ, омӯзиш ва тахқиқот тасаввур намекунанд, табрик ва муборакбод менамоем. Иқдоми ҷашнгирии рӯзи ҳикматдӯстон дар арсаи ҷаҳон аз ҷониби ЮНЕСКО ҳанӯз соли 2002 ифода гардида, он аз соли 2004 ба ҳукми анъанаи ҷаҳонӣ даромад. Зарурати таъсиси ин гуна ҷашнвора аз он бармеояд, ки бояд заминаи умумии муҳокимаи дигаргуниҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ба мероси ғанию бои фалсафӣ моил намудани одамон, мусоидат барои ворид шудани ғояву андешаи наву тоза ба тарзи тафаккури урфӣ, тақвият бахшидани соҳаи муҳокимаву мубоҳисаҳои оммавии мутафаккирон бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар маврищди хавфу хатарҳои мубрами ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдидгар мебошад.

Аксари мутафаккирон ҳайратро яке аз муҳимтарин мазмуни фалсафа меҳисобанд, ки воқеан, фалсафа дар заминаи ниёзи табии инсон барои дарки худ ва олам ба вуҷуд омадааст. Ба сифати тафаккур ва муҳаббат нисбати ҳикмат, фалсафа инсонро ба мавриди дарку таҳлил қарор додани худи андеша ҳидоят карда, барои таҳқиқи ҳақиқати бунёдӣ, тадқиқи муҳокимаҳо ва эъмори хулосаҳои худ даъват менамояд. Дар тӯли асрҳо дар фарҳангҳои гуногун фалсафа бунёдгари консепсяи, афкор ва таълифоти ҳовии таҳлили мудаллал, бунёдгари тафаккури танқидӣ, озоду мустақил ва эҷодӣ будааст. Имрӯз, ки Рӯзи фалсафа дар бештар аз 70 кишвари ҷаҳон- аъзои ЮНЕСКО таҷлил мегардад, дар ҳошияи ин ҷашн ҳамоишҳои гуногуни фарҳангиву илмӣ, мубоҳисаву мубодилаи афкор дар шаклу формати гуногун - конференсияву семинарҳо, диспут-клуб ва кафеҳои маҳфилӣ ва ҳоказо, дар сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ баргузор мегарданд. Ин чорабинӣ ҳар сол ба як мавзӯи муайян бахшида мешавад.

Ба саволи он, ки «Чаро мо Рӯзи фалсафаро ҷашн мегирем?» ЮНЕСКО чунин посух медиҳад: Ҳар сол Рӯзи ҷаҳонии Фалсафаро дар панҷшанбеи сеюми ноябр ҷашн гирифта, ЮНЕСКО нисбати арзишҳои абадии фалсафа барои рушди андешаи инсон дар ҳошияи фарҳангҳо ва афрод таваҷҷӯҳ менамояд. Рӯзи ҷаҳонии Фалсафаро ЮНЕСКО эълон карда бошад ҳам, онро тасарруф накардааст Яъне ин ҷашн ба башар, новобаста аз он, ки дар кадом қитъаи Замин ҷойгиранд мансуб буда, ба онҳое дахл дорад, ки нисбати фалсафа таваҷҷуҳ доранд.

Агар ба чорабиниҳои ЮНЕСКО таваҷҷуҳ намоем, дар Пориж бахшида ба ин сана ҷашни серуза (14-15-16 ноябр) дар назар аст, ки якчанд намуди ҳамоишҳоро дарбар мегирад. 16 ноябр Шаби файласуфон баргузор мегардад, ки дар он аввалин зан-файласуф-Барбара Кассен -узви тозаинтихоби академияи Фаронса баромад карда оид ба вобастагии байни фалсафа ва санъат сухан менамояд. Дар чорабинӣ 48 нафар файласуф ва 12 нафар санъанкор аз тамоми ҷаҳон фаъолияти муштараки худро дар мавриди ба саҳна гузоштани асари Афлотун «Чашн» («Пир» (Symposion)) ба муҳокима мегузоранд

Аз ҷумла дар идораи ЮНЕСКО дар Пориж 14-16 ноябр конференсияи байналмилалӣ оид ба таҷрибаҳои нави фалсафӣ баргузор мегардад, ки дар он кафедраи ЮНЕСКО дар донишгоҳи Нант (Франсия) оид ба омӯзиши фалсафа ба кӯдакон ширкат менамояд. 15 ноябр муколама дар «Каҳвахонаи фалсафӣ» дар мавзӯи «Андешаронӣ оид ба имрӯз ва фардои ҷаҳон аз нигоҳи занони файласуф» бо иштироки Барбара Кассен, ташаббускори ташкили шабакаи байналмилалии инициатора Маҷаллаи Занони файласуф – ЮНЕСКО, рӯнамоии шумораи охирини ин маҷалла, ки аз соли 2011 нашр мегардад, рӯнамоии бойгонии видеоии Колледжи байналмилалии фалсафӣ дар Пориж, ки ҳазор соати баромади файласуфони маъруфи солҳои 80-90-ро барои истифодаи умум омода кардаанд ва дигар чорабиниҳо баргузор хоханд гардид.

Фалсафа натанхо илми ҳел ҷолибу шавқовар, балки амалияи ҳаёти рӯзмарраест, ки қодир аст ҷомеаҳоро дигаргун намояд. Он моро бо гуногунии фикру мулоҳиза ва равияҳои мухталифи фикрӣ дар ҷаҳон огоҳ карда барои муколамаи фарҳангҳо мусоидат менамояд. Таваҷҷуҳи мардумро ба андеша, афкор, ва мулоҳизарокӣ тақвият дода, фалсафа дар ташаккулёбии ҷомеае саҳм мегузорад, ки дар он услуби таамул ва ҳамгироӣ, ҳамдигар риоя мегарданд. Фалсафа сарчашмаи фикру андешаи наву тоза, воситаи ошкор гардидани имкониятҳои эҷодии инсон ҳо мебошад. Он асоси ақлонии навгониҳо, рушди устувор ва сулҳ мебошад.

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов низ, ҳамчун ягона муассисаи илмии бунёдӣ дар соҳаи фалсафа дар ҷумҳурӣ, ҳар сол Рӯзи ҷаҳонии Фалсафаро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуда, имсол тасмим гирифтааст, ки баҳсу мунозираҳои фалсафиро дар мавриди «Масъалаҳои мубрами фалсафа дар замони муосир» доир намояд. Чорабинии мазкур 23 ноябри 2018 дар толори маҷлисҳои Академияи илмҳо баргузор гардида дар он иштироки кафедраҳои фалсафаи макотиби олии кишвар дар назар аст. Мо тасмим гирифтаем, ки натанҳо дар мавриди самту соҳаҳои гуногуни фалсафаи муосир, нақшаҳои рушди ояндаи он суҳбат намоем, балки дар мавриди барномарезии фанҳои фалсафӣ ва ҷомеашиносӣ дар таҳсилоти олии кишвар, таълифи китоб ва дастурҳои таълимӣ оид ба соҳахои мухталифи фалсафа табодули назар намоем. Дар назар аст, ки муколама ва музокироти мазкур дар Рӯзи ҷаҳонии Фалсафа барои самтгирии минбаъдаи соҳа, ташкили раванди таълими он, инчунин, кори тарвиҷ ва таблиғи ҳикматдӯстӣ, тафаккури илмӣ ва вусъати илму маориф ва фарҳанги миллӣ дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ мусоидат хоҳад кард.

Муҳиба Маҳмадҷонова

Муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ба номи А.Баҳоваддинови  АИ ҶТ

 

Хондан 1380 маротиба

Матлабҳои дигар аз Равшанфикр