Нусхаи чопи
Душанбе, 29 Апрели 2019 10:53

Робитаҳои Тоҷикистон бо Қирғизистон

Муаллиф: Давлиёрова Сафаргул

  Қирғизҳо аз давраҳои қадим бо тоҷикон ҳасоягии наздик доранд. Дар раванди таърих мардуми қирғиз дар баробари миллати тоҷик пасту баландиҳои зиёдро аз сар гузаронидааст.

 Ин ду мардуми ба ҳам наздик  бидуни хат, таърихи асрҳо ташаккулёфтаи миллати хешро тавассути эпоси “Манас” ва “Гуруғлӣ” ба насли оянда  мерасонанд. Аз рӯи ҳаҷм эпоси "Манас" - қомуси (энсиклопедияи) асили беназирест, ки дар худ воқеаҳои махсусан муҳими он давра, далелҳои алоҳидаи таърихӣ, қаҳрамониҳои шахсиятҳои ҷудогона, пешвоёни кишвар, маълумот оид ба он ҷамъият, урфу одат ва ҳаёти мардуми қирғизро дар худ таҷассум менамояд.

  Дар оғози асри даҳи солшумории мелодӣ, кӯчманчиёни қудратёфтаи  қирғиз ба тасарруфи заминҳои нав, васеъкунии маҳалли хеш  шурӯъ карда, дар  Қирғизистони ҳозираи шимолӣ ва кӯҳсори Тян-Шан маскун шуданд. Хонигарии бузурги қирғиз дар як муддати кӯтоҳ Сибири ҷанубӣ, Муғулистон, Байкал, болооби Иртиш, як қисмати Қошгар,  Иссиқ–Кӯл ва Таласро забт намуд.  Далели воқеии ин ҳодисаҳо он аст, ки дар баробари китобҳои таърихнигорон тасвирҳои деворӣ ва  нигораҳои қадимии рӯисангӣ, ёдгориҳои машҳури ҷаҳонии асри миёна - мавзеъи  Саймали–Тош, манораи  Буран ва маҷмааи меъмории Узген  ба мо  расидаанд, ки аз тамаддуни баланди қирғизҳои он давра шаҳодат медиҳад.

  Халқи  кирғиз дар ҳамаи ҳодисаҳое, ки  дар ҳудуди   Осиёи Миёна бо амри тақдир ба вуқӯъ пайваст, фаъолона иштирок намуда, истиқлолияти этникии хешро тавонист нигоҳ дорад. Давраи ниҳоии этногенез (пайдоиши халқият)  бо халқи  муғул, ойрот, найман ва дигар халқиятҳои Осиёи Марказӣ вобастагӣ дорад, ки онҳо дар маҷмуъ натавонистанд ба тақдири миллати комилан ташаккулёфта, таъсир расонанд[1].

  Шурӯъ аз асри  XIII халқи қирғиз барои ҳифзи мустақилияти хеш   ҷангҳои хунинро анҷом дод. Дар нимаи дуюми асри  XV, дар ҳудуди Қирғизистон дар натиҷаи муттаҳидсозии қабилаҳои қирғиз, аввалин маротиба хонигарии соҳибихтиёр ташаккул ёфт, ки ба ҳайати он қисмати асосии  халқияти қирғиз, ки дар он давра ташкил шуда буд,  дохил шуд.

  Бинобар мавқеи стратегии ҷойгиршавии хеш, Қирғизистон дар ташаккули Роҳи бузурги абрешим нақши муҳимеро бозид. Аз ҷумла, шаҳри Ош дар давоми ҳазорсолаҳои зиёд, ба туфайли мавқеи ҷойгиршавии қуллай, шаҳри транзитии шохаи фарғонагии Роҳи бузурги абрешим буд ва мебошад. Бинобар наздикӣ ба сарҳади Чин, шаҳри  Ош дар давраи баҳору тобистон ба маркази байналмилалии савдои чаканаи молҳои талаботи ҳаррӯза табдил меёфт.  Аз ин ҷо корвонҳои зиёде роҳи дарозро ба самти кишвари хеш равон  мекарданд.

  Соли  1863 Қирғизистони шимолӣ  ва соли    1876 Қирғизистони ҷанубӣ ба ҳайати империяи Русия ҳамроҳ карда шуд. Инқилоби октябр мардуми қирғизро низ дар канор нагузошт[2].

  Соли 1918 Қирғизистон як қисмати  ҶХСС (АССР) Туркистон эълон гардид. Вале дар рафти тақсимоти такрории ҳудуди Осиёи Миёна, аз рӯи нишонаҳои миллӣ,  14 октябри соли  1924  ба Қаро-Қирғизистон табдил дода шуд ва 25 майи соли  1925 чун Вилояти Худмухтори Кирғизистон дар ҳайати  ҶШФСР   ташкил карда шуд.

  1-уми феврали соли 1926 қарор қабул гардид, ки дар заминаи  вилояти худмухтор  Ҷумҳурии  Худмухтори Советии Сотсиалистии  Қирғизистон ташкил карда шавад ва 5-уми декабри соли 1936 дар рӯзи ҷашни даҳсолагии Ҷумҳурии Худмухтори Советии  Сотсиа­листии Қирғизистон  ба  Ҷумҳурии Советии  Сотсиалистии Қирғи­зистон табдил дода шуд. Халқи қирғиз аз қарори Партияи Комму­нистӣ руҳбаланд шуда, барои барқарорсозии кишвари хеш шурӯъ намуд.  Аммо панҷсолаи аввалро анҷом надода, Ҷанги дуюми ҷаҳон сар шуд. Бо даъвати партия ба  фронт  100 000 аҳолии мамлакат сафарбар карда шуд. Дар қатори дигар халқҳои бародар  қирғизҳо дар ҷанг диловарӣ нишон дода, дар ғалаба саҳми бузурги худро гузоштанд. Барои корнамоӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ 12 нафар сарфароз гардиданд, ки аксарият дар он ҳалок гардиданд.  Мамлакат дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 26600 нафарро талаф дод.

  Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ низ душвор буд.  Халқи қирғиз хатари ба кишвар таҳдидкунандаро дарк карда,  бо ҷидду ҷаҳд таҳти шиори  “Ҳама чиз барои  фронт”, «Ҳама чиз барои ғалаба»  шабу  рӯз меҳнат мекард. Аз гуруснагӣ мемурд, вале луқмаи охирини нонро ба фронт равон мекард.

  Мардуми қирғиз дар солҳои баъди ҷангӣ  барои иҷрои нақшаҳои панҷсолаи навбатии Партияи Коммунистӣ шурӯъ намуд. Дар Қирғизистон таҳти роҳбарии Партияи Коммунистӣ халқ ба меҳнати бунёдкорона, сохтмони роҳҳо, заводу фабрикаҳо оғоз кард. Захираҳои табиӣ ба кор андохта шуд, ба истихроҷи тилло, нафт, гази табиӣ, ангишт шурӯъ намуданд, неругоҳҳои барқӣ сохта, дар нақшаҳои азими кишвар иштирок намуданд. Дар ин давра, воқеан шахсони содиқ ба идеологияи Партияи Коммунистӣ роҳбарӣ мекарданд[3].

  Аз соли 1985 шурӯъ карда, бо татбиқи барномаи бозсозӣ норасоиҳои зиёд дар кишвар ба миён омад. Мағозаҳо холӣ шуда, ҳамаи маҳсулотҳо ба таври пинҳонӣ фурӯхта мешуданд. Як қатор ҷумҳуриҳои иттифоқ бо мақсади нигоҳдошти коллективҳои меҳнатии фабрикаву заводҳо ба тариқи кортҳо тақсим намудани шакар, равған, орд ва дигар маҳсулотҳо гузаштанд. Махфӣ нест, ки аз мамлакат захираҳои тилло,  ашёҳои  қиматбаҳо, асъор ва дигар арзишҳоро ба хориҷ мебароварданд ва минбаъд ин ҷараён ба чӣ оварда расонид, ба ҳамаи мо маълум аст. Аммо ҳамаи  дастовардҳои мусбат дар сурати мавҷудияти зиддиятҳои дохилии кишвар, афзоиши норизогӣ ва пайдоиши нишонаҳои парокандашавии мамлакат аз сиёсати нодурусти марказ,  омода набудани кишвар ва халқ барои ин гуна тағйиротҳои муҳим шаҳодат медод.

  Дар баробари воқеаҳои болозикр, 12 июни соли 1990 Анҷумани аввалини намояндагони  халқии Ҷумҳурии Федеративии Советии Сотсиалистии Русия  баргузор гардид, ки дар он Эъломия оид ба истиқлолияти давлатии ҶФССР ва қарордод  оид ба бартарияти  қонунҳои русиягӣ нисбат ба иттифоқӣ қабул гардид. Аз ҷониби Русия  қабул намудани чунин қарор боиси  дар тамоми гӯшаю канори кишвар сар задани гирдиҳамоиҳо   “паради соҳибистиқлолӣ” оварда расонид. Моҳи октябри соли  1990 дар  сессияи Шӯрои Олӣ  оид ба тағйир додани ҶСС Қирғизистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон қарор қабул гардид. Бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва бо ба даст овардани соҳибихтиёрӣ дар ҳар сеи ҷумҳуриҳои славянӣ 8-уми декабри соли  1990  (Федератсияи Русия, Украина ва Белорус) ба мардуми қирғиз имконият шуд, ки ба таври ҷиддӣ барои рушди  кишвари хеш машғул шаванд.  15-уми декабри солия 1990 Шӯрои Олии Қирғизистон Эъломияро оид ба истиқлолияти ҷумҳурӣ ва  31-уми  августи соли  1991 Эъломия оид ба истиқлолияти кишварро қабул кард. 13-уми декабри соли 1991 дар  Ашқобод вохӯрии  прези­дент­ҳои панҷ ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна (Қазоқистон,  Қирғизис­тон, Тоҷикистон, Туркманистон  ва  Ӯзбекистон), ки қаблан дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ шомил буданд, баргузор гардид. Аз рӯи натиҷаи вохӯрӣ, иштирокчиён барои воридшавӣ ба ҳайати ИДМ розигии худро доданд, вале ба шарте ки иштироки баробари субъектҳои Иттифоқи заволёфта ва эътирофи ҳамаи кишварҳои ИДМ ҳамчун муассис таъмин карда шавад.

  Президенти Қазоқистон Назарбоев Нурсултон Абишевич ба ҳамфикрии сарони кишварҳои навтаъсис баҳои сазовор дода, бо мақсади бартарафсозии қатъшавии робитаҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ пешниҳод намуд, ки барои қабули қарорҳои муштарак дар  шаҳри Алма-Ато ҷамъ шаванд.

  Бо ин мақсад дар вохӯрии махсус ташкилшуда, дар қатори сарони собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқӣ Президенти Қирғизистон Акаев Аскар Акаевич низ иштирок дошт. Натиҷаи он ба имзо расонидани Эъломияи Алма-Ато аз  21-уми декабри  соли 1991 гардид, ки дар он мақсад ва принсипҳои ИДМ  дарҷ ёфтааст.

Ҳамчунин қарор қабул карда шуд, ки :

- фармондеҳии ягонаи   қувваҳои ҳарбӣ – стратегӣ ва назорати ягона аз болои яроқи ядроӣ нигоҳ дошта шавад;

- эҳтироми тарафҳо ва  ноилшавӣ ба  мақоми кишвари  беяроқи ядроӣ ва ё бетараф риоя  карда шавад;

- ҳамкорӣ дар ташкил ва рушди фазои ягонаи иқтисодӣ дастгирӣ карда шавад.

Бо дохил шудан ба ҳайати ИДМ, халқи қирғиз бо боварӣ сохти давлатии худро ташкил намуд.

  Имрӯз Қирғизистон ҷумҳурии парламентӣ буда, идоракунии он парламентӣ - президентӣ аст. Дар натиҷаи ворид кардани як қатор тағйиротҳо ба сарқонуни кишвар мақоми сарвазири кишвар тақвият дода шуд.

  Айни замон, Ҷумҳурии Қирғизистон давлати мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд, муттаҳид ва ягона мебошад. Ҳокимияти қонунгузорӣ аз 120 депутат иборат буда, ба муҳлати  5 сол аз 6 ҳизби сиёсӣ  интихоб мегарданд.

  Қирғизистонро дар воқеъ кишвари демократӣ меноманд. Демократияи кишвари мазкур, пеш аз ҳама дар амал намудани бисёр ҳизбӣ таҷассум меёбад.  Дар ҳолати 1-уми январи соли 2018 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Қирғизистон 229 ҳизби сиёсӣ, 600 ташкилоти ғайридавлатӣ ва Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касаба, ки 20 кумитаи соҳавиро муттаҳид месозад, ба қайд гирифта шудааст. Аммо ҳодисаҳои  солҳои охир нишон дод, ки мавҷудияти бисёрҳизбӣ, ки дар асоси арзишҳои демократии Қирғизистон барпо шуда буд, баъзан боиси ба миён омадани  мухолифатҳои байни гурӯҳӣ ва қабилавӣ, намоишҳои оммавӣ, митингҳои берухсат гардида, бештари он бо хунрезӣ анҷом меёфт. Сарварони Қирғизистон дар солҳои аввали ба даст овардани мустақилият арзишҳои амрикоӣ ва аврупоиро дар шакли дигаргунсозиҳои демократӣ, бар ивази қарзҳои Бонки ҷаҳонӣ ва Фонди байналмилалии асъор ба инобат гирифта, хусусиятҳои хоси миллати хешро  фаромӯш намуданд, аз ҳама муҳим  аҳамияти ислоҳоти демократиро ба инобат нагирифтанд.

  Мувофиқи Сарқонуни Қирғизистон Президенти кишвар бо овоздиҳии умумӣ,  танҳо барои як давра ва ба муҳлати 6 сол интихоб мегардад. Айни замон, кишварро  Президент  Жээнбеков Сооронбай ва Сарвазир Муҳаммадқалӣ Абилғозиев роҳбарӣ мекунанд.   Ба туфайли ҷойгиршавии хеш Қирғизистон аз шарқ бо Чин (858км), аз шимол бо Қазоқистон (1224км), аз ғарб бо Ӯзбекистон  (1099км) ва аз ҷануб бо Тоҷикистон  (870км) ҳамсарҳад аст. Масофати умумии сарҳад 3051 километрро ташкил медиҳад.  Қирғизистон кишвари кӯҳсор аст. Агар дар Тоҷикистон ҳаҷми даштҳои барои корҳои хоҷагии қишлоқ коршоям ба 13% баробар бошад,  пас дар Қирғизистон  он 20%-и минтақаро ташкил медиҳад.  Заминҳои ҳосилхез  аз 394 метр то 2750 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд.

  Мисли Тоҷикистон нуқтаи баландтарини  кӯҳҳои Қирғизистон “Қуллаи ғалаба” ном дошта,  дар баландии  7439 метр  аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст, ҷое ки асрҳо табиат  миллиардҳо куб барфро нигоҳ медорад, манбаи тамомнашавандаи захираҳои оби соф барои ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Чин ба ҳисоб меравад.

  Бо шарофати хусусиятҳои ба худ хоси кӯҳҳо имрӯз дар Қирғизистон   30 000 дарё бо дарозии умумиаш  150000 километр  ва  2000 кӯл бо масоҳати умумиаш 6836 км. кв. ба ҳисоб гирифта шудааст. Аз ду ҳазор кӯл се тояш (Иссиқ – Кӯл, Сон – Кӯл ва Чатир – Кӯл) нисбатан  бузургтаранд ва аз рӯи умқ  Иссиқ – Кӯл  дар ҷаҳон ҷои ҳафтумро мегирад. Қирғизистон олами наботот ва ҳайвоноти нодире дорад. Дар он беш аз 4000 навъи растаниҳо,  500 намуди ҳайвоноти аррапуштдор ба қайд гирифта шудааст ва  онҳо эҳтиёткорона дар  88 мамнӯъгоҳҳо ва ҳудудҳои махсус ҳифзшаванда  нигоҳ дошта мешаванд. Кишвар аз фулузоти  асил, ранга, нодир ва захираҳои сӯзишвории энергетикӣ бой аст. Дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯӣ - геологӣ муқаррар карда шудааст, ки қаъри заминҳои Қирғизистон дорои захираҳои  беш аз  500 тонна тилло, 264 ҳазор  тонна сурма  ва  симоб мебошад. Дар айни замон:

- тилло аз конҳои  Макмал, Кумтор, Султон-Сарӣ, Терек, Тереккан, Жамгир, Иштамбердӣ дар ҳаҷми  қариб  30 тонна дар як сол  истихроҷ карда мешавад:

- сурма дар кони  Кадамҷо ба миқдори   17000 тонна дар як сол истеҳсол карда мешавад:

- симоб дар конҳои Ҳайдаркан ва Нав  дар ҳаҷми 5 тонна дар як сол истихроҷ карда мешавад.

  Дар баробари  флизоти асили болозикр, дар ҷумҳурӣ қалъагӣ, волфрам, ангишт ва ашёи ғайримаъдан истеҳсол карда мешавад. Қайд кардан бамаврид аст, ки бародарони қирғиз дар соҳаи корандозӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, коркарди саноатии онҳо ва содироти маҳсулоти тайёр, аз мо тоҷикон даҳсолаҳо пеш гузаштанд. Корхонаи сурмаи Кадамҷо бо истеҳсоли  10% ҷаҳонӣ,  корхонаи симоби Хайдаркан, корхонаи истихроҷи маъдани  Қара – Болта оид ба коркарди маводҳои нодири заминӣ (уран), заводи коркарди тилло, калонтарин заводи коркарди нафти Осиёи Миёна дар  шаҳри Бишкек, маҷмӯи  неругоҳҳоро (Токтогул,  Еурпсай,  Ташкумир, Шамалдисай,  Уч-Қурғон) дар солҳои баъдиҷангӣ сохта, ба истифода дода  шудаанд.

  Бо шарофати корхонаҳои истеҳсолии  болозикр ва неругоҳҳои барқи обӣ, Қирғизистон имрӯз  содиркунандаи  тилло, нуқра,  уран, молибден, торий,  симоб, сурма, ангишт, маҳсулотҳои нафтӣ, неруи барқ, пахта, матоҳои пашмин, гӯшт, тамоку, молҳои  дӯзандагӣ ва пойафзол ба маблағи умумии беш аз 2 миллиард  доллари ИМА мебошад.

  Ҳукумати Қирғизистон  фаъолияти савдои хориҷии басо   шаффофро бо тамоми кишварҳои ҷаҳон анҷом медиҳад. Агар имрӯз содиркунандагони  асосии Қирғизистон Швейтсария, Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва  Фаронса бошанд, пас  воридкунандагони  эҳтимоли  Русия, Хитой, Қазоқистон ва Олмон мебошанд.

  Новобаста аз дурдастии Қирғизистон аз қитъаи Амрико савдои хориҷии муомилоти моли онҳо  дар як сол зиёда аз  211 миллион доллари ИМА ва  бо  Туркия қариб    40 миллион доллари ИМА-ро  ташкил  додааст.

  Робитаҳои мардуми  қирғизу тоҷик, чунон ки дар боло зикр кардем, таърихи қадима доранд. Моҳиятан мавҷудияти сарҳади бемуҳофиза дар харита, шаҳодати боварии тарафайни ду миллате аст, ки асрҳои зиёд дар руҳияи  дӯстона зиндагӣ мекунанд.  Ҷазобати муносибатҳои мо  дар қитъаҳои зиёди бо қирғизҳо ҳамсарҳад дар маскуншавии муштараки ҳар ду халқ дарҷ меёбад. Ду миллатро танҳо роҳи  нақлиёт  аз якдигар ҷудо менамояд.

  Зимнан, бо мақсади риояи меъёрҳои  байналмилалӣ 14-уми январи соли 1993 муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон барқарор карда шуд. Аз моҳи  марти соли 1997 дар маркази ҳар ду кишвар сафоратҳо ба фаъолият шурӯъ карданд.  Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият, рафоқати халқҳо, роҳбарияти ҳар ду кишвари ҳамсояро боз ҳам ба якдигар наздик кард. Бо мақсади расонидани муносибатҳои дуҷониба ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ, дар сатҳи сарони кишвар ташрифҳои тарафайни дӯстона аз нав барқарор карда шуданд. Аз соли  1991 то айни замон, роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба    (январи соли 1993, майи соли 1998, майи соли 2013) ба шаҳри  Бишкек ташриф оварданд.

Бо ташрифи ҷавобӣ:

- аввалин Президенти Қирғизистон Акаев Аскар Акаевич  ду маротиба   (июли соли 1996 ва майи соли 2004) сафари расмиро анҷом дод;

- Президенти дуюми кишвари Қирғизистон Қурмонбек Боқиев моҳи майи соли 2008 ба Тоҷикистон сафари расмӣ намуда,   28-уми августи соли 2008 барои иштирок дар   саммити Созмони ҳамкории Шанхай ташриф овард.

- Президенти сеюми Қирғизистон Отунбаева Роза Исоқовна,  25-уми ноябри соли 2010 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ ва барои иштирок дар кори  саммити СҲШ ташриф овард.

- Президенти чоруми кишвар Алмазбек Атамбоев 12-уми сентябри соли 2014 дар Ҷаласаи сарони кишварҳои СҲШ, дар шаҳри Душанбе иштирок намуд, ҳамчунин  14-уми сентябри соли  2015 ба пойтахти Тоҷикистон ташриф овард.

- Президенти нав интихоб шудаи Ҷумҳурии  Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков санаи 1 - 2-юми феврали соли ҷорӣ  сафари расмиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дод[4].

  Тоҷикистон ва Қирғизистон хусусияти хоси табиӣ ва иқлими якхела доранд, аммо аз якдигар вобаста нестанд. Кӯҳҳои азими якхела бо захираҳои зиёди канданиҳои фоиданок, ки мардуми қирғиз  аз неъматҳои он истифода бурда истодааст ва  халқи тоҷик низ омодааст,  ки онҳоро  мавриди корандозӣ қарор диҳад.  Илова бар  ин, дину мазҳаби якхела (суннимазҳаб), урфу одат, сатҳи ҳаёти ташаккулёфта  (ММД - 2400 доллари ИМА ба сари аҳолӣ) халқҳои ҳамсояро ба якдигар наздик менамояд.

  5-уми майи соли 1993 аввалин Сарқонуни Ҷумҳурии Қирғизистон, чун кишвари мустақил ва соҳибихтиёр қабул карда шуд. 10-уми майи соли 1993 Ҷумҳурии  Қирғизистон асъори милли худӣ сомро  ҷорӣ кард. Айни замон, Қирғизистон ҳамчун давлати  мустақил, президентӣ ва дар роҳи рушди  демократӣ қарор дорад.

  Айни замон дар Ҷумҳурии Қирғизистон иншоотҳои мухталиф, аз қабили хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои муосир бунёд мегарданд.

  Яке аз чунин иншоотҳо лоиҳаи “CASA-1000” мебошад, ки дар оянда тавассути он ҳар сол 5 ҳазор кВт-соат барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон содир карда мешавад.

  CASA-1000  аввалин лоиҳаи муштараки байни минтақавии  Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ буда, пайвасти шабакаҳои барқи Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Ҷумҳурии  Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии  Афғонистон  ва Ҷумҳурии Исломии Покистонро дар бар мегирад.

  Ин лоиҳа  барои Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бобати содироти  барқи изофа дар фасли тобистон ва ба даст овардани даромади воқеӣ имконияти мусоид фароҳам оварда, барои қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ва иқтисодиёти Афғонистон ва Покистон бо  барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза хизмат хоҳад кард.

  Қайд кардан ба маврид аст, ки  дар баробари робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳамкориҳои маданӣ, фарҳангии ин ду ҳамсоякишвар рушд меёбанд. Байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома оид ба ҳамкорӣ ба имзо расидааст ва мутобиқи ин созишнома, рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Қирғизистон дар Тоҷикистон ва рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон баргузор мегардад. Санъаткорони ҳар ду кишвар бо барномаҳои консертӣ ва намоишномаҳои театрӣ сафарҳои хизматӣ анҷом медиҳанд ва ин  ҳунарнамоии санъаткорон робитаҳои ин ду кишвари ҳамсояро боз ҳам  мустаҳкамтар хоҳад кард.

Чунонки Ҳофиз фармуда аст:

 

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Давлиёрова Сафаргул

ходими калони илмӣ

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АИ ҶТ

 

 

[1] http://www.centralasia-travel.com/ru/countries/kirgistan/history

[2] http://www.country.alltravels.com.ua/ru/Kyrgyzstan/info/histor_kyrgyzstan/

[3] https://ru.wikipedia.org/wiki

[4] http://mfa.tj/?l=ru&cat=90&art=157

Хондан 1362 маротиба