Нусхаи чопи
Ҷумъа, 15 Марти 2019 09:02

Робитаҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон

Муаллиф:
Робитаҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон https://report.az/storage/news/f3a97916ad1ffa9d9bbb2ca6124fdd7d/083b8864-9f02-4b2b-8f3f-918532f03412.jpg

 Миллати Озарбойҷон ба монанди тоҷикон решаҳои куҳан ва таърихи қадима дорад.

Дар асри X-и пеш аз  мелод дар ҳудуди давлати Озарбойҷони кунунӣ  заминаҳои бунёди аввалин  давлатҳои қудратманди он замон, ба монанди Мания ва Модияро дар саҳифоти таърих сабти ном кардаанд, ки таҳти тасарруфи онҳо дар тӯли зиёда аз  300 сол миллат ва халқиятҳои зиёд умр ба сар бурда, барои ташаккулёбии хеш  шароити мусоид фароҳам  оварда буданд.[1]

Таърих гувоҳ аст, ки он замон бо назардошти бо суръат пайдошавии давлатҳои зиёди ғуломдорӣ, набардҳои шадид бо мақсади ҳарчӣ бештар васеъ намудани ҳудуди давлати худ ба мушоҳида мерасад.

Дар ин замина,  дар асри VII-и пеш аз  мелод давлати Мидҳо,  баъд аз  задухӯрдҳои шадид зери тасарруфи форсҳо афтода, бо амри шоҳ  номи Атропатро гирифт.

Бояд ёдовар шуд, ки бисёре аз таърихшиносон дар татқиқотҳои худ пайдоиши калимаи Озарбойҷонро аз  вожаи Атропат бо изофаи калимаи форсии “озар”, ки маънои оташ ва ё “замини оташпарастон” маънидод шудааст,  пайваста медонанд.

Мавриди қайд аст, ки дар ҳудуди имрӯзаи давлати Озарбойҷон таҳти итоати қабилаҳои мутамаркази  албаниҳои қавқозӣ (соли 387-и пеш аз  мелод), шоҳигарии Сосониҳо ва Хилофати Араб афтода, дар тӯли асорати зиёда аз  даҳасра,  аз  ин миллатҳо хоҳу нохоҳ забон, фарҳанг  ва дини онҳоро қабул намуд.

Бо фарорасии асри VIII-и мелодӣ, таъсири қабилаҳои бодиянишини турк афзуда, бо мурури замон дар натиҷаи пайвасташавӣ бо аҳолии маҳаллӣ ва маҷбуран маҳдуд намудани истифодабарии забони форсӣ, таъсири худро дар забон, фарҳанг ва сиёсати давлатдории  озариҳо  гузошта, ба ташаккулёбии забони озарӣ замина гузоштанд.

Аммо таърих гувоҳ аст, ки ҷараёни туркикунонии миллатҳои зери асорати онҳо афтода,  давраи тӯлониро дар бар гирифта, татбиқи он бо душворӣ ба даст омада аст.

Олимони бостоншинос дар натиҷаи омӯзиш ва таҳлили давраҳои таърихї таъсиррасонии қабилаҳои бодиянишини туркро ба якчанд давраҳо гурӯҳбандӣ намудаанд.

Дар асри XIII баъд аз  ҳуҷуми муғулҳо ҳудуди давлати имрӯзаи Озарбойҷон ба ҳайати давлати Хулагухон ва идомадиҳандаи сулолаи ӯ, ворис Илхон то асри XV давом намуда аст.

Бо ҳуҷуми артиши Темур ҳудуди давлати имрӯзаи Озарбойҷон ба итоати сулолаи туркманҳо вогузор карда шуд, ки онҳо дар натиҷаи зиддиятҳои дохилиқавмии худ, бо мурури замон ҳудуди сарзамини озарнишинро ба давлати Қара - Коюнлу ва Оқ - Коюнлу тақсим намудаанд[2].

Дар баробари давлатҳои номбурда дар он  замон,  озариҳо дар натиҷаи муттаҳидсозии миллати худ, тавонистанд нахуст давлати худро  ба ном давлати Ширвоншоҳиҳо  бунёд намоянд.

Бо афзудани нуфузи   сулолаи Сафавиён ва ба маркази тамаддун  мубаддал гардидани Озарбойҷон,   пешвоёни миллат дар охири асри XV дар натиҷаи набардҳои шадид ва татбиқи сиёсати муттаҳидсозӣ тавонистанд давлати азими форсии шаклан навро, ки ҳудуди он аз  соҳилҳои Сирдарё  то Фротро дар бар мегирифт, бунёд намоянд.

Бояд ёдовар шавем, ки он замон дар ташаккул ва мустаҳкам гардонидани давлати Сафавиён хизмати  дини ислом низ назаррас аст.

Аз  шароити муфиди ба миён омада,  шоҳ Исмоили 1  соли 1502 равияи шиамазҳаби дини исломро  расман дини давлатӣ эълон намуда, бо даст кашидан аз   фарҳанги сулолаи Салҷуқиён  барои бунёд намудани фарҳанги миллати имрӯзаи Озарбойҷон  заминаи мустаҳкам  гузошт.

Асрҳои баъдӣ вобаста аз  ҳаракати қувваҳои ҳарбии давлатҳои пурқудрат ҳудуди давлати Озарбойҷон, зери асорати империяи Усмониҳо, хонигарии Озарбойҷониҳо, империяи Русия ва Иттиҳоди Шӯравӣ қарор доштанд ва новобаста аз  тағйир ёфтани шаклҳои давлатдорӣ ва сарони он, миллати озарӣ  дар якҷоягӣ бо миллати куҳантамаддуни тоҷик қарнҳо дар ҳудуди сарзамини беканори империяҳои номбурда, бо ҳам дар фазои ягонаи сулҳу дӯстӣ умр ба сар мебурданд.[3]

Бо рушди тиҷорати байни миллатҳо, мустаҳкамшавии робитаҳои иқтисодӣ, бараъло мушоҳида карда  мешавад.  Садҳо  корвонҳои пур аз  бор, беист дар шоҳроҳҳои беканори мамлакат дар ҳаракат буда,  бозорҳои дохили мамлакатро таъмин менамуданд.

Дар он замон бунёди шаҳрҳо ва дар онҳо пояи марказҳои азими тиҷорӣ бараъло ба мушоҳида мерасад. Дар ин замина шароити  муфид барои барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ бо давлатҳои дуру наздик, авҷгирии муносибатҳои тиҷорӣ ва иқтисодии байни давлатӣ  низ ба миён омада буд.  Дар  баробари рушди соҳаҳои гуногуни истеҳсолот ва забони ягонаи давлатӣ будани забони форсӣ, пешрафти илм ва фарҳанги тамоми миллатҳои муқими ин диёр мушоҳида карда мешуд.

Муҳим он буд, ки дар ҳама ҷо аз  забони тамоми миллатҳои империяи бузург рубоиёти ҷовидонаи  Умари Хайём, ашъори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, “Шоҳнома”- и Абулқосим Фирдавсӣ,  ”Хамса”- и Низомии Ганҷавӣ ва шоиру  нависандагони зиёди  он замон, ки дар маҷмӯъ осори онҳо дӯстию бародарӣ, шуҷоату  қаҳрамонии тоҷикону озариҳоро  таҷассум менамуданд, шунида мешуд.

Бояд ёдовар шавем, ки Озарбойҷон вобаста ба мавқеи геополитикии ҷойгиршавии  давлати  худ, дар замони  зери итоати империяи Рус   буданаш, нашъу намо намуда аст.

Захираҳои азими табиӣ ва муносибати дӯстонаи миллати озарӣ нисбат ба миллати рус, боиси наздик  шудани ин ду миллат ва равнақу ривоҷ ёфтани муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии давлатҳо гардида буд.

Пинҳон нест, ки муносибатҳои бисёрсолаи  дӯстона бо русҳо, дар баробари таъмини босуръати соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Озарбойҷон ба ҷаҳониён шахсиятҳои маъруф ва барҷастаи  соҳаи илму фарҳанг ва ходимони маъруфи давлатиро ба миён овард.

Чунин пешрафт дар солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ низ   назаррас буд.

Озарбойҷон бо назардошти хусусиятҳои хоси дар боло баён гардида, дар тӯли 70 соли дар  ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ  қарор доштанаш мавқеи худро аз  даст надода,  комёбиҳои азими  иқтисодиро  дар баробари 14 ҷумҳурии дигари Шӯравӣ  ба даст оварда буд. 

 Дар фазои ягонаи сиёсию иқтисодӣ озариҳо ва тоҷикон дар баробари миллатҳои сершумори Иттиҳоди Шӯравӣ       дӯстона умр ба сар мебурданд ва бо як намуди шиносномаи шаҳрвандии бе маҳдудият  дастовардҳои 15 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравиро истифода менамуданд.

Бо ҳам донишкадаҳои касбӣ ва олиро хатм менамуданд, шаҳрҳои навро месохтанд, корхонаҳои истеҳсолӣ, фабрикаву заводҳо, иншооти барқӣ ва шоҳроҳҳоро сохта, дар баробари аз  худ намудани илм ва кайҳон, таҳкими бехатарии мамлакатро таъмин намуда, дар вазифаҳои масъули давлатӣ фаъолият менамуданд.

Дар ин иртибот ба ёд овардани номи фарзанди асили озариҳо, ходими бузурги сиёсӣ, ҷойнишини аввали Раиси Шӯрои Вазири Иттиҳоди Шӯравӣ, номзад ба аъзогии ҳизбӣ марказии Партияи Комунистии Иттиҳоди Шӯравӣ  Алиев Ҳайдар  Алиевичро ёд намудан, шоистаи ифтихор аст.

Ӯ дар баробари иҷрои вазифаҳои баланди давлатӣ ва бо истифода аз  он  дар ҷаҳон мустаҳкам намудани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ  доимо дар фикри рушду  равнақи  миллати ба ҷон баробари  худ буд.

Пинҳон нест, ки имрӯз тамоми музаффариятҳои миллати  озарӣ бо номи Алиев Ҳайдар Алиевич зич алоқамандӣ дорад.  Озарбойҷониҳо барои хизматҳои шоиста  Алиев Ҳайдар Алиевичро дӯст медоранд ва  хотираи ӯро ба некӣ ёд мекунанд.

Бо тақозои замона 30 августи соли 1991  Шӯрои Олии Озарбойҷон Эъломияро “Оид ба барқарор намудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон” ва 18 октябри соли 1991 санади Конститутсионӣ “Оид ба соҳибистиқлолии Озарбойҷон” - ро  қабул намуд,   ки тибқи он барои сохтори навини давлатдорӣ замина гузошт.

29 декабри соли 1991 бо баргузории референдум барои қонунан ба расмият даровардани  соҳибистиқлолии Озарбойҷон  99,58% - и аҳолӣ овоз доданд.

Баъд аз  ба ҷаҳониён эълон намудани Созишномаи “Беловежская пуша”,  таъҷилан бо мақсади муайян намудани тақдири миллати худ  13 декабри соли 1991 дар шаҳри Ашқобод вохӯрии президентони 5 давлати тоза истиқлолият ба даст овардаи Осиёи Марказӣ (Қазо­қистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) баргузор гардид.

Бо ҷамъбасти ин вохӯрӣ, иштирокчиёни форуми Ашқобод якдилона бо назардошти риояи қонунҳои байналмилалӣ, таъмини иштироки баробарҳуқуқи субъектҳои Иттиҳоди Шӯравии аз  байн рафта ва  эътироф намудани соҳибистиқлолии ба даст овардаи онҳо  ба ин Иттиҳод  ҳамчун саҳмдор ворид шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Назарбоев Нурсултон Абишевич њамфикрии сарони давлатҳои тоза истиқлолият ба даст овардаро ба назар гирифта, бо мақсади пешгирии хавфи парокандашавии робитаҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ пешниҳод намуд, ки бори дигар барои қабули қарори якҷояи қатъӣ дар шаҳри Алма-Ато гирд оянд.

21 декабри соли 1991 дар шаҳри Алма-Ато тибқи гуфтаи Назарбоев Нурсултон Абишевич вохӯрии сарони 12 давлати тоза истиқлолият ба дастоварда (Федератсияи Русия, Украина, Белорус, Қазоқистон. Арманистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон,  Гурҷистон, Туркманистон ва Молдова)  баргузор гардид.

Дар баробари сарони 11 давлати номбурда, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон- Аяз Ниязӣ-оглӣ Муталибов  низ иштирок намуда буд.

Баъд аз  суҳбат ва музокираҳои зиёди дӯстона, бо ҷамъбасти вохӯрии тақдирсоз, 21 декабри соли 1991 Эъломияи  ба ном Алма - Аторо қабул намуда, дар он мақсад ва принсипҳои ИДМ - ро баён намуданд.

Тибқи  Эъломияи  қабулгардида, “ҳамкории иштирокчиёни ин вохӯрӣ  дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ, бо бунёди  сохтори якҷояи идорие, ки амали фаъолияти он дар асоси Созишномаи байни иштирокчиёни ИДМ  ба имзо расида,  ҳуқуқи идоракунии марказии давлат  ва ё сохтори болоии давлатҳои аъзои    ИДМ - ро надоранд”, ба роҳ монда шуд.

Дар баробари гуфтаҳои боло, иштирокчиёни вохӯрии  Алма-Ато қарор қабул намуданд, ки:

  • роҳбарии ягонаи қувваҳои ҳарбию стратегӣ ва назорати ягонаи силоҳи ҳастаиро мисли пештара нигоҳ доранд;
  • эҳтироми тарафайн барои расидан ба мақоми давлати бе яроқи ҳастаӣ ва  бетараф қайд гардид ;
  • тамоили ҳамкорӣ  ва  кӯшиши бунёд ва рушди фазои ягонаи иқтисодиро сарвари Озарбойҷон низ дастгирӣ намуд.

Аз  соли 1993 то соли 2003 роҳбарии Ҷумҳурии Озарбойҷонро      Ҳайдар Алиев ба зимма дошт  ва аз соли  2003 инҷониб  Илҳом Алиев роҳбарӣ менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, ки ба тариқи  раъйпурсии умумӣ интихоб шуда буд, такя ба таҷрибаи падар намуда, бо истифода аз  иқтидори давлати худ, дар муҳлати бениҳоят кӯтоҳ тавонист, ки дар Ҷумҳурии Озарбойҷон тағйиротҳои куллиро ба амал оварад.

Ҳоло Озарбойҷони гул-гулшукуфон узви  доимии Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ТБҲА) ва дигар созмонҳои байналмилалӣ мебошад. Имрӯз Озарбойҷон бо тақозои замон бо Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Рушд ва Таҷдид ҳамкории васеи молиявӣ дорад.

Дар баробари созмонҳои байналмилалӣ ҳоло Ҷумҳурии Озарбойҷон бо давлатҳои ҳамсоя ва аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сиёсати дӯстонаро пеш мебарад.

Пӯшида нест, ки имрӯзҳо Озарбойҷон дар баробари  маҷрои нави иқтисодии давлатҳои дуру наздик  дар раванди интегратсионии тоза ба миёномада,  фаъолона ширкат менамояд.

 Солҳои охир дар рафти ҳамкориҳо дар доираи ИДМ байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев муносибатҳои хоси дӯстона ба миён омаданд.

Муносибатҳои дуҷонибаи дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 29 майи соли 1992 барқарор карда шуданд. Бо анҷомёбии ихтилофҳои байни тоҷикон,  22 сентябри соли 2007 дар шаҳри Душанбе ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон  баргузор гардид.

23 марти соли 2008 дар баробари ба ҳукумати Озарбойҷон супоридани номаи дипломатӣ дар шаҳри Боку Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуд.

Ба муносибатҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва алоқаҳои байни ду миллат дар шакли нав солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ замина гузошта шуда буд ва ниҳон нест, ки ин робитаҳо  имрӯз ба муносибатҳои дӯстона мубаддал гардиданд.

Ин ҷараён баъд аз  ба даст овардани соҳибистиқлолӣ идома ёфта истодааст. Озарбойҷони ба мо бародар яке аз  аввалин давлатҳое мебошад, ки соҳиб­истиқлолии Тоҷикистонро эътироф намуда буд[4].

Таърихи навини муносибатҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон бори дигар собит намуд, ки самти интихоби дурусти ду кишвар дар ҳамкориҳои дарозмуддату самаранок, ки ба принсипҳои дӯстӣ,  эътироф намудани ҳуқуқи соҳибистиқлолӣ ва муқаддасоти ҳудудӣ,  аз  ҷумла ҳамкориҳои барои ҳар ду давлат муфид бунёд ёфтаанд.

Солҳои охир дар натиҷаи бароҳмонии муносибатҳои дипломатӣ ва иқтисодӣ заминаи шартномавию ҳуқуқӣ гузошта шудааст. Имрӯз дар сатҳи давлатӣ зиёда аз  40 созишнома, ки пешрафти муноси­батҳои дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро таъмин менамояд, ба имзо расиданд.

Дар баробари ин муносибатҳои байни парлумонии ду давлат низ ба авҷи камол расидааст. Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар чаҳорчӯбаи ташкилотҳои байналмилалӣ низ бо муваффақият ҳамкории худро ба роҳ мондаанд.

Мавқеи давлатҳои мо дар бисёр масъалаҳо оид ба барномаҳои байналмилалӣ ба хусусияти минтақавӣ мутобиқанд.

Нигоҳи бунёдии ин ду давлат вобаста бо рӯзномаи чунин ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба монанди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорї дар Аврупо (ТБҲА),  ИДМ,  Созмони њамкорињои Исломӣ ва Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ  барои равнақу ривоҷи мунтазам ва  пайдарҳам мусоидат менамояд.

Дар фаъолияти ҳаррӯзаи тарафайн оид ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ онҳо фикри ягонаи омодагии худро оид ба густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба   дар ҳалли масъалаҳои  бехатарӣ, зидди  террористӣ, экстремистӣ ва  хавфҳои дигари  ҷаҳони муосирро доранд.

Имрӯзҳо дар ҳар ду давлат ҳам   идоракунии  президентӣ ба роҳ монда шудааст.

Бештари аҳолӣ пайравони дини ислом мебошанд.

Агар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мазҳаби суннӣ ва шиа (исмоилия) вуҷуд дошта бошад, пас дар Озарбойҷон мазҳаби  шиа  мақоми асосиро дорад.

Озарбойҷон новобаста аз маҳдуд будани ҳудуди давлати худ агар  аз  лиҳози шумора  аз  Тоҷикистон 1,3 миллион бештар аҳолӣ дошта бошад, пас  аз лиҳози нишондоди маҷмӯи маҳсулоти дохил нисбат ба Тоҷикистон хело пеш рафта аст.

Агар  нишондоди маҷмӯи маҳсулоти дохилии ба сари аҳолии Тоҷикистон истеҳсолшуда соли 2017    1041 доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, пас ин нишондод  дар  Озарбойҷон    ба  7399 доллари ИМА  баробар мебошад.

Тоҷикон ва озарбойҷониҳоро аз  қадимулайём  урфу одатҳои  миллию фарҳангӣ ва  санъати бо ҳам  монанд мепайвандад.

Маданияти  миллатҳои ин ду давлат аз  лиҳози урфу одатҳои миллӣ ва пайвастагии фарҳангӣ нақши бағоят муҳим дорад.

Аз  соли 2007 сар карда то ин ҷониб байни  ин ду давлат гузаронидани  рӯзҳои фарҳангӣ,   фестивалу озмунҳои муштараки ҳарсола ва шабҳои эҷодии шоирону олимони маъруфи тоҷику Озарбойҷон ба ҳукми  анъана даромада аст.[5]

Бо назардошти пайвастагии қадима доштани ин ду миллат  мусиқии миллии ҳар ду кишвар ба мисли “Шашмақом” ва “Фалак”-и  тоҷик аз як тараф, “Муғом” ва “Ашиг”-и  Озарбойҷон низ аз  тарафи дигар, бо ҳам хеле шабоҳат ва наздикӣ  доранд.

Баргузории сафарҳои пай дар  пайи фарҳангии оркестри симфонии театри академии давлатии  опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе  ва  оркестри синфонии театри академии давлатии  опера ва балети  шаҳри Боку худ шоҳиди гуфтаҳои болост.[6]

Бо мурури замон, солҳои  Шӯравӣ бо мақсади бурдани назорати қавии  марказонидашуда, робитаҳои иқтисодии байни ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ,  дақиқ ва ошкоро  ба роҳ монда шуда буд.

Дар ин замина робитаҳои иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон ва  Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз  сол тамоили  рӯ ба афзоиш дошта,  барои ҳарчи  бештар хизмат намудан ба миллат ва  баланд бардоштани некуаҳолии  ватани худ равона карда шуда буд.  Ҳаҷми муомилоти ду давлат,  дар як сол  зиёда аз  сад миллион доллари ИМА - ро ташкил медод.

Бар ивази содироти пахта, пилла,  нахи пахта ва абрешим, яхдон, алюминий, молҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ аз  Озарбойҷон ба Тоҷикистон маҳсулоти хом барои заводи алюминий, маҳсулотҳои сӯзишворӣ, молиданӣ, дастгоҳҳои пармакунӣ, таҷҳизотҳои махсус барои коркарди нафт, кондитсионер, номгӯи зиёди молҳои ниёзи мардум, махсусан чой ворид мешуданд.

Ин раванди муносибатҳои иқтисоди хориҷӣ дар тӯли 73 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ ба роҳ монда шуда, имрӯз ҳам идома дорад ва аз  тарафи комиссияи  байни ҳукуматӣ бунёд гардида, назорат ва бо мақсади таъмини рушди самтҳои гуногуни ҷабҳаҳои иқтисодии ду давлат  танзим карда  мешавад. Дар бозори дохилии Тоҷикистон маҳсулоти холдингии “Азерсун” васеъ ба роҳ монда шудааст.

Возеҳ аст, ки дар татбиқи барномаҳои дуҷониба, саҳми нақлиёти боркаш, қатораи роҳи оҳан хеле бузург аст. Набудани шароити истифодабарии нақлиёти баҳрӣ боиси рушд ёфтани нақлиёти  боркаш, хусусан нақлиёти роҳи оҳан гардид.

Бо истифода аз  роҳҳои мавҷуда,  Иттиҳоди Аврупо бо мақсади пайвастани манбаъҳои ашёи хоми  ҷумҳуриҳои тозаистиқлол ба корхонаҳои  азими саноатии Аврупо  барномаи ба ном “Трасека” (Аврупо – Қавқоз – Осиё”) - ро  омода намуд.

Мутобиқи  ин барнома мошинаҳо ва қатораҳои пур аз  бор аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон  тариқи роҳҳои Озарбойҷон ва Гурҷистон  бе истифода аз  ҳудуди Русия ба давлатҳои саноатии Аврупо бояд пайваст гардад.

Бо мақсади татбиқи лоиҳаи “Аврупо - Қавқоз - Осиё”,  Иттифоқи Аврупо маблағҳои азимеро сафарбар намуда, бо назардошти сарватҳои зиёди табиии Осиёи Миёна   дар он  аз  нав эҳё гардидани шоҳроҳи абрешим, рақобатнопазир  ва аз  лиҳози  самаранок истифодабарӣ муфидтарин ва бехатартарин лоиҳаро медид ва бо хотима ёфтани он  умед дошт, ки ин диёр маркази ҷалби сармояи хориҷии давлатҳои Аврупо мегардад.

Бо назардошти иќтидори азими иқтисодии Озарбойҷон ва Тоҷикистон, мо имрӯз бо боварии комил гуфта метавонем, ки робитаҳои тиҷорӣ ва иқтисодии сохторҳои марбутаи  ин ду давлат рӯ ба инкишоф ниҳодааст.

Қобили қайд аст, ки  сарзамини ин ду ҷумҳурӣ аз  лиҳози захираҳои азими табиии истифода нашуда, дар байни ҷумҳуриҳои тозаистиқлол мавқеи хосе доранд.

Аз  тарафи дигар, бо назардошти мустаҳкамшавии робитаҳои иқтисодӣ, фурсати муносибе барои созмон додани корхонаҳои муштараки коркарди маъдани тилло, нуқра, мис, никел, синк ва сурма, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, меваҷот ва сабзаҷот  фароҳам омадааст.

Мо бояд бо  истифода  аз  таҷриба ва усулҳои нави шаҳрсозии озариҳо истифода намоем ва  ба  сохтмони биноҳои ҳозиразамони истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо, маљмањои варзишӣ шурӯъ намуда, ба ҳусни шаҳрҳои сарсабзи Тоҷикистон ҳусни тозаи замонавӣ бахшида,  дар ин ҷода  ба равнақу ривоҷ додани туризми байналмилалӣ  қадами устувор гузорем.

Имрӯзҳо, аз  лиҳози илмию назарӣ созмон додани  туризми байни шаҳрҳои Озарбойҷон ва  Тоҷикистон, боиси равнақу ривоҷи  туризми миллии ду давлат гардида (барномаҳои шиносоии шаҳрҳо, боздид аз  ҷойҳои таърихӣ,  кӯҳнавардӣ,  шикор ва ғайра), ба  зиёд шудани буҷаи  давлат ва бо ҳам наздикшавии миллатҳо мусоидат менамояд.

Илова бар ин, солҳои охир бо ривоҷу равнақи боғу токпарварӣ зарурати  ҳамкорӣ дар соҳаи коркард ва истеҳсоли  шароб бо корхонаҳои  дахлдори  озарӣ, бо мақсади содирот ба миён омадааст.

Аз  ин лиҳоз, Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои ҷалби сармояи Озарбойҷон дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни  муштараки иқтисодӣ  манфиатдор аст. Махсусан,  ҳамкорӣ дар сохтмони иншоотҳои барқии хурд, миёна ва бузург боиси ҳавасмандгардии тарафайн мегардад.

Ширкатҳои озарӣ ва  муассисаҳои молиявӣ имконият доранд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи савдо,  сохтмон, нақлиёт, телекоммуникатсия ва сектори аграрӣ  ширкат намоянд.

 

Муаллиф: Оймаҳмадов Маҳмадамин- номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ

 Бознашр аз китоби "Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил" Душанбе 2018. 50-54 саҳ.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ Telegram ва Facebook, ҳамроҳи намоед.

[1]Ионе Г. И. Мингечаурская разновидность наконечников стрел «скифского» типа. Сб. «Материальная культура Азербайджана», 1953, вып. 3, с. 81-97

[2] [2]https://ru.wikipedia.org/wiki

[3]Пути развития феодализма (Закавказье, Средняя Азия, Русь, Прибалтика). —М., Наука, 1972. — С. 56—57.

[4] http://mfa.tj/?l=ru&cat=90&art=156

[5] http://dushanbe.mfa.gov.az/content/3

[6] https://www.trend.az/casia/tajikistan/2758966.html

Хондан 1827 маротиба

Матлабҳои дигар аз Равшанфикр