JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 15 Ноябри 2018 09:06

Равшанфикрони муосир - Анис Мансур (1924-2011)

Муаллиф:

  Анис Мансур файласуфи муосири Миср аст. Соли таваллудаш 18 августи соли 1924. Зодгоҳаш шаҳри ал-Мансура дар вилояти Дақҳалияи Ҷумҳурияи Мисри Араб. Вафоташ 21 октябри 2011 дар шаҳри Қоҳира. Аз бемории варами шуш вафот кардааст. Бо хонум Риҷоъ Мансур издивоҷ кард. Ҳар ду ба ин маслиҳат расиданд, ки бояд фарзанде надошта бошанд. Чаро ки барои фаъолияти эҷодии ҳар дуяшон халал ворид мекунад. Ҳамин тавр, то охири умр бефарзанд боқӣ монданд. Солҳои 1950-2001 солҳои фаъолиятҳои эҷодии ӯ буд.

Ба кори нависандагӣ шуғл меварзид. Осори адабӣ ва фалсафӣ меофарид. Дар кори эҷодиаш пайрави ҷараёни секулярӣ-дунявӣ буд. Дар мадраса ва Донишгоҳ таҳсил карда буд. Аз рӯи ихтисос устоди фалсафа дар Донишгоҳи Қоҳира, нависанда, журналист ва адиб ба ҳисоб меомад. Забони гуфтугӯӣ ва навишториаш арабӣ буд. Дар Донишгоҳи Айнушшамси Қоҳира низ дарс дод. Машҳуртарин асараш “Сайёҳати дусадрӯзаи олам” ном дорад. Аз осори мутафаккири муосири Миср Аббос Маҳмуди Аққод таъсир пазируфтааст. 185 китоб навиштааст.

Сазовори ҷоизаи “Навоварии фикрӣ дар давлатҳои ҷаҳони сеюм” гардида буд.

Фаъолиятҳои равшанфикрӣ

Анис Муҳаммади Мансурро дар Миср ва ҷаҳони араб ба сифати нависандаи хабарнигор, файласуф ва адиб мешиносанд. Дорои сабки адабӣ ва фалсафии муосир аст. То ҳаштсолагӣ Қуръонро ҳифз кард. Доир ба ин мавзӯъ китобе бо номи “Онҳое, ки дар ҳаёти ман таъсир гузоштанд”, ба таври возеҳ навиштааст. Баъди хатми мадраса ба Донишгоҳи Қоҳира дохил шуд. Дар риштаи фалсафа таҳсил намуд. Соли 1947 ба лисонси адабиёт ноил гардид. Муддате устоди фалсафа дар Донишгоҳи адабиёти Қоҳира ва Донишгоҳи Айнушшамс буд. Баъд ба нависандагӣ машғул гардид. Баъдҳо ба муассисаи “Ахбори рӯз” ба кори хабарнигорӣ пардохт.

Чанде баъд дар худ эҳсоси истиқлоли шахсӣ намуд. Соҳиби чандин мансаб гардид. Аз ҷумла сармуҳаррири баъзе аз рӯзнома ва маҷаллаҳо буд. Кори рӯзноманигорӣ таваҷҷуҳашро ба худ ҷалб кард. Мақолаҳояш бо сабки одӣ, равон, вале диққатҷалбкунанда навишта мешуданд. То соли 1976 дар муассисаи “Ахбори рӯз” кор кард. Раиси Шӯрои ин муассиса ва идораи Дор-ул-маориф буд... Баъд маҷаллаи “ал-Кавокиб” -ро таъсис дод. Аз ин роҳ ба президенти Миср Анвари Содот дӯст ва мушовир гардид. Соли 1977 ҳамроҳи Анвари Содот ба ал-Қудс сафар кард.

Дар омӯзиши забонҳо истеъдоди фавқулода нишон дод. Забонҳои англисӣ, олмонӣ, итолиёвӣ, лотинӣ, фаронсавӣ, русӣ, ибрӣ ва ғайраро фаро гирифт. Бисёриҳо ба истеъдоди ӯ бовар накарданд. Як журналисти куҳансол ва варзидаеро бо номи Омус Ийлун аз Изроил барои имтиҳони ӯ ба Қоҳира фиристоданд.  Баъди бозгашт ба Тел-Авив дар мақолаи муфассале аз маҳорати забондони ӯ барои хонандагони рӯзномаи худ навишт. Охирин имтиҳонаш аз забони ибрӣ (яҳудии қадим) буд. Дар вақти омӯзиши ин забон бо ду устоди ибридон ҳамкорӣ дошт. Устоди дуюмаш як яҳудии ҷавон буд, ки дар сафорати Изроил дар Қоҳира кор мекард. Баъди ду-се дарс он устод эътироф кард, ки “Шумо дигар ба дарсҳои ман эҳтиёҷ надоред!”. Ба ҳамаи ин забонҳо китоб мехонд ва аз баъзеи ин забонҳо китобҳо тарҷима мекард. Машғулияти дӯстдоштаи ӯ сафар кардан буд. Чандин китоб дар ин бора навиштааст. Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки дар ҷаҳони араб аз қадим то имрӯз ҳеҷ сайёҳе ба андозаи Анис Мансур тулонӣ сафар накардааст. Китобҳое, ки доир ба сайру сафар ва сайёҳатҳои худ навиштааст, сазовори чандин ҷоизаҳои минтақавӣ ва байналмиллалӣ гардидаанд. Муҳаққиқон ба таври махсус чанд китоби сафарии ӯро хотирнишон кардаанд: “Сайёҳати 200-рӯзаи олам”,  “Яман--кишвари ношинохта”, “Ту дар Япония ва кишварҳои дигар”, “Беҳтарин паёмҳои ман аз Москва”, “Аҷоибтарин  сайёҳатҳо дар таърих” мебошанд.

Аз одатҳои шахсӣ дар кори нависандагиаш яке ин аст, ки рӯзона чизе наменависад. Кори эҷодии ӯ аз соати 4 субҳ оғоз шуда, то соати 10 рӯз давом мекунад. Пешҷома ба тан мекунаду пойлуч ба курсӣ менишинад. Хеле кам хоб мекунад. Баъзан аз бехобӣ ранҷ мекашад. Ҳамеша ташвиш аз он доштааст, ки ба зуком дучор мешавад. Ва воқеан ҳам, бештари вақт гирифтори зуком мешудааст...

Дар шаҳри Мансура барои ӯ ҳайкал гузоштаанд. Дар ҳақиқат, ҳамдиёронаш ӯро сахт эҳтиром мекунанд. Дар борааш мегӯянд: “Як деҳотие, ки кулли ҷаҳонро тасхир кард”. Хонандагонаш мегӯянд, ки “Анис Мансур як энсиклопедияи зинда аст”, “ӯ 185 китоб таълиф кардааст ва баъзе аз ин китобҳо чандин муҷаллад мебошанд”.

Ҳамкоронаш  ба ӯ сахт ҳасад меварзиданд (Дар сурате ки Анис Мансур ҳамеша хайрхоҳи онҳо буд). Бо фитнаи ҳамкорон ва ҳамкасбон президенти пешинаи Миср -- Ҷамол Абдунносирро нисбат ба ӯ бадгумон карданд. Як сол бекор гашт. Ба хориҷ аз Миср даъваташ карданд. Қабул накард ва нарафт. Дорои шахсияте бисёр устувор буд. Якравии ҳиндӣ дошт. Аҷдодонаш аз Ҳинд ба Миср омада буданд. Аҷдодони Саид Қутб ва Муҳаммад Қутб ҳам ҳиндианд. Миср кишвари гуногунмиллат аст. Ҳар сайёҳе ба осонӣ метавонад чеҳраи арманиҳо, курдҳо, яҳудиҳо, ҳиндиҳо ва дигар миллатҳоро аз наздик бишносад...

Ба сари қудрат омадани президент Анвари Содот таъқиботи Абдунносир қатъ гардид. Кормандони давлатии давраи Абдунносир ба ӯ мегуфтанд, ки гӯё Анис Мансур президентро дар ҳикояҳо ва мақолаҳояш масхара мекунад... Дигарҳо мегӯянд, ки масъала чунин нест. Худи Анис Мансур мегӯяд, ки ман ба президент аз дахолатҳои давлатҳои хориҷӣ дар сиёсати Миср ҳушдор медиҳам. Вале ҳамкасбонам аз рӯи ҳасад андешаҳои маро барои президент ғалат нақл мекунанд. Баъди марги Абдунносир ва марги Анис Мансур маълум шуд, ки ҳақ ба ҷониби Анис будааст... Анис дар ин мавзӯъ китобе навишт бо номи: “Абдунносир: туҳмате дар ҳаққи ӯ ва туҳмате дар ҳаққи мо”, иборат аз 460 саҳифа. Ва ин китоб баъди марги ӯ ба нашр расид.

Марги Анис Мансур субҳи рӯзи ҷумъа, ки мувофиқ ба 21 октябри соли 2011 аст, дар синни 87-солагӣ дар бемористони “Сафо”дар шаҳри Қоҳира иттифоқ афтод. Бемории ӯро табибон варами шуш ташхис доданд. Ҷасади ӯро дар қабристони хонаводагӣ дар Мисри ҷадид ба хок супориданд. 

Муҳаққиқон осори ӯро ба қисматҳои зерин тақсим кардаанд:

  1. Китобҳои тарҷимаиҳолӣ -- 12 китоб
  2. Таҳқиқоти сиёсӣ -- 15 китоб
  3. Қисса ва ҳикояҳо -- 5 китоб
  4. Намоишномаҳои тарҷимашуда -- 14 китоб
  5. Таҳқиқотҳои равонӣ-психологӣ -- 17 китоб
  6. Таҳқиқотҳои илмӣ -- 6 китоб
  7. Нақди адабӣ -- 23 китоб
  8. Сайёҳатномаҳо ва сафарномаҳо -- 9 китоб
  9. Намоишномаҳои мазҳакавӣ-комедӣ -- 14 китоб
  10. Силсилаҳои телевизионӣ -- 10 китоб
  11. Маҷмӯаи мақолаҳо -- 37 китоб
  12. Повест ва романҳои тарҷимашуда -- 6 китоб
  13. Тарҷимаи китобҳои фалсафӣ --16 китоб.

Намоишномаҳои нависандагони урупоиро ба забони арабӣ тарҷима кардааст, ки барои намуна номи баъзе аз он муаллифонро зикр мекунем:

Фридрих Дюрренматт аз Шветсария.

Макс Фриш аз Шветсария.

Жан Жироду аз Фаронса.

Артур Миллер аз Америка.

Тенси Вилямс аз Америка.

Эжен Унил аз Америка.

Эжен Ионеско аз Фаронса.

Артур Адамов аз Фаронса.

Аробел аз Испания.

Қисса ва романҳои урупоӣ.:

Ирвинг Валас аз Америка.

Симон де Бовуар аз Фаронса.

Макс Фриш аз Шветсария.

Алберто Моравия аз Италия.

Кортисио Мелборта аз Италия.

Ҷинс Берг аз Америка.

Осори фалсафие, ки аз забонҳои урупоӣ ба арабӣ тарҷима кардааст, аз ин қароранд:

“Фалсафаи вуҷудии олмонӣ” аз Эмил Тислер

“Фалсафаи экзистенсиалии фаронсавӣ” аз Жан Жак Руссо.

“Маънии нестӣ аз дидгоҳи Ҳайдеггер ва Сартр” аз Женит Ардман.

“Театри абсурди Франсия” аз Этиен Марибо.

“Файласуфи рус Николай Бердяев” аз Виктор Лоренсев.

“Аз Киркегор то Марсел” аз Антон Бобиф.

“Симон де Бовуар -- шогирде намунавӣ” аз Франсувоз Руслан.

“Рисолаҳои Симон де Бовуар ба Франсувоз Руслан” аз Ф.Руслан.

“Нокомшудагон вале наҷибзодагон” аз Ҷон Мари Ревор.

“Метафизика чист?” аз Мартин Ҳайдеггер.

“Экзистенсиализм -- фалсафаи инсонӣ аст” аз Ҷон Пол Сартр.

“Фалсафаи Ҳанна Арндт” аз Иробило Делоренс.

Ҳоло зиёда аз 7 сол мешавад, ки устод Анис Мансур аз хонандагони худ шахсан дур афтодааст. Вале осори мондагори ӯ рӯз ба рӯз, моҳ ба моҳ ва сол ба сол сели хонандаи араб ва ғайриарабро ба фазои фарҳангии андешаҳои солим ва созандаи ӯ равона мекунанд. Истиқлоли фикрии ӯ дар зиндагии шахсӣ ва эҷоди асарҳои фарҳангӣ ва фалсафӣ барои насли ояндаи ҷавонони араб намунаи ибрат ва пайравӣ хоҳад буд. Агар чизе бо номи равшанфикрӣ вуҷуд дошта бошад, намунаи олӣ, воқеӣ ва барҷастаи он маҳз ҳамин фаъолиятҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва фалсафии Анис Мансур ҳастанд. Марде, ки барои ҷаҳониён 185 китоб навишт. Вале дар тўли умри 87-солааш касе бо номи Маҳмуди Фавзӣ соли 1986 як китоби одӣ ва мухтасаре дар бораи ӯ навишт, ки то имрӯз ягона китоб мебошад.

Дар олами форсизабонон, баъди вафоташ 21 октябри соли 2011 дар Эрон як шогирди донишгоҳӣ як мақолаи тарҷимаиҳолӣ навиштааст. Бо сабаби мухолифаташ бо режими Ҷамол Абдунносир дар Иттиҳоди Шӯравӣ ягон китоби ӯро ба забони русӣ ва забонҳои миллатҳои дигар тарҷима накарданд. Дар Тоҷикистон ҳамин навишта, аввалин мақолаест, ки доир ба Анис Мансур баҳс мекунад. Вале, чуноне ки мегӯянд: “Оқибат рӯзе фаро хоҳад расид!”.

Комил Бекзода

файласуф

Хондан 1196 маротиба