JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 22 Июни 2017 05:23

Рисолати театри ватанӣ ва ниёзҳои иҷтимоӣ

Муаллиф:

  Санъат ва ҳунар, чуноне ки донишмандону коршиносон таъриф кардаанд, таҷаллии ғаризаи офаридгории инсон аст дар идомаи ҳастӣ ва ҳар камбудеро, ки инсон дар зиндагии фардӣ ва итҷтимоӣ эҳсос мекунад, тавассути ҳунар ҷуброн месозад (Шариатӣ Алӣ. Ҷомеашиносии ҳунар. –Теҳрон, 1365. –С.25). Бо таваҷҷуҳ ба ин, ҳунар рисолати ҳалли мушкилоти иҷтимоиро дар қолаби сохтмони андеша ва ашё бар уҳда мегирад ва бар мабнои ҷаҳонфаҳмӣ ва биниши созанда дар ҷаҳони инсонӣ тағйироти сифатӣ ба вуҷуд меорад.

  Муаррихи урупоии ҳунар ва филм Арнолд Ҳаузер (Arnold Hauser) бар он таъкид меварзид, ки шаклҳо ва сабкҳои ҳунарӣ таҷаллии як ҷаҳоннигарӣ ҳастанд (Ҳаузер Арнолд. Фалсафаи таърихи ҳунар. Тарҷумаи Муҳаммадтақии Фаромарзӣ. –Теҳрон: Муассисаи интишороти Нигоҳ, 1363. –С.8) ва аз ин ҷо пай бурдан мумкин аст, ки ҳунар, дар ҳар шаклу сабке баёнгари вазъи дарунӣ, ботинӣ, фикрӣ ва дар маҷмӯъ, маънавию равонии ҷомеаи зинда буда, қабл аз ҳама, ҳадафи шахсиятофарӣ ва инсонсозиро дунболагирӣ мекунад. Ин аст, ки ҳунарманд бо офаридан, сохтан, эҷод ва бунёд кардан сари кор мегирад ва аз ин зовия ба кор мепардозад. Ҳадафи ӯ офаридан аст дар ҳар шаклеву сабке. Худи раванди офаридан ва эҷод кардан раванди маърифатист ва дар қолаби он андеша ва сохтмони фикрӣ ғунҷидааст.

  Ба андешаи донишмандон, кори ҳунарӣ, ки театр аз анвои он маҳсуб меёбад, навъе талош аст ва ҳар ҳунаре, ки тавонад таъсире зинда бар мо бигзорад, ба ҳамон андоза ҳунари имрӯзӣ ё модерн шумурда мешавад (Ҳаузер Арнолд. Фалсафаи таърихи ҳунар. Тарҷумаи Муҳаммадтақии Фаромарзӣ. –Теҳрон: Муассисаи интишороти Нигоҳ, 1363. –С.13). Кори ҳунарӣ бо худии худ кори тарбиявӣ маҳсуб меёбад ва дар сурати тамаркуз пайдо кардани он дар ҷомеа ба як навъ ойини тарбиятӣ ва андешамандӣ табдил меёбад. Ин нукта дар бомдоди фарҳанги башарӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштааст, то ҷое ки файласуфи маъруфи чинӣ Конфутсий бунёди тарбиятро ба ҳунар, шеър, ойинҳо ва мусиқӣ марбут донистааст (Чай Чу, Винберг Чай. Таърихи фалсафаи Чин.-Теҳрон, 1369. –С.56).

  Дар масири ҳунар ва ҳунарварӣ театр ба сифати муҳимтарин ва муассиртарини ҳунарҳо ҷойгоҳи махсус касб намуда, бо меҳвари организми зинда -- шуур ва тафаккури тамошобин ва дар маҷмӯъ, ҷомеа сари кор мегирад. Ба қавли муҳаққиқон, театр ҳунари зинда ва таҳаввулёбанда мебошад (Бояджиев Г. От Софокла до Брехта за сорок театральных вечеров. _Москва: Просвещение, 1988. -С.6). Ҳатто дар замони ҷангу хунрезӣ ва нобасоминиҳои сиёсию иҷтимоӣ дастгоҳи театрӣ (театральная машина) бо қудрати фикрию эҷодӣ гардиш мехӯрад (Бушеева С. Итальянский современный театр. –Ленинград: Искусство, 1983. –С.5) ва масири зиндагиро бидуни ҳавою ҳавас тай мекунад.

  Замоне театр ба сифати беҳтарин тарбиятгари насли инсонӣ дар манотиқи пешрафтаи ҷаҳон падид омада, роҳи пурпечу тоби зиндагиро барои наслҳои мухталифи ҷомеаҳо ҳамвор сохт. Вожаи театр лафзи юнонӣ (theatron) буда, махсусияти он инъикоси бадеии падидаю зуҳуроти зиндагӣ тавассути фаъолияту ҳаракати драмавӣ маҳсуб ёфта,  дар ҷараёни бозии ҳунарпешаҳо (актёрҳо) дар назди тамошобин зоҳир мегардад. Бар мабнои ин, маънои куллии театр намоиш ё ба истилоҳ, спектакл мебошад (Словарь иностранных слов. –Москва: Русский язык, 1990. –С499). Дар луғатҳои дигар низ калимаи театр маънои ҳунари намоиш додани асари драмавиро дар саҳна ифода менамояд ва натиҷатан, биноест, ки дар он асарҳои драмавӣ ба саҳна гузошта мешавад (Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд).-Ҷилди 2. –Душанбе, 2008. –С.335).  Ҳадафи сохтани театр ва намоишҳои театрӣ аз қадим (манзур ҳунари театрии Юнони қадим аст) ҳамин будааст ва имрӯз низ, бо гузашти дуюним ҳазор сол ин ҳадаф тағйир напазируфта, балки, баръакс, густардатар шудааст. Дар Юнони қадим ҳунар, ки дар ибтидо дар сабки тасвир ва наққошӣ ҷилва карда буд, ҳатто дар марҳилаи муқаддамотӣ тасаввуроту бардошти оптимистонаро дар бораи ҷаҳону ҳастӣ инъикос мекард (Полевой В. М. Искусство Греции. –Москва: Советский художник, 1984. -С.129) ва дар ин замина, театр маҳз ба хотири бароварда сохтани ниёзҳои ахлоқӣ, зебоиписандӣ, маънавӣ, рӯҳонӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардум аз ҷониби элитаи фарҳангии замон таъсис ёфт ва дар партави он ҳадафи стратегии фалсафӣ – шинохт ва таъйини шахсияти инсонӣ дар марзи вуҷуд пайгирӣ гардид. Театри Юнон ва Рим бостонитарин театрҳои Урупо мебошанд. Меъморӣ, ҳайкалтарошӣ, адабиёт ва театри антиқа мавзӯи омӯзиш ва истиқболи соири анвои ҳунарӣ дар асрҳои баъдӣ будаанд (История зарубежного театра. Часть первая. –Москва: Просвещение, 1981. –С.9).

  Дар ҷараёни инкишофи тадриҷии зиндагии инсонӣ театр масъалаи муҳимми зиндагӣ – маргу мурданро, ки дар қолаби фоҷеа ва мазҳака бандубаст шудааст, матраҳ намуд ва бад-ин васила ба марзи ранҷҳои ботинии инсонӣ тамаркуз кард. Нуқтаи баланди таҳаввули ҳунари театрии юнонӣ дар эҷодиёти се фоҷианигори асри панҷуми то давраи мо Эсхил, Софокл, Еврипид ва мазҳаканавис Аристофан (оғози асри чорум то давраи мо) ба мушоҳида мерасад. Масоили матраҳи он рӯзгор дар асарҳои саҳнавии мавсуфин ҷойгоҳи вижа касб намуд ва бо истифода аз имконоти фикрию эҷодӣ онҳо панорамаи мушкилоти иҷтимоию сиёсиро дар қолаби фоҷеа ва мазҳака ба намоиш гузоштанд. Дар муҳити қадимаи фарҳанги ориёӣ низ унсурҳои театрӣ, ки дар амалҳои театронидашудаи баъзе осори ҳунари наққошӣ дар қаламрави Ирон, Афғонистон, Ҳиндустон, Осиёи Марказӣ дарёфт шудаанд(Нурҷонов Низом. Мактаби актёрии тоҷик. –Душанбе, 2011.-С.12), марҳила ба марҳила ташаккул ёфта, ба як низоми ибтидоии муайяни ҳунарӣ бадал шуда, падидаҳои рӯзгори куҳанро дар мувоҷеҳа бо мушкилоти замон ба риштаи тасвир кашидаанд. Ба намоиш гузоштан ва аз тариқи гӯшзад кардани масоили мубрами рӯзгори инсонӣ ҳалли мушкилоти доғу рӯзмарра рисолати театрро таъйин намуд. Дар ин маврид донишманду маорифпарвари рус В. Г. Белинский  таъкид карда буд: «Театр воситаи беҳтарини ҳалли мушкилоти рӯзгори мост» (Абдураҳмонов А., Абдулқайсов Ш. Театрҳои касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон. –Душанбе: Истеъдод, 2012. –С.3). Аз ин ҷост, ки театр инъикосгар ва бозгӯкунандаи мушкилоти рӯзмарра ва ҷиддии иҷтимоъ аст.

  Дар замони нав (манзур асри бистум аст), вобаста ба вазъияту шароит театри сиёсӣ дар қаламрави Империяи Шӯравӣ ва манотиқи империалистӣ рӯйи кор омад (История зарубежного театра. Часть 3. Театр западной Европы и США (1917-1945). –Москва: Просвещение, 1986.-С.16). Дар заминаи театрҳои касбии русӣ соли 1929 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин театри касбии миллӣ – Театри давлатии академӣ-драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ таъсис ёфт. Ин театри касбӣ талаботи бадеӣ-эстетикӣ, фикрӣ ва зеҳнии мардуми Тоҷикистонро аз замони таъсисёбӣ то имрӯз қонеъ карда истодааст. Дар заминаи театри номбурда, дар қаламрави ҷумҳурӣ тайи солҳои баъдӣ Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (1935), Театри давлатии драмаи русии Тоҷикистон ба номи В.В. Маяковский (1937), Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов (соли 1971), Театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии вилояти Ленинобод (соли 1932), Театри давлатии таҷрибавии тамошобини ҷавон «Аҳорун» (1990) ва амсоли инҳо таъсис ёфта, фазо ва муҳити театрӣ ба вуҷуд оварданд. Дар замони Шӯравӣ театр ба сифати бузургтарин қароргоҳи фарҳангӣ ва сиёсӣ наслҳо ва табақоти гуногуни иҷтимоиро ба оғӯшаш мекашид ва дар домони театр, қабл аз ҳама, насли ҷавон тарбият меёфт ва ба дараҷаи тадриҷии камолоти маънавӣ мерасид. Раванди бедории фарҳангию сиёсиро дар баробари дигар анвои ҳунарӣ театр ҷиддӣ бар уҳда гирифта буд ва бар пояи усули реализми сотсиалистӣ тарбияи насли нави ҷомеаи ба сӯйи коммунизм равонаро меҳвари кор қарор дода, дар ин ҷабҳаи муборизаи фаъоли идеологӣ дар замони Шӯравӣ  комёб буд. Аммо, вақте ки империяи Шӯравӣ суқут кард, бар асари заиф шудани дастгоҳи идеологӣ ва тарғиботӣ театр ҳам маҷрои кори худро тағйир дод ва вобаста ба муқтазиёти замони нав  масири ҳаракаташро ҷониби дигар иваз намуд.

  Ҷанги шаҳрвандӣ ва нобасомониҳои сиёсии солҳои 90-уми садаи бистум ба ҳунари театрӣ, ки авангарди низоми фарҳангӣ-ҳунарии давр маҳсуб меёфт, садама зад. Дар натиҷаи бефаҳмию каҷравиҳо ва такаббуру тааассуб ва ифтихороти холию нобаҷо таваҷҷуҳ ба театр ва ҳунари театрӣ дар ҷумҳурӣ сол ба сол коҳиш ёфта, ҷойи онро филмҳои фаҳшу бемаънӣ, рақсу мусиқии беарзиш гирифт ва фазои маърифатию ҳунарии замон тадриҷан коста гардид. Бар асари низоъу даргириҳои дохилӣ ва бо дигар шудани вазъи сиёсӣ ахлоқ ва муносиботи ахлоқӣ тағйир ёфта, дар ин замина, бадалшавии арзишҳои ахлоқӣ ба вуҷуд омад. Театр, ки аз реша ва бунёд бо ахлоқ ва тарбияти насл сари кор дошт, дар ҳолати сардию карахтии равонӣ қарор гирифта, дигар наметавонист тавассути намоишномаҳои худ ҷилави беназмиҳои ахлоқиро бигирад ва мардумро ба эътидоли муносибату муошират мутақоид созад. Албатта, вазъи буҳронӣ, ки тамоми соҳоти ҷомеаро фаро гирифта буд, имкон намедод, ки театр рисолати аслӣ – тарбияи инсони солим ва андешанда (муфаккир)-ро комилан иҷро намояд.            

  Баъди анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ва муътадил гардидани вазъи сиёсии ҷумҳурӣ кори театрӣ бо назардошти замони истиқлол вусъат пайдо намуд ва репертуари худро аз ҳисоби асарҳои драмавии ватанӣ ва хориҷӣ ғанӣ сохт. Мусаллам аст, ки соли 1990 Театри давлатии таҷрибавии тамошобини ҷавон «Аҳорун» таъсис ёфта, тарғиби ғояҳои миллиро ба маърази тамошо гузошт. Коргардон ва ҳунарманди маъруфи тоҷик, устод Фаррух Қосим бар асоси матнҳои «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ ва «Маснавии Маънавӣ» ва соири осори адабӣ-бадеии классикаи миллӣ намоишномаҳои ҷолиб («Шоҳ Фаридун» ва «Юсуфи гумгашта») таҳия намуд, ки дар ибтидои солҳои 90-уми садаи бист муҳаррики асосии маърифати театри минтақавӣ ба ҳисоб мерафтанд. Дар дигар театрҳои ҷумҳурӣ ҳам мазомини миллӣ ҷойгоҳи вижа касб намуданд, вале таваҷҷуҳ ва ҷалби мардум ба театр коҳиш ёфтан гирифт. Ба сухани дигар, аз як тараф, аҳли фарҳангу зиёи кишвар ба ин ҳунари хирадбарангез ва шахсиятсоз бетафовутӣ ва саҳлангорӣ зоҳир намуд, аз тарафи дигар, намоишномаҳо аз лиҳози мазмуну муҳтавои замонӣ ва талаботи фарҳангӣ ноқисанд (ин нуқсонҳо имрӯз ҳам арзи ҳастӣ мекунанд ва завқи зебоиписандӣ ва маърифатии тамошобинро пойин мебаранд). Гузашта аз ин, солҳои охир дар озмуну фестивалҳои театрӣ ба намоиш гузоштани намоишномаҳои рамзӣ-символикӣ муд шудааст ва тавассути рамзу намод ифода ёфтани мақсаду матлаби намоиш печидагӣ ва мушкил андар мушкилро эҷод кардааст. Дар сурате ки сатҳи маърифати насли нави тамошобин ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест ва хеле кам омодагӣ ба дарки чунин намоишҳоро дорад, ҳадаф ва моҳияти ниҳоии асари саҳнавиро пайхас намекунад, аммо ба тақлид ба дигарон ва сатҳиёна садоҳои шиоргунаи «Браво, Браво!» дардода, гӯё эҳсоси қаноатмандӣ мекунад. Дар натиҷа, мушкилписандӣ, печидагӯйӣ, дарҳамбарҳамӣ, муғлақписандӣ, символпарастӣ ва дарунгаройии зоҳирӣ бар фазои саҳнавӣ тасаллут пайдо мекунад ва воқеияти зиндагӣ дар шакли зарурӣ, ки дар шароити имрӯзӣ сахт зарур аст, гуфта намешавад. Ба фикри мо, шароити имрӯзӣ фикри символикиро намеписандад ва дарду шодӣ, афту хез, шебу фароз, ақлу ҷаҳл, зулму меҳр, ҷангу сулҳ ва амсоли инҳо барин падидаҳои равонӣ, иҷтимоӣ, отифӣ ва ахлоқӣ бояд кушоду рӯшан баён гарданд ва дар зеҳни тамошобин нақш бигиранд. Дар чунин вазъият, оё метавон ҷараёни ҷалби мардумро ба театр вусъат бахшид? Метавон, вале дар даргирӣ бо мушкилоти азиме.

  Маълум аст, ки ҳадафрас ва муассир баён ёфтани матлаб ва муҳтавои намоишнома бар уҳдаи шоҳи саҳна – актёр вогузор шудааст ва кайфияти матолиби саҳнавӣ аз маҳорату маърифат ва диди бадеӣ-эстетикӣ ва илмӣ-таҳқиқии ҳунарманд сахт вобаста аст. Бояд тазаккур дод, ки ҳунарманди асил дорои шахсияти томи иҷтимоӣ, эҷодӣ ва фарҳангӣ аст. Мо медонем, ки ҳунарманди саҳна (актёр) нақши шахсиятро меофарад, вале худи ӯ шахсият нест. Дар зиндагии воқеӣ ва ба истилоҳ, берун аз саҳна нақши офаридаашро татбиқ намекунад, баръакс, дар муоширати муқаррарӣ симои дурушту дағалашро рӯйи зиндагии воқеӣ ба намоиш мегузорад. Азбаски назди виҷдон ва ҳунару эҷод масъулият эҳсос намекунад (албатта, на ҳамаи ҳунармандон чунинанд, вале, мутаассифона, ин қабил аксари кулро ташкил медиҳанд), танҳо дар ҳудуди нақш шахсият ва инсонияташро ба маърази тамошо мегузорад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки тамошобин бо аз наздик шинос шудан бо ҳунарманд, аз шахсият ва ҳайсияти воқеӣ(на саҳнавӣ)-и ҳунарманд огоҳ шуда, симои берун аз саҳнавии ӯро дармеёбад ва саранҷом эътиқоду боварашро аз даст медиҳад. Дар натиҷа, ба саҳна ва нақшҳои ҳунарманд сатҳӣ, рӯякӣ, қолабӣ менигарад. Аммо дар асл, дар ботин ба ӯ (ба ҳунарманд) нафрат меварзад, чаро ки чеҳраи аслиашро дар таҷриба озмуда ва шинохтааст ва аз ояндаи зиндагӣ ноумед мешавад (чун ба самимият бовар надорад ва илюзияи онро танҳо дар саҳна дидаасту халос). Ин аст воқеияти имрӯза ва фикр мекунам, дар гузашта ҳам ҳамин вазъият дар фазои театрии мо ва умуман, ҷаҳон салтанат доштааст. Ин аст, ки ҳунарманди имрӯза бояд шахсият бошад ва он чӣ ки дар назария (саҳна) дар доираи нақши мушаххаси мусбат ва пиндору гуфтору кирдори неки қаҳрамон мегӯяд, дар амал (зиндагии воқеӣ) татбиқ кунад ва муҳимтар аз ҳама, бо тамошобин наздик шуда, дарди дили ӯро низ инсонвор шунавад ва дар ислоҳи нақш камари ҳиммат барбандад. Ҳунармандро тамошобини андешаманд, ҳушёру зирак ва ҳозирҷавоб ислоҳ карда, ба дараҷаи камолоти шахсӣ ва эҷодӣ мерасонад ва баръакс, тамошобин донишу маҳорати ҳунармандро тавассути нигоҳ ва эҳсосу авотиф  такмил медиҳад. Ба таъбири дигар, ҳунарманд ва тамошобин ҳамдигарро тарбияву такмил мекунанд ва муносибати мутақобилан судманди айнию зеҳнии ҳунарманду тамошобин боиси ташаккул ва рушди шахсияти тарафайн мегардад. Дар назди ин гуна тамошобини ҷиддӣ ҳунарманд эҳсоси масъулият мекунад ва дар пайи ислоҳи шахсият ва нақшу образ гомҳои устувор мебардорад. Дар баробари ин, ҳунарманд тамошобини зинда, ҳозирҷавоб, пӯё, ҷустуҷӯгар ва андешамандро ба таври тадриҷӣ тарбия мекунад. 

  Қатъи назар аз он ки репертуари театрҳои касбии ҷумҳурӣ аз лиҳози мавзӯъ ва мундариҷа ғанӣ мебошанд (ниг.: Абдураҳмонов А., Абдулқайсов Ш. Театрҳои касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон. –Душанбе: Истеъдод, 2012), ҳанӯз дар самти рӯйи саҳна овардани асарҳои драмавии ҷавобгӯ ба талаботи замон,  коргардонӣ, интихоби сенария ва матнҳои ҷолиби бадеӣ, равобити эҷодии театрҳои марказию музофотӣ, такмили ихтисоси ҳунармандон, такмилу тавсеаи донишу биниши ҳайати ҳунармандӣ, ҳамкориҳои эҷодӣ бо муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва амсоли инҳо камбуду нуқсонот ба мушоҳида мерасад. Имрӯз дур шудани аҳли зиё аз театр ва маҳдуд шудани теъдоди тамошобинони театр мушкили рақами яки самти театри касбӣ гардидааст ва тиҳӣ шудани муҳити фарҳангӣ ва маърифатӣ ва ба истилоҳ, вакууми фазои театриро дида, бозигарони кӯрзавқ дар симои гурӯҳҳои беҳадафи масхарабоз ба майдон омада, завқи бе ин ҳам пасти тамошобинро пасттар карда истодаанд. Ин вазъиятро дар муҳити фарҳангӣ талафот ва ё фалаҷшавии тадриҷии дастгоҳу коргоҳҳои эҷодӣ-ҳунарӣ меноманд. Агар ин вазъ, ки бо бетафовутии зиёиёни худхоҳу худбин ба вуҷуд омадааст, ҷилавгирӣ нашавад, фалаҷшавии раванди кори театрӣ вусъат пайдо мекунад ва мунҷар ба бунбасти куллии фарҳангӣ мегардад.

  Вазифа ва рисолати театр дар ҷустуҷӯ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, равонӣ, идеологӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, маънавӣ, ки ҷомеа бо онҳо рӯбарӯст, зоҳир мегардад. Агар театр ниёзҳои иҷтимоъро ташхис ва бароварда насозад, рисолаташро таҳриф мекунад ва дунёи безавқию кӯрзавқӣ, беҳаёӣ, беилтифотӣ, бетафовутӣ, беназмӣ, саҳлангорӣ, номуҳрубонӣ, номутавозинӣ, ноаҳлӣ ва ҷамъан, ҷаҳлу ҷаҳолат ҳукмфармо гардида, ҷойи бузургтарин арзишҳои инсониро бедаранг суннатҳои кӯҳнаю фарсуда ва мазарратовар, ки ҳамагӣ аз хурофоту таассуб маншаъ мегиранд, ишғол намуда, фазо ва муҳити мусибатборро ба вуҷуд меоранд. Табиати омма ва ба истилоҳ, «авомуннос» (толпа), ки табақаи пойини иҷтимоӣ маҳсуб меёбад, дар дасти табақоти «фаъол» -- рӯҳониёну сиёсиёни худхоҳу худкома ва мустабид афтида, муҳити зиндагии ҷангалиро, ки сиришт ва таркиби зотии мардуми омма (авомуннос) ба шумор меравад, ихтиёр мекунад. Мусаллам аст, ки танҳо хирад ва тафаккури зиндаю созанда, ки анвои мухталифи илм ва ҳунар онро пайгирӣ мекунанд, оммаро аз безавқӣ ва ҷангалпарастӣ (дар андеша ва мафкура) наҷот медиҳанд ва ба сӯйи офаринишу тавлидгарӣ раҳнамун месозанд.  Шароити имрӯзӣ аз масъулин ва ҳунармандони театр тақозо мекунад, ки бо истифода аз донишу биниши зинда ва ҳунару маҳорати мавҷуда сари масоили зайл тамаркуз кунанд:      

- мавзӯъҳои доғи рӯзро ба саҳна гузоранд ва ба мушкилоти саросарӣ ва буҳронӣ тааммуқ ва таваҷҷуҳ кунанд;

-ба ташаккул ва тақвият додани завқи бадеӣ-эстетикии тамошобин ҳамеша таваҷҷуҳ намоянд;

- таҳрик додан ва ба гардиш даровардани зеҳниёти тамошобинро ҳамеша мадди назар қарор диҳанд;

-дар ба вуҷуд овардани муҳити ҷустуҷӯгарӣ ба тамошобин кумак намуда, дар ин замина, биниши тамошобинро тавсеа бахшанд;

- бухлу кина ва ҳасодатро, ки миёни ҳунармандон сол ба сол тавсеа ва рушд карда истодааст, дар ботину зоҳир аз миён бардоранд, чаро ки ин разоили ахлоқӣ саҳнаи зиндагии ҳунарӣ ва воқеии ҳунармандро ба сифр баробар мекунад, қудсияти ҳунару саҳнаро аз байн мебарад ва билохира ӯро ба як мавҷуди худхоҳу худбин бадал месозад. Дар ин марз аст, ки ҳадафи ҳунар ва театр таҳриф мегардад ва ҳадаф ба шиори зоҳирии мутантан мубаддал мегардад;

- тавассути бозии самимона ва дур аз хурофа тамошобинро ба зиндагӣ, умр, тақдиру ояндаи инсон ва ҷомеа хушбин созанд;

- водор сохтан ва ба амалҳои неки инсонӣ ва тарбияи ахлоқии тамошобинро мисли матолиби муассири публитсистӣ ҳадафи ниҳоӣ қарор диҳанд.

Нозим Нурзода

Хондан 1940 маротиба